“Эрон ҷиддӣ аст ва ҳусни ният дорад. Натиҷаи амалӣ ва ҳисшавандаро дар бекор кардани таҳримҳо медонад”.

Масире, ки тай шуд

Пас аз шаш даври музокираи фишурда дар Вена ба муваффақият нарасид, акнун дар остонаи шурӯи даври ҷадиде аз музокирот ҳастем. Ҳадафи аслии ин музокирот таъмини ҳуқуқи миллати Эрон ва рафъи ҳамаи таҳримҳост.

Америка 8 май соли 2018 ба сурати якҷониба аз “БАРҶОМ” хориҷ шуд. Ҳамрайи байналмилалӣ вуҷуд дорад, ки ин гуна рафторҳои зиддиқонунӣ, нодида гирифтани комили қонунҳои байналмилалӣ ва маншури Милали Муттаҳид ва дар ростои тахриби чандқутбигароӣ ва таҳдиди бузурге барои сулҳу амнияти байналмилалӣ аст.

Бо вуҷуди рӯйи кор омадани давлати ҷадиди Иёлоти Муттаҳида, натанҳо тамоми таҳримҳои ғайриқонунӣ ва якҷониба по бар ҷо мондааст, балки сиёсати эъмоли таҳрим алайҳи Эрон идома ёфтааст. Комилан возеҳ аст, ки ҳадаф аз ин иқдомоти Америка, ҷилавгирӣ аз баҳрамандии Эрон, соири аъзои “БАРҶОМ” ва ҷомеаи байналмилалӣ аз ҳуқуқу имтиёзоти баёншуда дар “БАРҶОМ” ва Қатъномаи 2231 Шӯрои Амнияти Милали Муттаҳид аст. Албатта давлатҳои се кишвари аврупоии тарафи “БАРҶОМ”, бо вуҷуди ғайриқонунӣ будани он, дар амал бо сукуту беамалии худ, бо он рӯйкард ҳамроҳӣ кардаанд. Иқдомоти Иёлоти Муттаҳида ва ҳамроҳии се кишвари аврупоӣ, “БАРҶОМ”-ро нокоромад кардааст ва ҳама манфиати иқтисодии ин тавофуқро барои Эрон аз байн бурдааст. Инҳо воқеиёти талхи чанд соли гузаштааст, ки бояд чароғи роҳе барои оянда бошад.

Идомаи рӯйкарди харобиовари давлати Трамп дар давлати феълии Америка, ин саволи ҷиддиро эҷод кардааст, ки оё омодааст, то аз сиёсатҳои шикастхӯрдаи қаблӣ даст бардорад? Посух ба ин савол бо таваҷҷуҳ ба рӯйкарду иқдомоти Иёлоти Муттаҳида дар моҳҳои гузашта, душвор ба назар намерасад.

Ҳеҷ кас наметавонад ҷиддияту ҳусни нияти Эронро дар пойбандӣ ба уҳдадориҳои комили худ зери савол бибарад. Эрон бо ҳусни ният аз анҷоми иқдомоти ҷубронӣ худдорӣ кард ва бо таваҷҷуҳ ба дархости аъзои боқимондаи “БАРҶОМ” ва Иттиҳодияи Аврупо ба унвони ҳамоҳангкунандаи тавофуқи ҳастаӣ, ба таваққуфи иҷрои тааҳҳудоти худ дар чорчӯби “БАРҶОМ” ҳамроҳ нашуд. Бо ин ҳол бо таваҷҷуҳ ба истимрори ин  вазъияти ғайри созанда ва пас аз як сол сабри роҳбурдӣ, ба далели афзоиши таҳримҳо ва низ адами пойбандии се кишвари аврупоӣ ба тааҳҳудот, барои Эрон чорае боқӣ намонд ҷуз ин, ки аз ҳуқуқи худ мутобиқи бандҳои 26 ва 36 “БАРҶОМ” истифода кунад ва иҷрои бахше аз тааҳҳудоти худро ба сурати марҳалаӣ аз 8 май соли 2019 мутаваққиф созад.

Бо адами тағйири вазъият ва дар набуди иқдоме муассир аз сӯи тарафҳои дахлдори “БАРҶОМ” ва бо таваҷҷуҳ ба собиқаи таассуфбори эҷодшуда, Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон қонуни «Барномаи иқдоми роҳбурдии бекор кардани таҳримҳо ва ҳифзи манофеъи миллати Эрон»-ро дар санаи 2 декабри 2020 қабул кард. Ин қонун давлатро вазифадор кард, ки дар сурати идомаи адами пойбандии аъзои “БАРҶОМ” ба тааҳҳуди худ, иҷрои тамоми тааҳҳудоти довталабонаи Эрон марбут ба “БАРҶОМ” ба тадриҷ мутаваққиф шавад, магар ин ки соири тарафҳои “БАРҶОМ” тааҳҳудоти комили худро дар амал ба иҷро дароваранд.

Масири пешорӯйи музокироти Вена

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди тамоми бадаҳдиҳои Ғарб дар “БАРҶОМ”, муҷаддадан ба манзури нишон додани ҳусни ният ва бо ҳадафи ғояи бекор кардани таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунӣ, акнун омодаи гуфтугӯи натиҷамеҳвар барои дастёбӣ ба “тавофуқи хуб” бо 1+4 мебошад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин роҳ “ҳусни ният” ва азми ҷиддӣ дошта ва дорои иродаи лозим барои расидан ба як тавофуқи хуб дар Вена мебошад.

Дар чорчӯби ин фароянд, ҳаргиз набояд фаромӯш кард, ки Америка омили аслии эҷоди вазъияти феълӣ аст. Дар чаҳор соли гузашта, Кохи сафед барои аз байн бурдани “БАРҶОМ” аз ҳеҷ талоше фурӯгузорӣ накард ва ин Эрон буд, ки тамоми тавони худро барои зинда нигоҳ доштани ин тавофуқ ба кор баст. Он чи ки дар шаш даври музокироти қаблӣ барои Эрон ошкор шуд, ин аст ки ҳанӯз дарки дурусте аз ин воқеият надоранд, ки бидуни рафъи ҳамаи таҳримҳое, ки алайҳи миллати Эрон дар даврони пас аз хурӯҷи ин кишвар аз “БАРҶОМ” эъмол кардаанд, роҳе барои бозгашт ба “БАРҶОМ” надорад.

Қатъномаи 2231 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз ҳама кишварҳои узв мехоҳад «иқдомоте, ки мумкин аст барои ҳимоят аз иҷрои “БАРҶОМ” муносиб бошад, аз ҷумла бо анҷоми иқдомоте мутаносиб бар асоси барномаи иҷроии дарҷшуда дар “БАРҶОМ” ва ин қатъномаро иттихоз намоянд ва аз иқдомоте, ки иҷрои тааҳҳудоти марбут ба “БАРҶОМ”-ро заъиф мекунад, бипарҳезанд».

Ҳадафи аслии музокироти пеши рӯ бояд иҷрои комилу муассири “БАРҶОМ” ва бо ҳадафи одисозии равобити тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии пойдор бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад. Равшан аст, ки барои бозгашт ба “БАРҶОМ”, Эрон бояд битавонад ба таври комил аз бекор кардани тамоми таҳримҳо барҳраманд шавад.

Бозгашти эҳтимолии Америка ба “БАРҶОМ” мавриди таваҷҷуҳи мо нахоҳад буд, магар ин ки замонатҳое пешниҳод гардад, ки таҷрибаи талхи гузашта такрор нахоҳад шуд ва шарикҳои иқтисодии Эрон битавонанд бо итминони хотир вориди муносибати иқтисодии пойдор ва бидуни нигаронӣ бо Эрон шаванд.

Ончи, ки дар музокироти оянда мушаххас мебошад, ин аст, ки Эрон бо ҳусни ният вориди музокирот мешавад, то ба як тавофуқи хуб бирасад, аммо дархостҳои фаробарҷомиро нахоҳад пазируфт ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди мавзуоти фаротар аз “БАРҶОМ” вориди музокира нахоҳад шуд.

Мехоҳам дубора таъкид кунам, ки ин фурсат, панҷарае нест, ки то абад боз бимонад ва Америка ва се кишвари аврупоӣ мебоист ба хубӣ инро дарк кунанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар канори талоши матин, қавӣ ва фаъоли дипломатӣ барои лағви таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида, ҳамзамон барномаи муассире барои хунсосозии таҳримҳо дар қолиби барномаи тавсеаи пойдори иқтисодии кишвар дорад.

Бешак Теҳрон ба ҳамон мизон, ки мутааҳҳид ба адами инҳирофи барномаи сулҳомези ҳастаии худ аст, мутааҳҳид ба ҳифзу нигаҳдорӣ аз дастовардҳои донишмандон ва саноати ҳастаии сулҳомези хеш низ мебошад ва алорағми таҳримҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ, низ даст аз тавсеаи ҳамаҷонибаи кишвар дар арсаҳои саноат, тиҷорат, дарёнавардӣ, фазоӣ, дифоӣ, илм ва фановарӣ, рушди фазояндаи иқтисодӣ ва ғайра бар нахоҳад дошт.

Мо мӯътақидем, тавофуқ мумкин ва дастрас аст, агар иродаи сиёсии тарафҳои муқобил низ дар амал вуҷуд дошта бошад.

Бо вуҷуди бадаҳдиҳои Ғарб ва беэътимодӣ ба рӯйкарду сиёсатҳои ғайри созандаи Кохи сафед, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо “иродаи  воқеӣ” ва “ҳусни ният” дар даври ҷадиди музокироти Вена талош хоҳад кард, ки ба «тавофуқи хуб», пойдору қобили ростиозмоии муассир дар ҳавзаи лағви таҳримҳо даст ёбад. Гурӯҳи музокиракунандаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо бархурдорӣ аз ҳусни ният ва ҷиддияту мантиқи музокиротии таъминкунандаи манофеъ ва ҳуқуқи миллати Эрон дар Вена ва дар мизи музокирот фаъолона ҳузур дорад. Ман ва ҳамкоронам низ ба пуштибонии комил аз гурӯҳи музокиракунанда ва музокиракунандаи аршад оқои доктор Боқирӣ, ки дорои таҷрибаи болои музокиротӣ дар ин мавзӯъ аст, машғулем ва дар сурати лузум бо ҳамтоёни худ ройзании бештаре хоҳам дошт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь