Парвиз Умарбоев, футболбози тими миллии Тоҷикистон ва собиқ бозингари дастаи “Локомотив”-и Булғористон ин дастаро карк намуд. Баъди анҷоми шартномаи варзишӣ бозингар ва бошгоҳ барои дароз намудани он ба созиш наомаданд. Парвиз ҳамчун бозингари озод ба дастаи дигари Булғористон “ССКА” гузариш намуд.

Баъди аз дастаи “Локомотив” рафтан футболбози тоҷик ба ҳамдастаҳо ва мураббиёнаш ташаккурӣ намуда, гуфт ки “беҳтарин давраи футболбозии ман маҳз дар ин даст гузаштааст”. Инчунин, ӯ ба тими “Локомотив” ва кулли ҳаводорону мухлисонаш муваффақиятҳо хостааст.

Маврид ба зикр аст, ки баъди анҷоми шартномаи худ бо “Локомотив” Парвиз Умарбоев ин тобистон, як муддат дар ҳайати дастаи “Истиқлол”-и пойтахт машқу тамрин намуд. Ва хабарҳое низ паҳн мешуд, ки ӯ ба ин тим мегузарад. Вале баъди гирифтани пешниҳод аз ҷониби “ССКА” ин тимро интихоб намуд.

Дар ҳамин баробар, бозингари дигари тими миллии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе, ки дар ҳайати дастаи “Намангон”-и Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекард, ба ҳайати тими “Зуб Оҳан”-и Эрон гузариш намуд. Маблағи трансфер 500 евро гуфта мешавад. Эҳсон, соли 2020 аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба “Намангон” гузашта буд.

 Футболбозони тоҷик хонаи Худоро зиёрат карданд

Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол (U-20) бо мунтахаби Арабистони Саудӣ (U-20) ду бозии рафиқона анҷом дод. Бозиҳои мазкур дар шаҳри Абҳаи А. Саудӣ доир шуда, дар ҳар ду рақобат мизбонон пирӯз шуданд.

Бозии аввал 14 июл бо натиҷаи 1-0 бар суди Арабистони Саудӣ анҷом ёфт. Дар рақобати дуюм низ, ки 16 июл доир шуд, ҷавонони араб бо ҳисоби 3-0 ғалаба ба даст оварданд.

Тими ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон зери сарварии Аҳлиддин Турдиев ҳунарнамоӣ мекунад. Сармураббӣ дар ин рақобатҳо 23 бозингар (3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлавар)-ро дар ҳайати тими миллӣ ҷо дода буд.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон, мураббиён ва футболбозони ҷавон дар баробари иштирок ва ҳунарнамоӣ кардан дар рақобати дӯстона муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ, инчунин, ба зиёрати Каъба – хонаи Худо, ки яке аз фаризаҳои дини ислом ва мусалмонон мебошад, мушарраф гардиданд.

Бозиҳои дӯстона муқобили Арабистони Саудӣ барои тими мо яке аз марҳилаҳои асосии омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад. Даври интихобии ин мусобиқаи рӯзҳои 14-18 сентябр дар Душанбе доир мегардад. Тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи “I” қарор дошта, бо мунтахабҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур рақобат мекунад.

Ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ғолибони 10 гурӯҳ ва инчунин, панҷ дастаи дигар, ки нишондоди беҳтарро соҳиб мешаванд, роҳхат мегиранд. Марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 аз 1 то 18 марти соли оянда дар Ӯзбекистон доир мегардад.

Чаро беҳтарин футболбози ҷавони Лигаи олӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт?

Аминҷон Алиаҳмадов соли 2021 беҳтарин бозингари ҷавон дар Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол эътироф шуд, вале ҳамин ҳоло ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дорад. Дар ин бора шабакаи футболи “komandatj” дар Инстаграм хабар додааст. Ӯ дар ҳайати дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ҳунарнамоӣ мекард.

Шабакаи мазкур менависад: “Аминҷон дар шаҳри Киржачии вилояти Владимири Русия, ки ҳамагӣ 26 ҳазор нафар аҳолӣ дораду тақрибан дар 110 километрии шимолу шарқи Маскав воқеъ аст, шаурма мефурӯшад”.

Худи Аминҷон гуфтааст, ки “ҳарчанд ӯ беҳтарин футболбози ҷавони Лигаи олӣ дониста шуд, вале дастгирӣ наёфт ва ба пулкорунӣ рафт”.

Шабакаи “komandatj” менависад, ки футболбози ҷавони тоҷик, дар вақтҳои холӣ аз кор ҳамроҳи дӯстонаш футбол бозӣ мекунад. Намояндагони дастаи “Ротор”-и Киржач бозии ӯро дида, назди худ даъват карданд. Дар бозии аввалини санҷишӣ Аминҷон 4 гол зада, 2 маротиба муваффақона барои гол задан ба ҳамдастаҳояш тӯб партофтааст.

Дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ, (хусусан ба Русия) мераванд, варзишгарон низ кам нестанд. Дар баробари онҳо, инчунин мураббиёни варзиш ва варзишгарони собиқ низ инро пеша мекунанд. Бештари онҳо ин раванди номатлубро ба кам будани маош ва бетаваҷҷҷӯҳӣ нисбати онҳо тавзеҳ медиҳанд.

Ҷудочиёни тоҷик боз ҳам ноком шуданд.

Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷудочии соҳибноми тоҷик, дар мусобиқаи “Zagreb Grand Prix 2022” сазовори мақоми 7-ум шуд. Ин натиҷаи беҳтарин дар миёни ҳафт тан аз ҷудочиёни тоҷик дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ буд.

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи “Zagreb Grand Prix 2022” рӯзҳои 15, 16 ва 17-уми моҳи июл дар шаҳри Загреби кишвари Хорватия баргузор шуд. Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Алиҷон Сафаралиев (-66), Шаҳбоз Саидаброров (-66), Наврӯзи Каримзод (-73), Шодмон Ризоев (-81) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ширкат варзиданд, вале ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст наёфтанд.

Исми ҷудоварзи дигари тоҷик, Комроншоҳ Устопирён (-90кг) дар рӯйхати иштирокчиён аз кишвари мо буд, вале ӯ бо сабаби ҷароҳат доштан дар ин мусобиқа ширкат карда натавонист.

Дар ҳамин баробар, гуфтан ба маврид аст, ки се варзишгари ҷавони кишвар оид ба ҷудо дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (Asian junior Championships 2022) дар шаҳри Бангкоки кишвари Тайланд иштирок мекунанд. Инҳо Сируш Эркаев (-60кг), Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду -81кг) мебошанд.

Ин мусобиқа рӯзҳои 20 ва 21 июл баргузор мегардад. Ба иттилоъи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа беш 163 варзишгар аз 15 кишвари қитъаи Осиё иштирок мекунанд.

Бори аввал даввандаи тоҷик ба даври гурӯҳии Чемпитонати ҷаҳон баромад

Илдар Аҳмадиев, варзишгари тоҷик, аз рӯи риштаи дав ба масофаи 100 метр рекорди варзишгарони Тоҷикистонро аз ин навъи варзиш нав сохт. Ӯ баъди иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, дар шаҳри Юҷини штати Орегони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико натиҷаи 10,37 сонияро сабт намуд, ки дар таърихи кишвари мо бемисол аст.

Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба варзиши сабук 15 июл оғоз гардида, то 24 июл идома мекунад. Кишвари моро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ танҳо як варзишгар – Илдар, иштирокчии бозиҳои олимпии Токио-2020, аз рӯи риштаи дав ба масофаи 100 метр намояндагӣ намуд.

Ба навиштаи сомонаи Кумитаи олимпии Тоҷикистон, Илдар дар даври интихобӣ бо натиҷаи 10,66 сония дар дастааш ҷои дуюмро гирифта, ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳхат ёфт. Ӯ дар марҳилаи гурӯҳӣ аз миёни 29 варзишгар мавқеи 9-умро соҳиб шуд. Вале дар даври дуюм дар гурӯҳаш натиҷаи 10,85 сонияро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Ӯ дар ин давр аз миёни 57 нафар мавқеи 55-умро касб намуд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин бори аввал аст, ки як давандаи тоҷик ба даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон мебарояд. Илдар ба даври гурӯҳӣ роҳ ёфт ва ҳадафашро иҷро кард.

Дар масофаи 100 метр миёни мардҳо мавқеъҳои фахриро варзишгарони Амрико соҳиб шуданд: Фред Керлей, ҷойи аввал-9,86 сония, Марвин Бреси, ҷойи дуюм-9, 88 сония, Трейвон Бромел, ҷойи сеюм-9,88 сония. Рекорди ҷаҳонӣ дар масофаи 100 метр ба Усэйн Болт (Ямайка) мансуб аст. Ӯ соли 2009 дар шаҳри Берлини Олмон масофаи 100 метрро бо натиҷаи 9,58 сония давид.

Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон аз қаҳрамонии ҷаҳон дар варзиши сабук се медал (ду тилло ва як нуқра) ба даст овардааст. Мавқеи аввал ва медалҳои тиллои варзишгарони тоҷикро Андрей Абдувалиев (гурзандоз) дар соли 1993 (Штутгарти Олмон) ва 1995 (Гётеборги Шведсия) соҳиб гаштааст. Медали нуқраро бошад, Дилшод Назаров (гурзандоз ва қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро-2016) соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин ба даст овардааст.

Натиҷаи ғайриқаноатбахши футзалбозони тоҷик бар муқобили ӯзбекҳо

Тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо мунтахаби Ӯзбекистон се бозии дӯстона анҷом дод. Футзалбозони тоҷик дар ду рақобати аввал натиҷаи мусовӣ нишон дода, дар рақобаи сеюм бо натиҷаи 5-1 шикаст хӯрданд.

Бозиҳои мазкур рӯзҳои 14, 15 ва 17-уми июл дар маҷмааи варзишии “Суғдиён”-и шаҳри Ҷиззахи Ӯзбекистон баргузор шуданд. Рақобати аввал бо ҳисоби 4-4 хатм шуд, дар бозии дуюм натиҷаи мусовии 2-2 сабт шуд. Вале дар бозии сеюм футзалбозони ӯзбек бо натиҷаи бузурги 5-1 пирӯз шуданд.

Чунин бозиҳои санҷишӣ яке аз марҳилаҳои асосии омодашавӣ ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал мебошад. Ҷоми Осиё-2022 аз 27 сентябр то 8 октяб дар кишвари Кувайт доир мегарад. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” ҷой дошта, бо тимҳо Баҳрайн, Ӯзбекистон ва Туркманистон рақобат хоҳад кард.

Анӯшервони муштзан аз Қазоқистон медал овард

Рӯзҳои 13-17 июл дар шаҳри Костанайи Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни ҷавонон ва наврасон доир шуд. Мусобиқаи мазкур беш аз 100 варзишгарро аз кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Покистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ироқ ва Полша ба ҳам овард.

Ба иттилоъи Кумитаи олимпии кишвар 7 варзишгари тоҷик дар ин мусобиқа иштирок намуданд: Асламҷон Қурбонов (54кг), Абубакр Ёқубов (60кг), Олимҷон Орифзода (63,5кг), Анӯшервон Ақназаров (67кг), Дилшодхон Саидаҳмадов (67кг) ва Нурланбек Эрматов (75кг).

Аз миёни варзишгарони тоҷик танҳо ба Анӯшерон Ақназаров гирифтани медали биринҷии ин мусобиқа даст дод. Ба навиштаи манбаъ, Анӯшервон дар даври аввал ба варзишгари мизбон Максим Штро дастболо шуд, дар даври чорякфинал варзишгари дигари мизбон Абилай Сманро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Ӯзбекистон Ҷавоҳир Уматалиев мағлуб гардида, соҳиби мақоми сеюм ва медали биринҷӣ шуд.

Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь