25-уми май дар Душанбе форуми байналмилалии ташаббусҳои ихтиёриёни давлатҳои ИДМ «Барои сулҳ ва дӯстӣ» ифтитоҳ ёфт. Чорабинӣ ба Соли ҳаракати ихтиёриён дар ИДМ мутобиқ кунонида шудааст. Соли ҷорӣ боз бо кадом ташаббусҳо барои мо хотирмон хоҳад буд?

Волонтёрӣ муттаҳид мекунад

14 октябри соли 2022 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ қарор дар бораи эълон кардани соли 2024 ҳамчун Соли ҳаракати волонтёрон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расид. Ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳаракати волонтёрӣ яке аз шаклҳои ояндадори дипломатияи халқӣ маҳсуб ёфта, баргузории соли мавзӯӣ имкон медиҳад, ки ташаббусҳои муҳими иҷтимоиро боз ҳам самараноктар амалӣ гардонида, муколамаи байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро густариш диҳем.

Дар охири соли гузашта аз ҷониби сарони давлатҳо Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани Соли ҳаракати волонтёрӣ дар ИДМ ба тасвиб расид – баъзеи онҳо маҳаллӣ буда, баъзеашон тамоми кишварҳои Иттиҳодро фаро мегиранд. Конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар, таҷрибаомӯзиву лагерҳо, экспедитсияҳои таълимӣ, озмунҳо, маъракаҳо, ҷоизаҳо, фестивалҳо ва форумҳо, нашрияҳо ва гузоришҳо дар ВАО – дар маҷмӯъ қариб 200 чорабинӣ дар 9 самт пешбинӣ шудааст.

Аз соли 2008 инҷониб дар ИДМ солҳои мавзӯӣ гузаронида мешаванд

2023 – Соли забони русӣ буд

2024 – Соли ҳаракати волонтёрон

2025 – Соли 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  мешавад

2026 – Соли ҳифзи саломатӣ

Масалан, Вазорати маорифи Федератсияи Русия Барномаи байналмилалии волонтёрии “Сафирони забони русӣ дар ҷаҳон”-ро амалӣ гардонида, Лагери байналмилалии ҷавононаи “Диалог” (Муколама), Форуми созмонҳои ҷамъиятии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ ва ғайраро баргузор менамояд. Дар Қазоқистон ҷамъомади роҳбарони ҳаракати волонтёрӣ, Экспедитсияи байналмилалии волонтёрӣ оид ба ҳифз ва рушди мероси фарҳангию таърихӣ, экомарафон ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Дар Қирғизистон, Беларус ва Озарбойҷон форумҳои байналмилалии волонтёрон дар мавзӯъҳои гуногун баргузор мегарданд. Дар Арманистон наворбардорӣ ва сабти подкастҳо (аудио ва видеофайлҳо – барномаҳо) ба нақша гирифта шудааст, дар Ӯзбекистон низ баргузории ярмаркаи хайриявии «Замони мӯъҷизаҳо», форум дар мавзӯи фарогирӣ, инчунин татбиқи барномаҳои волонтёрӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ дар назар аст.

Соли ҳаракати волонтёрӣ дар Тоҷикистон

Ҳафтаи равон дар Тоҷикистон форуми «Барои сулҳу дӯстӣ» барпо гардида истодааст – дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Гулистон чорабиниҳои асосӣ, аз ҷумла дарсҳои маҳорат, ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо, аксияҳо, ҷаласаҳои панелӣ ва шабҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар чорабинӣ беш аз 50 нафар намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои ҷавонони кишварҳои Иттиҳод ширкат меварзанд.

Ва аввалин чорабиние, ки дар Тоҷикистон дар доираи Соли ҳаракати волонтёрӣ дар ИДМ баргузор гардид, маъракаи (аксияи) «Боғи волонтёрон» дар шаҳри Хуҷанд буд – беш аз 50 нафар ихтиёриён дар боғи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ниҳолҳо шинонданд. Ҳамчунин охири моҳи апрел дар вилояти Хатлон форум баргузор гардид, ки 8 майдони таълимӣ ва чандсад нафар иштирокчиёнро фаро гирифт. Мактаббачагон лоиҳаҳои худро дар соҳаҳои гуногун муаррифӣ карданд – аз экология ва фарҳанг сар карда, то маорифу соҳаи иҷтимоӣ; муаллифони лоиҳаҳои беҳтарин бо ҷоизаҳо мукофотонида шуданд.

Аз 20 то 29 апрел дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва Бохтар мусобиқаҳои экологии “Бозиҳои тоза” баргузор гардиданд, ин мусобиқаҳо дар тамоми кишварҳои ИДМ баргузор гардиданд. Кариб хазор нафар дар ҷамъоварии алоҳидаи партовҳо дар гирду атрофи шаҳрҳо, соҳили дарьёҳо ва дар ҷойҳои истироҳати оммавии аҳолӣ мусобиқа карданд. Бозиҳо дар формати фестивал гузаронида мешаванд: бо баранда, мусиқӣ, сайру гашт ва зиёфат.

Дар байни чорабиниҳое, ки дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, форуми байналмилалии волонтёрони кишварҳои ИДМ таҳти унвони «Волонтёр будан шараф аст» ва форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Нақши волонтёрони экологӣ ва пешвоёни ҷавон дар ҳифзи муҳити зист ва ҳалли мушкилоти экологӣ»-ро ном бурдан мумкин аст. Ғайр аз ин, моҳи июн лагери таълимии тобистона барои волонтёрони кишварҳои узви ИДМ ташкил карда мешавад.

Ҳаракатҳои волонтёрӣ дар Тоҷикистон то чӣ андоза фаъоланд?

Дар Тоҷикистон ҳаракати волонтёрӣ байни ҷавонон соли 2000 фаъолияти худро оғоз кардааст. Ташаббуси аввал ба тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон нигаронида шуда буд. Имрӯз танҳо дар шаҳри Душанбе қариб 10 лоиҳаи ихтиёрии аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим амалӣ карда мешаванд, теъдоди ихтиёриён дар ҷумҳурӣ қариб ба 15 ҳазор нафар расидааст ва шумораи онҳо мунтазам меафзояд.

Моҳи июни соли 2023 дар Тоҷикистон Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ барои солҳои 2023-2027 қабул гардид, ки ба ҷалби бештари мардум ба фаъолияти волонтёрӣ, фароҳам овардани шароитҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ барои фаъолияти волонтёрӣ равона карда шудааст.

Дар фаъолияти волонтёрон якчанд самтҳои асосиро метавон ҷудо кард: иҷтимоӣ, тиббӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ. Дар Тоҷикистон ихтиёриён дар ободонию тозакунии шаҳрҳо фаъолона иштирок мекунанд, ба кӯдакони бемор, маъюбон ва пиронсолон кӯмак мерасонанд, ҳайвонҳои бесарпаноҳро парасторӣ карда, дар чорабиниҳои варзишӣ низ иштирок мекунанд.

Дар Тоҷикистон ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҳифзи хотираи таърихӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Махсусан дар ин самт фаъолияти гурӯҳи ёдбудии ихтиёриёни “Хотира-201”-ро бояд қайд кард, ки тайи 14 сол инҷониб бо роҳбарии муаррихи ҳарбӣ Ғафур Шерматов дар қабристони русҳои пойтахт бо ҷустуҷӯ ва барқарорсозии қабрҳои низомиён машғул аст. Дар сафи ихтиёриёни гурӯҳ хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия ва кормандони сафорат, намояндагони ташкилотҳои Русия, сарбозони интернационалист, ташкилотҳои собиқадори ҷумҳурӣ, инчунин шахсони майлдор ва донишҷӯён, ки мунтазам дар чорабиниҳои ёдбудиву ҷустуҷӯӣ ва шанбегиҳо  иштирок  мекунанд, қарор доранд.

Самтҳои асосии чорабиниҳо:

– ташаккули заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҳамкории илмию таълимӣ (15 чорабинӣ);

– рушди инфрасохтор барои дастгирии ҳаракати волонтёрӣ (5 чорабинӣ);

– такмили баҳисобгирии иштироки ихтиёриён дар барномаҳои волонтёрӣ (6 чорабинӣ);

– дастгирии ҳавасмандкунии аҳолӣ ба фаъолияти фоиданоки иҷтимоӣ (34 чорабинӣ);

– дастгирии иттилоотӣ (18 чорабинӣ),

– табодули таҷриба оид ба рушди робитаҳои наслҳо дар самти волонтёрӣ (25 чорабинӣ),

– баланд бардоштани иқтидор ва афзоиши саҳми созмонҳои волонтёрӣ дар рушди кишварҳо (18 чорабинӣ),

– ҳифзи хотираи таърихӣ ва тарбияи ватандӯстӣ (9 чорабинӣ);

– ихтиёрии экологӣ ва тарзи ҳаёти солим (13 чорабинӣ).

Махсусан, пеш аз санаҳои муҳими бо Ҷанги Бузурги Ватанӣ вобастабуда чорабиниҳои васеъмиқёс гузаронида мешаванд. Ва агар дар аввал ҳаракати ихтиёриён бо ташаббуси чанд нафар шаҳрвандони майлдор оғоз шуда бошад, пас айни ҳол сафи ихтиёриён ба маротиб афзудааст, масалан, дар шанбегии охирон, ки моҳи май пеш аз Рӯзи Ғалаба гузаронида шуд, беш аз 500 нафар ҷамъ омада, қабрҳои низомиёнро дар “Хиёбони шӯҳрат” тоза ва таъмир намуданд.

«Ман вожаи волонтёрро дӯст намедорам. Барои он, ки теъдоди чунин одамони ғамхор бештар гардад, бояд кӯдаконро дар мактабҳо дар ҳамин руҳия тарбия намоем, худомӯзиро ёд диҳем. Маҳз дар ҳамин ҳолат инсон бо мурури вақт зарурияти чунин корҳоро дарк мекунад”, — мегӯяд Ғафур Ашӯрович.

“Бозиҳои тоза” аз соли 2014 гузаронида мешаванд, соли 2023 дар доираи формати “Ҷоми тозагии Авруосиё” 18 ҳазор иштирокчиён аз 10 кишвари ИДМ ҷалб карда шуданд. Дар ҳар як Бозӣ аз 30 то 1500 нафар иштирок мекунанд, ки дар як соат аз 0,5 то 20 тонна партовро ҷамъоварӣ карда метавонанд.

Имрӯзҳо дар мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимии кишварамон ҳаракати волонтёрӣ густариш меёбад. Хамин тавр, дар мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Ю.А. Гагарин шӯъбаи “Волонтёрони Ғалаба” амал мекунад, ки бо ташаббуси он ҳамасола дар мактаб дарсҳои “Рӯзи Ғалаба”, маъракаҳои “Лентаи Георгий” ва “Дарвозаи (Равзанаи) Ғалаба” гузаронида мешаванд.

«Ба шарофати тадбирҳои дар кишвари мо андешидашуда шумораи ташкилотҳо дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ ва худи волонтёрон меафзояд. Ин барои мо ифтихори бузург аст”. Шабнам Раҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин, дар давоми сол дар мактаб мақомоти худидоракунии «Восток» амал мекунад, ки бо ташкили чорабиниҳои гуногун, нигоҳ доштани фазои солим дар мактаб, ва ҳавасмандкунии хонандагон барои расидан ба ҳадафҳояшон машғул аст. Ҳамасола аз 50 то 70 нафар талабагони синну соли гуногун ихтиёран дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд.

— Фаъолияти волонтёрӣ дар мактаб имкон медиҳад, ки кӯдакону наврасон дастаҷамъона кор карданро ёд гиранд, малакаҳои роҳбариро инкишоф диҳанд, инчунин ба рушди устувории тарбияи меҳнатӣ ва инсондӯстии мактаббачагон мусоидат мекунад, – иброз дошт муаллими ин мактаб, роҳбари ҳаракати волонтёрӣ Сиёвуш Ҷалилов. – Кӯдакон ва наврасон бунёдгарони ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида, аз таҷрибаи ҳаётӣ мустақилона қарор қабул кардан ва аз вазъиятҳои гуногун баромаданро ёд мегиранд.

Ҳоло иштироки ҷавонон дар фаъолияти волонтёрӣ чандон зиёд нест, зеро ташкили дурусти кори мунтазам вуҷуд надорад. Хуб мешуд агар дар мактабҳо, шаҳру  ноҳияҳо мақомотҳои худидоракунӣ ва шӯъбаҳои волонтёрӣ таъсис дода шаванд, ки метавонанд ҷавононро ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда, малакаҳои ахлоқию ватандустӣ ва тарбияи эстетикии онҳоро инкишоф  диҳанд».

Имсол бори 20-ум маъракаи байналмилалии «Лентаи Георгий» баргузор гардид.  Дар Душанбе, Хуҷанд, Бӯстон, Исфара ва дар ноҳияҳои вилояти Суғд ихтиёриён ба раҳгузарон ба хотири пос доштани хотира ва эҳтиром ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасмаҳои (лентаҳои) сиёҳу норинҷӣ тақдим карданд.

Тоҷикистон ба ғайр аз маъракаҳои дохилии волонтёрӣ дар барномаҳои иҷтимоии кишварҳои дӯст низ иштирок мекунад. Ҳамин тариқ, аз соли 2021 Россотрудничество, Ассотсиатсияи марказҳои волонтёрӣ ва Миссияи башардӯстонаи Русия лоиҳаи байналмилалии башардӯстонаи «Миссияи Некӣ»-ро амалӣ мегардонанд. Мутахассисони рус дар ҳошияи (формати) миссияҳои волонтёрӣ мушкилотҳои муҳимро дар саросари ҷаҳон ҳал мекунанд: соли гузашта дар доираи лоиҳа табибони руси тахассусҳои гуногун барои аҳолии Тоҷикистон машваратҳо, барои донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ  дарсҳои кушод ташкил намуда, бо ҳамкасбони тоҷики худ мубодилаи таҷрибаву дониш намуданд.

Имрӯз фаъолияти волонтёрӣ ба як абзори пурқувват барои тағйиротҳои мусбат дар кишвар табдил ёфтааст ва ба шарофати саъю кӯшиши муштараки якчанд кишварҳо, тавре ки имрӯз дар ИДМ ба амал меояд, фаъолияти волонтёрӣ барои расидан ба ҳадафҳо оид ба беҳбудии некӯаҳволии ҷомеа дар тамоми ҷаҳон ба таври самаранок мусоидат мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь