Дар бораи шоираи хушилҳом, булбули ғазалсароёни адабиёти порсии асри ХХ шоирае, ки Аҳмад Зоҳир аз шеърҳои ӯ зиёд сурудааст. Шоираи номвари тамоми мардуми порсизабон, шоирае, ки дар замонаш ду маротиба барои гирифтани мукофоти Нобелӣ пешниҳод гашта буд, Симини Беҳбаҳонӣ дар мақолаи худ, ки дар нашрияҳои даврии кишвар бо номҳои “Аҳмад Зохир ва хубони порсигӯ” ва “Аҳмад Зоҳир ва шоираҳо” ба нашр расидааст ва дигар навиштаҳои худ ба қадри имкон гуфта гузашта будам. Росташро гӯям хостам бо ҳамон навиштаҳо қаноат кунам, зеро дар нашрияҳои даври мақолаҳо ва навиштаҳои дигар қаламкашонамон низ нашр гашта буданд. Чун мақолаи “Аҳмад Зохир ва Фуруғи Фарухзод” мунташир гашт ва аз тарафи ҳаводорони ҳунари Аҳмад Зоҳир ва шоира Фуруғи Фурухзод хуш кабул гашт. Ба андешае афтодам, ки дар бораи шоирабонуи номии мардуми порсизабон, ки дар майдони ғазалиёти асри пор чеҳраи бузург ва навовариҳои зиёде кардаву дар доираи ҷаҳон низ маъруф буд нанавиштан имкон надорад.

Бону Симини Беҳбаҳонӣ дар қатори шахсиятҳое, ки ба ҷаҳони шеъри порсӣ чи дар ғазал ва чи дар рубоиёту достоннависӣ ва чи дар ҷаҳони шеъри мудерн – шеъри нав ва шеъри сафед дар як қатор бо Муҳаммад Иқбол, Абулқосим Лоҳутӣ, Нимо Юшич, Эраҷ Мирзо, Аҳмади Шомлу, Халилуллоҳи Халил, Шаҳриёр, Нодири Нодирпур, Мӯъмин Қаноат, Зиё Коризода, Фурӯғ ва чанде аз дигарон, ки бузургони шеъри ҷаҳонии порсизабонон дар асри ХХ шинохта мешаванду ба шеъри онҳо дар Осиё ва Аврупо арҷ гузошта мешавад, ҷойгоҳи махсуси худро дорад.

Танҳо ҳамин ишора, ки ашъори ин ғазалсарои маъруфтарини ҷаҳони порсӣ ду маротиба (солҳои 1999 ва 2002) барои ғазалҳои офаридааш ба мукофоти маъруфи Нобелӣ пешниҳод гаштааст, дар хусуси мавқеъи ӯ дар шеъри порсӣ инҷо басанда хоҳад буд то бузургии ин шоираро дар қолаби андеша тасвир намояд.

Ин шоираи сеҳрмаҳсул, яке аз бузургтарин ғазалсароён байни бонувон, байни тамоми шоираҳои порсизабони асри ХХ ва ибтидои асри ХХI аст. Меандешам, ки дар пояи ғазал дар шеъри порсии асри пор камтар мардони шеъргӯ ба пояи ӯ расидагӣ карда тавонистаанд.

Бону Симин дар радифи шоироне, ки ғазалро такмил додаву навовариҳое бар он дохил намудааст ҷой гирифтааст. Ба гуфти устод Гулрухсор устод Симин дар 42 ҳолат ғазалро такмил намудааст, ки ин рақам худ шаҳодати бузургии ин шоирабонуро дар худ таҷассум менамояд.

Нахустин маҷмуъаи шеърҳои Симин «Се тори шикаста» соли 1951 чоп гаштааст. Баъдан маҷмуъаҳои зиёде чун «Ҷойи пойи озодӣ» (соли 1956). «Чилчароғ» (соли 1957), «Мармар» (соли 1963), «Растохез» (соли 1973), «Хатте зи суръату оташ» (соли 1982), «Дашти аржанг» (соли 1984), «Як даричаи озодӣ» (соли 1996), «Яъне масалан, ин ки…» (соли 2000) ва ғайраҳоро интишор додааст.

Шеъри Симини Беҳбаҳонӣ, бахусус ғазалҳои навоваронаи ӯ таровату зебоии хос, хусусияти ирфонӣ ва фалсафии баланд доранд ва беҳтарин овозхонону бастакорони порсизабонро шефтаи худ чун ашъори Фурӯғ кардааст ва аминам, ки оянда низ чунин хоҳад буд.

Дар ин асос Аҳмад Зоҳири бузург бо он шеърфаҳмии басо волои худ аз нафаронест, ки аз ин «баҳри шаддаи марворидии халиҷи Порс», дар канор намонда, аз ашъори устод Симин низ беш аз 10 шеърро интихоб намуда, бар онҳо оҳангҳои марғуб бастааст. Аз ҷумла «Шароби нур» «Як доман гул», «Гули интизор», «Вафодор», «Доми фиреб», «Чӣ гӯям, ки ту худ бохабарӣ», «Осмон холист», «Биравед то бимонам», «Гуфтугӯ», «Нанги ошён» ва ғайраҳо ба ин мисол шуда метавонанд.

Масалан, Аҳмад Зоҳир шеъри «Шохаҳои оҳакӣ»-и ро худ оҳанги дилфиребе баставу хело таъсирбахш ва ҷонгудоз хондааст:

Вой ман беҳудаам, беҳудаам дар корҳо,

Оҳ ман афтодаам, афтода чун беморҳо.

 …

Холиам, холитар аз як хоб ё аз як сукут,

Ай шумо, аз зиндагӣ лабрезҳо, саршорҳо!

Ӯ шахсан худаш ба шеъри «Гули интизор» оҳанги дилнишине баставу сароидааст ва имрӯз бисёр маъруф аст.

Чунончӣ,

 Зи чӣ ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро,

Кӣ ҳазор лола пӯшад пас аз ин мазори моро?

Бояд гуфт, ки муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Ҷамолиддини Саидзода мақолаи хубе бо номи «Аҳмад Зоҳир ва Симини Беҳбаҳонӣ» навиштааст. Ин мақола шояд аввалин мақолаи таҳлилӣ дар кишвари мо оиди ҳамоҳангии ҳунари Аҳмад Зоҳир ва бону Симин низ бошад ва дӯстдорони каломи Симину ҳунари Аҳмад Зоҳир метавонанд аз он баҳра бардоранд. Симин Халил маъруф ба Симин Беҳбаҳонӣ чи тавре, ки дар боло ишора кардем санаи 20-уми июли 1927 дар шаҳри Тењрон дар оилаи шоиру нависандаи маъруф Аббос Халилӣ, ки бо порсӣ ва арабӣ шеър мегуфт ва ҳамзамон 1100 байтро аз “Шоҳнома” ба арабӣ тарҷума карда буд ва модараш Фахр оли Хилъатбарӣ зани пешқадами замонаш буда, ҷаҳонбинии васеъ дошта, муаллимаи забони фаронсавӣ ва шоира буд таваллуд гашта, дар ҳамин шаҳр санаи 19-уми августи соли 2014 ҷаҳонро падруд гуфта (чӣ хушбахтӣ, ки то замони мо зиставу чӣ бадбахтӣ, ки мо ӯро дар Тоҷикистони азиз пазироӣ карда натавонистем) дар мазори Биҳишти Заҳрои Теҳрон дафн карда шудааст.

Чун шоира дар оилаи шоир ва нависанда ба дунё омада тарбия ёфтааст аз овони хурдӣ ба машқи шеър ва шеъргӯи оғоз намудааст. Тибқи сарчашмаҳо оиди ҳолномаи шоира мавсуф аз 14-солагӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ намудааст. Нахустин ғазалаш соли 1941 дар рӯзномаи «Навбаҳор», ки бо сарварии устоди шеъри Эронзамин Маликушшуаро Баҳор интишор меёфт, чоп гаштааст.

Нахустин маҷмӯаи ашъори Симин Беҳбаҳонӣ «Сетори шикаста» (1951) аксаран аз чаҳорпора иборат буд. Дар маҷмӯаҳои «Ҷойи пойи озодӣ» (1956), «Чилчароғ» (1957), «Мармар» (1963), «Растохез» (1973), «Хатте зи суръату оташ» (1982), «Дашти Аржанг» (1984), «Як даричаи озодӣ» (1996), «Яъне масалан, ин ки…» (2000),”Маҷмӯаи ашъор” ва монанди онҳо таҳаввули тадриҷӣ ва маҳорати шоирии Симин Беҳбаҳонӣ ҳамчун як шоираи тавонои нимаи дувуми асри XX ва даҳаи аввали асри XXI-и Эрон ва ҳамаи форсизабонони ҷаҳон ҳувайдо мегардад. Шоира агарчӣ дар аксари анвои шеъри классикӣ, аз қабили қитъа, маснавӣ, дубайтӣ ва ғазал шеър мегӯяд, аммо ҳамчун шоири ғазалсаро муъруфияти бузургеро дар ҷаҳони шеъру адаби просилисонҳои ҷаҳон ба даст овардааст.

Дар эҷодиёти Симин Беҳбаҳонӣ нишебу фарозҳои шеъри нимаи дувуми садаи XX инъикос ёфтаанд. Тавре ки аз маҷмӯаҳои «Сетори шикаста», «Ҷойи пойи озодӣ» ва «Чилчароғ» ба назар мерасад, дар марҳалаи аввали эҷодиёти шоира мавзуи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва рӯзгори тираву тори мардуми заҳматкаши кишвараш дар шеъраш ҷойгоҳи намоён дорад (бояд гуфт, ки ин масъала дар шеъри Эрон ҳама вақт дар ибтидои асри пор ҷой дошт ва махсусан дар ашъори шоирабонуи маъруфи дигари Эрон Парвини Эҳтисомӣ, ки соли 1941 муттаасифона дар айни ҷавонӣ фавтидааст хуб ба чашм мерасад ва меандешам, ки сароғозу илҳомбахши ҳамаи ин шоирабонуҳо вобаста ба мавзуъҳои доғи ҷомеъа, ҳуқуқи зан, нобаробариҳои иҷтимоӣ аст – шарҳи Варқаи Зайниддин).

Бояд гуфт, ки шоира Симин низ чунин бонуи диловар ва бебоке чун ин шоира ва падар ва модари озодандешаш будааст ва беҳуда нест, ки мудом шоира дар ҳабси хонагӣ низ қарор гирифтааст.

Бо ислоҳотҳои солҳои 50-уми асри пор дар Эрони паҳлавӣ ва инкишофу такмилу рушд ёфтани саноату ба Ғарб овардани Эрон, дар солҳои 60-уми садаи XX батадриҷ масоили фалсафию ирфонӣ, мақоми инсон дар Олами кабир, инсон ва Худо, ҷаҳони маънавию ботинии шахсӣ ва амсоли онҳо меҳвари асосии шеъри Симин Беҳбаҳонӣ қарор мегиранд ва ин ҳамаро ӯ тариқи ғазал баён месозад. Шӯҳрати оламгири шоира низ маҳз дар эҷоди ғазалу ғазалвораҳояш аст. Симин дар байни ҳаводоронаш бо номҳои «Нимои ғазал» ва «Ғазалбону» маъруфу машҳур гаштааст (дар ҳақиқат ҳамин тавр низ аст-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Аз ҷумлаи вижагиҳои ғазалиёти Симин Беҳбаҳонӣ дамидани рӯҳи замон дар пайкараи ғазал аст. Ӯ мекӯшад ба шеър тозагӣ диҳад ва онро аз кӯҳнагию шаклпарастӣ озод намояд. Ӯ тавонист ба ғазал вазнҳои тозае ворид намояд, ки минбаъд дигарон ба ин шева пайравӣ намоянд. Шеъри Симин Беҳбаҳонӣ дар ҳақиқат шеъри андешаву маънист ва аз назари сохту ороиши адабӣ низ басо ҷолибу мафтункунанда аст.

Симин Беҳбаҳонӣ илова бар ин ки ба назму насри кӯҳани форсӣ тасаллут дорад, бо адабиёти Ғарб, махсусан Фаронса, хуб ошност; аз ашъори шоирони ин сарзамин намунаҳое низ ба форсӣ тарҷума кардааст. Аз тарафи дигар, ашъори худи ӯ ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, рус, ҳолландӣ, шведӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудааст (бояд гуфт, ки таъсири шеъри Ғарб аслан ба Эрон тариқи тарҷумаҳо баъди солҳои 70-уми асри Х1Х зиёд роҳ ёфт ва ибтидои асри ХХ бошад дар шеъри форсӣ таъсири амиқе ба ҷой гузошт-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Тибқи сарчашмаҳо дар бораи шеър аз сад тан аз мунаққидону шоирону нависандагони Эрон дар бораи шеъри Симин Беҳбаҳонӣ нақду назарҳое навиштаанд.

Намунае аз ашъори Симин Беҳбаҳонӣ:

Эй рафта зи дил, рафта зи бар, рафта зи хотир!
Бар ман манигар, тоби ниго
ҳи ту надорам.
Бар ман манигар, з-он ки ба
ҷуз талхии андӯҳ,
Бар хотир аз он чашми сиё
ҳи ту надорам.
Аз тарафи ин шоираи хушилҳом тибқи навиштаҳои устодон Сипос ва Султони Ҳамад то айни замон аз ашъори ёфташуда ва оҳангбаста Аҳмад Зоҳири шаҳид шеърҳои зерин суруда шудаанд.

 1.Вой! Ман беҳудаам, беҳуда дар корҳо (оҳанги А.Зоҳир)

2.Гуфтам, ки мехоҳам туро,бовар макун,бовар макун ҳанги А.Зоҳир)

3.Гуфтӣ, ки мебӯсам туроҳанги Валии Таронасоз)

4.Зӣ чи чавҳар офаридӣ дили доғдори моро?

5.Осмон холист, холӣ , рӯшнонашро ки бурд? (оҳанги Ф.Найнавоз)

6.Ситора фурӯ басту орамид, биёҳанги ҳиндӣ)

7.Хоҳам , чу рози пинҳон аз ман асар набошад ҳанги Ф.Найнавоз)

8.Чун дарахти фарвардин,пуршукуфта шуд ҷонам ҳанги Валии Таронасоз)

9.Ту донӣ, Ту донӣ, Ту донӣ, (оҳанги А.Зоҳир)

 Дар ин росто ин шоираи бузурги мо аз лиҳози хондани ашъори шоирон аз тарафи Алмоси Шарқ баъд аз шоирон Абулқосим Лоҳутӣ, Валии Тавронасози Дарвозӣ ва Абдулаҳмади Ато (Шероғо), ки ҷойҳои якум ва дуюму сеюмро дар радабандии шеърҳои хондаи овозхони зиндаёд аз ашъори шоирон мегиранд, баъд аз Мавлонои Балх, ки аз 11 шеърашро овозхон хондааст, дар қатори Фурӯғи Фаррухзод, Раҳии Муаъйирӣ айни замон зинаи ифтихории панҷумро то имрӯз ишғол карда меояд.

Аз ин нӯҳ шеъри шоир ба 3 шеъраш бевосита худи Алмоси Шарқ устод Аҳмад Зоҳир оҳанг баставу сурудааст, ба ду шеърӣ устодони равоншод Фазлаҳмади Найнавоз ва Валии Таронасоз оҳанг бастааст.

Шеъри “Ситора фурӯ басту орамид, биё” зери як оҳанги ҳиндии айни замон муаллифаш номаълум аз тарафи овозхон сароида шудааст.

Айни замон муаллифи оҳанги таронаи маъруфи “Зӣ чи чавҳар офаридӣ дили доғдори моро?” , ки дар бораи ин шеър устод Ҷамоллидини Саидзода бисёр бо як эҳсосоти баланд дар мақолааш ёд кардааст маълум нест.

Ин шоираи маъруф бо шоирони Тоҷикистон ва ашъори шоирони порсигӯи ин сӯи рӯди Омӯ низ шинос буд. Он чиз дар хотирам аз навиштае нақш баста, ки замоне миёнаҳои солҳои 90-уми асри пор дар доираи шоирони Эрон дар маҳфиле боре устоди зиндаёд Мӯъмин Каноатро мебинад ва ҳайратомез нидо сар медиҳад: Худоё Мӯъмин Қаноат инҷост?! Ӯ аз боздиди шоири номвари порсизабонон, сардафтари достонҳои эпикӣ-психологии ҷаҳон ва овораи замони ҷанги таҳмилии тоҷиккуш, он замон дар ватанаш Эрон аввалан ҳайратзада ва ниҳоят шод шуда буд. Бону Симин бо устод Гулрухсори Сафӣ пайванди сахти ошноӣ дошт. Замоне дар Теҳрон, дӯсти шоирам Исфандиёр дар манзили шоира бо ӯ вохӯрдаву бо ӯ сӯҳбати 45 дақиқаеро низ анҷом додаву китоби бо ҳуруфоти кирил «Як доман гул» -ро, ки дар нашриёти “Ирфон” аз ашъори шоира нашр карда буд ба эшон тақдим карда буд.

Бояд гуфт, ки олими шинохта Файзалӣ Наҷмонов ва баъдан шоир Исфандиёр ва дигарон дар шинохти ин шоираи бузургтарини ғазалсарои порсилисонҳо нақши мондагореро аз худ ба ҷой гузоштаанд.

Умед мебандем, ки оянда шояд оҳангҳо ва сурудаҳои дигаре аз шоира, ки Аҳмад Зоҳир бисёр вақт дар маҳфилҳои дӯстона мехонду онҷо тариқи асбобҳои сабтӣ сабт мегаштанд пайдову муаллифони оҳангҳо номаълум низ ошкор хоҳанд шуд. Чуноне, ки мегӯянд , вақт ҳама чизро ба ҷой хоҳад гузошт.

Ҳоло бошад дар арафаи омад-омади фасли баҳор аз ин шахсиятҳои бузурги фарҳангу адаби порситаборон бо некӣ ёд мекунему ба рӯҳи онҳо дуруд мефиристем, зеро ин ду шахсият яке бузургтарин овозхону дигаре бузургтарин ғазалсарои асри ХХ – и мардуми порситабор барои “офаридаи дурру гавҳари порсӣ” шабзиндадорию заҳмати зиёде кашидаанд, ки имрӯз ин ғазалҳо бо овози хушу оҳангҳои марғуби овозхони тамоми давраҳои мардуми иронинажод шабу рӯз дар хонаи 200 миллион иронинажодони дунё пайваста садо медиҳанд!

Ба гуфти аллома Саид Нафисии бузург:

Дӯстон гиряи бисёри маро ёд кунед,

Зиндадории шаби тори маро ёд кунед,

Субҳ аз хоб чу бедор шуд он мояи ноз,

Шаби ман, дидаи бедори маро ёд кунед! 

Варқаи ЗАЙНИДДИН,

узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон,

Аълочии Матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь