Қоидаву қавонини нав ва маҳдудиятҳое, ки Русия барои муҳоҷирони корӣ тӯли чанд соли ахир роҳандозӣ намудааст, боиси иваз намудани масири роҳи бештаре аз муҳоҷирон ба Қазоқистон гаштааст. Тибқи иттилои Вазорати муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли равон 7862 нафар шаҳрванди тоҷик барои кор ба Қазоқистон рафтаанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки наздикии фарҳангӣ ва талаботи нисбатан осони иҷозат ба кор онҳоро ба Қазоқистон моил мекунад. Ҳамчунин, онҳо мегӯянд, барои гирифтани иҷозатномаи кор дар Русия бояд аз забону таърихи рус имтиҳон супорид, дар ҳоле ки дар Қазоқистон чунин талабот вуҷуд надорад.

Ансорӣ як ҷавони 32-солаест, ки тӯли чор соли ахир ба Қазиқистон барои муҳоҷират меравад ва ӯ аз кораш дар ин кишвар изҳори қаноатмандӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, гарчанде маблағи кориаш аз Русия дида камтар аст, вале дигар бартариятҳояш ӯро қонеъ мегардонад: “Гарчанде дар Қазоқистон баробари Русия маблағи корӣ нест, вале дар ин ҷо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва гаштугузори муҳоҷирон роҳаттар аст. Чунки ҳар сари қадам пулис нигоҳ намедорад ва ҳуҷҷат талаб намекунад, яъне озодӣ дар ин кишвар аз Русия дида беҳтар аст. Ҳамзамон Қазоқистон ба Тоҷикистон наздиктар ва аз нигоҳи фарҳанг низ бароям мувофиқ аст”.

Фирдавс Гулов – як муҳоҷири дигари тоҷик аз ноҳияи Хуросон, ки қаблан ба Русия барои муҳоҷират мерафт, акнун муддати шаш моҳ аст, ки дар Қазоқистон дар як сохтмон ба кор машғул аст. Ӯ мегӯяд, ки дар Қазоқистон дар баробари муносибати хуби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иҷорапулӣ ва харҷи хӯрока низ нисбати Русия арзонтар аст.

– Муносибати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати кормандони сохтмонҳо, шаҳрвандони мо, яъне тоҷикон хеле хуб аст. Дар муддати шаш моҳе, ки дар ин ҷо кор мекунам, боре ҳам корманди ҳифзи ҳуқуқ аз ман ҳуҷҷат напурсидааст ва мушоҳида ҳам накардам, ки ягон нафар аз шиносҳои маро дастгир ё ин ки ҷарима карда бошад. Вале дар Русия ин гуна ҳолатҳоро ҳар сари қадам метавон мушоҳида кард. Иҷоранишинӣ низ нисбат ба Русия арзон аст,- мегӯяд Фирдавс.

Ҳамзамон Фирдавс мегӯяд, ки дар ин кишвар дар як моҳ метавон то 500 – 600 доллари амрикоӣ ва зиёдтар аз он ба даст овард.

То замони пандемия дар ин кишвар тақрибан як миллион муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ фаъолият доштанд. Шумораи дақиқи онҳо маълум нест, чун қисме аз муҳоҷирон дар корхонаву хоҷагиҳои хусусӣ ва бо ҳадафи гурез аз пардохти молиёт ҳуҷҷатҳои худро қонунӣ намекунанд.

Шумораи муҳоҷирони тоҷик меафзояд

Қазоқистон баъди солҳои 2000-ум ба яке аз кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ табдил ёфт. Ин кишвар ҳамасола ҳазорҳо муҳоҷири Осиёи Марказиро ба кишвари худ қабул мекунад. Ҳарчанд дар оғоз муҳоҷирон камтар ба Қазоқистон мерафтанд, вале аз соли 2014 ба ин сӯ, замоне ки Русия бо буҳрони иқтисодӣ ва беқурбшавии рубл рӯ ба рӯ гардид, ин омор афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи системаи иттилоотию таҳлилии “Талдау” нишондиҳандаи шумораи муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ба Қазоқистон рафтаанд, аз соли 2014 то 2018 дар маҷмуъ 18,6% афзоиш ёфтааст.

Ҳоло шумораи дақиқи муҳоҷирони корӣ дар Қазоқистон маълум нест, чун қисме аз муҳоҷирон бо автобус тариқи масири Ӯзбекистон ба ин кишвар мераванд ва бо мақсади гурез аз пардохти маблағи ҳуҷҷат дар корхонаву хоҷагиҳои хусусӣ ғайрирасмӣ кор мекунанд. Тибқи омори расмӣ, пеш аз пандемия тақрибан 14 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон кор мекарданд. Ин арқом аз омори ғайрирасмӣ фарқ мекунад.

Коршинос: Қазоқистон ҷойгузини Русия шуда наметавонад

Дар даврони пандемия, пас аз баста шудани роҳҳо ва сарҳадҳо шуруъ аз моҳи марти соли 2020 нархи билети Русия чанд баробар нисбати нархи қаблӣ афзоиш ёфт, муҳоҷирони тоҷик ба ҳар навъе кӯшиш мекарданд, ки ба Қазоқистон барои кор раванд, чун нархи билети Қазоқистон нисбат ба Русия арзонтар буд. Дар ҳоле, ки сол аз сол шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон меафзояд. Оё имкон дорад, ки Қазоқистон ҷойгузини Русия бошад?

Абдуманнон Шералиев – коршиноси тоҷик бар он назар аст, ки Қазоқистон ҷойгузини Русия шуда наметавонад, чунки чунин зарфиятро надорад. Ҳамзамон ӯ мегӯяд, иқтисоди Қазоқистон мисли Русия нест.

“Баъдан Қазоқистон танҳо кишваре баъди Русия нест, ки муҳоҷирони тоҷик барои кор мераванд. Ҳамин гуна дар Укроин ва Аврупо низ дар 4-5 соли охир шумораи муҳоҷирони кории тоҷик чанд баробар афзудааст.

Солисан, барои аз Русия ба самти дигар гаштани муҳоҷират, на як даҳсола лозим аст. То он замон ба корҳое, ки ҳоло муҳоҷирон анҷом медиҳанд, ниёзе нахоҳад монд – онро техника иваз мекунад”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ин коршинс, гарчанде маҳдудиятҳо қисме аз муҳоҷиронро аз Русия мегурезонад, аммо онро афзоиши солонаи шумораи муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҷуброн мекунад. “Яъне бештар шудани шумораи муҳоҷирон дар кишварҳои дигар ба шумора дар Русия тақрибан таъсир намерасонад”,- илова намуд коршинос.

Вале мақомоти тоҷик мегӯяд, ба Қазоқистон бештар он шаҳрвандони тоҷике мераванд, ки ҳуқуқи ба Русия рафтанро надоранд ё ихроҷ шудаанд.

Директори Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷумъа Раҷабов низ мегӯяд, ки талабот ба Қазоқистон зиёд нест.

– Аз сабаби кам будани маош хоҳишмандон камтар ба ин кишвар мераванд. Шароите, ки ширкатҳои Русия пешниҳод мекунанд, ширкатҳои қазоқистонӣ дода наметавонанд,- илова кард ҳамсуҳбати мо.

Тибқи оморҳои расмӣ шумораи муҳоҷирони ихроҷшуда дар Русия дар соли равон афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилои ВКД Русия, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 шумораи муҳоҷирони ихроҷшуда 1345 нафарро ташкил додааст. Ин шумора дар соли 2020-ум 1139 нафарро ташкил медод.

Ҳамин тариқ, дар соли 2018-ум 13586 ё 3 фоизи шумораи умумии муҳоҷирони кории тоҷик барои кор ба Қазоқистон рафтаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2019 ин рақам 5567 нафарро ташкил медод.

Мақомоти Русия мегӯянд, баҳри рушд додани иқтисод ба он қувваи корие зарурат доранд, ки қонунҳои ин кишварро поймол накунанд. Владимир Зорин, муовини аввали раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Русия таъкид кардааст: “Мо бояд барои одамоне, ки иқтисоди мо ба онҳо ниёз дорад ва дорои тахассуси муайян ҳастанд, шароит фароҳам созем. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки онҳо қонунҳои мо ва меъёрҳои қабулшудаи моро вайрон накунанд”.

– Тибқи иттилои Вазорати муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январ то 18-уми марти соли 2020 (18-уми март бо таъсири пандемия сарҳадҳо баста шуданд) 4574 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба ин кишвар сафар кардаанд,- гуфтааст Владимир Зорин.

Фарзонаи УМАРАЛӢ

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ “Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь