Аз миёни ҳамаи қораҳои кашфшуда танҳо Амрико ба номи одами воқеӣ номгузорӣ шуд. Кӣ буд он? Сарзамине, ки Колумб кашф карда буд, чаро номи ӯро гирифт на номи Колумбро?

Он чӣ ба мо аз сафарҳои Веспуччӣ маълум аст, муҳтавои ду номаи ӯст, ки солҳои 1503 ва 1504 навишта шудаанд. Чун ҳамаи номаҳои дигари иншошуда дар ин мавзӯъ ин ду номаи Веспуччи низ дар як муддати басо кутоҳ миёни мардум паҳн шуданд ва ҳамзамон бо чандин забон тарҷума ва дар чанд кишвари олам интишор ёфтанд. Табиист, ки Веспуччи наметавонист дақиқияти сатрҳои иншокардаи худро пайгирӣ кунад, номаҳое, ки бе ризояти вай дар чандин нашрияҳо ба табъ расиданд ва мӯҳтавои онҳо аз ҷониби ноширон таҳриф ҳам шуда буданд. Ҳоло хеле мушкил аст мушаххас кард, ки асли номаҳо чӣ буданду ноширон ба онҳо чӣ иловаҳо карданд ва кадом ҷумлаҳои онро ҳазф карданд.

Дар ин номаҳо Веспучӣ аз сафарҳояш ба соҳилҳои заминҳои ба тозагӣ кашфшуда менависад. Номаи аввали вай, ки гӯё солҳои 1497-1498 иншо шудааст, бештар таваҷҷуҳбарангез ва шубҳаовар буд. Агар фарз ҳам кардем, ки он чӣ дар ду нома омадаст, воқеъият дорад ва он тавре сурат гирифтаст, ки муаллиф менависад ва бахусус иддиоҳои номаи дуюм ба асос гирифта шаванд, пас маълум мегардад, ки пеш аз он ки Колумб қораи мавриди назарро кашф кунад, Веспуччи хати соҳилии Амрикои Шимолиро аз Гондурас то резишгоҳи Лаврентии Муқаддас кашф карда буд.

Ин гуна як сафар комилан бесобиқа мебуд, вале мутаассифона, ин дур аз ҳақиқат аст. Олимону муҳаққиқон ва ҷуғрофидонҳо ба сафари чоруми Веспучӣ дар солҳои 1503-1504 ба назари шубҳа менигаранд. Мебояд иқрор шуд, ки худи мундариҷаи номаҳо бастаи чандин гумону шубаҳотанд. Дар ин номаҳо аслан мавлумотҳои навоваронаи ҷуғрофӣ вуҷуд надоранд. Гузашта аз ин муаллиф номи ягон сарвари экпедитсия ва ҳамроҳонашро зикр намекунад. Муҳимтар аз ҳама бояд муайян кард, ки дар бораи ин одами саропо муаммо таърих ва бахусус илми ҷуғрофӣ чӣ медонад.

Америго Веспуччи миёни солҳо 1451 – 1454 дар Флоренсия ба дунё омад ва дар ҳамин шаҳр тақрибан чиҳил сол зист. Дар идораи бонки овозадори Медичи коргузорӣ мекард. Тибқи супориши хонаи савдои Медичи соли 1492 ба Севил омад ва то соли 1499 он ҷо иқомат кард. Аз ин сол ба баъд метавон гуфт, ки дар бораи одами тамоман дигаре сухан меравад, фарзанди шарафманди асри пур аз ҳаводис.

Вай ду бародар дошт: Антонио-устоди донишгоҳи Пизо ва Ҷеронимо-бозаргон дар Сурия.

Америго дар бахши таъминоти экспедитсияе, ки бо сарварии Алосо де Охедо (яке аз ҳамсафарони Колумб, ки соли 1499 як экспедитсияро мустақилона сарварӣ кард) ба заминҳои тозакашф равона мешуд, ширкати фаъолона дошт ва худи ӯ низ ҳамроҳ бо ҳамин ҳайат ба сафари баҳр баромад. 18-уми майи соли 1499 киштиҳои Охедо аз Кадис (шаҳр дар ҷанубу ғарби Испания) берун шуданд ва охири моҳи июн ба қитъаи нав, байни арзҳои 4 ва 6°-и нимкураи шимолӣ мерасанд ва аз ин ҷо аз ҳам ҷудо шуданд. Охедо бо ду киштӣ ба қисмати шимолу ғарб ҳаракат кард ва то Ориноко расид ва аз тариқи холиҷе, ки Колумб дар баҳри Кариб кашф карда буд,  берун шуд.

Дар ин ҳол Веспуччи бо ду киштӣ қад-қади соҳилҳо ба ҷанубу шарқ равон шуд. Ба назар мерасад вай он вақт гумон мекард, ки дар соҳилҳои Осиё қарор дорад ва хост нуқтаи охири онро пайдо кунад. 2-уми июл испониҳо резишгоҳи ду дарёи бузургро кашф карданд: яке ба арзи наздик ба 30 км аз ғарб (Амазонка) ва дигар аз ҷануб (Пара) ҷорӣ мешуданд. Оби уқёнус дар чандин км ширин буд. Талошҳои фуруд омадан ба ин мавзеъ бенатиҷа анҷомид: ҷангали анбуҳ дар соҳилҳои камиртиқоъ монеъ мешуд. Веспуччи талош кард ба самти  ҷанубу шарқ равон шавад, вале ба маҷро рӯ ба рӯ шуд ва ноилоҷ ақиб гашт. Ба ҷазираҳои Тринидад воқеъ дар баҳри Кариб ворид гардида, Веспуччи Охедоро дарёб кард ва аз он ҷо онҳо ҳамроҳ ҳаракат карданд.

Ду ҳафта пеш аз Веспучӣ ва Охедо ин мавзеъҳоро барои аврупоиён яке аз ширкаткунандагони фаъоли экспедитсияҳои Колумб Пералонсо Нинёо (мулаққаб ба “Сиёҳ”, ҳамсафари Колумб дар сафари сеюми вай ба соҳилҳои Амрико) кашф карда буд. Маллоҳони вай дар ин минтақа миқдори зиёд (наздик ба 30 кило) марворид пайдо карданд ва ин соҳил соҳили Марворид номида шуд. Ба афроди Охедо пасмондаҳои ин марвориди аллакай ғуншуда расид ва ин барои экспедитсияе, ки бо сармояи азим ба сафар баромада буд, ночиз буд.

Испониҳо дар ин мавзеъ борҳо рустоҳои сокинони бумиро мушоҳида карда буданд ва ин кулбаҳову сохтмонҳо ба ёди онҳо Венетсияро овард. Аз ин рӯ, онро Венесуэла (Венетсияи хурд) номиданд. Баъдан Охедо ба Эспанола баргашт ва Веспуччи бошад 16 рӯзи дигар дар имтидоди  соҳилҳо ба самти ҷанубу ғарб шино кард, сипас ӯ низ ба Эспанола омад.  Моҳи июни соли 1500 вай ба Испания баргашт. Дар ҷараёни ин сафари баҳрӣ бештар аз 4 ҳазор км хати соҳил кашф гардид, ки наздик ба се ҳиссаи онро худи Веспуччи пайдо кард.

Соли 1501 Веспуччи ба хидмати португалиҳо мегузарад ва даҳуми майи ҳамон сол то ба соҳилҳои Бразилия дар ҳайати экспедитсияи Гонсал Куэлю шино мекунад. 17-уми август онҳо аз тариқи димоғаи Сан-Роке  ба Бразилия мерасанд. Роҳи минбаъдаи онҳо қадоқади соҳилро ба шарофати ҳамон анъанае метавон таъқиб кард, ки объектҳои нав кашфшудаи ҷуғрофиро ба рӯзи кашфашон номгузорӣ мекарданд. Тибқи номҳои Веспучӣ муаррихон ҷараёни кушоиҳои соҳилии португалиҳоро дар солҳои 1501-1502 муайян крадаанд. Киштиҳо қариб ним сол ба самти ҷануб ҳаракат намуданд. 1-уми январи соли 1502 маллоҳон ба даромадгоҳи халиҷи бузурги Гуанабара (халиҷ дар Иёлоти Риодежайнеро, дар минтақаи ҷанубу ғарбии Бразилия, ки ба уқёнуси Атлас роҳ дорад) расиданд, вале гумон карданд он резишгоҳи кадом дарёест ва онро Рио-де-жайнеро – дарёи январ номиданд.

Моҳи феврал қарор карданд, ки ба Португалия баргарданд, вале қабл аз ин киштиҳо ба самти ҷанубу шарқ ҳаракат намуданд. 3-юми апрел дар уқёнус ҷазира мушоҳида шуд ва ба ақидаи Веспучӣ ин дар  арзи 52° нимкураи ҷанубӣ қарор дошт; аз он киштиҳо ба самти шимолу шарқ роҳ пеш гирифтанд ва 6-уми сентябри соли 1502 ба Лиссабон расиданд. Дастоварди ҷуғрофии ин сафари Веспучӣ боровартарин маҳсуб мешуд: маллоҳон 3000 км хати соҳилиро кашф карданд ва онро вориди харита намуданд.

Дар бораи сафарҳои дигари баҳрии Веспучӣ маълумоти дақиқ ва эътимоднок омада нарасидааст. Танҳо маълум аст, ки баъди сафари солҳои  1501-1502 вай ба Испания баргашт ва соли 1505 ба ивази хизматҳояш табааи Кастил шуд. Соли 1508 вай ба вазифаи сарпилоти Кастилия таъин градид. Соли 1512 аз олам чашм пӯшид.

Ин аст он чизе, ки дақиқан дар бораи Веспучӣ маълум ва дар китобҳои ҷуғрофиву таърихӣ омадааст. Албатта, ин ҳама хизмати бузурге дар кишваркушоиҳову кашфи мавозеъи ҷуғрофии нав аст. Вале баъзан иддио мекунанд, ки ҳаргиз шоистаи он нест, ки ба номаш як қитъаи азими олам номгузорӣ шавад. Аммо аҳамияти кашфиётҳои Веспучӣ дигар аст. Ягон нафар то ӯ дар сарзаминҳои кашфшуда ин миқдор хати соҳили дурударозро надид: дар ду сафари баҳрӣ беш аз 7000 км. Аз ин рӯ, каси дигаре ғайр аз Веспучӣ ин асосро надошт, ки дақиқан изҳор кунад: заминҳо кашфшуда дар он сӯи Атлантика Осиё нест! Ҳатто Колумб, ки умре дар ин макон Осиё меҷусту роҳи расидан ба Ҳинд, ин гуна иддио натавонист кунад. “Ин кишварҳоро бояд Олами Нав номид. Ба гузаштагони мо ин сарзаминҳо маълум набуд ва тасаввурот ҳам надоштанд”,- навишт Веспучӣ дар номаи худ дар соли 1503.  Ва ин нуқтаи назари худро асоснок кард: аз кайҳо инҷониб маълум аст, ки  ҳамаи Осиё дар нимкураи Шимолӣ ҷойгир аст, хати қора дар ягон ҷо экваторро намебуррад. Гузашта аз ин заминҳои нав кашфшуда на танҳо  ба самти ҷануб мераванд, балки ба Ҷануби тропикӣ низ кашида мешаванд.

Аммо барои муваффақияти номаҳои Веспучӣ сабаҳои дигар ҳам буданд. Аврупо ташнаи маълумоти тоза дар бораи заминҳои тозакашф буд, вале ин гуна маълумот хеле кам дастрас мешуд, ҳисоботи дарёнавардон хеле кам чоп мешуд. Ҳам ба шакл ва ҳам ба мазмун ин гуна ҳисоботҳо талаботи рӯзафзуни сокинонро қонеъ карда наметавонистанд. Ва дар ҳамин ҳол шахсе пайдо шуд, ки босаводона, адабӣ он чизе бо чашмони худ дид, рӯйи коғаз овард ва интишор дод. Ҳатто муосиронаш пай набурданд, ки бисёре аз нукоти мавриди тасвири Веспуччи бофтаву хаёлианд. Веспучиро ҳамин номаҳо машҳур карданд ва номи ӯ ба сарзамине дода шуд, ки бузургтарин қитъаи олам маҳсуб мешуд.

Бори аввал дар ин бора Мартин Валдземюллер (нақшанигор ва кашиши олмонӣ) изҳори назар намуд. Вай соли 1507 дар шаҳри Сен-Де асари худ бо номи “Муқаддимае ба космография” ду номаи Веспуччиро ҷо дод.  Вай навишт: “Ана акнун бахши чаҳоруми олам кашф шуд: Америго Веспуччи ва мн намедонам кӣ ва бо кадом сабаб ҳақ дорад монеъ шавад, ки ин қитъа Америго ва ё Амрико номида нашавад”.

Валдземюллер аслан намехост бо ин гуна як изҳори назар хизматҳои шоистаи Колумбро хурд нишон диҳад. Ҷуғрофидонҳои он замон бар ин назар буданд, ки Колумб ва Веспучӣ дар гӯшаҳои гуногуни  олам замонҳои нав кашф кардаанд: Веспучӣ Олами Навро кашф кард, Колумб бошад Олами Куҳанро васеътару пурратар таҳқиқ намуд. Фарзияҳо дар мавриди он ки заминҳои шимол аз баҳри Кариб Давраи кушоишҳои нави ҷуғрофӣ мебошанд ва онҳо ба қадимиён низ маълум набуданд, барои аврупоиён баъди сафарҳои баҳрии солҳои 10-20 асри XVI маълум гардид. Аввалин касе, ки номи “Амрико”-ро ба қитъаи шимол паҳн кард, картографи машҳури фламандӣ Ҳерерд Меркатор буд. Дар харитаи соли 1538 вай навишт, ки  дар қитъаи ҷануб “қисмати ҷанубии Амрико”, дар шимол “бахши шимолии Амрико” ҷойгиранд. Танҳо дар Испания заминҳои тозакашфшударо боз муддати дароз Индиана, Индианаи Ғарбӣ (номи Вест-Индия низ аз ҳамин ҷост) ва ё Олами Нав номида мешуд.

Бидуни шак Америго Веспучӣ хизматҳои шоиста дар таҳқиқи қитъаи нави олам дошт. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин ба номи вай номгузорӣ шудани ин қитъаи ба масоҳат басо бузург, бино ба нуқтаи назари географ Александр Ҳумболд “ин хотирае аз беадолатии башарист, ҳарчанд худи Веспучӣ дар ин бора ҷурме надорад”.

Таҳияи Б.Шафеъ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь