Мӯҳтарам ҷаноби Пиёз!

Шумо хоҳ пиёзи кундор бошед, хоҳ бекун. Шумо хоҳ пиёзча бошед, хоҳ сарпиёз. Шумо хоҳ дар ярмарка ширкат карда бошед, хоҳ не. Шумо хоҳ аз дасти деҳқон сабз шуда бошед, хоҳ аз дасти чупон, хоҳ дар парнику хоҳ дар саҳро. Ман назди Шумо аз рӯйи картошка шикоят дорам.

Аз коридани картошка дастонам обила шуданду ришам то ба нофам расид. Аз пушти оби он бо ними деҳа, ҳам бо хешу ҳам бо бегона, қаҳрӣ шудам. Вале нархи ин сабилмонда аз якуним сомонӣ боло нашуду нархи шумо ба ҳашт сомонӣ расид. Аслан, сабзи кориданӣ будам, ки якбора нархаш ба 12 сомонӣ расида буд, аммо ба умеди он ки нархи ин сабилмондаи картошка боло меравад, картошка коридам.

Бо шунидани нархи пиёз алами мани деҳқон, ки аз хурдӣ дар замини кишти картошка бузург шудаам, дучанд шуд.

Медонед барои чӣ?

Барои он, ки тамоми мавсим барои парвариш ва кишти картошка меҳнат мекунем. Вале ҳангоми ба бозор баровардан, нархи картошка ба замин яксон мешавад.

Бале, хонанда! Дуруст фаҳмидӣ.

Деҳқон картошкаро бо нархи хоки сиёҳ мефурӯшад. Боз такрор мекунам, деҳқон! На ягон савдогари беинсоф! Вақти фурӯши картошка савдогар онро чунон арзон ва чунон паст мезанад, ки ҳамон лаҳза тайёрӣ линчаи картошкаро гирифта ба сари он беинсоф заниву аз ин хархашаву хориву зорӣ халосӣ ёбӣ.

Мепурсед, ки чаро хориву зорӣ?

Барои он ки ман рӯзи дароз дар офтоби гарм каланд мезанам кишти картошкаро. Шаб хобамро ҳаром карда, то субҳ миробӣ мекунам. Аммо ин картошкаи ноинсоф дар охир ҳамаи меҳнатҳои маро ба сифр баробар мекунаду маро доим навмед ва шарманда мекунад.

О, картошкаи ноинсоф, ту медонӣ ки барои ту шуда охирин маблағамро сарф карда, дору харидам, то туи ноинсоф бузург шавӣ. Ту бошӣ, бузург шуда ба ҷои он ки ба ман фоида оварӣ, баръакс, маро назди пиёзпарвар шарманда кардӣ. Умедҳои маро, ки нияти харидани “Лексус” карда будам, барҳам задӣ, туйи фарзандонамро мехостам гузаронам, волидайнамро ба ҳаҷ фиристам. Акнун ман ин умедҳои ширинамро ба кӣ гӯям картошкаи бераҳм?

Замоне нархи пиёз поин буд, пиёз ҳеҷ қадру қимате надошт. Мардум тонна-тонна пиёзро бароварда, ба ҷариҳо холӣ мекарданд. Он вақт ман зиёд хурсанд будам. Сабаби хурсандиям ту будӣ. Чун ҳамон сол нархи туи эркатулфор каме боло рафта буд. Бале, камтарак қиматтар шуда будӣ. Вале мани сода ба ҳаминаш ҳам шукр гӯён, ҳатто замини кишти ғалларо аз сар ҷуфт карда, ба ҷои ғалла туро коридам. Ҳайҳот, ки тири мани камбағалу сода боз ҳам хок хӯрд.

Бо шарофати ту буд, ё пешонаи шӯри ман, ки ҳамон сол ба деҳаи мо оби полезӣ мисли тухми анқо шуда монд. Дигарон зӯр баромаданду боз мани камзӯр мондаму замини аз беобӣ хушк гардидаам.

Ба умеди нархи гарони ту шуда, имсол аз ҳосили ғалла ҳам мондам. Зимистон коҳ нест, гов шир надод. Занак ҳар рӯз бо ман дар ҷанҷол, ки аз пушти картошкаи ноинсофу бехосияти ту шуда, кӯдакҳо рӯи ҷурғоту ширро надиданд. Ҳатто ҳайвони безабон ба забон даромада, барои ту шуда маро дашном медод, ки “ман коҳ надорам”.

Ин ҳама паси сар шуд. “Ба гузашта салавот” гуфтам ва бо умеде, ки ту имсол низ қимат мешавӣ, аз ҳамсояҳо қарз карда, аз деҳаи ҳамсоя, ки обаш доим фаровон буд, замин гирифтам. Дар як гектар замин кишт кардамат. Худам нахӯрдаму туро хӯрондам.

Шабҳои бехобӣ.

Ин ҳама ба умеди он ки нархи туи сабилмонда боло мераваду қусури соли гузаштаро мебарорам ва забонам назди занаку гови ширдеҳ дароз мешавад.

Вале мани сода, аз куҷо донам, ки одати ба хун даромада, ба хун мебарояд. Баъди ҷамъ кардани ҳосил ҳатто ягон савдогари ноинсоф низ ба суроғат наомад. Баръакс, ман ба суроғи савдогар рафтам. Барои ту шуда назди ин табақаи ҷаллобу савдогар сар хам кардам. Аммо ин ҳама кӯшиши ман бенатиҷа буд. Боз ҳам туро бо нархи пасттарин фурӯхтам, ки агар 10 килои туро фурӯшам, баъд як кило пиёз медод. Дигар фарзандҳо ҳам аз хӯрдани картошкапалав ба дод омаданд. Чӣ кор кунам охир, барои дигар хӯрок пиёз лозим. Аммо ман деҳқони пиёзпарвар набошам…

Ҷаноби Пиёз, бовар кунед, назди шумо шармандаву шармсорам. Вақте шуморо ба ҷариҳо мепартофтанд, мани бехабару нодон аз шумо рӯй гардонида будам. Ҳоло бошад, шумо гули сари сабади маҳфилҳо шудаед. Ҳатто баъзе кормандон аз сардори худ талаб доранд, ки ба ҷои моҳонаашон ду линча пиёз диҳад. Онҳо ҳам иштиҳо доштаанд-дия. О, камтар инсоф кунед, аққалан як линча гӯед!

Мӯҳтарам Пиёз-ако, чӣ мешуд, ки ҳамин картошкаи сабилмондаро низ ба шогирдиатон мегирифтеду камтар таълим медодед ва роҳи қимат шуданро низ меомӯзонидед. Ин картошкаро ақли худаш ба ин корҳо намеравад. Чӣ мешуд ман низ бо шарофати шумо соҳиби мошину хонаву дар мешудам. То ба кай дар квартира мешинаму ҳар рӯз бо автобуси пур ба кор рафта меоям?

Пиёз-ако, шумо медонед, ки дигар дар ҳама ҷо эҳтиром доред. Дигар ҳар куҷо номи шуморо ба забон оварданӣ шаванд, бо эҳтиёт сухан мекунанд. Мабодо, ки дили нозукатонро наозоранду шумо аз мамлакати мо қаҳр карда равед. Дигар мо бе шумо чӣ кор мекунем?…

Тавба кардам, тавба кардам, ба ҳар сухан фариштаҳо омин мегӯянд. Нашавад, ки дигар мардум дар қиматӣ ва дастнорас будани шумо маро гунаҳкор созанд.

Дирӯз фаҳмидам, ки баландии нархи шуморо ҷаноби Шавкат Бобозода, директори Оҷонсии содироти Тоҷикистон ба номусоид омадани боду ҳаво рабт додааст. О, чаро ҳамин номусоидии ҳаво ба картошкаи сабилмонда таъсир намекунад?!

Аслан, дар худи картошка ҳам айб аст. Бисёр нозуку серталаби ширин аст. Мисли шумо тез мешуд, ки мардум дигар аз қафояш медавиданд. Ландаҳур, ки буд, дигар ландаҳур мемонад.

Аз имсол дигар картошка намекорам, танҳо ва танҳо пиёз кишт мекунам. Бас аст, дигар аз паси картошка сарсону саргардон шудан. Пиёз кишт карда мисли дигарҳо мошинсаворӣ мекунам. Як бор мо ҳам аз давлати Пиёз-ако каттагӣ кунем, чӣ кор мекунад?!

Деҳқони картошкапарвар,

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь