Инак чанд рӯзи охир баъди ҳодисаи пусарусадои ба сари муовини аввали раиси ҶСКОрёнбонк” – шодравон Шуҳрат Исматуллоев омада, бархе аз корбарони «Фейсбук» дар ҳар гуруҳҳо аз чӣ будани биткоин суол мекунанд. Суолҳои эшон аз он дарак медиҳад, ки на ҳама дар бораи “Биткоин ва тарзи истифодаи он маълумоти кофӣ дорад. Аз ин рӯ ин ҷо хостам як мақолаи худро, ки соли 2016 дар маҷалаиБонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” (шумораи январӣ) чоп шуда буд, пешкаш кунам. Бовар дорам ин мақола чӣ будани биткоинро то андозае ба хонандагони азиз нишон медиҳад.

Арзи рамзнигоришуда (криптовалюта)

Инак чандин сол аст, ки дар ҷаҳон арзҳои интернетӣ пайдо гардидааст ва онҳо аз ягон нафаре ва ё давлате вобастагие надоранд. Арзиши нафт, ҷанги байни давлатҳо ва ҳолати бади иқтисодёти ҷаҳон ба онҳо таъсир гузошта наметавонад. Ин арзҳоро арзи рамзнигоришуда (криптовалюта) ё арзи рақамӣ меноманд ва вақтҳои охир ҷаҳони молиявӣ аз онҳо бештар ҳарф мезанад. Арзи рамзнигоришуда (криптовалюта) арзи виртуалӣ буда, дар интернет тавлид мешавад ва муомилоташ низ дар он сурат мегирад. Ҳар як шахсе, ки дастрасӣ ба интернет дорад, метавонад аз арзи рамзнигоришуда истифода намояд. Арзи рамзнигоришуда асосан барои пардохтҳои махфиёна ихтироъ гардид, вале имрӯз дар бисёр давлатҳо вай ҳамчун пул эътироф шуда, фаъолияташ ошкоро гардидааст.

Арзҳои рамзнигоришуда имрӯз қариб ба сад адад баробар шудаанд. То июли соли 2013 ба ғайр аз Биткоин ягон намуди дигари арзи рамзнигоришуда мавҷуд набуд. Баъди июли соли 2013 шумораи арзҳои рамзнигоришуда зиёд гардиданд.

Биткоин

«Биткоин» калимаи англисӣ буда (bitcoin), bit – бит воҳиди ченак ва coin маънои танга (монета)-ро дорад. Биткоин соли 2008 аз тарафи барномасоз бо номи “Сатосӣ Накамото” (ва ё гуруҳи барномасозон) сохта шуда, 3 январи соли 2009 оғоз ба фаъолият намудааст. Касе намедонад, ки “Сатосӣ Накамото” аз куҷост, аз кадом миллат аст ва оё номи ҳақиқиаш дар ҳақиқатан ҳам ҳамин аст ё не. Сатосӣ Накамото дар сомонаи худ чанд сол қабл навишта буд, ки вай 37 сола аст ва дар Ҷопон зиндагӣ мекунад. Аммо Сатосӣ бо англисӣ чун забони модарӣ менависад ва ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳои барномавии Биткоин бо забони англисӣ навишта шудаанд. Аз ин рӯ мутахассисон ба ҷопонӣ будани Сатосӣ Накамото шубҳа доранд.

Барномаи “Биткоин” ба сиёсати пулии ягон давлате алоқамандие надорад. Биткоин арзест, ки мардум метавонанд онро озодона тавассути интернет байни ҳамдигар муомила намоянд. Касе системаи онро идора карда наметавонад, вале ҳама метавонанд аз сети Биткоин истифода баранд. Хусусиятҳои хоси системаи Биткоин имкониятҳои калонеро кушода мегардонад, ки ягон низоми ҳисоббаробаркунӣ то ин дам ба он қодир набуд.

“Биткоин ва сети Биткоин” фақат аз одамони истифодабарандаи он ба вуҷуд меояд. Дар он ҷадвали рамзнигоришудаи пешрафта (криптография) истифода бурда шудааст. Биткоин ғайримарказонида шудааст ва онро ягон нафар ё гурӯҳ идора карда наметавонад. Дар ин система иштироки Бонк вуҷуд надорад. Транзаксия аз одам ба одам сурат мегирад. Коммисия қариб, ки мавҷуд нест. Ҳама тавассути интернет ба вуҷуд меояд ва транзакция дар давоми як дақиқа амалӣ мешавад.

Барои “Биткоин” ягон бонк, ҳукумат ва ё сарҳаде мавҷуд нест. Онро метавон ба воситаи паёмак (смс), почтаи электронӣ ва ё тавассути мактуби оддӣ равона намуд. Биткоинро барои он сохтаанд, ки ҳамаи мушкилотҳои ҳисоббаробаркуниҳои онлайниро аз байн барад.

Се хусусияти асосии “Биткоин” диққати мардумро ба худ ҷалб намудааст:

  1. Ғайримарказонидашуда будани он;
  2. Бе ном анҷом додани транзактсия;
  3. Ҳангоми транзактсия нагирифтани ҳақи хизматрасонӣ.

Барои ба даст овардани Биткоин шуморо зарур аст амалиёти махсуси барномавиро дар сети Биткоин анҷом дода, кадмони рақамии Биткоиниро кушоед ва аввалин тангаҳои Биткоинро қабул намоед. Ин кор тавассути Майнинг сурат мегирад, ки поёнтар дар бораи он ҳарф хоҳем зад. Ҳамчунин, Шумо метавонед, Биткоинро бо қурби имрӯзаи он тавассути “Биржаҳои интернетӣ” харидорӣ намоед.

Дар сети Биткоин маълумотҳо дар бораи транзактсияҳои аз тарафи истифодабарандагони Биткоин гузаронидашуда кушода ва барои ҳама ошкор аст. Да суроғаи зерин https://blockchain.info/ru/largest-recent-transactions охирон транзактсияҳои калонтарин бо Биткоинро дидан мумкин аст. Яъне тамоми истифодабарандагони сети Биткоин онҳоро дида метавонанд. Аммо аз амалиётҳои иҷрогардида чизе дарёфт кардан ғайри имкон аст. Масалан кӣ метавонад бифаҳмад, ки нафаре бо номи 19noTg4T9TeFpT4ZTASvQxf7a1LYLSJa38, ки ба шахси дигар бо номи 23noGg7B9TeFpT4ZTASgRxf2a1DYLSJa54 ба маблағи 1500 Биткоин равон намудааст, кист? Чи тавре, ки дида мешавад амалиётҳо танҳо аз як қатор ҳарфу рақамҳо иборат асту халос ва аз ин рамзҳо чизеро дар хусуси соҳиби маблағ ва ё қабулкунандаи он дарёфт намудан ғайриимкон аст. Яъне ту метавонӣ ба тамоми кадмонҳо назар намоӣ, чи қадар траназактсия гузаронида шудааст бубинӣ, вале ту наметавонӣ бифаҳмӣ, ки ин кадмон ба кӣ тааллуқ дорад ва ӯ кист ё аз куҷост, кӣ дар пушти ин транзактсияҳо меистад. Ин хусусиятҳои “Биткоин” қурби онро боло намудааст ва имрӯзҳо шавқмандони Биткоин барои ба даст овардани он ҳатто фермаҳои истеҳсоли Биткоинро сохтаанд. Дар ин фермаҳо чандин компютерҳои пурқувват шабонарӯзӣ барои истеҳсоли Биткоин фаъолият мекунанад. Чи қадаре, ки компютер боқувваттар бошад ҳамон қадар истеҳсоли Биткоин ба зудӣ ба даст меояд. Дар сети Биткоин файлҳои ҳамаи транзактсияҳо дар блокҳои махсусе, ки онҳоро “Блокчайн” меноманд нигоҳ дошта мешаванд. Ҳар 10 дақиқа 25 тангаи Биткоин барориш мешавад. Барои он, ки ин Биткоинҳоро соҳиб гардид, бояд бисёр арқомгузориҳои мушкилеро амалӣ намуд, ки ин қариб ба шикастани рамзҳои системаи Биткоин монанд аст. Ҳамоне, ки аввалин шуда садҳоро рахна мекунад, дар кадмони виртуалиаш соҳиби тангаи Биткоин мегардад. Дар оғоз гуё осон аст вале оҳиста – оҳиста мушкил шудан мегирад. Яъне алгоритм чунон сохта шудааст, ки чи қадаре, ки талабот ба Биткоин зиёд шудан гирад ва чи қадаре, ки дар сети Биткоин амалиёти майнинг зиёд гардад, ҳамон қадар эмиссия кам мегардад ва ҳамчунин, чи қадаре, ки эмиссия кам мегардад, ҳақи пардохти майнинг кам шудан мегирад.

Майнинг

Майнинг аз калимаи англисии «Mining» гирифта шудааст ва маънояш кор дар канданиҳои фоиданок аст. Ин ҷо калимаи майнинг барои он истифода шудааст, ки Биткоинро низ чун кандании фоиданок кор карда ба даст овардан лозим аст. Фақат онро дар нақбҳо нею балки дар интернет. Шахсе, ки Биткоинро кофта ба даст меорад, майнер (miner-ангишткан) меноманд. Биткоин дар рафти майнинг ба вуҷуд меояд.

Се намуди майнинг мавҷуд аст:

  1. Якум намуди Майнинг ин тавасути компютери худ аст. Яъне Шумо компютери худро фаъол намуда, барномаи заруриро бардошт (скачать) мекунед ва дар ҷустуҷӯи Блокчайн мегардед. Агар Блогчайн дарёфт намудед, система ба шумо 25 биткоин ҳадя менамояд. Аммо бояд қайд намуд, ки ин кор дар солҳои аввали пайдоиши биткоин имконпазир буд, яъне замоне, ки ҳам базаи биткоин хурд буду ҳам пайдоиши блокчайн осон. Алъон бо компютери одӣ ин корро кардан ғайриимкон аст.
  2. Тарзи дуюми Майнинг ба воситаи пул аст. Пул (калимаи англисии Pool – сабади умумӣ) маънои иштирокчиёни якҷояи бозоре аст, ки даромаду хароҷоташон бо ҳам баробар тақсим карда мешавад. Яъне якчанд нафар якҷоя аз чандин компютер ба ҷустуҷӯи Блокчайн машғул мешаванд ва агар дарёфт намоянд ҳамон 25 биткоине, ки система ҳадя менамояд байни ҳам тақсим мекунанд. Ин гурӯҳ одамон метавонанд, аз ҳар гӯшаву канори дунё ба ин кор машғул шаванд.
  3. Намуди сеюми Майнинг ин майнинги абрӣ (облачный майнинг) ба ҳисоб меравад. Майнинги абрӣ ин маънои онро дорад, ки ту намехоҳӣ биткоинро худ аз система кор карда барорӣ вале, ин корро ба ҷои ту дигарон яъне гурӯҳи одамон иҷро менамоянд. Аммо ту барои ин кор ба онҳо сармоягузорӣ мекунӣ то онҳо таҷҳизотҳои боқувваттар харидорӣ намоянд. Ё ин, ки таҷҳизотҳои боқувваттареро барои онҳо ба иҷора мегирӣ. Вақте, ки онҳо биткоинҳоро коркард намуданд, албата ту ҳақи хизмати онҳоро медиҳӣ ва онҳо биткоинҳоро ба кадмони электронии ту мегузаронанд. Ин гуруҳ одамон бо таҷҳизотҳояшон метавонанд дар дигар давлатҳо низ бошанд.

Барои амалиёти Майнинг видиокартаи бақувват зарур аст ва чи қадаре, ки таҷҳизотҳои пурқуввати ҳисобкунанда дар сет зиёд гардад, ҳамон қадар мураккабӣ зиёд мешавад ва ҳамон қадар майнерҳо камтар фоида ба даст меоранду ҳамон қадар ҳифзи сет мустаҳкамтар мегардад.

Блокчайн (Blockchain)

Блокчайн ин базаи калони ахборотиест, ки дар он маълумотҳо оиди тамоми транзактсияҳо ва биткоин-кадмонҳое, ки дар сети биткоин аз замони пайдоиши ин арз фаъолият намудаанд, ҷой дода шудааст. Блокчайн бо дигар блокҳо пайваст аст ва тағйирот даровардан дар блокчайн ғайриимкон мебошад. Чунки барои тағйирот даровардан дар як блокчайн бояд тағйирот дар дигар блок дароварда шавад ва барои тағйирот даровардан дар дигар блок зарур аст пештара блокро тағйир диҳем ва ҳамин тавр занҷир идома меёбад. Аз ҳамин сабаб сети Биткоин аз кибер-ҳамлаҳо эмин аст.

Блокҳо кушода ва барои омма ошкор мебошанд. Аз назар гузаронидани ахбороти дохили онҳо бе ягон мушкилӣ анҷом дода мешавад. Дар оғоз, дар соли 2009 вақте, ки системаи Биткоин ба кор оғоз намуд, барои ҳар як Блокчайн система 50 Биткоин ҳадя менамуд. Ин кор то соли 2012 давом намуд. Аз соли 2012 то соли 2016 барои ҳар як блокчайн система 25 биткоин ҳадя менамояд. Алгоритми эмиссияи Биткоин ҳамин тавр сохта шудааст, ки ҳар чор сол баъд шумораи биткоинҳое, ки барои блокчайнҳо ҳадя карда мешаванд 2 баробар кам мешаванд. Ҳамин тавр, сол то сол коркард намудани биткоин мушкил шудан мегирад.

 Кадмони электронӣ

Чи лозим аст барои кушодани кадмони электронӣ. Барои кушодани кадмони электронӣ шуморо зарур аст, муштарӣ (клиент)-ро аз интернет бардошт (скачать) ва барқарор намоед, интизор шавед, ки тамоми транзактсияҳои аз оғози пайдоиши муштарӣ (клиент), интизор шавед, ки тамоми базаи ахборотӣ оиди транзактсияҳо аз рӯзи пайдоиши биткоин барқарор шаванд. Дар айни замон (ба моҳи июни соли 2015) тамоми базаи биткоин ба 42 ГБ баробар аст. Бардориши (скачать) он шояд дар давоми яку ним шабонарӯз сурат гирад. Баъди он ки база ба компютери шумо бардошт шуд, барнома ба таври автоматӣ ба шумо кадмони электронӣ (электронный кошелок) мекушояд. Файли база ва кадмон дар Windows профайл ҷойгир мешаванд. Шумо бояд рамзи кадмони электронии худро фаромуш насозед. Чунки дар ҳолати фаромуш намудани он шумо тамоми биткоинҳоятонро аз даст медиҳед. Баъзе сервисҳое ҳастанд, ки файли кадмонро барои фаромӯш нанамудан чоп мекунанд то онро маҳфуз нигоҳ доранд.

Манфиати “Сатосӣ ва ҷустуҷӯ шудани вай аз тарафи журналистон

Шояд суоле ба миён ояд, ки “Сатосӣ” аз ин чӣ фоида дид? Албатта ҳар як коре баҳри манфиате анҷом дода мешавад. Сатосӣ ҳам сети биткоинро барои ба даст овардани фоида ихтироъ намуда буд. Вай ҳанӯз дар оғози фаъолияти сет, вақте ҳис намуд, ки система фаъол шуда истодааст, бедарак шуд, аммо бо дасти холӣ не. Вай ҳамчун аввалин майнер барои худ ба андозаи якуним миллион биткоин кор намудааст, ки дар айни замон ин миқдор биткоин ба 45 миллиард доллари ИМА баробар аст.

Журналисти маҷалаи Newsweek -Лии Гудман хост Сатосӣ Накамоторо ҷустуҷӯ намояд. Вай чандин одамонеро, ки бо чунин ном ё насаб зиндагӣ ба сар мебаранд дарёфт намуд, ки барои мусоҳиба бо журналист розӣ шуданд. Дар бораи онҳо маълумот ҷамъоварӣ намуда, ба чунин хулосае омад, ки яке аз онҳо бо номи Дориан Накамото Сатосӣ аст. Чунки Дориан барномасози пурмаҳорате ба ҳисоб мерафт. Аммо баъди чанде ба журналист аз Сатосӣ Накамото паёме омад, ки Дориан ӯ нест. Худи Дориан иброз дошт, ки дар бораи биткоин ахборот надорад. Агар дар ҳақиқат Дориан Сатосӣ бошад, ҳам далеле барои муаллифи биткоин будани ӯ мавҷуд нест.

Сатосӣ ба қавле ҷинро аз куза бурун кард ва дигар бозгардонидани он ба куза амри маҳол аст

Мутахассис ва корбари асосии биткоин – Гавин Андерсони Амрикоӣ дар филми ҳуҷҷатии «Феномен Биткоина» қайд менамояд, ки Сатосӣ гоҳо тариқи почтаи электронӣ ва ё чат бо ӯ ба алоқа мебаромад. Аммо боре Гавин дар яке аз чунин гуфтугуҳо ба Сатосӣ иброз медорад, ки ӯро ба ЦРУ ба кор даъват намудаанд. Андерсон бо афсусу надомат қайд менамояд, ки баъди ин сухан Сатосӣ диагар бо ӯ ба алоқа набаромадааст.

Пешравиҳои Биткоин

Дар моҳи августи соли 2013 дар Олмон биткоин ба таври расмӣ ҳамчун пул ҳисобида шуд. 29 октябри ҳамон сол дар Ванкувере (Канада) аввалин банкомате, ки амалиётҳоро бо биткоин анҷом медиҳад ба кор даромад. Дар моҳи декабр бошад аллакай чунин банкоматҳо дар дигар шаҳрҳои Канада ба мисли Торонто, Монреал, Калгари ва Оттава ба фаъолият шуруъ намуданд. Дар давлатҳои наздик ба Тоҷикистон ба мисли Чин ва Россия то имрӯз дар нисбати биткоин ба хулосае наомадаанд.

Шумо метавонед бо биткоин аз интернет мағозаҳо, сомонаҳо харид намоед ва аз дигар намуд хизматрасониҳо истифода баред. Рӯз ба рӯз шумораи хизматрасониҳо бо биткоин зиёд шуда истодааст. Имрӯз ширкати “Майкрософт” ҳамчун пардохт биткоинро кабул мекунад. Гуруҳи машҳурӣ репсароёни амрикоӣ бо номи «50 сент» барои пардохти чиптаи консертҳои худ биткоинро низ қабул мекунанд.

Яке аз калонтарин транзактсияҳое, ки бо биткоин анҷом дода шудааст ва ин дар яке аз блокчайн дида мешавад, дар ҳаҷми 6 миллион доллари ИМА аст: як нафар ба 6 нафари дигар дар ҳаҷми 1 млн. долларӣ маблағ равона намудааст.

Камбудиҳои Биткоин

Яке аз камбудиҳои системаи биткоин ин мавҷуд набудани механизми ислоҳнамоии ҳисоббаробаркуниҳо аст. Яъне интиқоли маблағ агар бо хатогӣ равона карда шавад, онро бозпас гардонида ва ислоҳ намудан ғайриимкон мебошад. Ҷавобгарӣ барои диққат додан зимни интиқоли маблағ ва ҳамчунин ҷавобгарӣ барои бехатарии биткоинҳои шумо ба уҳдаи худи шумост.

Ҳамчунин, камбудии дигари биткоин ин аст, ки тавассути сети биткоин иқтисоди соягӣ (теневая экономика) рушд менамояд. Акнун барои шустани маблағҳо аз як минтақа ба дигар минтақа заҳмати зиёд лозим нест. Тавассути системаи биткоин чи қадар маблағе, ки зарур бошад, интиқол дода мешавад. Барои ин на ҳақи хизматрасонӣ мавҷуд аст, на касе оид ба ин масъала шуморо бозпурсӣ менамояд.

Ғайр аз ин, имкониятҳои системаи биткоин боиси он мегардад, ки тавассути биткоин барои яроқу аслиҳа, қочоқи маводи мухаддир ва ё куштори шахсони алоҳида маблағ интиқол дода шавад. Касе пеши роҳи онро гирифта наметавонад ва касе ин корро назорат карда наметавонад.

Қурби Биткоин

Дар оғози фаъолият қурби биткоин хело паст буд. Охири соли 2009 бо як доллари ИМА аз 700 то 1500 Биткоин харидорӣ карда мешуд. Моҳи ноябри соли 2013 қурби як биткоин ба 1200 доллари ИМА баробар шуд. Айни замон (08.07.2023) як Биткоин ба 30 238 доллари ИМА баробар аст.

Қурби биткоин асосан, аз таваҷҷуҳи мардум ба ин арз ва муносибати давлатҳо ба он вобастагӣ дорад. Масалан, агар яке якбора мардум истифодабарӣ ва таваҷҷуҳашонро ба биткоин қатъ созанд, қурби он дар як рӯз ба сифр баробар мешавад. Аммо кайҳо шавқмандони ин арзи рақамӣ дарк намудаанд, ки оянда биткоин яке аз арзҳои асосӣ дар ҷаҳон мегардад. Бинобар ин, талабгорони ин арзи рақамӣ рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Ҳатто баъзе расонаҳо пешгуӣ кардаанд, ки баъд аз 10 сол қурби як биткоин ба 50 ҳазор доллар ИМА баробар мегардад.

Эмиссия

Ҷадвали эмиссияи биткоин барномавӣ ва аз аввал маълум аст. Алгоритми он тавре сохта шудааст, ки дар система аз 21 миллион адад биткоин мавҷуд буда наметавонад. Дар оғози пайдоиши Биткоин ҳар 10 дақиқа 50 Биткоин тавлид мегардид. Аммо ҳар чор сол баъд ин шумора ду маротиба камтар мешавад. Ҳамин хел, ҳар чор сол баъд барориши биткоин кам шудан мегирад. Дар айни замон (2016) тахминан 13 миллион биткоин аллакай барориш шудааст. Боқимонда биткоинҳо дар давоми 125 соли оянда барориш мегарданд. Охирон биткоин соли 2140-ум барориш мешавад ва баъд аз он дигар биткоин барориш намешавад.

Бархеҳо бар он ақидаанд, ки шумораи ками биткоин ба ҳисоббаробаркуниҳо мушкилӣ эҷод менамояд. Чунки иқтисодиёти рузафзунро маблағҳои ҳангуфт мебояд ва 21 миллион биткоин шояд дар оянда натавонад транзактсияҳои калонро анҷом диҳад. Агар 1 доллари ИМА ба 100 сент ва ё як сомонӣ ба 100 дирам баробар бошад, як биткоин ба 100 000 000 қисмҳо тақсим мегардад ва ин қисматҳоро ба муносибати муаллифи барнома Сатосӣ мегуянд. Вақте, ки қурби биткоин боло рафт, 1 ё 100 Сатосӣ шояд ба сент баробар гардад ва ин ҷиҳат мушкилии номбаршударо аз байн мебарад. Гоҳо барои қисматҳои биткоин калимаҳои “миллибиткойн” (mBTC, як аз ҳазор) ва “микробиткойн” (uBTC, як аз миллион) истифода бурда мешавад.

Чӣ тавр як донишҷӯи норвегӣ миллионер шуд.

Соли 2009 як донишҷӯи норвегӣ бо номи Кристофер Кох рӯи рисолаи худ, ки оид ба рамзгузориҳои маълумот буд, кор мекард. Дар робита ба ин, ӯ ба мавзӯи арзҳои виртуалӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Барои мисол овардан дар кори илмиаш ҳамчун таҷриба, Кристофер Кох 5000 воҳиди асъори рамзнигоришуда – биткоинро бо сарфи 150 крон, ки ҳамон вақт тақрибан 27 доллар буд, харидорӣ намуд. Кристофер иқрор мешавад, ки вай ин корро барои кори илмиашро бо амал тавъам намуда нишон додан иҷро намуд ва баъди анҷом додани кори илмӣ аз ин кор комилан фаромӯш намуд, ки 5000 биткоинро дар ҳамёни электрониаш гузоштааст.

Моҳи апрели соли 2013, вақте ки арзиши биткоин нохост боло меравад ва дар расонаҳо доим дар хусуси баландшавии биткоин хабарҳо нашр мегардад, Кристофер Кох воқеаеи чор сол пеш барои кори илмиаш харидани биткоинро ба ёд меорад. Муддати як шабонарӯз фикр карда, рамзи гузоштаи худро барои ҳамёни электронӣ ба ёд меорад ва ҳамёни электронӣ баъди чандин маротиба талош намудан, кушода мегардад. Бо тааҷҷуби гуворо, Кох мебинад, ки қурби 5000 биткоини харидаи ӯ ба маблағи 886 000 доллар ва ё 5 миллион крон баробар шудааст…

Имрӯз (10.07.2023) қурби як биткоин ба 30192 доллари ИМА баробар аст. 5000 биткоинро агар Кристофер Кох соли 2013 нею имрӯз мегирифт, он ба 150 960 000 доллар баробар буд.

Анҷом

Он чизе мо ин ҷо дар бораи “Биткоин” навиштем, қатрае аз баҳр аст. Дар бораи Биткоин он қадар гуфтаниҳо зиёданд, ки дар як мақолаи кӯтоҳ ҷо намудани тамоми онҳо ғайри имкон мебошад. Фақат ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки Биткоин бе шак оянда яке аз арзҳои №1 дар ҷаҳон хоҳад гардид.

Олимҷон Сафолов,

коршиноси масоили иқтисодӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь