Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Дастуру супоришҳо саривақт иҷро мешаванд

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи  дар ноҳияи Қубодиён хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Ҳакимзода Умед Мусофир, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Номбурда афзуд, ки давоми 5 моҳи соли  2024 Раёсати молияи ноҳияи Қубодиён баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  МИҲД-и вилоят, ноҳияи Қубодиён, Сарраёсати Вазорати молияи дар вилояти Хатлон ва  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” баён доштанд корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

Тасдиқи нақшаи буҷет

Мусоҳиби мо илова кард, ки буҷети ноҳияи Қубодиён дар соли 2024-ум бо Қарори маҷлиси вакаилони халқи ноҳия аз 26-ум декабри соли 2023 таҳти №205 аз рӯи даромади умуми ба маблағи  128987703 сомонӣ, аз он ҷумла даромадҳои маҳаллӣ 61829000 сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок  аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 64488129 сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилоят 1200000 сомонӣ, андози ниҳоии касри буҷети маҳаллӣ 1470574 сомонӣ ва нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба маблағи 128987703 сомонӣ қабул карда шудааст.

Нақша 100 дарсад таъмин шуд

Номбурда илова кард, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингенти умуми 100 дарсад таъмин гардида, ба буҷетҳои дахлдор ба ҷойи 25762082 сомонӣ, 25881199 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида 119117 сомонӣ зиёд мебошад.

-Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар давраи ҳисоботи бо назардошти тағироту иловаҳо ба маблағи 54433968 сомонӣ пешбини гардида, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба мбалағи 51387872 сомонӣ равона гардидааст, ки 94,5 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад,-илова кард мавсуф.

Таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифу тандустӣ

Дар ноҳияи Қубодиён таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифу тандурстӣ зиёд буда, барои омода шудани онҳо ба зимистон саривақт маблағҳои пешбинишуда барои харидории маводҳои сухт ҷудо карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023-2024 барои зимистонгузаронӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия 727750 сомонӣ ба нақша гирфита шуда буд, ки он пурра иҷро шуда, нақшаи маблағҳои зимистонгузаронӣ барои солҳои 2024-2025, 888000 сомонӣ аст, ки ин низ  саривақт маблағгузорӣ карда мешавад.

Ӯ афзуд, ки ҳама талошҳои мо баҳри саривақт таъмин намудани музди меҳнати кормнадони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, падохти фонди ҳифзи иҷтимоӣ равона гардидааст. Натиҷаи ҳамин буд, ки музди меҳнат ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия ба ҳолати 1 июни соли 2024 ба пуррагӣ пардохт карда шуда, дар оянда низ мо талош мекунем, ки қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд. Ҳамчунин, барои пардохти саривақтии рухсатпулии омӯзгоронро аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, дар муҳалти муаян онро низ пардохт хоҳем кард.

Кормандон раёсати молия  забонҳои хориҷиро азхуд карда истодаанд

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 18 марти соли 2024, №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардидаанд, ки аз 1 апрели соли 2024 тамоми корманадони худро ба муҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмиӣ забонҳои хориҷӣ (русӣ, ангилисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд.

Роҳбарият Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Қубодиён баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат тадбирҳои заруриро рӯйи кор гирифта, ҳоло кормандони Раёсат ба забономӯзӣ фаро гирфита шудаанд.

Молия сутуни давлат аст

Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ҳамаи талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва  ноҳия вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь