“Дар канори сайёраи мо чун як шоҳдухтари хуфта дар пироҳани нилгун замине хобида. То ҷойе ҳавлангез, вале зебосту нозанин. Вай андаруни ҳамон сардии худ, андаруни барфҳои чинзада, ки шуои нилгун ва лоҷувардии яхҳо ҳувайдост, пинак рафтааст. Вай дар ҷилои ҳолаҳои яхии Моҳу Хуршед хуфтааст ва уфуқҳои он бо рангҳои гулгун, кабуд, тиллоӣ ва сабз ҳошиябандӣ шудаанд. Чунин аст манзараи ин қитъаи сарди олам, ки бо номи Антарктида ёд мешавад. Ин қора сардтарин нуқтаи Сайёраи Замин аст ва тамоми сатҳи он бо ях пӯшида шудааст. Масоҳати он қариб ба Амрикои Ҷанубӣ баробар аст, қисматҳои дохилии он барои мо дар қиёс ба тарафи торики Моҳ камтар маълум аст”.
Ин иқтибос аз кадом як мақолаи ҳангомабарангез нест, ки дар рӯзномае нашр шуда бошад. Ин навиштаи ковишгар ва муҳаққиқи амрикоӣ Ричард Бэрд мебошад, ки соли 1947 нигоштааст. Ин замоне буд, ки олимони олам ба тозагӣ ба омӯзиши ин қисмати пурасрор, қитъаи шашуми ҷаҳон ва дунёи яхӣ оғоз карда буданд. Ҳар пажуҳиш тозагие дошт, ҳар сафар ёддоште. Ва баҳсҳои илмӣ ҳам дар ҷараён буданд. Аммо ин баҳсҳо ба ҳадде ҷолибанд, ки кас мехоҳад онро бихонад ва донад. Ин як қисмат аз шигифтангезтарин бахши олам аст. Омӯхтанд, меомӯзанд ва оянда низ хоҳанд омӯхт ва ин омӯзишҳоро поён нест, чун ҳар бор чизе пайдо мешавад, ки қаблан гуфта нашуда буд. Солҳои зиёд олимон аз гӯшаву канори олам барои омӯзиши ин қора ҳатто ҷони ширини худро ҳам аз даст додаанд. Вале ковишҳову таҳқиқот идома доштааст.
КАШФИ АНТАРКТИДА
Роберт Скотт – аз ҷумлаи афсарони неруҳои дарёии салтанатӣ, фармондеҳи ду ҳайат дар сафари иктишофӣ дар фосилаи солҳои 1901-1904 ва сафари иктишофии нофарҷом дар фосилаи солҳои 1910-1913 дар Антарктидаро ба уҳда дошт.
Дар яке аз ҷазираҳои Антарктида, ки аз он Роберт Скотт роҳи фоҷеабори худ ба Қутби ҷанубро оғоз кард, ба поси хотири вай ва ҳамроҳони ҳалокшудааш чун лавҳаи хотира – як салиби одии чӯбӣ гузошта шудааст, ки бо гузашти солҳо ҳам дар ин чӯб ҳамоно ин суханонро метавон ба осонӣ хонд: “Мубориза бояд бурд, талош бояд кард, бояд ҷуст, пайдо кард ва набояд таслим шуд”. Ва ҳама таърихи омӯзиш ва азхудкунии арзҳои дур аз хати экватор маҳз зери ҳамин шиор сурат гирифтааст.
Санаи муътамад ва ниҳоии кашфи Антарктидаро соли 1820 медонанд. Аз ин пештар ҳам медонистанд, вале то ин таърих танҳо тахмину фарзияҳо дар мавриди мавҷудияти он вуҷуд дошт. Аввалин фарзия дар бораи мавҷудияти қораи нав ба ширкаткунандагони экспедитсияи португалиҳо дар солҳои 1501-1502 марбут аст ва дар ин экспедитсия ахтаршиноси машҳур ва соҳибкори муваффақ Америго Веспуччи, ки ба номаш як қораи азим номгузорӣ шудааст, ширкат дошт. Аммо ин экспедитсия аз ҷазираи Георгияи Ҷанубӣ дуртар нарафт. “Ҳаво ба ҳадде сард буд, ки касе аз флотилияи мо натавонист онро таҳаммул кунад”,- баъдҳо шаҳодат дода буд Веспуччи.
Ҷеймс Кук ҳам наздик рафт ва қариб буд онро кашф кунад. Ин дарёнаварди машҳур бо супориши шоҳи Англия “Замини ношинохтаи Ҷануб”-ро меҷуст. Вай назар ба дигарон ба дохилтари обҳои Антарктида шино кард. Вале Кук ин таҳқиқоташро бо як фарзия маҳдуд намуд ва фаротар аз он нарафт: “Ман наметавонам инро рад кунам, ки дар наздикии қутб қора ва ё замини азиме бошад. Баръакс, ман бовар мекунам, ки ин замин вуҷуд дорад ва мо қисме аз онро дидем. Сардиҳои бузург, теъдоди бас зиёди ҷазираҳои яхӣ ва яхҳои шиновар… ҳамаи инҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки замин дар ҷануб бояд бошад…”- навишт ӯ. Вай ҳатто рисолаи вижае ҳам бо номи “Далелҳо ба фоидаи мавҷудияти замин дар наздикии Қутби Ҷануб”-ро ҳам иншо кард.
Вале ин қонуни зиндагист ва асрҳо чунин будаву ҳаст, ки ҳар чизе соати худро дорад ва соати кашфи Антарктида ҳам баъди бештар аз чиҳил соли талошҳои Кук расид. Ин шараф насиби дарёнавардони рус шуд. Он вақте, ки Антарктида соати кашфи худро интизор буд, дар баробари по ба ин қора гузоштани Фаддей Фаддеевич Беллинсгаузен ва Михаил Петрович Лазарев – ду баҳрнаварди варзида шуруъ гардид. Таърих ҳам номи ин ду нафарро дар радифи бузургтарин кошифони география барои абад сабт кард.
Адмирал Фаддей Фаддеевич Беллинсгаузен (1778-1852). Исмаш ҳангоми валодат Фабиан Готтлиб Таддеус фон Беллинсгаузен (олмонии Fabian Gottlieb Thaddeus von Bellingshausen)-баҳрнаварди рус, кашшофи Антарктида.
Адмирал Михаил Петрович Лазарев (1788-1851). Амирулбаҳр, дарёнавард, фармондеҳи флоти баҳри Сиёҳ, аз кашшофони аввалини Антарктида.
Сарнавишт Беллинсгаузен ва Лазаревро соли 1819 ба ҳам овард. Вазорати баҳр экспедитсия ба самти нимкураи Ҷанубро созмон дод. Ба ду киштии муҷаҳҳаз лозим меомад, ки ба ин сафари аз ҳар нигоҳ мушкил раҳсипор шаванд. Ба яке аз онҳо, ки “Восток” ном дошт, Беллинсгаузен ва ба дигараш, ки “Мирный» номида мешуд, Лазарев фармондеҳӣ мекард.
Инак, 16 июли соли 1819. Дар ин рӯзи гарми тобистон экспедитсия ба сафари Қутби Ҷануб шуруъ мешавад. Киштиҳо ҳаракат мекунанд. Ҳадаф басо кӯтоҳу муъҷаз баён шудааст: “Кашфи имконпазири наздикиҳои қутби Антарктида”. Супориш шуда буд, ки аввал ҷазираҳои замоне кашфкардаи Кук Георгийи Ҷанубӣ ва Сэндвичаро таҳқиқ намоянд, сипас ҷустуҷуҳои худро дар арзҳои дуртарини то ҳадди имкон дастрас идома диҳанд. Матни ин супориш бо ибороти мутантан рӯи коғаз омадааст, вале ҳоло касе намедонист он чӣ гуна ва дар кадом сатҳ амалӣ мешавад. Пешомади номаълуме сарнишинони ду киштии ҳамсафарро интизор буд. Дар бораи ҷазираи Георгии Ҷанубӣ муфассал навишта шуда буд. Дар мавриди Сэндвича гуфта мешуд, ки он на ки як ҷазира, балки минтақаи иборат аз галаҷазираҳост. Ва аввалин дастури экспедитсия бо ҳамин пажуҳиш ба охир расид. Ва аз ин ҷазираҳо дар паҳнои як уқёнуси нопайдоканори пурях киштиҳо аз ғарб ба самти шарқ роҳ пеш гирифтанд.
27 январи соли 1820 онҳо доираи қутби Ҷанубро гузаштанд ва рӯзи дигар ба як монеъаи бузурги яхӣ дар қораи Антарктида наздик шуданд. Баъди бештар аз сад сол ба ин минтақаҳо муҳаққиқони норвежии Антарктида меоянд ва онро Соҳили Шоҳдухтар Марта унвон мекунанд. Беллинсгаузен рӯзи 28 январ дар рӯзномааш менависад: “Роҳро ба самти ҷануб идома дода, нисфирӯзӣ дар арзи 69°21’28”, тӯли 2°14’50” ба яхҳое дучор омадем, ки пеши назари мо абрҳои сафеди аз миёни барфҳо қадкашидаро падид овард”. 2 мили дигар ба самти ҷанубу шарқ ҳаракат намуда, менависад ӯ, ба мо муяссар шуд, ки минтақаи саропо пӯшида аз ях, “майдони яхии дорои теппаҳоро” мушоҳида кунем.
Киштии Лазерев дар мавқеъи хуби дидашаванда қарор дошт. Капитан аз дур яхи хеле баландеро мушоҳида кард, вале он дар масофаи дур буд ва барои пурра ба мушоҳида гирифтан қувваи биноӣ кифоят намекард. Ва ҳамин ях бахше аз сипари яхии Антарктида буд. 28 январи соли 1820 чун рӯзи кашфи Антарктида дар таърих ворид шуд. Боз ду маротибаи дигар (2 ва 17 феврал) «Восток» ва «Мирный» ба соҳилҳои Антарктида наздик шуданд. Дар нимкураи Ҷануб зимистон фаро мерасид. Киштиҳои экспедитсия рӯ ба самти шимол меоранд, обҳои тропикӣ ва муътадили арзи уқёнуси Ором мегузаранд. Сол мегузарад «Восток» ва «Мирный» дубора ба Антарктида мераванд, се маротиба доираи Қутби Ҷанубро тай мекунанд. 22 январи соли 1821 пеши чашми ҷаҳонгардон ҷазираи номаълуме падид меояд. Беллинсгаузен онро ҷазираи Пётри якум – поягузори флоти баҳрӣ дар Империяи Русия ном мекунад. 28 январ бошад, дар рӯзи беабру офтобӣ сарнишинони киштӣ соҳили куҳиеро мушоҳида мекунанд, ки ба ҷануб, ба самти ба чашмҳо диданашаванда тӯл мекашид. Ва дар харитаи ояндаи географӣ Замини Александри якум пайдо мешавад. Акнун баҳрнавардонро дигар шаку шубҳае боқӣ намемонад: Антарктида на танҳо як минтақаи азими яхист, балки қораи бузурги замин, на ки “қораи ях” чуноне Беллинсгау¬зен дар ҳисоботи худ зикр карда буд.
Экспедитсия ҷазираҳои Шетланди Ҷанубиро, ки соли 1818 В. Смити англис мушоҳида карда буд, муфассал меомӯзад. Ин ҷазираҳо вориди харита карда шуданд. Бисёре аз ҳамсафарони Беллинсгау¬зен иштирокдорони Ҷанги ватании соли 1812 буданд. Ба поси хотири он ҷанги пурталафот ҷазираҳое аз ин галаҷазира ба лаҳзаҳои он номгузорӣ шуданд. Аз ҷумла: Бородино, Ярославетси Хурд, Смоленск, Березина, Лейпсиг, Ватерлоо. Аммо баҳрнавардони англис баъдҳо номи ин мавзеъҳоро ноадолатона дигар карданд. Зимнан, дар “Ветерлоо” (ҳоло Кинг-Ҷорҷ) соли 1968 як ниҳоди илмии Шӯравӣ дар Антарктидаи- Беллинсгаузен поягузорӣ шуда буд. Киштиҳои Русия муддати 751 рӯз дар ин обҳои сард шино карданд ва масофаи камтар аз 100 ҳазор км-ро тай намуданд, 29 ҷазираи навро вориди харита карданд. Солномаи омӯзиш ва азхудкунии Антарктида, ки дар он номи муҳаққиқону пажуҳишгарони кишварҳои зиёде навишта шудааст, аз ҳамин оғоз шуда буд.
Бори аввал инсон ба соҳилҳои Антарктида соли 1894 қадам гузошт. Ин рӯйдодест, ки метавон чанд сатре дар борааш навишт. Киштии моҳигирии норвежии “Антарктида” ба соҳили баҳри Росса расид ва аз ин ҷо сафари қаҳрамононаи худро ба қутби Ҷануб Роберт Скотт оғоз мекунад. Дар роҳи бозгашт капитан Л. Кристенсен ба димоғаи Адэр расида, ба қароре меояд, ки ба замини қора фуруд ояд. Маллоҳ Карстен Борхгревинк дар хотироташ ин лаҳзаро чунин ба қалам меорад: “Аз киштӣ заврақе берун партов шуд ва мо бояд бо он аз миёни яхпораҳои убур намуда, ба соҳил фуруд меомадем. Дар заврақ капитан Кристенсен, ман ва се маллоҳи дигар ҳузур доштанд. Заврақро аз болову байни яхҳо кашида ба мо муяссар гардид, ки ба соҳили беодами қораи номаълум, ки то ин замон қадами инсон нарасида буд, фуруд оем. Мушкил аст бигӯям, ки кадоме аз мо аввалин шуда пой ба замини ин қора гузоштем. Ман аз заврақ пештар аз он ки синҷи қаиқ ба ях расад, ҷаҳидам ва бароям лозим омад, ки соҳилро убур кунам. Капитан Кристенсен аз нӯги заврақ ба соҳил ҷаҳид ва ҳатто пояш тар нашуд. Ва замин зери пои мо ду нафар қарор дошт…”
Суханони ситорашиноси амрикоӣ Нейл Армстронтро ба ёд оред, ки вақте пояш ба сатҳи Моҳ расид, гуфт: “Қадами хурдакаки як одам ин қадами бузургу азим барои кулли башар аст”. Ва метавон ин ҳарфҳоро ҳам дар мавриди иқдомҳои гуруҳи кӯчаки аввалин фурудомадагон ба замини Антарктида ҳам гуфт. Аввалин русҳое, ки барояшон шарафи рафтану будан дар ин қора насиб шуд Дмитрий Семёнович Гирёв, Антон Лукич Омелченко ва Александр Степанович Кучин буданд. Ду нафари аввал ҳамсафарони Скотт ба Қутби Ҷануб буданд ва ёварони вай маҳсуб мешуданд. Кучин бошад, штурмани киштии норвежии «Фраме» дар эеспедитсияи Руал Амундсен буд ва дар бунёди пойгоҳи он дар қора ширкат намуд. Ин одамон ҳар кадом бо сарнавишти гуногун ба пажуҳишҳои худ поён доданд, аммо номи онҳо дар харитаҳои географии Антарктида барои ҳамеша ва ҷовидонӣ сабт шуд…
Ҳарорати Антарктида
Ҳамчуноне ишора рафт Антарктида сардтарин қитъаи олам аст. 21 июли соли 1983 ҳарорати ҳаво дар қисмати Шарқии он пастарин ҳароратро дошт: -89,2 дараҷа зери сифр. Моҳи августи соли 2010 ҳарорати ҳаво дар яке аз нуқтаҳои Антарктида ҳарорати ҳаво то −93,2 °С (-135,8 F) поин рафта буд ва ин маълумотро НАСА ироа карда буд. Умуман ҳарорати миёнаи ҳаво зимистон аз −75 то −60 °С буда, тобистон аз 50 то −30 °С поин меравад. Аммо солҳои охир бар асари гармшавии ҷаҳонӣ ва тағйири иқлим дар олам дар нимҷазираи Антарктида низ ба таври фаъол тундра ба вуҷуд омад ва олимон бар ин назаранд, ки баъд аз 100 сол дар ин қитъаи сардтарини олам аввалин дарахтон сабз хоҳанд шуд.
Олами ҳайвоноти Антарктида низ аз экосистемаи уқёнуси Ҷануб вобаста мебошад. Бештари ҳайвонҳои он обианд, аз ҷумла моҳиҳои гуногуне, ки дар обҳои сард ҳаёт ба сар мебаранд, тюленҳо, пингвинҳо, поморникҳо, китҳо ва пингвинҳои императорӣ сокинони доимии ин қораанд. Соли 1994 олимон дар бораи зуд афзоиш ёфтани рустаниҳо дар Антарктида хабар дода буданд ва ин худ исботи назарияи тағйири куллии иқлим дар олам аст.
Мақоми ҳуқуқӣ, аҳолӣ, калисо
Тибқи Конвенсия оид ба Антарктида, ки якуми декабри соли 1959 имзо шудааст ва аз 23 июни соли 1961 ба иҷро даромадааст, Антарктида ба ягон кишваре мутааллиқ нест. Дар он танҳо ковишҳои илмиву пажуҳишҳо иҷозат дода шудааст.
Соли 1980 Антарктидаро минтақаи озод аз силоҳи атомӣ эълон карданд. Ҳоло ин муоҳадаро 50 кишвар олам имзо кардаву даҳҳо мамлакат нозирони онанд. Дар ин қитъа ҳамчунин вуруди киштиҳои ҳарбӣ манъ аст.
Ҳавои сард иҷозат намедиҳад, ки одамон доимӣ дар он зиндагонӣ кунанд. Ҳоло дар Антарктида ва ҷазираҳои атрофи он ба миқдори зиёд истиқоматгоҳҳои холимонда вуҷуд доранд. Дар асри XIX дар ин қитъа чандин пойгоҳҳои шикори наҳангон вуҷуд доштааст. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон Аргентина ва Чили дар он пойгоҳи ҳарбӣ сохта буданд. Аз вуруди ҳарбиёни олмониву англис низ дар ин солҳо гузоришҳо расидаанд.
Аммо дар айни замон дар Антарктида сокинони доимӣ вуҷуд надоранд. Ҳамасола дар ин қитъа вобаста ба мавсимҳои сол аз 4 ҳазор (тобистон) то ҳазор (зимистон) нафар аз бунгоҳҳои пажуҳишии олам муваққатан зиндагӣ мекунанд. Дар он даҳҳо созмонҳои таҳқиқотӣ аз чандин кишвари дунё вуҷуд дорад.
Ҳар сол аз гӯшаву канори олам аз 30 то 40 ҳазор нафар гардишгарон аз Антарктида дидан мекунанд. Аксари онҳо равонаи нимҷазираи Антарктида мешаванд, ки дар он пойгоҳи сайёҳӣ ва фурудгоҳ мавҷуд аст.
Аз динҳо танҳо масеҳиён дар ин қитъа ибодатгоҳи худро бунёд кардаанд. Аввалин калисо дар Антарктида дар ҷазираи Ватерлоо дар замони усқуф Алексийи дуввум сохта шудааст. Онро аввал дар Олтой сохтанд ва баъдан бо киштии илмии “Академик Вавилов” ба қора бурданд. Дар он то 30 нафар метавонанд ҷой гиранд.
ВА ЧАНД ҶУМЛАИ ДИГАР БА ҶОЙИ ХУЛОСА:
Атарктидаро тоҷикӣ тарҷума накардаем ва бо ҳамин ном дар китобҳои илмиву дарсии мо мондааст. Аммо дар китобҳои ҷуғрофии форсӣ онро Ҷанубгон гуфтаанд. Донишномаи озоди форсӣ менависад: Ҷанубгон панҷумин қораи бузурги Замин баъди Осиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Ҷанубӣ аст. Дар миёни ҳамаи ин қораҳо камаҳолитарин ба шумор меравад. Он дар дуртарин нуқтаи кураи Замин ҷой гирифтааст. Боварҳо дар мавриди мавҷуд будани як қитъаи бузурге дар олам, ки дар дуртарин нуқтаи кураи Замин қарор гирифта бошад, то битавонад тавозуни кураи Заминро дар баробари хушкиҳои азими шимоли он ҳифз кунад, аз замони Батламиюс (Клавдий Птоломей-риёзидон, физикдон, файласуф, ҷуғрофидон ва мусиқишиноси садаи аввали милодӣ) вуҷуд доштааст. Батламиюс ин масъаларо матраҳ мекард, ки вуҷуди чунин сарзамин барои ҳифзи физикии хушкиҳо лозим аст. Тарсими хушкиҳои бузурге дар ҷануби кураи Замин дар нақшаҳои қадимӣ, аз ҷумла дар нақшаҳои маъруфи Аҳмад Муҳийиддини Пирӣ (адмирал, дарёсолори Империяи усмонӣ) роиҷ буд.
Ва ниҳоят: Ин навиштаро бо суханони Усқуфи аъзаи Русия Кирил ба поён мебарем. Соли 2016 вай аз Антарктида дидан кард ва дар ҷамъе аз мардум-сокинони муваққати он гуфт: “Ин ягона ҷойест, ки силоҳ вуҷуд надорад ва дар он ягон фаъолияти ҳарбӣ пеш бурда намешавад. Дар он ягон ниҳоди пажуҳишие нест, ки барои тавлиди силоҳи қатли инсон талош кунад ва ин тимсоли инсонияти идеалист. Ва ин шаҳодат аз он медиҳад, ки одамон метавонанд чунин зиндагонӣ дошта бошанд. Одамон метавонанд бидуни марз ҳам ҳаёт ба сар баранд, бесилоҳ бошанд, рақобатҳои хасмона надошта бошанд ва худро чун узви як оила донанд…”
Таҳияи Ф.Муҳаммад