Прокуратураи вилояти Хатлон баҳри ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории меҳнатро дар мавриди пардохти саривақтии музди меҳнат дар соли 2022 мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дод.

Муайян кард, ки ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар ҳудуди вилоят қарздории музди меҳнат 6.301.253 сомониро ташкил медод, ки он асосан аз солҳои пешин пайдо шуда, қарзҳои бештар ба ҶСК “Азот”-и шаҳри Левакант, ҶСК “Тоҷикхимпром” ва ҶДММ “Талко Кемикал-и ноҳияи Ёвон тааллуқ дошта, аз ҳисоби аз фаъолият қисман ва пурра боз мондани чамъиятҳои зикршуда пайдо шудааст, ки прокуратураи вилояти Хатлон оид ба кам кардани қарздорӣ чораҳои амалӣ андешида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ то 1 декабри соли 2022 аз 6.301.253 сомонӣ ба116.031 сомонӣ ё худ 98% қарздории музди меҳнат кам карда шудааст.

Чунончи, ҳангоми санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории меҳнат дар фаъолияти ҶДММ «Талко Кемикал»-и ноҳияи Ёвон маълум гардид, ки  Сироҷов Н.М. аз 17 марти соли 2021 ин ҷониб вазифаи директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Талко кемикал” дар ноҳияи Ёвонро муваққатан иҷро карда истода, ҳамчун шахси корфармо ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти роҳбарияш бархилофи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, ба кормандони Ҷамъияти мазкур Раҷабов Тоирҷон Акрамович, Мирзораҷабов Бозор Ҳусейнович, Ҷабборов Муҳаммадӣ Саъдуллоевич, Қурбонов Олимҷон Мусулмонович ва дигарон зиёда аз ду моҳ музди меҳнаташонро сари вақт пардохт накардааст.

Инчунин, корфармо Сироҷов Н.М. дар асоси фармоишҳои худ давоми соли 2021 ва давраи сипаришудаи соли 2022 кормандони ҷамъият, Раҳимов Умед Файзуллоевич, Зубайдов Файзилҷон Каримович, Тағоев Аҳрор Маҳмадюсуфович ва дигаронро аз кор озод карда, вале маблағҳои пардохтшавандаро ҳангоми аз кор озод кардани кормандон пардохт накарда, талаботи қонунҳо оид ба меҳнатро вайрон намудааст.

Нисбати Сироҷов Н.М. бо моддаҳои 153 иловаи 1 ва 153 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ бурда шудааст.

Ҳамзамон, Имомов Б. аз 10 ноябри соли 2017 ин ҷониб дар вазифаи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кӯшониён кор карда, ба кормандони идораи мазкур Маманазаров Қ., Холов Қ. муддати ҳафт моҳ, Расулов З., Назаров Ч. муддати панҷ моҳ, Абдуллоев Х., Сафаров Ш. ва дигарон зиёда аз ду моҳ музди меҳнаташонро пардохт накардааст. Вале Имомов Б. ба сохтакории ҳуҷҷати расмии аз ӯҳдадории озодкунанда даст зада, дидаю дониста, ки Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кӯшониён аз музди меҳнати кормандон 174 000 сомонӣ қарздор аст, давоми соли 2021 ва ду моҳи соли 2022 пай дар пай ба шуъбаи омори ҳамин ноҳия ҳисоботи омори давлатии Шакли №1-меҳнатро бардуруғ ҳамчун аз музди меҳнат қарздор набуда, пешниҳод намудааст.

Бинобар ин, бо натиҷаи санҷиш санаи 9 марти соли 2022 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Имомов Б. бо моддаҳои 153 иловаи 1 ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур бо натиҷаи тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суди ноҳияи Кӯшониён ирсол карда шуд.

Ё ин, ки санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории меҳнат дар мавриди пардохти саривақтии музди меҳнат дар фаъолияти беморхонаи марказии шаҳри Левакант муайян гардид, ки сармуҳосиби ин беморхона Сафаров С.Б. бо истифода аз мақоми хизматӣ ба азонихудкунии маблағи давлатӣ даст зада,  бо маслиҳати пешакӣ ба кормандони филиали БДА “Амонатбонк” дар шаҳри Левакант Аҳмади Н. ва Фархов С.Р. ба ному насаби собиқ кормандони беморхонаи марказии шаҳри Левакант Маҳмадшоев М.М., Камолова Г.Ҷ., Сараева Г.Б. ва дигарон суратҳисоби махсус ва кортҳои пластикии бонкӣ тайёр намуда, давоми солҳои 2020-2021 бо истифода аз фонди озоди музди меҳнати ин муассисаи давлатӣ ва бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ  маблағи 663641 сомониро азонихуд карда, ба манфиати шахсиашон сарф ва дар натиҷа ба манфиати давлат ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.

Ин ҳолат аз тарафи прокуратураи вилоят ошкор ва бо натиҷаи санҷиш нисбати Сафаров С.Б., Фархов С.Р., Аҳмади Н. ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳолатҳои риоя накардани кофолатҳои меҳнат дар мавриди рухсатии меҳнатӣ ошкор ва чораандешӣ карда шуд.

Дар ин давра, зимни санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои пешниҳоди ҳисоботи бардуруғи оморӣ дар мавриди таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ ошкор ва чораандешӣ карда шуд.

Дар соли 2022 аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба назорати иҷрои қонунгузории меҳнат дар мавриди пардохти саривақтии музди меҳнат 46 маротиба санҷиш гузаронида, бо натиҷаи он 419 қонунвайронкунӣ ошкор карда,аз натиҷаи санҷишҷиҳати фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда унвонии роҳбарони 227 ташкилоту муассисаҳо амр дода, маблағи 6940909 сомонӣ барқарор ва нисбати 15 санадҳои ғайриқонунӣ эътироз оварда, баҳри бартараф намудану пешгирии минбаъдаи қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 42 пешниҳод ирсол карда шуд. Дар ин самт 50 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 59 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбати 16 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 12 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Прокуратураи вилояти Хатлон минбаъд низ ҳолати риоя ва иҷрои қонунунгзории меҳнатро дар мавриди пардохти саривақтии музди меҳнат зери назорати доимӣ ва мавриди санҷиш қарор дода, барои риоя ва иҷрои қонунгузориҳо дар ин самт чораҳои дахлдор хоҳад андешид.

Амирзода  С.А.,

прокурори ШНУ-и Прокуратураи вилоят, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь