Муноқишаҳои марзӣ ба зиндагии қирғизҳои Тоҷикистон чӣ таъсир гузошт?

Намояндагони ҷомеаи маҳаллӣ бар он ақидаанд, ки мушкили рафтуомад ва тиҷорат на танҳо ба сатҳи зиндагӣ таъсир мерасонад, балки барои бозгашти хонаводаҳои қирғиз ба хонаҳояшон монеа эҷод мекунад.

Тибқи маълумоти охир, дар Тоҷикистон ҳудуди 56 ҳазор қирғиз зиндагӣ мекунанд. Макони истиқомати аксари ҷамъашон ноҳияҳои Лахшу Мурғоб маҳсуб меёбанд, аммо ҷамъиятҳои қирғизҳо дар вилояти Суғд низ ҳастанд.

Дехаи Моҳпарӣ дар канори ҷанубу ғарбии шаҳри Исфара вокеъ аст. Дар ин ҷо тоҷикону қирғизҳо бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Дар замони шӯравӣ дар ин деҳа беш аз 500 хонаводаи қирғиз сабти ном шуда буданд. Дар айни замон шумораи онҳо хеле кам аст. Бисёриҳо дар солҳои аввали Истиқлолият хонаҳои худро фурӯхта, ба Қирғизистон кӯчиданд. Сабаб одӣ буд. Онҳо мехостанд дар ватани таърихии худ зиндагӣ кунанд. Онҳое, ки монданд, ақаллият бошанд ҳам, ҳуввияти миллии худро нигоҳ медоранд.

Қирғизҳои деҳаи Моҳпарӣ урфу одат ва анъанаҳои миллии худро эҳтиром мекунанд ва мехоҳанд шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон бошанд.

Ҷавонон дар ватани таърихии худ кору зиндагӣ карданро афзал медонанд

Дар замони шӯравӣ дар рустои Моҳпарӣ то дуюним ҳазор қирғиз зиндагӣ мекарданд. Ҳоло шумораи онҳо дар ин ҷо аз 700 нафар зиёд нест. Раванди муҳоҷират хеле пеш аз сар задани муноқишаҳои марзӣ, бо пошхӯрии СССР ва эълони Истиқлолияти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон оғоз ёфт. Аксаран насли наврас рафтанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд: «Ҷавонон мехостанд мани худро пайдо кунанд. Барои ин Қирғизистон ва муҳити миллии он бештар мувофиқ буд. Онҳоро ба шаҳрҳои калон ҷалб мекунанд. Онҳо мехоҳанд дар таҳсилу кор ба қуллаҳои баланд расанд, дар шароити хуб бароҳат зиндагӣ кунанд. Онҳое, ки муваффақ мешаванд, падару модар, бародарону хоҳаронашонро мебаранд. Ин як раванди табиист”, – нақл кард бо мо сокини маҳаллӣ Абдуламит Қумарбоев.

Муноқишаҳои марзӣ муҳоҷиратро зиёд мекунанд

Қумарбоев мегӯяд, ки раванди муҳоҷират дар пайи муноқишаҳои марзӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 ва сентябри соли 2022 шиддат гирифтанд ва ин боиси хунрезиҳои зиёд шуд. Мо тасдиқи суханони ӯро дар расонаҳои Қирғизистон пайдо мекунем. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, тақрибан 800 қирғизтабори Тоҷикистон пас аз даргирии мусаллаҳонаи соли 2021 ба Бодканд омада, ба дунбол барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат кардаанд. Аммо Абдуламит Қумарбоев мутмаин аст, ки баробари анҷоми аломатгузорӣ ва делимитатсияи марз ва боз шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон, таниш дар муносибатҳои байни миллатҳо коҳиш хоҳад ёфт. Он гоҳ бисёре аз онҳое, ки ба Қирғизистон рафтаанд, бармегарданд. Ҳамсуҳбати мо бар ин назар аст, ки баъзеҳо танҳо ба далели баста будани марз наметавонанд баргарданд.

– Ҳар чӣ набошад, мо дар ҳамин ҷо ба дунё омадаем, ин хонаи мо, боғу манзили мост. Ман намехоҳам вақте беш аз нисфи умрам гузаштааст, ҳама чизро аз сифр оғоз кунам, – мегӯяд Абдуламит. – Мо дар водии зебое зиндагӣ мекунем, ки дар он ҳама чиз, аз замини хосилхезу ҳавои тару тоза сар карда, то хонаю дару ҳамсояҳои хуб ҳаст. Тоҷикон нисбат ба халқҳои дигар таҳаммулпазиранд, вагарна гузаштагони мо дар паҳлӯи онҳо маскан намегирифтанд. Шояд ҳоло касе ба мо каҷ менигарад, аммо ин як падидаи муваққатист. Ҳама чиз мегузарад, муносибатҳои пешина барқарор мешаванд. Деҳаамон бошад, зебост. Тамоми инфрасохтори зарурӣ мавҷуд аст. Он дар канори роҳ ҷойгир аст”.

Шумораи хонандаи мактабҳои қирғизӣ кам, тоҷикӣ меафзояд

 Дар рустои Моҳпарӣ ду муассисаи таълимии умумӣ мавҷуд аст. Дар мактаби миёнаи рақами 20, ки дар он фарзандони миллати қирғиз таҳсил мекунанд, таълим ба забони қирғизӣ мегузарад. Аммо чун дар ҳама мактабҳои Тоҷикистон дар барномаи таълимӣ ба кӯдакон таълим додани забон ва адабиёти тоҷик пешбинӣ шудааст, то онҳо забони давлатиро хуб аз худ кунанд, ки барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар ва дар кори оянда донистани забони давлатӣ зарур аст.

Маъмурияти муассисаи таълимӣ дар бораи тамоюли коҳиши теъдоди хонандаҳо гуфтанд.

– Ҳафт сол боз ман ба ин мактаб роҳбарӣ мекунам, – мегӯяд мудири мактаб Гулчеҳра Раззоқова. – Дар ин давра шумораи хонандагон аз 500 ба 100 нафар кам шуд. Сабаб дар он аст, ки аксари оилаҳо ба Қирғизистон кӯчиданд. Аксарияти онҳо дар ибтидои солҳои 2000-ум рафта буданд. Бархе дигар аз паёмадҳои эҳтимолии муноқишаҳо дар марз тарсида, деҳаро тарк карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар мактаби дигари рақами 19, ки таҳсил ба забони тоҷикӣ аст, теъдоди хонандагон дар ҳоли афзоиш аст.

Мудири ин муассисаи таълимӣ Озодҷон Шерматов вазъро шарҳ дода гуфт, солҳои охир оилаҳои зиёде аз ҷамоати деҳоти Қалъачаи Мазор ва Сурх бо харидани хонаҳои оилаҳое, ки ба Қирғизистон кӯчидаанд, дар Моҳпарӣ маскан гирифтанд. Фарзандони онҳо ба сафи хонандагони мактаби тоҷикӣ шомил шуданд ва шумораи хонандагони он тақрибан се баробар зиёд шуд.

– Агар дар мактаби мо 5 сол пеш ҳамагӣ 35-40 нафар хонанда таҳсил мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 120 нафар расидааст, – гуфт Шерматов.

Қолиҳои машҳури Қирғизистон куҷо шуданд?

Маълум аст, ки махсулоти дастӣ дар бозорҳои ҷаҳон арзиши хоса дорад. Таваҷҷуҳ махсусан ба қолиҳои дастӣ меафзояд. Агар дар Эрону Туркия механизми истеҳсол, хариду фурӯши онҳо кайҳо таҳия шуда бошад, пас дар бархе аз кишварҳое, ки анъанаҳои қолибофии дастӣ вуҷуд доранд, барои эҳёи ҳунари бостонӣ иқдомоте нав оғоз мешавад. Дар Тоҷикистон низ ҳамин гуна тадбирҳо андешида мешаванд, аммо дар таълиму омӯзиш такя ба қолиҳои форсӣ аст.

Дар як қатор рустоҳои қирғизии ноҳияи Исфара анъанаҳои хуби қолибофӣ мавҷуд буд. Тоҷикон аз ҳунармандони қирғиз ҳам ҳунарҳои дастӣ мехариданд. Ин қолиҳо аз пашми табии тайёр карда мешуданд ва бо устувории худ, гуногунрангии худ фарқ мекарданд. То чанде пеш аксари оилаҳои қирғиз дар Моҳпарӣ ва дигар рустоҳои қирғизӣ ҳам ба қолибофӣ машғул буданд ва аз ин даромади хуб мегирифтанд. Аммо мардуми қирғизи Тоҷикистон тадриҷан аз ин ҳунар даст мекашанд.

Ҳунармандон рафтанд, ҳунар хор мешавад

Гулчеҳра Раззоқова ба мо кумак кард, ки бо яке аз қолинбофони рустои Моҳпарӣ Робия Байзоқова вохӯрем.

«Падару модарам ба ман ин ҳунарро омӯхтанд ва ман ба наберагонам омӯхтани ҳунари қолинбофиро қарзи худ медонистам. Намедонам, ки дар оянда қолинбофӣ мекунанд ё не, аммо ман рисолати худро иҷро кардам, яъне асрори ҳунари қадимиро ба онҳо расонидам”, – гуфт ҳунарманд.

Байзоқова тавзеҳ дод, ки бо пайдо шудани навъҳои гуногуни қолинҳои саноатӣ таваҷҷуҳ ба қолинҳои дастӣ коҳиш ёфт. Шояд сабабаш доштани арзиши баланд бошад.

«Барои мо қирғизҳо дар бозори шаҳри Исфара ҷойи махсус ҷудо шуда буд. Ҳоло мо дигар дар он ҷо савдо намекунем. Тоҷикон қолинҳои Қайроқумро афзалтар медонанд. Вақте марзҳо кушода буданд, метавонистем маҳсулотамонро дар бозорҳои Самарқандаку Бодканд фурӯшем. Холо мо фақат агар супориш шавад, маҳсулот мебарорем», – аз вазъ шикоят кард Байзоқова.

Ҳунарманди деҳаи Нурафшон (КИМ) Турдигул Умарбоева низ аз қолинбофӣ даст кашид. «Қолибофӣ кори дастаҷамъӣ аст. Як кас ин корро карда наметавонад, бояд ёварҳо дошта бошад. Дар деҳаи мо қирғизҳо кам, тақрибан 10-12 оила, мондаанд. Ҳама ҳунармандони маҳаллӣ деҳаро тарк карданд. Бархе бо далоили иқтисодӣ, бархе ба далели низоъҳои марзӣ”, – гуфт Умарбоева.

Муҳаббат Мирзомансурова, сардори Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Исфара мегӯяд, ки як-ду сол пеш дар Исфара 4 корхонаи қолинбофӣ ташкил шуда буд, ки дар онҳо ҳунармандони қирғиз ба ҳайси мураббӣ ба кор ҷалб шуда буданд, вале ҳунармандон зиёд кор накарданд. Шояд онҳо ба Қирғизистон кӯчиданд. «Бо таъсиси ин марказҳо мо на танҳо бофандагонро бо кор таъмин кардан мехостем, балки ҳунари бостонии қирғизро инкишоф доданӣ будем, аммо ин натиҷа надод», – гуфт Мирзомансурова.

Қирғизҳои Тоҷикистон худро бегона ҳис намекунанд

Қурбоналӣ Ҷӯраев дар деҳаи Баланди Поён дар ҷамоати Хонобод зиндагӣ мекунад. Ӯ 72 сол дорад. Деҳқонӣ ба ӯ аз аҷдодонаш мерос мондааст. Дар даврони шӯравӣ ва дар солҳои аввали истиқлол дар як совхози маҳаллӣ кор мекард. Вақте хоҷагии бузург аз байн рафт, ӯ 65 садяк заминро дар шакли саҳмия гирифт, ки даромад аз он ба оилаи кӯчакаш имкон медиҳад, бароҳат зиндагӣ кунад.

– Аз роҳбарони хоҷагӣ миннатдорам, ки дар қатори дигарон ба ман замин ҷудо карданд. Ин далели он аст, ки дар Тоҷикистон мардумро ба дӯсту душман ҷудо намекунанд, – гуфт Қурбоналӣ.

Ин деҳқон танҳо аз он шикоят мекунад, ки марзҳо ба далели низоъ баста шудаанд ва ин барои сафар ба назди хешовандонаш дар Қирғизистон монеа эҷод мекунад.

“Чор сол мешавад, ки ман духтару набераҳоямро дида наметавонам. Марзҳои баста моро аз ҳам ҷудо карданд. Мушкили ягона ҳамин аст. Умедворем, ки марз кушода мешавад, зеро наметавонад ҳамеша баста бимонад», – ашки чашмонашро пок карда, дар бораи ҷудоӣ аз оилааш гуфт Қурбоналӣ.

Абдуманнон Рауфов, муаррихи маъруфи тоҷик, ки дар минтақаи наздимарзӣ зиндагӣ мекунад ва фарҳанги мардуми маҳаллиро хуб медонад, мегӯяд, ки қирғизҳои Тоҷикистон бо вуҷуди камшумор буданашон тарзи зиндагии хос доранд. Чун қоида, онҳо алоҳида зиндагӣ мекунанд, махсусиятҳои тарзи зиндагӣ, фарҳанги миллӣ, расму русум ва анъанаҳои худро ҳифз мекунанд. Бо вуҷуди ин, онҳо дарк мекунанд, ки онҳоро бо тоҷикон муносибатҳои чандинасраи дӯстона ва ҳамзистии осоишта пайванд мекунад, ки наметавон бо чанд ҳодисаи таърихӣ онро аз байн бурд.

М. ШАРИПОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь