Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар мекӯбад ва боз миллатҳои гуногунро зери дафу чанги идона сарҷамъ мекунаду хотираҳоро ба замонҳои дури таърихӣ мебарад. Мо тоҷикони бумии Ҷумҳурии Қазоқистон низ аз замони омадан ба ин сарзамин, тақрибан сад сол боз ин ҷашнро таҷлил мекунем ва хушбахтона, он сол то сол рангу таровати тоза мегирад. Тоҷикони Қазоқистон низ ҷашни Наврӯзро чуноне дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, таҷлил мекунанд. Тамоми урфу одатҳо ва маросимҳоро ба ҷо меоранд, навъҳои гуногуни таомҳои наврӯзӣ пухта, чорабиниҳои фарҳангиву бозиҳоро дар сатҳи олӣ доир мекунанд. Мо ин ҷашни ниёгони худро фаромӯш накардаем. Зери ин навиштаҳо мехостам аз фурсати муносиби идона истифода карда, ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон Наврӯзро табрику хуҷаста гӯям ва ҳамчун рамзи ин ҷашни баҳамоӣ ҳаммиллатони хешро аз фаъолияти кунунии Марказ, ҳаёту зиндагии хуррамонаи тоҷикони Қазоқистон ошно созам.
Баъди ба даст овардани Истиқлолият кишвари Қазоқистон соли 1995 дар доираи қонунҳои Конститутсионии худ Ассамблеяи Халқи Қазоқистонро таъсис дод. Шумо аҳамият дода бошед, мо Ассамблеяи Халқҳо не, балки Ассамблеяи Халқи Қазоқистон мегӯем. Ин ба он хотир аст, ки дар Қазоқистон дигар миллатҳоро аз ҳам ҷудо намекунанд ва ҳама халқиятҳоро дар қатори миллати худ медонанд. Дар ҳамин асос барои ҳифзи маданияту мероси фарҳангии худ барои ҳама қавму миллатҳо шароит фароҳам сохтаанд, то расму оин, забон ва таърихи худро аз ёд набаранд. Дар ин ҷо бояд каме аз таърих ёд кунам. Шумо шояд огоҳ ҳастед, ки аз соли 1937 то 1952 халқҳои гуногун ба мисли тоҷику ӯзбек, ингушу чечен, тотору дигар миллатҳо дар шароиту вазъи душвор ба ин кишвар омаданд. Ҳарчанд он солҳо барои мардуми қазоқ ҳам солҳои душвор буд, аммо розӣ шуданд, ки як пораи заминашонро ба ин халқу миллатҳо диҳанд. Дар хонаашон ҷой кунанд, то аз азобу уқубат раҳо ёфта ризқу рӯзиашонро ёбанд. Бобоҳои мо асосан ба ҷануби Қазоқистон, ҳозира вилояти Туркистон, ноҳияи Мақтаарал ҷойгир шуданд ва ба мо нақл карда буданд, ки бо чӣ машаққатҳо аз Тоҷикистон ба таври пинҳонӣ ба он ҷо расидаанд. Мӯйсафедони қазоқ онҳоро ба хубӣ пешвоз гирифта, баъд ёру бародар шудаанд. Дӯстии онҳо ба мо, яъне фарзандҳо ҳам гузашт. Ҳоло танҳо дар ҷануби Қазоқистон 12 мактаби тоҷикӣ амал мекунад, ки наврасон аз кӯдакӣ бо адабиёти тоҷикӣ ошно мешаванд ва забону фарҳанги модарии худро аз бар менамоянд.
Мо пештар танҳо ду ё се Марказҳои тоҷиконро дар мавзеъҳои гуногуни кишвари Қазоқистон доштем, вале ба таври расмӣ набуд. 2-юми сентябри соли 2022 бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ Маркази худро ташкил кардем ва дар ҳама минтақаҳои Қазоқистон намояндагии онро расман боз намудем. Дар тӯли тақрибан ду соли фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон 11 филиали онро дар дохили биноҳои Хонаи Дӯстии ҳама шаҳру маркази вилоятҳои Қазоқистон кушодем. Дар дохили он ҳама рамзу муқаддасоти таърихии тоҷикиро ҷамъ овардаем ва ҳар меҳмоне ояд, бо дили пур ба он ҷо мебарем. Муҳим аз ҳама ин марказҳо пуле байни мардуми тоҷик ва мақомотҳои кишварамон аст, ки ҳар тасмиму ибтикори хешро метавонем бирасонем. Бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз тоҷикони Қазоқистон дар тамоми самтҳои фаъолияти мамлакат дида мешаванд. Шурӯъ аз омӯзгорию табибӣ то вазифаҳои сатҳи баланди ҳукуматӣ. Ҳама марказҳо раҳбарони худро доранд ва онҳо бевосита бо раисон, муовинони раис ва дигар шахсони масъули ҳукумати шаҳру вилоятҳо кор мекунанд. Дар ҳама чорабиниҳои давлатӣ бо либоси миллии худ баромад намуда, дар телевизионҳо намоиш медиҳанд. Дар дохили гӯшаҳои тоҷикӣ дарсҳои хештаншиносӣ гузаронида мешаванд. Дар муддати тақрибан ду соли фаъолияти расмии Марказ даҳҳо тоҷикони фаъоли Қазоқистон бо сипосномаву ҷоизаҳои Президент ва дигар вазирону раисони сатҳи ҷумҳурӣ қадрдонӣ гардиданд, ки чунин муваффақият назар ба солҳои пеш беназир аст. Ҳамаи ин албатта ба ҷамъияти беш аз садҳазорнафараи мо дар ин ҷо бетаъсир нахоҳад монд.
Мо дар ҷавоб бояд ба халқи қазоқ сипоси худро баён сохта, миннатдории худро бо амаламон низ бояд нишон диҳем. То ба инсон сипосгузорӣ изҳор карда натавонем, ба Худованд ҳам шукргузорӣ карда наметавонем. Вақте ин корҳоро анҷом медиҳем, онҳо дар симои тоҷикони муқимӣ ба муҳоҷирони тоҷик низ эътибори хоса ва эҳтиром зоҳир менамоянд. Бесабаб нест, ки ҳашт сол инҷониб мардуми Қазоқистон аввалин рӯзи баҳорро ҳамчун “рӯзи шукргузорӣ ё шукрона” пешвоз мегиранд. Ин ҷашнро асосан он шаҳрвандони Қазоқистон ҷашн мегиранд, ки аз миллатҳои гуногун ҳастанд ва аксаран баъди солҳои сиюми асри гузашта дар пайи таъқибу фишор ба ин кишвар омадаву муқимӣ гаштаанд. Ҳоло беш аз 130 халқияти гуногун ва пайрави дину оинҳои мухталиф зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла тоҷикон. Ҳамаи халқу миллатҳо дар давлати Қазоқистон зери созмони Ассамблеяи халқи Қазоқистон муттаҳид шудаанд ва раҳбарии онро Қосимҷомарт Тоқаев, Президенти Қазоқистон бар дӯш дорад. Ин Ассамблея 1-уми марти соли 1995 таъсис ёфт ва соли 2016 ин сана ҳамчун “Рӯзи шукргузорӣ” эълон гардид. 1-уми марти имсол бахшида ба “Рӯзи шукргузорӣ” дар хонаи Ассамблеяи халқи Қазоқистон маросими бошукӯҳ доир гардид. “Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост” мегӯянд. Бо таҷлили “Рӯзи шукргузорӣ” ҳама халқияту миллатҳо дар Қазоқистон ба корҳои хайриявии худ ҳусни оғоз мебахшанд. “Корвони хайриявӣ” ба сафари худ шуруъ менамояд ва он тӯли як сол давом мекунад. Ин рӯзро ба таври дигар рӯзи “Алғис Айту Кунӣ”, яъне рӯзи ташаккур гуфтан ва ё сипосгузорӣ ба ҳама наздикону ҳамватанон мегӯянд. Дар бораи ин ид Фармони расмии Президенти Қазоқистон мавҷуд буда, дар ҳама шаҳру вилоятҳои ин кишвар ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамин рӯз мо хостем сипосномаи халқи тоҷики Қазоқистонро ба халқи қазоқ ба ин шакл изҳор кунем. Яъне ду оилаи серфарзанди камбизоатро, ки расман дар қайди давлат барои кӯмак гирифтан ба навбат истода буданд, ба маърака даъват кардем ва ғайриинтизор барояшон ду хонаи истиқоматӣ тӯҳфа кардем. Баъдан дар арафаи ҷашни Наврӯз ва бахшида ба моҳи мубораки Рамазон боз ду хонаи дигарро аз номи кулли тоҷикон ҳадя кардем.
Ҳамаи ин иқдомҳо дар пайи сиёсатҳои мардумпарваронаи раҳбарони кишварҳои дӯсту бародари Тоҷикистону Қазоқистон гирифта мешаванд. Чун мо дар арафаи Наврӯзи навин қарор дорем, мехостам аз Наврӯзи гузашта то имрӯз чанде аз санаҳои муҳими таърихиро варақгардон созам.
Тобистони соли 2023 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати калон ба Қазоқистон сафар карданд ва барномаву намоишҳои калони фарҳангиву кишоварзӣ ташкил гардид. Воқеан ин як руйдоди таърихӣ барои ҳарду давлати дӯсту бародар буд. Ман аз даврони Истиқлолият то инҷониб ёд надорам, ки то ба ин сатҳ рӯзҳои фарҳангии ягон кишвари дунё дар Қазоқистон доир шуда бошад. Пештар танҳо намоишҳои хурд ё ба қавли дигар “кӯчагӣ” доир мешуданд. Аммо бори аввал аст, ки дар ин сатҳи баланд намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, хӯрокҳои миллӣ ва созу суруди тоҷикӣ доир гардид. Тамоми мардуми Қазоқ ба ваҷд омаданд ва лаззат бурданд. Агар соли 2017 бо баргузории намоиши Экспо тамоми мардуми қазоқро аз ҳама минтақаҳо ҷамъ карда бошанд, баъди он соли 2023 сафари тоҷикон ва намоиши онҳо тамоми мардуми қазоқро бори дигар сарҷамъ кард. Дар ҳақиқат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, на фақат дар сухан, балки дар амал низ обрӯи тамоми тоҷиконро дар ҷаҳон баланд бардоштанд. Ман тавассути нашрияи Шумо сипоси худ ва тоҷикони Қазоқистонро ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам.
Як рӯйдоди дигари муҳим барои ман он буд, ки дар ин сафари Президенти Тоҷикистон маро Қосимҷомарт Тоқаев ҳамчун муовини худ ба он кас муаррифӣ карданд. Ин иқдом ба вазъи тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони тоҷик бетаъсир намемонад. Зеро дар ду-се соли охир муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар ин кишвар зиёд шудаанд. Байни Тоҷикистону Қазоқистон созишнома барои кори муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон ҳаст. Барои ҳамин, вақте муҳоҷирон ҳузури худро қонунӣ мекунанд, мушкилии ҳуқуқӣ пеш намеояд. Ҳар масъалае, ки аз Маркази фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон вобаста аст, мо ёрии худро мерасонем.
Акбарҷон ИСМОИЛОВ,
муовини Президенти Қазоқистон дар
Ассамблеяи халқи Қазоқистон
ва раиси Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон.
Тарҷумаи ҳол: Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар вилояти Улутави Қазоқистон таваллуд шудааст. Таҳсили миёнаро дар шимоли Қазоқистон гирифта, соли 2016 Донишгоҳи Мадинаро хатм кард. Ба соҳибкорӣ машғул аст. Ӯ бунёдгузори се ширкати тиҷоратӣ мебошад. Аз соли 2017 то соли 2022 роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Остона буд. Аз моҳи сентябри соли 2022 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон аст. Аз соли 2017 аъзои Ассамблеяи халқи Қазоқистон буд. Аз соли 2022 узви Шӯрои Ассамблеяи халқи Қазоқистон ва моҳи апрели соли 2023 муовини Президенти Қазоқистон дар ин анҷуман гардид.