Русия сарфи назар аз таҳримҳои дастаҷамъии ба истилоҳ «ғарбӣ” таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар Осиёи Марказӣ мавқеи пешсафро нигоҳ дошт.

Айни замон ин мамлакат шарикиро бо панҷ кишвари минтақа таҳким бахшида, дар маҷмӯъ ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон, аз ҷумла, дар тамоми доираи муносибатҳо, густариш медиҳад.

Дар Тоҷикистон огоҳанд, ки аз бисёр ҷиҳат вобастаи Русия ҳастанд. Кишвар, ки дар айни замон асосан аграрии дорои 10 миллион нафар аҳолӣ аст, ба технологияҳои нав ва воридоти молҳои саноатие, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол карда намешаванд, вобаста аст. Акнун кишвар бояд ба воқеияти нави тартиботи ҷаҳоние, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 оғоз шуда буд, мутобиқ шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳоест, ки оқибатҳои таҳримҳои Вашингтон ва ёронаш алайҳи Русияро дарҳол пас аз оғози амалиёти вижаи нерӯҳои Русия дар Украина дар моҳи феврали соли 2022 эҳсос кард.

Душанбе иддао дорад, ки таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад ва ин омил мақомоти кишварро водор кардааст, ки роҳи ҳалли мушкилро ҷустуҷӯ кунанд.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, рӯзи 18-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия аст ва ҷорӣ кардани таҳримҳо (алайҳи Русия) табиист, ки ба бархе аз самтҳои стратегии мо таъсир мерасонад”.

Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ки яке аз рукнҳои аслии меъмории равобити стратегии Тоҷикистону Русия аст, дар моҳи марти соли ҷорӣ рӯзҳои сахтеро паси сар карданд. Тадбирҳои андешидашуда имкон доданд, ки кор дар шароити нав ба роҳ монда шуда, муомилоти молӣ байни ҳарду кишвар қариб 50 дарсад зиёд карда шавад.

Русия дар садри феҳристи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин замина аз Ғарби иттиҳодбаста хеле пештар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, гардиши савдои хориҷии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 дарсад афзуда, ба 3 миллиарду 510 миллион доллар расидааст. Саҳми Русия дар ин маблағ 21,3% аст.

Барои муқоиса, саҳми Фаронса, Белгия, Ҷопон, ИМА, Олмон ва Итолиё дар маҷмӯъ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ қариб 8 дарсадро ташкил дод.

Дар охири даҳсолаи дуюм ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи нави зиддибӯҳронии иборат аз панҷ қисм ва 50 бандро тасдиқ кард. Дар ин санад ҳамчунин тадбирҳои таъмини воридкунандагони тоҷики арзи хориҷӣ ва гузаштан аз доллари амрикоӣ ба рублу юан дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо Русия ва Чин низ баён шудааст.

Ба гуфтаи Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, чанд вохӯрии бомуваффақият бо воридкунандагон баргузор шуд, ки дар он имкони гузариши тиҷорат бо Русия ва Чин аз доллари амрикоӣ ба пули миллии ин кишварҳо баррасӣ шудааст.

Ӯ қайд кард, ки гузаштан аз як асъор ба асъори дигар ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо кишварҳои дигар пеш аз ҳама ба тавоноии бахши хусусӣ вобаста аст.

«То кунун 70 дарсади қарордодҳои молу маҳсулоти воридкунандагони тоҷик аз Русия бо рубл анҷом дода шудаанд. Ин нишондиҳандаи хеле хуб аст», – гуфт ӯ рӯзи 14-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Завқизода ёдовар шуд, ки моҳи майи соли 2022 кишварҳои ИДМ санадеро қабул карданд, ки дар он истифодаи пули миллӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила пешбинӣ шудааст.

Коршиносон бар ин боваранд, ки дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо Русия аз доллари амрикоӣ ба рубл гузаштан барои Тоҷикистон мушкиле набуд, зеро интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ, ки асосан дар Федератсияи Русия кор мекунанд, аз ҳаҷми воридоти маҳсулоти Русия ба маротиб бештар аст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, интиқоли пулии шахсони воқеӣ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, ки тавассути низоми пардохт сурат гирифтааст, дар соли 2021 нисбат ба як соли қабл 3,1% афзоиш ёфта, қариб ба 1,8 миллиард доллар расидааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни ҷумҳурӣ ва Русия, ки дар соли гузашта 1 миллиарду 350 миллион долларро ташкил дод, 1 миллиарду 280 миллион доллараш ба содироти колоҳои Русия ба бозори Тоҷикистон рост меояд.

Комрон САФАРОВ, таҳлилгари масоили иқтисодӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь