Дар замоне, ки ҷиноятҳои афзоишёфтаи нафрат, бахусус душманӣ бо ислом ва мухолифат бо хориҷиён, ки мустақиман ба инсоният равона шудааст, инчунин дар давроне, ки ифротгарон Қуръони Каримро месузонанд, як рӯйдоди бисер муҳим дар Туркия ба вуқуъ пайваст. 8-уми октябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеб Тайип Эрдоган Калисои бостонии православии Мор Эфрем Сурёниро ифтитоҳ кард.
Калисое, ки дар соли 2019 пойдевори он аз ҷониби Президент Эрдоган гузошта шуд, дорои унвони аввалин калисои сохташуда дар таърихи 100 солаи Ҷумҳурии Туркия мебошад.
Туркия кишварест, ки дорои 85 милион аҳолӣ мебошад ва 99 дарсади он мусулмон аст. Ин ки ҷамоати тақрибан 25 ҳазораи Сурёниҳо бо кумаки давлат калисо месозанд, баёнгари эҳтироми давлат нисбати гуруҳҳои дорои эътиқодҳои гуногун аст. Дар чаҳорчӯби озодии эътиқод дар Туркия мусулмонон, насрониён, яҳудиён ва афроди дигар аз мазҳабҳо метавонанд дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ ва ибодат кунанд.
Калисои бостонии православии Сурёнии Мор Эфрем яке аз талошҳои зиёди ислоҳотест, ки Туркия дар соҳаи озодии боварҳои динӣ, бахусус дар 20 соли охир амалӣ кардааст.
Бо тағироти қонунӣ, ба фондҳои ҷамъиятӣ имкон доданд, ки амволи ғайриманқулро ба даст оранд ва ихтиёрдорӣ кунанд.
Амволи қаблан мусодирашудаи вақфи (фонди) ҷамоатӣ баргардонида шуд.
То имрӯз аз маҷмӯъи 1084 амволи ғайриманқули ба фонди ҷамоатҳо қайдшуда 113-тои он ба фонди ҷамоатии сурёнӣ тааллуқ дорад.
Ифтитоҳи калисои Стеви Стефан, ки бо номи Калисои оҳании Булғористон дар Балати Истамбул дар солҳои қаблӣ маъруф буд, аз ҷониби худи президент Эрдоган сурат гирифт
Дар маҷмӯъ 20 ибодатгоҳ, аз қабили Калисои Сурп Гирагос дар Диярбакир ва калисои Вортвокс Вородман дар Кумкапӣ барқарор ва ба истифода дода шуданд.
Имсол маросими 11-ум дар Калисои Ван Акдамар ва 10-умин маросим дар дайри Сумела баргузор гардид.
Ҳарчанд табъиз нисбати турктаборони Балкан ва Тракияи Ғарбӣ руз аз руз меафзояд, Туркия нисбати гурӯҳҳои дорои эътиқодҳои мухталиф табъиз намекунад. Ихтилофҳое, ки гоҳ-гоҳ дар равобити дуҷонибаи мо бо баъзе кишварҳо ба вуҷуд меоянд, сабаби таъсиргузорӣ нисбати ҳолати шаҳрвандони ғайримусулмони мо нашудааст.
Ҳоло дар Туркия дар маҷмӯъ 58 мактабҳое, ки ба ақаллиятҳои ғайриисломӣ тааллуқ доранд, фаъолият мекунанд.
Мисли мактабҳои давлатӣ, ин мактабҳо низ бо китобҳои ройгон таъминанд ва аз ҳама гуна кӯмакҳои давлатӣ баҳра мебаранд.
Дар ҳоле ки дар бисёре аз манотиқи ҷаҳон ранҷ, зулм, беадолатӣ ва низоъҳо мушоҳида мегардад, намунаи таҳаммулпазирӣ дар Туркия мавҷудбуда хеле пурмазмун ва арзишманд ба назар мерасад. Туркия таҷрибаи намунавӣ дорад, ки имкон додааст, ки намояндагони фарҳангу эътиқодҳои гуногун дар тӯли садсолаҳо дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунанд.
Ин меросест, ки аз Аҳмад Ясавӣ то Юнус Эмре, аз Мавлоно то Ҳоҷи Бекташ ҳама соҳибони қалбҳо ва роҳнамои рӯҳониамон ба мо гузоштаанд.
Онҳоеро, ки бо ҳар баҳона ба арзишҳои муқаддаси мардум ҳамла мекунанд, фаҳмидан ғайриимкон аст.
Туркия, ки дар тӯли садсолаҳо мизбони намояндагони динҳои мухталиф буд, он ҳамчунин дар мубориза бо ҷунбишҳои исломофобӣ ва бегонаситезӣ нақши пешравро мебозад.
Ифтитоҳи Калисои бостонии православии Сурёнӣ Мор Эфремро муборакбод намуда, тамоми касоне, ки дар ба даст овардани унвони шаҳри таҳаммулпазирӣ ва сулҳ барои Истанбул саҳм гузоштаанд, табрик менамоем.
Бо камоли эҳтиром,
Умут Аҷар,
сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон