Дар 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ (БҲИ) варзишгарони тими мунтахаби Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҳашт медал – се нуқра ва панҷ биринҷӣ шуданд. Аммо дар ин баробар, ки ин дастоварди варзишгарони тоҷик боиси хурсандии мардуми кишвар шуд, нафарони зиёде низ буданд, ки иштирок ва ҳунарнамоии онҳоро накӯҳиш намуданд. Шахсоне, ки ба иштироки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа таваҷҷӯҳ доштанд, аксаран изҳори норозигӣ намуда, ақидаи худро доир ба ҳунарнамоии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор намуданд.
БҲИ рӯзҳои 9 -18 август дар шаҳри Қунияи Туркия доир шуда, варзишгарони 56 кишвари оламро ба ҳам овард. Ҳайати варзишгарони Тоҷикистон бо 48 варзишгар иштирокчии ин мусобиқа буданд ва дар маҷмӯъ 8 медалро соҳиб шуданд.
Илдар Аҳмадиев, (варзиши сабук, ҷаҳиш ба дарозӣ), Екатерина Ишенко (пара – тенниси рӯи миз) ва Комроншоҳи Устопирён (ҷудо, дар вазни то -90кг) медали нуқра ба даст оварданд. Медалҳои биринҷии мунтахаби Тоҷикистонро Асламҷон Азизов (гӯштини юнонӣ – римӣ, – 55кг), Фирӯз Мирзораҷабов (гӯштини юнонӣ-римӣ, – 63кг), Шодмон Ризоев (ҷудо, -81 кг) ва Абубакри Акобир (ҷудо, -100 кг) соҳиб шуданд. Инчунин, ҳайати ҷудочиёни кишвар дар намуди даставӣ медали биринҷиро ба даст оварданд.
Вале норозигии мардум аз иштироки варзишгарони тоҷик дар БҲИ аз он сар зад, ки Тоҷикистон дар ҷадвали умумии мусобиқа мавқеи 29-умро касб намуд. Дар ҳоле, ки ҳамсоякишварҳои мо мавқеъоти назарасро дар ин бозӣ ба даст оварданд. Аз он ҷумла кишвари Ӯзбекистон дар ҷадвали умумӣ мавқеи дуюм, Қазоқистон зинаи 5-ум ва Қирғизистон зинаи 9-умро ишғол намуданд.
Муҳаммадрозиқ Неъматов, мудири гурӯҳи “Tajik sport” дар шабакаи иҷтимои “Фейсбук”, аз ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар БҲИ нигаронӣ карда, гуфт, “ҷои бисту нӯҳум дар шаъни Тоҷикистон нест”.
Ӯ навишт, ки ҳангоме Тоҷикистонро дар байни 58 кишвар дар ҷои бисту нӯҳум ва Ӯзбекистону Қазоқистон ва Туркманистонро дар мавқеи хеле болотар мебинам, эҳсоси нороҳатӣ мекунам.
Муҳаммадрозиқ варзишгарони боистеъдоди деҳро мисол оварда, зикр кард, ки ҷавонони зиёде дар минтақаҳои кишвар ҳастанд, ки метавонанд парчам ва номи кишварро дар арсаҳои байналмилалӣ баланд бардоранд. Танҳо роҳнамоии дуруст ва пуштибонӣ лозим аст, ки онҳо рушду пешрафт кунанд.
Мирхон Ҳусейнов, рӯзноманигори ТВ “ВАРЗИШ”, низ аз ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар БҲИ ва дигар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ розӣ нест. Ӯ мегӯяд, “варзиши тоҷик бемор аст, онро мебояд табобат кард”.
Ин шореҳи варзиш дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, “варзишгарони мо дар чунин мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи миёна агар медал ба даст оварда натавонанд, пас чӣ гуна даъвои нишони заррин аз Бозиҳои олимпӣ кунем”.
Мирхон Ҳусейнов инчунин вазъи иштироки варзишгаронро аз намуди даставӣ ҳам бад арзёбӣ карда, навишт, “ҳайати даставии варзишгарони кишвар дар зери яхи зимистон дармондаанд. Як офтоби дурахшон лозим аст, ки онҳо аз зери яхи чандқабата сар ба берун кашанд”.
Мирхон низ гуфт, ҳарчанд мо ҳадс мезанем, ки варзиш дар кишвар рӯ ба рушд аст, аммо ба ҷуз аз фанду фиреб чизеро намебинем.
Ҳамчунин, нафарони зиёде низ буданд, ки аз иштироки варзишгарони кишвар дар БҲИ ва сатҳи варзиш дар кишвар розӣ набуданд. Воқеан ҳам тибқи нишондодҳои охир ва иштироки варзишгарон ҷои ташвишу нигаронист, ки сатҳи варзиши кишвар дар сатҳи байналмилалӣ рӯ ба беҳ шудан надорад. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 низ ягон нишон ба даст оварда натавониста буданд.