Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Раҳимов Дилшод Назарович суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкашӣ хонандагон мегардад.
Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар ва зиндагии мардуми он нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки хидмати шоиста намоем. Ва албатта, Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи молияи давлатӣ” ва дигар қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, оиди баланд бардоштани некуаҳолии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар шаҳр як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.
Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ таъкид медоранд: «Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадили он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад». Ва мо кормандони соҳаи молия тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар раванди корӣ дар амал татбиқ мекунем, зеро садоқат ба кори худ ин садоқат ба давлату Роҳбари давлат мебошад.
Иҷрои буҷет
Мавсуф тазаккур дод дар хусуси иҷрои буҷет, ки дар се моҳи соли 2024 қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия бо тағийроту иловаҳо ба маблағи 55 025 387 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 62 496 437 сомонӣ иҷро гардид, ки аз маблағи банақша гирифташуда 7471050 сомонӣ зиёд буда, 114% нақшаро ташкил медиҳад.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар се моҳи соли 2024 бо тағийроту иловаҳо ба маблағи 44 322 597 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 38 633 042 сомонӣ иҷро гардидааст, ки 87% нақшаро ташкил медиҳад, сабаби асосии ба пуррагӣ иҷро нагардидани нақшаи қисми хароҷоти ин пеш аз ҳама мавҷуд будани ҷойҳои кори холӣ, пардохт нагардидани моддаҳое, ки аз он қарздори мавҷуд нест, мебошад.
Натиҷагирӣ
Номбурда ҳамчунин, изҳор дошт, ки маблағгузорӣ аз рӯи соҳаҳо чунин иҷро гардидааст ва аз ҷумла, мақомоти роҳбарӣ 901 365 , (77%), мудофиа 210 321 ( 76%), мақомоти сухторхомушкунӣ 296 195 ( 88 %), маориф 24 090 209 ( 89%), тандурустӣ 8 998 892 ( 93%), ҳифзи иҷтимоӣ 723 769 (99%), хоҷагии коммуналӣ 1 632 033 (86%), фарҳанг 870 216(82%), хоҷагии қишлоқ 170 961 (91%), маблағгузори асосӣ 551 000 (46%) ва ғайраҳо 135 087 (16%) фоизро ташкил медиҳад.
Фонди захиравии раис 52 994 (100%) , хароҷотҳо 38 633 042 (87%) баробар мебошад.
Дар соли 2024 моддаҳои ҳимояшаванда (музди меҳнат, нафақа,) пурра пардохт гардида, қарздорӣ вуҷуд надорад.
Ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят ба маблағи 8 793 897 сомонӣ гузаронида шудааст, ки 100 % нақшаро ташкил медиҳад.
Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки Раёсати молия дар асоси қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи даромади маблағҳои андози маблағгузории мақсаднок ва самараноки чорабиниҳоеро ки дар соли 2024 пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.
Махсусан Пешвои миллат нисбати соҳаи молия таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардаанд ва барои пешрафти он ҳамагуна шароитро фароҳам овардаанд, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Роҳбари давлат дар оянда роҳбарият ва кормандони Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Данғара ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро андешида, дар самти таъмини иҷрои уҳдадориҳои буҷетӣ, аз ҷумла таъмини иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби потенсиали дохилӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор корро пурзӯртар ба роҳ монда, тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ва лабтта, талоши мо барои беҳбудии зиндагии мардум ва боло бурдани сатҳу сифати иҷтимоит аст.
Нигора Саидбекова,
МТЖТ