Манбаи ҳаёти инсон об аст. Инсон дар рӯйи замин сарчашмаи ободиву озодагӣ ва пешравию комёбиҳост. Тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд.
Имрӯз масъалаи истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. “Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад. Захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъонаву муносибати ҷиддиро дар истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”,- омадааст дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки санаи 22-юми марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардида буд. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳими талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маззаи оби соф нишонаи зиндагӣ аст.
Дар ҳақиқат об манбаъ ва сарчашмаи ҳаёти на фақат инсон, балки тамоми мавҷудот мебошад. Таъмини инсоният бо оби нӯшокӣ торафт ба мушкилоти рақами як табдил меёбад. Бар замми ин, гармшавии сайёра, бемориҳои сироятӣ ва дигар офатҳои табиӣ мушкилоти дастрасӣ ба оби тозаро боз ҳам афзун мегардонанд. Тавсияву пешниҳодоти Сарвари давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар масъалаи пок нигоҳ доштани оби ошомиданӣ ва ҳифзи сарватҳои боарзиши табиат ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намудаанд, ки ёдрасиашон боиси ифтихор аст:
– Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1-уми октябри соли 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза;
– Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард;
– Пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез;
– Ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим, 31-уми август – 4-уми сентябри соли 2009 дар шаҳри Женева);
– Эълон намудани соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20-уми декабри соли 2010). 20-21-уми августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид;
– Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Об асоси ҳамаи пешравиҳо ва ҳаёти хушу хуррамонаи инсоният аст. Ҳаётро тароват ва сарзабзиву озодагӣ мебахшад. Об, ки сарчашмаи зиндагӣ, манбаи асосии зебоии табиат, тозагӣ, рӯшноӣ ва гавҳари гаронбаҳо аст, пас, мо вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун сарчашмаи ҳастӣ ҳифз намуда, тозаву озода нигоҳ дорем.
Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.
С. А. ТАИБОВ,
М. МУҲИДИНОВА