3-юми март дар шаҳри Қазон чорабинии “Бозиҳои оянда” ба охир расид. Тӯли ду ҳафта дар ин шаҳри Русия як раванди васеъмиқёс – мусобиқаҳои байналмилалии “Бозиҳои оянда” ҷараён дошт, ки дар он варзиши классикӣ бо киберварзиш ва технологияҳои рақамӣ муттаҳид карда шудааст.
Ин бори аввал нест, ки дар Қазон чунин чорабинии васеъмиқёс баргузор мегардад. Дар ин ҷо чемпионатҳо ва кубокҳои ҷаҳон дар риштаҳои гуногун, Универсиада ва аввалин Бозиҳои ИДМ баргузор гардида буданд. Аз ин рӯ, бешак, бояд аввалин мусобиқаҳои варзишӣ дар формати «фиҷитал» (физикӣ + рақамӣ) – яъне аввал дастаҳо дар симуляторҳои виртуалӣ ва сипас дар майдон қувваозмоӣ мекунанд, дар Қазон гузаронида мешуданд.
Бояд қайд кард, ки дар Русия фиҷитал-варзиш фаъолона рушд мекунад. Дар саросари ин кишвар марказҳои рушди фиҷитал-фанҳо кушода мешаванд ва худи ин формат аллакай мақоми расмӣ гирифтааст.
Беназир ва васеъмиқёс
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи тиҷоратии тоҷикии “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов мегӯяд: “Бозиҳои оянда, ки бо ташаббуси Русия баргузор гардиданд, як шакли комилан нави мусобиқоти варзишӣ буда, варзиши ҷисмонӣ ва рақамиро муттаҳид мекунанд. Дар ин бозиҳо теъдоди зиёди варзишгарон ширкат варзиданд ва ин тасодуфӣ нест: вақтҳои охир таваҷҷуҳ ба киберварзиш хеле афзудааст. Бешубҳа, чунин чорабиниҳо бо мурури замон мақбули ом хоҳанд гардид, зеро имрӯз теъдоди зиёди ҷавонон ба намудҳои гуногуни бозиҳои рақамӣ шавқи зиёд зоҳир карда, дар онлайн-мусобиқаҳо фаъолона иштирок мекунанд.
Мусобиқаҳо дар бахшҳои гуногун гузаронида шуданд, ки ин аз иқтидори бузург барои рушд додани ин шакли варзиш шаҳодат медиҳад. Албатта, барои боз ҳам тавсеа додани ин бозиҳо ва ҷалб кардани теъдоди бештари иштирокчиён, инчунин барои ташкили федератсияи алоҳидае, ки тавонад федератсияҳои миллиро зери гунбази ягона муттаҳид созад, роҳи дурро тай кардан лозим меояд. Ин формати нав бояд тарғиб карда шавад ва мисли ҳама чизи нав, “Бозиҳои оянда” бояд ба озмоиши вақт тоб оранд.”
Мусобиқаҳои “Бозиҳои оянда” ба панҷ бахш (гуруҳ) тақсим шудаанд: варзиш, тактика, стратегия, технология ва суръат. Онҳо бозиҳои машҳури варзишӣ, аз қабили фиҷитал-футбол, фиҷитал-баскетбол ва фиҷитал-хоккей, инчунин фиҷитал-пойга, фиҷитал-муҳориба (гуштӣ), ҷанги роботҳо, фиҷитал- муҳорибаи тактикӣ ва фиҷитал MOBA (Dota 2 ва MLBB)-ро дар якҷоягӣ бо лазертег ва дигар фанҳо (намудҳои варзиш) дарбар мегиранд.
Оё ин мусобиқа метавонад васеъмиқёс гардад, ё бештар ба як чорабинии маҳаллӣ барои доираи хурди шахсони манфиатдор монанд аст? Рақамҳо худ шаҳодат медиҳанд: зиёда аз 2 ҳазор иштирокчӣ аз 107 кишвар, беш аз 6 ҳазор меҳмон ва шаҳри “Бозиҳои оянда” ба як галереяи бузурги дорои фаъолиятҳои гуногун табдил ёфт: танҳо дар як ҳафтаи аввал зиёда аз 100 ҳазор нафар аз ин шаҳр дидан карданд. Махсусан, ҳаҷми намоиши (пахши) бозиҳо таъсирбахш буд, ки аз бозиҳои олимпӣ камӣ надошт, барои пахши ин бозиҳо қариб тамоми стансияҳои телевизионии сайёри Русия ба шаҳри Қазон оварда шуданд. Ва ин беҳуда набуд: мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда»-ро, ки аз 200 майдони варзишӣ дар тамоми қитъаҳо, аз ҷумла дар Бразилия, Чилӣ, Чин, Ҳиндустон ва кишварҳои ИДМ намоиш дода шуданд, зиёда аз 2,2 миллиард одам тамошо карданд. Намоиш дар сатҳи бисёр олӣ ташкил карда шуд: ҳатто баъзе намудҳои дилгиркунандаи киберварзиш ба шарофати ҳузури шореҳон, графикаи босифат ва дигар унсурҳо ҷолиби тамошо гардиданд. Аҷибаш он аст, ки мусобиқаҳои Dota 2 шавқу ҳаваси ғайриоддии мардуми Чинро ба вуҷуд овард ва он 22-юми феврал дар се шабакаи телевизионии Чин дар маҷмуъ 126 миллион тамошобинро ҷамъ овард.
Русия барои ташкили «Бозиҳои оянда» аз буҷаи федералӣ 5,3 миллиард рубл ҷудо кардааст. Фонди ҷоизавӣ 10 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди маблағҳо ба фиҷитал-футбол ва фиҷитал-баскетбол – ба ҳар кадоми инҳо 1,25 миллион доллар ва инчунин ба Dota 2 – 1 миллион доллар ҷудо карда шудааст.
Аз миқёси чорабинии мазкур ҳузури роҳбарони чанд кишвар – Владимир Путин (Русия), Эмомалӣ Раҳмон (Тоҷикистон), Шавкат Мирзиёев (Ӯзбекистон), Содир Ҷапаров (Қирғизистон), Қосим-Ҷомарт Тоқаев (Қазоқистон), Александр Лукашенко (Белорус) ва Милорад Додик (Сербия) шаҳодат медиҳад. Дар ин мусобиқа ҳудуди 70 шахси расмӣ – аз вазири варзиши Куба то вазири маорифи АМА (Аморати Муттаҳидаи Араб) ширкат доштанд. Сарони давлатҳо ҷамъомадагонро табрику хайрамақдам гуфта, ба ҳайатҳои худ суханҳои табрикӣ гуфтанд. Пас аз маросим роҳбарон аз намоишгоҳи мавзуӣ доир ба мафҳуми фиҷитал-варзиш, инчунин аз мусобиқаҳои киберварзиш ва раванди тамрини фиҷитал – футбол дидан карданд.
Тоҷикистон дар ин бозиҳо
Тоҷикистонро дар “Бозиҳои оянда” 35 варзишгар дар панҷ бахш намояндагӣ карданд: омехта, барномасозии варзишӣ, битсейбр (Bitsabre) ва ҷастбенг (Justbeng). Алалхусус, варзишгари тоҷик, гуштигири касбии лигаи ONE Championship Ҳалим Назруллоев дар яке аз намудҳои фиҷитал-гуштӣ пирӯзӣ ба даст овард: ӯ аввал ҳамроҳи ҳамдастагонаш дар «Mortal Combat» қувваозмоӣ карда, баъд дар майдон баромад кард. «Мусобиқаи “Бозиҳои оянда” ин як чизи нав аст ва дар баробари ин, аз ҷиҳати миқёс аз Бозиҳои олимпӣ камӣ надорад. Ҳама чиз дар сатҳи олӣ иҷро карда шуд ва боварӣ дорам, ки ин бозиҳо ба ҳамаи иштирокчиён писанд омад. Ман бори аввал дар чунин мусобиқаҳо иштирок мекунам ва фикр мекунам, ки агар ин форматро рушд диҳем, бисёр хуб мешавад», – аз таассуроти худ нақл мекунад ин варзишгар.
«Ташаббускори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, Президенти кишвари бузург – Федератсияи Русия, инчунин дӯст ва бародари мо Владимир Владимировичро табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ ва умри дарозро таманно дорам. Ба ҳамаи варзишгарон, иштирокчиён, намояндагони тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, муваффақияту ғалабаҳо хоҳонам». Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон
Коршинос Фаридун Усмонов бар ин назар аст, ки чунин шакли муосири мусобиқаҳо барои ҷавонони тоҷик ҷолиб ва зарур аст: “Дар кишвари мо варзиши рақамӣ фаъолона рушд мекунад, дастаҳои бозигароне ташкил карда мешаванд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни киберварзиш акнун таҷрибаи чандинсола доранд. Албатта, дар як қатор мусобиқаҳои рақамӣ дастаҳои бисёр ботаҷриба ва пурқувват аз Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон ширкат варзиданд ва имрӯз барои варзишгарони мо бо онҳо қувваозмоӣ кардан хеле душвор аст. Вале ман боварӣ дорам, ки бо гузашти солҳо варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо ба натиҷаҳои хуб ноил хоҳанд шуд”.
«Таҷрибаеро, ки варзишгарони мо дар чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ ба монанди «Бозиҳои оянда» дар Федератсияи Русия пайдо мекунанд, танҳо бо иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба даст овардан ғайриимкон аст». Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов
Аввалин “Бозиҳои оянда” нишон доданд, ки сарнавишти ояндаи ин лоиҳа хеле хушбинона аст ва формати фиҷитал-варзиш дар тамоми сайёра паҳн хоҳад шуд. Ба гуфтаи роҳбари ин мусобиқа Игор Столяров, дуввумин “Бозиҳои оянда” соли оянда берун аз Русия баргузор мегардад. Тахмин мерафт, ки ба ҳайси номзади асосӣ барои баргузории “Бозиҳои оянда”-и минбаъда давлати Чин интихоб карда мешавад, вале дар маросими ифтитоҳ Қосим-Ҷомарт Тоқаев хоҳиши дар соли 2025 дар Қазоқистон баргузор кардани ин мусобиқаҳоро изҳор дошт. Президенти Ӯзбекистон низ ба ӯ ҳамроҳ шуда, нақши кишвари мизбони (ташкулкунандаи) «Бозиҳои оянда» дар соли 2026-ро барои худ «банд» кард.
Эҳтимол аст, ки рӯзе Тоҷикистон низ кишвари мизбони ин мусобиқаҳо хоҳад шуд. “Ман инро бисёр мехоҳам. Ман бо камоли мамнуният вазифаи ташкили мусобиқаҳои рақсиро ба уҳда мегирам. Дар рафти ин Бозиҳо мо бо хедлайнерҳо ва чемпионҳои ин намуди варзиш, намояндагони ҷомеаи Русия ва иштирокчиён аз дигар кишварҳо шинос шудем. Фикр мекунам, ки ин Бозиҳо ҳатман то ба Тоҷикистон мерасанд ва кишвари мо бо ифтихор чунин як чорабиниро баргузор менкунад. Барои мо ин ифтитоҳи формати нави инноватсионии мусобиқаҳо ҳам барои сокинони кишвар ва ҳам барои варзишгарон хоҳад буд», – мегӯяд раиси Федератсияи рақсҳои варзишии Тоҷикистон Азиза Қаюмова, ки дар “Бозиҳои оянда” дар шаҳри Қазон иштирок дошт.
«Фикр мекунам, мо хушбахт ҳастем, ки имкони дар оғози чунин як воқеаи таърихие, ки ояндаи бузург дорад, иштирок карданро дорем!».
Варзиш берун аз сиёсат
Тоҷикистон ба мисли Русия сиёсӣ шудани варзишро қабул надорад. Ҳамкории Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ дар соҳаи варзиш яке аз алтернативаҳои муассир барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ таҳти сарпарастии федератсияҳои ғарбгаро мебошад. Кишварҳои мо форматҳои мусобиқавии байналмилалии худро, инчунин раванди таълиму тарбия ва ҳамкориро дар сатҳи созмонҳои варзишӣ густариш медиҳанд.
Дар соли 2024 дар Русия баргузории боз чанд чорабинии варзишии миқёси ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудааст: «Бозиҳои БРИКС», «Бозиҳои умумиҷаҳонии дӯстӣ» дар Маскав ва Екатеринбург. Аз ҳама бузургтарин (васеъмиқёстарин) “Бозиҳои БРИКС” хоҳанд буд: интизор меравад, ки дар он 3 ҳазор варзишгари пешсаф аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон, ширкат хоҳанд варзид.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Албатта, варзиш бояд берун аз сиёсат бошад. Ва он далел, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва федератсияҳои байналмилалӣ тайи 2 соли охир сиёсат ва варзишро бо ҳам омехта мекунанд, ва бо ин имкониятҳои варзишгарони баъзе кишварҳоро барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳдуд мекунанд, албатта, қобили қабул нест. Ва ин хеле аҷиб аст, бо назардошти он, ки варзишгарони Русия ва Беларус, ки дар мусобиқаҳо табъиз карда мешаванд, дар бисёр бахшҳои варзиши ҷаҳонӣ пешсаф мебошанд. Илова бар ин, аз ҷониби баъзе варзишгарони кишварҳои аврупоӣ рафтори тамоман ғайриварзиширо мушоҳида мекунем, вақте ки онҳо бо баҳонаи ақидаҳои сиёсии худ аз иштирок дар мусобиқоти байналмилалие, ки дар он варзишгарони Русия, Белорус ва дигар кишварҳо ҳамроҳ шудаанд, саркашӣ мекунанд. Федератсияҳои байналмилалии варзишӣ набояд ба як абзори бозии сиёсӣ табдил ёбанд ва барои иштироки озоди варзишгарони тамоми кишварҳои ҷаҳон имкониятҳои баробар фароҳам оваранд. Мо медонем, ки Русия дар қаламрави худ чорабиниҳои зиёди байналмилалии варзиширо бомуваффақият мизбонӣ кардааст, аз ҷумла: Бозиҳои олимпии Сочӣ дар соли 2014, Чемпионати ҷаҳонии футбол дар соли 2018 – ин мусобиқаҳои хеле муҳими варзишӣ буданд, ки дар сатҳи бисёр олӣ, бо муваффақият, гузаронида шуда буданд. Ва ман боварӣ дорам, ки он формати мусобиқоти варзишие, ки имсол дар Федератсияи Русия оғоз гардид, яъне “Бозиҳои оянда”, бо мурури вақт дастгирии заруриро пайдо карда, ба як чорабиние табдил хоҳад ёфт, ки варзишгарони минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро, инчунин талошҳои федератсияҳои варзишии тамоми кишварҳои ҷаҳонро барои берун аз доираи рақобати сиёсӣ баровардани варзиш муттаҳид мекунад”.