13-уми феврал дар шаҳри Душанбе семинари (мастер-класс) навбатӣ аз ҷониби коршиносони миллии ЮНИДО оид ба истеҳсоли лавозимоту ҷузъиёти занона бо истифодаи матоъҳои суннатии (анъанавии) тоҷикӣ барои кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Гулдастон” ва ҶДММ “Ноҳид” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур 20 нафар кормандони корхонаҳои номбурда иштирок карданд, ки дар марҳилаи дувум ба лоиҳаи ЮНИДО «Модернизатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва бофандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамроҳ шудаанд.
Истеҳсоли лавозимоти дастӣ бо истифодаи матоъҳои махсус ба монанди атлас ва адрас барои ин корхонаҳои дӯзандагӣ як самти нави фаъолият мебошад, аз ин рӯ иштирокчиёни ин мастер-класс тамоми занҷири эҷоди маҳсулоти нодирро аз сифр сар карда меомӯзанд. Сумкаҳои занона, клатчҳо, ҳамёнҳои косметикии бо сабки анъанавии тоҷикӣ омодашуда имрӯз дар байни харидорони дохилӣ ва хориҷӣ хеле маъруфанд. Маҳсулоти аввалине, ки дар давоми машғулиятҳои амалӣ истеҳсол карда шуда буданд, дар намоишгоҳҳо бо ҳангомаи зиёд харидорӣ карда мешаванд. Чунин натиҷа, албатта, корхонаҳои маҳаллиро водор мекунад, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалии сифат кор кунанд ва тадриҷан истеҳсоли маҳсулоти нодирро афзоиш диҳанд.
Муваффақиятҳои корхонаҳо дар ин самт аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода, ки дар яке аз чунин семинарҳои ЮНИДО ширкат варзида буд, қайд гардид. Ҷаноби Файзуллозода ба фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон» ва ҶДММ «Ноҳид» аз наздик шинос шуда, бо роҳбарият ва кормандони ин корхонаҳо суҳбат гузаронид. Дар рафти суҳбат директори Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон» Шаҳло Ватанова дар бораи дастовардҳои ин корхона нақл карда, маҳсулоти бофандагӣ ва қолиниро намоиш дод, ки ҳамагӣ шаш моҳ қабл бо дастгирии лоиҳаи ЮНИДО ба истеҳсоли он шуруъ кардаанд. Имрӯз пашм барои калобаҳои қолинӣ дар ВМКБ (ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа) истеҳсол карда шуда, риштаҳо бошад, дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бофта мешаванд. Ҳамин тариқ, лоиҳа ба татбиқи рафтори кластерӣ мусоидат намуда, занҷиреро бо иштироки як қатор корхонаҳо ва гуруҳҳои ҳунарӣ ба вуҷуд меорад. Ин рафтор имкон медиҳад, ки сифати маҳсулотро аз истеҳсоли ашёи хом сар карда, то ба фурӯш рафтани он назорат кунем.
Иштирокчиёни мастер-класс гуфтанд, ки барояшон бениҳоят зарур буд, то саводнокии худро оид ба асосҳои тарроҳӣ, тарзҳои ороишу ташкили муосир, тамоюлҳои мӯд ва стандартҳои истеҳсолот баланд бардоранд ва айни ҳол донишу малакаи пайдокардаашонро дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш татбиқ мекунанд.
– Мо аз коршиносони ЮНИДО барои дониши гирифтаамон хеле миннатдорем. Имрӯз мо озодона ғояҳои худро пешниҳод менамоем, озмоиш мекунем ва кӯшиш мекунем, ки хоҳишҳои мизоҷонамонро пешгӯӣ намоем. Пештар ман фикр ҳам намекардам, ки аз атлас ингуна лавозимоти (аксессуарҳои) зебо сохтан мумкин аст, ё чӣ гуна гулдӯзии анъанавии моро бо тарҳи маҳсулот метавон якҷоя кард ва ҳамаи ин метавонад дар байни мӯдпарастони тоҷик талабот дошта бошад!,- мегӯяд яке аз кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон».
Заробиддин Файзуллозода дар навбати худ сифати баланд доштани маҳсулоти ин корхонаҳоро қайд карда, таъкид намуд, ки лоиҳаи ЮНИДО барои рушди корхонаҳои нассоҷӣ ва қолинбофии тоҷик аҳамияти калон дорад ва дар тақвияти иқтидори содиротӣ саҳми арзандае мегузорад, ҳамзамон барои вусъатдиҳии хати истеҳсолот, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ, беҳтаркунӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандон ва инчунин барои пешбурди маҳсулоти тоҷикӣ дар бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳти бренди ягона мусоидат менамояд.
Вазир ҷиҳати таҳкими иқтидори кадрӣ, ҳамкорӣ дар баланд бардоштани сифати ашёи хом ва ба роҳ мондани алоқа бо харидорон як қатор тавсияҳо дода, махсусан маслиҳат дод, ки таҳлили корхонаҳои истеҳсолкунандаи ашёи хом дар соҳаи қолинбофӣ дар ҷануби мамлакат гузаронида шавад.
Вазири саноат ва технологияҳои нав ба гуруҳи коршиносони лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар миннатдорӣ баён намуда, изҳори умед кард, ки дар ояндаи наздик маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо хоҳад намуд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Модернизатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва бофандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии техникии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Донори лоиҳа Ҳукумати Федератсияи Россия мебошад.
Таҳкими фаъолияти ду корхонаи дӯзандагии шаҳри Душанбе
Блоки рекламавӣ