26 сол аст, ки яке аз муҳимтарин ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваҳдати миллӣ (Ваҳдати миллӣ (27-уми июни соли 1997) Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз солҳои ҷангу хунрезӣ ва харобиҳо ба солҳои сулҳу субот, рушду шукуфоӣ овард), ҷашн гирифта мешавад. Тоҷикистон чӣ гуна ба ин рӯз расид?
Шӯравӣ дар барқарории бисёре аз соҳаҳои Тоҷикистон нақши муҳим бозид: ин марҳилаи таърих ба рушди иқтисодиёт, тараққиёти илм, фарҳанг, саноат ва пайдоиши инфрасохтор алоқаманд аст. Маҳз дар даврони Шӯравӣ фазои сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки қаблан вуҷуд надошт, муайян шуда, принсипҳои давлатдорӣ ба вуҷуд омад ва дар асоси ин принсипҳо кишвар минбаъд сиёсати мустақили худро ба роҳ монд.
Вале ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон марҳалаи дигареро низ ба вуҷуд овард. Давлат аҳамияти пурраи ин мафҳумро нигоҳ дошта натавониста, ба шароити нав мутобиқ нагардид ва дар натиҷа бӯҳрони пасошӯравии ҳокимият ба амал омад, ки боиси рух додани ҳодисаҳои фоҷиабори соли 1992 дар кишвар гардид. Дар Тоҷикистон он замон ҳизбҳои зиёди сиёсие ташкил шуданд, ки барои расидан ба манфиатҳои умумидавлатӣ муттаҳид нашуда, балки баръакс, бо ҳамдигар барои қудрат мубориза бурданд. Зиёда аз ин, ташкили ин ҳизбҳо дар асоси қавмҳои этникӣ-минтақавӣ сурат гирифт: дар байни шимолу ҷануби Тоҷикистон муборизаи тезу тунд ба вуҷуд омад.
Дар ин давра муқовимати асосӣ миёни ҷонибдорони ҳукумати марказӣ ва мухолифини исломӣ сурат гирифт. Моҳи майи соли 1992 аввалин куштор ба амал омад, ки ба оғози задухӯрдҳои мусаллаҳона сабаб гардид. Ин задухӯрдҳо рӯз ба рӯз фоҷиабортар мешуданд. Тайи 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дастикам 60 ҳазор нафар (тибқи маълумотҳои дигар – то 150 ҳазор нафар) кушта шуданд, ки асосан на низомиён ва фаъолони муқовимат, балки ходимони шинохтаи Тоҷикистон, рӯзноманигорон, шаҳрвандони одӣ ва кӯдакон буданд.
Қариб 1,5 миллион нафар маҷбуран Тоҷикистонро тарк карда, ҷойи кор ва манзили худро аз даст доданд ва аз хешу табор ва дӯстони худ ҷудо шуданд. Қисми зиёди зиёиёни кишвар (олимон, духтурон, омӯзгорон, ходимони фарҳанг ва ғайра) ба дигар кишварҳо ҳиҷрат карданд, ки то ба ҳол дар он ҷойҳо зиндагӣ доранд. Имрӯз ба далели набуди ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон зарурати муҳоҷират ба миён омадааст, ки дар асл ин ҳама аз паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳрони иқтисодии дар пайи он баамаломада мебошад.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кишвар бӯҳрони башардӯстонаро аз сар гузаронида ва аз камбуди ғизо ва эпидемияи бемориҳои сироятӣ ранҷ мебурд. То соли 1997 тақрибан 70 фисади аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр қарор доштанд. Даҳҳо ҳазор хонаҳо тахриб шуда ва иқтисодиёти Тоҷикистон низ тахминан 10 миллиард доллар хисорот дид.
Ҷанги шаҳрвандӣ чӣ гуна боздошта шуд?
Новобаста аз ҳамаи бетараҳҳумии ҷанг, тарафҳо ба гуфтушуниди сулҳ омода буданд, вале ин корро бе миёнарав анҷом додан ғайриимкон буд. Сарфи назар аз вазъи душвор дар дохил пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Русия ҳамеша барои дастгирии халқи тоҷик омода буд ва ин кумак дар чанд самт амалӣ карда мешуд.
Вале нақши ин кишвар асосан ҳамчун миёнарав дар музокирот сурат гирифт. Кремл ба ҳалли мусолиматомези низоъ даъват кард ва соли 1994 нахустин мулоқоти ҷонибҳо баргузор гардид. Ҳарчанд дар пайи ин мулоқот амалиёти ҷангӣ пурра қатъ нагардид, аммо барои муколамаи сиёсӣ замина фароҳам оварда шуда ва тамоюлҳои умумӣ барои расидан ба тавофуқ таҳия гардид. Дар 4 сол ҳамагӣ 8 даври музокироти сатҳи олӣ сурат гирифт ва ҳамчунин, байни ҷонибҳо мулоқотҳои гуногуни машваратӣ баргузор гардиданд. Чунин талошҳо дар ин масъала ҳамзамон аз мураккабии раванд низ шаҳодат медоданд. Ин гуфтушунидҳо дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷараён дошта ва ҳар кишвар кӯшиш мекард, ки нуқтаҳои муштарак ва роҳи ҳалли сулҳи тоҷиконро пайдо намояд. Дар ин давра нақши Афғонистон низ ниҳоят бузург аст, зеро ин кишвари худ ҷангдошта дар ҳолати душвор гурезаҳои моро қабул карда, ба онҳо кумак расонд.
Эмомалӣ Раҳмон нақшаи истиқрори сулҳ дар кишварро таҳия кард ва мухолифин бошанд ин нақшаро дастгирӣ карданд. 27-уми июни соли 1997 дар Маскав нишасти ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик баргузор гардид ва дар он созишномаи ниҳоӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Нақши асосиро дар ин кор ниҳоди пурқуввати дипломатии Русия ва талошҳои президенти вақти ин кишвар Борис Елтсин, сарвазир Евгений Примаков ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Андрей Козирев бозиданд. Русия инчунин, кафили иҷрои ин созишнома гардид.
Таҷрибаи хотима додани ҷанг дар Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ беназир ҳисобида шуд ва Кофи Аннан, ки он замон дабири кулли СММ буд, онро барои тамоми ҷаҳон муфид донист.
На танҳо гуфтушунидҳо
Албатта, барои давом додани ҳаёти зебо ва тараққиёбандаи кишвар танҳо имзо кардани созишномаи сулҳ кифоя набуд. Сиёсатшинос, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев мегӯяд, ки пас аз истиқрори сулҳ дар кишвар Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд, ки барои назорати иҷрои қарордодҳои басташуда 3 соли дигар фаъолият кард. Дар ин давра кишварро барқарор кардан лозим гардид ва инчунин, ташкил кардани роҳбарӣ, интихобот, беяроқ гардондани аҳолӣ лозим омад. Илова бар ин, сарҳад бо Афғонистонро аз таҳдидҳои беруна муҳофизат кардан лозим шуд, ки ин корро марзбонони рус анҷом медоданд. Онҳо аз соли 1992 то соли 2005 сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ҳимоя мекарданд (то замоне ки бо ҳамкасбони тоҷики худ мубодилаи таҷриба карда ва дар ҷумҳурӣ хадамоти мустақили марзбонӣ таъсис гардид). Дар ин муддат сарбозони рус борҳо ҳамлаҳои ҷангҷӯёни мусаллаҳро гардонданд, ки дар натиҷа беш аз 3000 сарҳадшикан боздошт шуд ва 535 даргирии низомӣ гардонида шуда, 1500 кӯшиши убури марз пешгирӣ карда шуд. Дар натиҷа 161 марзбони рус дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳалок ва 362 каси дигар маҷруҳ шуданд.
Барои ҷудо кардани ҷонибҳои даргир бо низомиёни Пойгоҳи низомии 201-уми Русия Нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи ИДМ ташкил карда шуд. Ҳамагӣ дар миссияи посдори сулҳ 33 ҳазор низомии рус иштирок карда, беш аз 300 нафар кушта шуданд.
Пас аз соли 1997 Русия як қатор амалиёти бузурги башардӯстона анҷом дода, қаламравҳои наздики Афғонистонро ба таври оммавӣ аз мина тоза кард.
Тавре сиёсатшинос Ниёз Мирзоев қайд мекунад, кумаки низомии Русия дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле муҳим буд, зеро он замон артиши Тоҷикистон захираҳои кофии кадрӣ, иттилоотӣ ва техникӣ надошт ва баръакс, нерӯҳои мухолифин дар масъалаи аслиҳа мушкиле надоштанд:
“Мухолифин дар як муддати кӯтоҳ силоҳи зиёде пайдо карданд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳоро аз хориҷа бо силоҳ таъмин мекарданд ва муноқишаи мусаллаҳонаи тоҷикон пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд. Ман бовар дорам, ки ин ҷанг аз ҷониби қувваҳои беруна, ки муноқишаро тақвият бахшида ва мехостанд ба задухӯрди низомӣ табдил диҳанд, таҳмил гардида буд, зеро дар аввал фақат гирдиҳамоиҳои осоишта барпо мегардиданд, ки баъдан рӯз аз рӯз вазъият бадтар шуд», – мегӯяд сиёсатшинос.
Таҳдидҳои имрӯза ба субот
Барои Тоҷикистон таҳдидҳои марзӣ ҳанӯз ҳам аҳамияти калон доранд: ҳам минтақаҳои сарҳадӣ бо Афғонистон ва ҳам бо Қирғизистон ҳамчун минтақаҳои бесуботӣ боқӣ мемонанд. СААД ва Русия кафили асосии ҳимоят аз таҳдидҳои берунӣ ва дохилии амният мебошанд. Дар самти Афғонистон корҳои зиёд – таҳкими сарҳад, чорабиниҳои ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷалбкунии ҷангҷӯён ва ғайра анҷом дода мешаванд.
Муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон, ки соли гузашта ба марҳалаи шадид ворид шуд, низ ба як минтақаи таваҷҷуҳ ва пуштибонии Русия табдил ёфт. Владимир Путин шахсан ба музокироти раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳошияи нишасти МҲТБО мусоидат намуд ва Русия омодагии худро барои мусоидат дар ҳалли масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон изҳор дошт.
Бо назардошти таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ, Тоҷикистон зарурати чунин дастгириро дарк мекунад, зеро новобаста аз он, ки ҷомеа сабабҳо, натиҷаҳо ва оқибатҳои ҷангро аз нуқтаи назари гуногун арзёбӣ мекунанд, лекин ҳама дар масъалаи асосӣ бо ҳам мувофиқанд. Ҳар коре бояд кард, то чунин ҳодисаҳо дигар такрор наёбанд. Муттаҳидшавӣ бар зидди мусибати бузург асоси муносибатҳои боэътимоду иттифоқчиёнаи байни кишварҳоямонро ташаккул дод ва то ҳол мавқеъҳои зиддирусиягӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон дастгирӣ пайдо накардаанд.
Сиёсатшинос Ниёз Мирзоев дар ин хусус чунин мегӯяд: «Тоҷикон ҳамеша аз Русия барои кумакаш дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон миннатдор хоҳанд буд. Ин фақат суханони зебо нестанд. Ман чун шоҳиди он воқеаҳои фоҷиабор самимона ин суханҳоро мегӯям. Нақши Русия бузург аст, зеро ба шарофати он Тоҷикистон сулҳу оромӣ ба даст овард».
Матлубаи Қ.