Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молия дар шаҳри Турсунзода хабарнигори МТЖТ бо сардори раёсати мазкур Мирзозода Юсуф суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи онро пешкашӣ хонандагон менамоем.

Чунончи ҳамсуҳбати мо дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи молия дар ҳаёти иқтисодиву моддии ҷомеа нақши асосиро бозида, баҳри пешрафти кишвар замимаҳои амиқро мегузорад. Чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, “Бояд таъкид намоям, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса, рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем”.

Номбурда Раёсати Вазорати молия дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” ва дигар қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода,  дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” оиди баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар шаҳр як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.

Амалигардонии нақша

Номбурда дар боби иҷрои буҷет дар семоҳаи соли равон сухан гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети шаҳри Турсунзода дар семоҳаи якуми соли 2024 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100 фоизро ташкил намуда, ба буҷет 60 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 26,6 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли 2023, 5,2 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

Иҷрои нақшаи аниқшудаи даромади буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода дар семоҳаи якуми соли 2024 аз рӯйи 7 намуди сарчашмаҳои андози дохилӣ 96 фоизро ташкил намуда, ба буҷети маҳаллӣ 50,7 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 1,9 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

Бақияпулиҳои андозӣ ба ҳолати 1-уми марти соли 2024 маблағи 28,7 млн сомониро ташкил дода, ки нисбатан ба якуми январи соли 2023, 2,9 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2024, 92,7  фоиз иҷро гардида, маблағи (нақша 55,7) 51,7 млн сомонӣ иҷро шудааст, ки нисбати иҷроиши ҳамин давраи соли 2023 (45,1сомонӣ) 6,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки дар раванди иҷроиши буҷети маҳаллӣ ба нақшаи аниқгардида, маблағгузорӣ намудани соҳаҳои алоҳида дар бахши мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва идораи давлатӣ дар ҳаҷми 87,2 фоиз (1,7 млн сомонӣ), мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 93,8 фоиз (330 ҳазор  сомонӣ), соҳаи маориф 94,4 фоиз (35 млн сомонӣ), соҳаи тандурустӣ 96 фоиз (11,6 млн сомонӣ), Суғуртаи иҷтимои ва ҳифзи иҷтимоӣ 34,6 фоиз (16 ҳазор сомонӣ) хоҷагии манзилию коммуналӣ 61,9 фоиз  (1,7 млн сомонӣ), фарҳанг ва варзиш 93,7 фоиз (811 ҳазор сомонӣ), Нақлиёт ва коммуникатсия 82,5 фоиз (330 ҳазор сомонӣ) иҷро шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаҳои хароҷотӣ, аз ҷумла нақшаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш беш аз 91,7 фоизи хароҷотҳои умумии буҷети маҳаллии ноҳияро дар семоҳаи якуми соли 2024 ташкил медиҳад, ки ба маблағи 47,4 млн сомонӣ равона гардидааст.

 Натиҷагирӣ

Инчунин, мавсуф қайд кард, ки таҳлили иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ нишон медиҳад, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 дар назди муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби моддаҳои ҳимояшаванда (музди меҳнат, маблағҷудокунии андозӣ) қарздорӣ вуҷуд надошта, 96,4 фоизи маблағҳо ба маблағи 49,8 млн сомонӣ пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокунии андозиро дарбар мегирад.

Маблағҳои Фонди захиравии раиси шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2024 аз рӯи нақша 292 ҳазор сомониро ташкил дода, 100 фоиз ё ин ки 292 ҳазор сомонӣ хароҷот гардидааст, ки асосан хароҷоти он бо мақсади ҷиҳати гузаронидани чолрабинии 35-солагии рӯзи интернатсионалистон, гузаштан аз қайди ибтидоии ҳарбӣ шаҳрвандон равона карда шудааст. Маблағҳои бақияи озоди буҷети маҳаллии шаҳр дар ин давра ба маблағи 1,5 млн сомонӣ хароҷот гардидааст, асосан хароҷоти он ба мақсади барқарор намудани пули мошингузар дар марказии шаҳр, барои таъмири биноҳо дар шаҳр, ба синни ниҳоӣ расидани мутахассиси ҷамоати деҳотҳо бинобар бо сабаби ба нафақа баромаданаш хароҷотҳо равона карда шудааст. Оид ба таҳлили шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ ва шумораи воҳидҳои кории кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 10951 нафарро ташкил дода, аз он амалкунанда 10719,3 нафар, шумораи воҳидҳои кории холӣ 231,7 нафар, аз он дар соҳаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва идораи давлатӣ 7 нафар, маориф 29,7 нафар, тандурустӣ 150 нафар ва дигар соҳаҳо 45 нафарро ташкил медиҳад.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои моддаи 16 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” ҳиссагузорӣ ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ аз ҳисоби барзиёдии даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2024 гузаронида нашудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои банди 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2020, №232 “Дар бораи тасдиқи тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии маснунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният мебошанд” ва мутобиқи банди 12-и Низомномаи Вазорати молия, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми апрели соли 2015, №187 тасдиқ шудааст, аз тарафи Вазорати молия ба шаҳри Турсунзода ба гирандагони кӯмакпулӣ, ки мубталои вируси масунияти одам мебошанд, дар нимсолаи якуми соли 2024 ба маблағи 30240 сомонӣ пардохт гардид.

Раёсати молия дар асоси қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи даромади маблағҳои андози маблағгузории мақсаднок ва самаранокии чорабиниҳоеро, ки дар соли 2024 пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.

Дар раванди фаъолияти кории хеш мекӯшем, ки хидмати шоиста намоем ва бадин васила сатҳу сифати соҳаи молияро боз ҳам болотар барем.

Нигора САИДБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь