Бо дастгирии ЮНИДО «LA’AL Textiles» аввалин консорсиуми соҳаи саноати сабуки Тоҷикистон хоҳад гардид
Таъсиси консорсиумҳои содиротӣ имрӯз яке аз воситаҳои самараноки ҳавасмандгардонии содирот дар сиёсати тиҷоратии хориҷии кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳисобида мешавад. Муттаҳидсозии муваққатии якчанд ташкилоти тиҷоратӣ таҳти бренди ягона ба онҳо имкон медиҳад, ки дар самти иҷрои фармоишҳои калон якҷоя фаъолият намуда, сармояҳои калонро ҷалб кунанд.
То имрӯз дар соҳаи бофандагии Тоҷикистон мисоли (собиқаи) таъсиси консорсиумҳо мавҷуд нест, гарчанд соҳа кайҳо боз бо зарурати объективии чунин механизмҳо дучор гардидааст (зарурати объективии чунин механизмҳоро эҳсос мекунад). Гуруҳи ЮНИДО вазъи корхонаҳои хурду миёнаи саноати сабуки Тоҷикистонро омӯхта, дар доираи лоиҳаи “Модернизатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва бофандагии анъанавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди худ вазифа гузоштааст, ки консорсиуми содиротиро барои бренди чатрии “LA’AL Textiles” таъсис диҳад, ки он корхонаҳо – баҳрабардоронро, ки маҳсулоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ, қолинӣ, заргарӣ ва туҳфаҳо истеҳсол мекунанд, дар бар мегирад.
Бо ин мақсад коршиносони ЮНИДО як силсила семинарҳо бахшида ба худи мафҳуми «консорсиум» ва инчунин ба муҳокимаи афзалиятҳои ин навъи ҳамгироӣ таҳия (омода) намудаанд. Дар семинари аввал, ки охири моҳи август дар Душанбе баргузор гардид, коршиносони миллӣ ва байналмилалии ЮНИДО, намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, корхонаҳои баҳрабардори лоиҳа, ҳуқуқшиносон ва дигар коршиносони соҳа иштирок намуданд. Бо мақсади риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ баҳрабардорони лоиҳаи ЮНИДО аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар рафти муҳокима тавассути алоқаи видеоӣ ширкат варзиданд.
«Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба рушди соҳибкории хурд ва миёна дар бахшҳои гуногуни соҳаи саноати сабук, рушди инфрасохтор ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос диққати махсус медиҳад. Ба туфайли як силсила ислоҳоти аз ҷониби ҳукумат гузаронидашуда, имрӯз дар кишвар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук идома дорад»,- қайд намуд дар сухани ифтитоҳии худ Содиқҷон Рустамӣ – муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
– Афзалияти ин соҳа бо дастрас будани ашёи хоми ватанӣ, имконияти бо маҳсулоти тайёр таъмин намудани аҳолӣ ва ташкили шумораи зиёди ҷойҳои корӣ, махсусан дар байни занону духтарон дар минтақаҳо, ки ба ҳалли як қатор мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат мекунад, муайян карда мешавад. Аз ин лиҳоз, таъсиси консорсиуми содиротӣ дар саноати бофандагӣ имрӯз ҳамчун як ҳалли саривақтӣ ва самаранок арзёбӣ мегардад. Боварӣ дорам, ки бо ин роҳ корхонаҳое, ки имрӯз таҳти бренди «LA’AL Textiles» фаъолият мекунанд, дар бозорҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи худро ишғол хоҳанд кард,- афзуд ӯ.
Ҳадафи асосии ташкили консорсиум – ин амалӣ гардонидани он мақсадҳои бузургест, ки ширкатҳои иштироккунанда дар алоҳидагӣ ба ин мақсадҳо расида наметавонанд. Иштирок дар ин консорсиум маънои фаъолияти якҷояи ширкатҳоро дар як ё якчанд бахшҳо дорад. Аъзои консорсиум вазифа ва уҳдадориҳоро байни худ тақсим менамоянд ва ба бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ дастрасии баробар доранд. Ин имконияти табодули таҷриба ва захираҳо, такомули касбӣ, нигоҳдории муштараки тавозуни байни хароҷоту фоидаҳо ва натиҷаҳои тадқиқоту коркардҳоро дар якчанд самтҳо фароҳам меоварад. Дар қатори афзалиятҳо имконияти истифодаи хусусиятҳои мусбати бренд барои рушди дарозмуддати ширкат, дастрасӣ ба азхудкунии боз ҳам устувортари (ишғоли) бозорҳои нав, коркарди маҳсулоти нави муштарак, таъмини сифати баланди ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ ва ғайраро номбар кардан мумкин аст. Дар ин бора коршиноси пешбари байналмилалии лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон Анита Травиани нақл кард.
– Албатта, дар таъсиси ягон иттиҳодия ё созмон пеш аз ҳама ташкили замина ё таҳкурсии он хеле муҳим аст. Маҳз эътиқоди иштирокчиён ба ноил шудан ба ҳадафҳои умумӣ ин таҳкурсиро ташкил медиҳад. Ин аз нуқтаи назари оғози муҳокимаи кушоди формати якҷояшавӣ, ба мувофиқа расидан ва тасдиқи омодагии ширкатҳо барои иштирок ва рушди фаъолияти консорсиум хеле муҳим аст,- қайд намуд Анита Травиани ҳангоми нақлаш дар бораи таҷрибаи Италия дар ташкили фаъолияти консорсиумҳои калон, ки онро дар Тоҷикистон низ татбиқ кардан мумкин аст.
Таъсиси консорсиумҳои содиротӣ имрӯз яке аз воситаҳои самараноки ҳавасмандгардонии содирот дар сиёсати тиҷорати хориҷии кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳисобида мешавад. Муттаҳидсозии муваққатии якчанд ташкилоти тиҷоратӣ таҳти бренди ягона ба онҳо имкон медиҳад, ки дар самти иҷрои фармоишҳои калон якҷоя корбарӣ намуда, сармояҳои калонро ҷалб кунанд.
Таъсиси консорсиуми содиротӣ дар бахши бофандагии соҳаи саноати Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони лоиҳаи ЮНИДО ҳанӯз дар оғози марҳилаи якуми лоиҳа ба нақша гирифта шуда буд. Дар ин муддат, ба ғайр аз кумаки техникӣ, ташхиси иқтидорҳои саноатии корхонаҳои баҳрабардор низ гузаронида шуда, таҷҳизоти навтарин дастрас карда шуд ва ин имкон дод, ки сифат ва миқёси истеҳсоли ширкатҳои нассоҷӣ ва қолинбофӣ ба таври назаррас беҳтар карда шавад.
Сарвиноз Ҷунайдова – ҳамоҳангсози миллии техникии лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон зимни муаррифиаш дар бораи муваффақиятҳо, дастовардҳо ва нақшаҳои муштараки коршиносон ва баҳрабардорони лоиҳа чунин гуфт: «Мо интизор ҳастем, ки таъсиси Консорсиуми миллии содирот мавқеи стратегии корхонаҳои Тоҷикистонро дар ҷойҳои мувофиқи худ маҳз аз нуқтаи назари эҷоди як занҷири пурраи арзиши иловагӣ дар бахшҳои қолинбофӣ ва бофандагии хонагӣ тақвият хоҳад дод. Вазифа аз он иборат аст, ки корхонаҳо мустақилона ба истеҳсоли маҳсулоти истисноӣ дар доираи консепсияи ягона ва дар миқёси саноатӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ шуруъ кунанд. Ин ҳамчун як имконияти олӣ барои таблиғи (пешбарии) маҳсулоти «Made in Tajikistan» дар бозорҳои хориҷӣ хизмат хоҳад кард».
Нигина Шодиева – мушовири ҳуқуқии лоиҳаи ЮНИДО ба баҳрабардорони лоиҳа нақл кард, ки “консорсиум” аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чӣ маъно дорад, чӣ гуна эҷод ва идора карда мешавад. Дар рафти муҳокимаҳо роҳбарони корхонаҳо аз ҳуқуқшинос ва коршиносон дар мавриди он, ки аз иштирок дар ин шакли ҳамгироӣ чӣ гуна фоида ва хароҷотҳо интизор шудан мумкин аст, оид ба эҳтимолияти аз даст додани истиқлолияти ҳуқуқӣ ё иқтисодии корхона ва инчунин оид ба тарзи роҳбарӣ ва шакли ҳамкории иштирокчиён аз ҷиҳати молиявӣ пурсон шуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Семинари навбатӣ, ки дар доираи ин силсила ба нақша гирифта шудааст, ба муҳокимаи муфассали механизмҳои мушаххаси ташкили консорсиум, шакл ва сохтори идоракунӣ, инчунин шароити иштироки баҳрабардорон бахшида мешавад. Инчунин, дар рафти он иштирокчиён метавонанд ба саволҳои худ посухҳои муфассал гиранд.
«ФАРАЖ»