Ман пирях ҳастам. Ватанам Тоҷикистон мебошад. Маро тадқиқотчии рус Алексей Павлович Федченко соли 1928 ёфту таҳқиқ кард. Барои ҳамин номамро пиряхи Федченко гузоштанд. Пиряхи калонтарин дар ВМКБ ва пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ мебошам.

Дарозиям ба 77 километр тӯл кашидааст. Аз он мефахрам, ки дар байни пиряхҳо аз ҷиҳати масоҳат дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол кардаам. Мутаасифона, имрӯз ман аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидаам. Шумо медонед ман чӣ хел пайдо шудаам? Аз барф. Барфи бисёр боло болои ҳам мебораду ҷамъ мешавад. Баъд сахт шуда ба ях табдил меёбад. Имрӯз номамро иваз карданд. Маро акнун пиряхи Ванҷях мегӯянд.

Ман дар тамоми дунё хешу табор дорам. Танҳо дар Австралия ягон хеш надорам, чунки дар он ҷо пирях нест. Мехоҳед шуморо бо хешу ақрабоям шинос кунам? Хеши аз ҳама калонтаринам пиряхи Ламберт-Фишер мебошад, ки дар Антарктида ҷой гирифтааст. Дарозиаш 400 километр аст. Пиряхи Хаббарда, ки дар Аляска ҷойгир аст, 122 километр дарозӣ дорад. Пиряхи Сиачен дар байни Покистону Ҳиндустон, пиряхҳои Балторо ва Батура дар Покистон, пиряхи Брюген дар Чили, пиряхи Инилчеки шимолӣ дар Чин, пиряхи Йостедал дар Норвегия – ҳамааш хешони дуру наздики ман ҳастанд.

Дар харита маро бо ранги осмониву сафед ранг дода, гирдамро бо ранги кабуд хат кашидаанд.

Баъзан агар ман аз қуллаи кӯҳ сахт ба замин афтам, чуқуриҳо пайдо мешаванд, ки бо мурури замон метавонанд ба кӯл табдил ёбанд. Табиатан хеле оҳиста об шуда ҷорӣ мешавам. Маҳз ману хешу таборони дуру наздикам ҳарорати ҳаворо пасту мӯътадил ва боронгариро зиёд мегардонем. Боронгарӣ барои табиат фоидаовар аст. Борон заминро мулоим мекунад, манбаи сабзиши наботот аст. Бе борон растаниву ҷонварон азоб мекашанд, метавонанд зинда намонанд. Борон ҳаворо аз чангу ифлосӣ тоза мекунад. Имрӯз баъзе кишварҳои ҷаҳон онро барои ба даст овардани гидроэнергияи ва баъдан барои истеҳсоли барқ истифода мебаранд. Ва албатта, беборишӣ сабаби хушксолӣ мегардад, ки ба хоҷагии қишлоқ зарар меоварад.

Ба ҳама маълум аст, ки пирях сарчашмаи оби тозаи нӯшокӣ мебошад. Об ба аҳолии тамоми замин ва ҷонварон муҳим аст. Барои пайдо шудани дарёву кӯҳҳои нав ба нав низ мо – пиряхҳо мусоидат мекунем.

Мехоҳам таъкид намоям, ки обшавии тези ман ба тағйирёбии иқлим оварда мерасонад. Сатҳи оби уқёнусҳо баланд мешавад ва ҳатто сифати оби уқёнус низ метавонад тағйир ёбад. Ин чиз мувозинати табиатро вайрон карда дар ниҳоят ба фалокати бузург оварда мерасонад. Олимон исбот кардаанд, ки маҳз фаъолияти нодурусти одамони бемасъул сабабгори обшавии мо шудааст. Сӯхтани сӯзишвориҳо, маъдану канданиҳои табиӣ, ҷамъшавии газ дар ҳаво, ҷамъшавии партови зиёд, ифлосшавии об – ҳамааш бар зарари мост.

Албатта, шумо медонед, ки дар байни ҳама сайёраҳо фақат дар Замин ҳаёт вуҷуд дорад. Тамоми мавҷудоти зинда аз неъматҳои Замин – обу хоку ҳавояш истифода мебаранд.

Ман, пирях Федченко аз номи худ ва номи хешу таборонам аз шумо хоҳишу илтиҷо мекунам, ки нисбати обшавии шадиди пиряхҳо бетараф набошед, зеро ҳаёту мамоти мо дар дасти шумост, одамон! Агар шумо ҳамин корҳои оддиро риоя кунед, пеши роҳи обшавии моро мегиред.

– Обро эҳтиёт карда ба маврид истифода баред.

– Вақте даст, ё дандон мешӯед, чумаки обро маҳкам кунед.

– Мошинаи ҷомашӯйиро низ дурусту сарфакорона истифода баред.

Як дона либос неву онро пур карда баъд истифода баред.

– Аз кондитсионерҳо то ҳадди имкон кам истифода баред.

– Ҳамон қадар хӯрокро гиред, ки хӯрда метавонед.

– Ҳар чӣ зиёдтар дарахт шинонед.

– Партовро фақат дар партовгоҳ ё қуттиҳои махсус партоед.

– Техникаи бе зарарро истифода баред.

– Қувваи барқро сарфакорона истифода баред.

Одамҳо! Бовар кунед, ки маҳз ҳамин корҳои оддӣ саҳми шумо барои пешгирии фалокат мешавад. Ҳар кори бузург аз қадами аввалин сар мешавад. Ин қадамро худи ҳозир гузоред.

Гулсара Авазова,

узви ИТН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь