Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба як абзори асосии
ҷалби сармоя, ҳавасмандгардонии рушди саноат ва таҳкими ҳамкориҳои
байналмилалӣ табдил меёбанд. Ширкатҳои Русия аз зарфиятҳои МОИ-и
Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳои бузурги ба рушди саноати
нассоҷӣ, коркарди ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равонакардашуда
фаъолона истифода мекунанд. Ин ташаббусҳо як қадами муҳим дар роҳи
азнавсозии иктисодиёти ҷумҳурӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии байни
ду кишвар мегарданд.
Дар соли 2023 ҳаҷми сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди
иқтисодии Тоҷикистон 107,9 миллион сомониро ташкил дода,
резидентони ин минтақаҳо дар шакли андозу боҷ ба буҷаи давлат 48,9
миллион сомонӣ пардохт кардаанд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар
МОИ 445,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022
25,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

МОИ-и Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) амал
мекунанд: Данғара, Ишкошим, Панҷ, Суғд ва Кӯлоб. Дар ин минтақаҳои
иқтисодӣ ҳам ширкатҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ сабти ном шудаанд, ки аз
имтиёзҳои махсуси андозӣ бархӯрдоранд. Аз ҷумла, дар МОИ-и
Тоҷикистон мизонҳои сифрии андоз аз даромад, андоз аз арзиши
иловашуда (ААИ), андоз аз истифодаи роҳҳо, фурӯши пахта ва алюминийи
аввалия, захираҳои табиӣ муқаррар ва инчунин, боҷҳои гумрукӣ барои
содироти маҳсулоти дар ин минтақаҳои иқтисодӣ истеҳсолшуда бекор
карда шудаанд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» соли 2009 таъсис ёфта, дар
қисмати ҷанубу ғарбии саноатии шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст ва
масоҳати он 320 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди он низоми махсуси
гумрукӣ ва андозӣ, инчунин, тартиби соддакардашудаи бақайдгирии
субъектҳои соҳибкорӣ амал мекунад. Минтақаи озоди иқтисодии
«Данғара» бо масоҳати 521,03 гектар яке аз минтақаҳои пешрафтаи
иқтисодии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин минтақаи иқтисодӣ
корхонаҳои истихроҷ ва коркарди нафт, истеҳсоли конструксияҳои
металлӣ, маснуоти пластмассӣ ва коркарди хушкмева амал мекунанд.
МОИ-и «Панҷ» бо масоҳати 401,6 гектар ба бахшҳои тиҷоратию
молиявӣ ва саноатӣ ҷудо карда шудааст. Минтақаи иқтисодии мазкур дорои
захираҳои зиёди ашёи хом, аз ҷумла реги квартсӣ ва пахтаи хом, инчунин,
барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дорои инфрасохтори пешрафта
мебошад. МОИ-и «Ишкошим» соли 2011 таъсис ёфта, бо масоҳати 200
гектар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ гардидааст. Ин минтақаи иқтисодӣ дорои иқтидори ғании табиию рекреатсионӣ мебошад,
ки ба рушди сайёҳӣ ва гидроэнергетика дар минтақа мусоидат менамояд.
Дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” якҷоя бо ширкати русии
«БТК ГРУПП» маҷмааи бофандагию дӯзандагӣ таъсис дода мешавад,
ки барои коркарди 43 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол пешбинӣ
шудааст.
МОИ-и «Кӯлоб» яке аз ҷавонтарин минтақаҳои иқтисодии кишвар
мебошад, ки дар вилояти Хатлон ҷойгир шудааст ва ба рушди саноати
нассоҷӣ ва кишоварзӣ равона карда шудааст. Фаъолияти субъектҳои ин
минтақаи иқтисодӣ асосан ба ҷалби сармоя барои коркарди пахта ва
истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии тайёр равона карда шудааст. Масоҳати
минтақа 309 гектар буда, дар он барои кушодани корхонаҳои нав шароити
мусоид, аз ҷумла имтиёзҳои содиротӣ ва расмиёти содакардашудаи
маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳадаф аз таъсис ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон
– ин ҷалби сармоя, ҳавасмандгардонии истеҳсолоти саноатӣ ва тақвияти
бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт мебошад, ки ин ба рушди умумии
иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.

Сармоягузориҳои байналмилалӣ

Русия бо истифода аз иқтидори минтақаҳои озоди иқтисодии
ҷумҳурии мо барои ҷорӣ намудани навовариҳо, ҳавасмандгардонии
сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон ҳамкориро
фаъолона густариш медиҳад. Дар охири моҳи ноябри соли 2023 дар
вилояти Хатлон форуми байналмилалии «Дурнамоҳои рушди минтақаҳои
озоди иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар он имкониятҳои сармоягузории
МОИ-и Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Ин чорабинӣ як қадами муҳим
барои ҷалби ширкатҳои русӣ ва фаъолгардонии (тақвияти) иштироки онҳо
дар лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон гардид.
Корманди пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи
Академия миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои
иқтисодӣ Баҳодур Маҳкамов: “Ҷониби Русия сохтмон ва таъминоти
таҷҳизоти техникии ин маҷмааро ба уҳда мегирад. Ин на танҳо ба
рушди саноати бофандагӣ мусоидат мекунад, балки барои аҳолии
маҳаллӣ 6000 ҷои корӣ фароҳам меорад.
Корманди пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои
иқтисодӣ Баҳодур Маҳкамов қайд намуд, ки саноати нассоҷии Тоҷикистон
дар марҳилаи эҳёи фаъол қарор дорад ва дар ин раванд ҳамкорӣ бо Русия
нақши муҳим мебозад: «Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ то соли 2030
азнавсозии васеъмиқёс, беҳтаркунии сифати маҳсулот ва фароҳам овардани
шароитҳои ҷолиб барои сармоягузории хориҷиро пешбинӣ мекунад. Барои навкунии истеҳсолоти амалкунанда ва бунёди иншоотҳои нав аллакай
зиёда аз 100 миллион доллар маблағгузорӣ карда шудааст. Русия шарики
асосии Тоҷикистон буда, ба мо технологияҳои пешрафтаро дастрас ва дар
пешбурди содирот мусоидат мекунад”.
Дар ҳудуди МОИ-и «Панҷ» бунёди корхонаи муштарак барои
истеҳсоли коргоҳҳои сайёри таъмири автомобилҳо таҳти тамғаи
«Промавто» (Нижний Новгород) дар заминаи мошинҳои машҳури
Русия ГАЗ, КАМАЗ ва Урал ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаи мазкур
ҳамкориҳоро дар соҳаи мошинсозӣ таҳким бахшида, ба Тоҷикистон
имкон медиҳад, ки истеҳсоли қисмҳои мошинро маҳаллӣ гардонад.
Илова бар ин, эҳёи саноати абрешим, ки замоне Тоҷикистонро берун
аз марзҳояш машҳур гардонида буд, дар назар аст: «Дар замони Шӯравӣ
комбинатҳои абрешими Хуҷанд ва Душанбе бо маҳсулоти худ машҳур
буданд. Имрӯз ба шарофати технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя мо
имкони дубора баргардонидани ин иқтидорро дорем. Русия дар тараққиёти
саноати бофандагии кишвар нақши калидӣ мебозад. Ба шарофати шарикӣ
бо Русия ба мо на танҳо технологияҳои муосирро татбиқ карда метавонем,
балки ба бозорҳои калон дастрасӣ пайдо мекунем. Маҳсулоти мо на танҳо
дар Русия, балки дар дигар кишварҳо низ серталаб аст», – қайд намуд
коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, дар МОИ-и Кӯлоб барои бунёди корхонаҳои бофандагию
ресандагӣ аллакай 12,5 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст: “Пас аз анҷом
ёфтани сохтмон дар ин корхона барои сокинони маҳаллӣ ҳудуди 6 ҳазор
ҷойи корӣ таъсис дода мешавад, ки ин сатҳи шуғли аҳолиро дар минтақа ба
таври назаррас боло мебарад. Маҷмаа ба коркарди пурраи пахта дар дохили
ҷумҳурӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифати нассоҷӣ, ки дар бозорҳои
дохилӣ ва хориҷӣ серталаб аст, равона карда мешавад».
Ба ғайр аз нассоҷӣ, Русия дар бунёди инфрасохтори коркарди дигар
намуди ашёи хом, аз қабили пӯст ва пашм низ саҳм мегузорад, ки ин ба
афзоиши содироти маҳсулоти тайёр мусоидат менамояд. Аммо, сарфи
назар аз ин дастовардҳо, дар соҳаи саноат мушкилотҳои (чолишҳои) зиёд
низ ҷой доранд, аз ҷумла: зарурати таҷдиди таҷҳизоти истеҳсолӣ, зиёд
кардани ҳаҷми коркарди ашёи хом ва пешбурди брендҳои миллӣ.
«Амалигардонии стратегияи саноатикунонӣ то соли 2030 калиди ҳалли ин
мушкилотҳо хоҳад буд. Ин стратегия на танҳо мавқеи Тоҷикистонро дар
бозорҳои ҷаҳонӣ мустаҳкам мекунад, балки барои таъсиси ҷойҳои нави
корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва беҳбудии вазъи иқтисодии кишвар низ
мусоидат менамояд”, – хулоса мекунад Баҳодур Маҳкамов.
Дар Душанбе, дар ҳудуди собиқ корхонаи «Тоҷиктекстилмаш»
нахустин парки технологии Русияву Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Ин лоиҳа барои ҷорӣ кардани технологияҳои баланд, ки ба ниёзҳои
бозори маҳаллӣ нигаронида шудаанд, замина хоҳад гузошт. Инчунин, дар давоми се соли оянда таъсиси 30 парки технологӣ дар шаҳру
ноҳияҳои гуногуни ҷумҳуриамон ба нақша гирифта шудааст.
Якчанд лоиҳаҳои дигари ояндадорро низ метавон қайд кард. Дар
МОИ-и «Суғд» ва «Кӯлоб» бо кумаки сармоягузорони рус ду корхонаи
асосӣ ба кор андохта мешавад: корхонаи тавлиди эфири селлюлоза ва
маҷмааи парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахш. Ҳаҷми умумии
сармоягузорӣ беш аз 2,5 миллиард рублро ташкил медиҳад.
Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар доираи минтақаҳои озоди
иқтисодӣ ва паркҳои технологӣ на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба
таҳкими иқтидори саноатии кишварамон низ мусоидат мекунад. Ҳамкории
саноатӣ ва пайвастшавӣ ба занҷирҳои воридотивазкунӣ барои навсозии
корхонаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди инфрасохтор имконият
фароҳам меорад. Ба шарофати ин кӯшишҳо Тоҷикистон ба як шарики
муҳимми иқтисодии Русия дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

Матлубаи Қ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь