Айнакҳои ману роҳбари корхона ояндаро бо рангҳои гуногун медиданд. Аз ин лиҳоз, зиёд фикр накарда, аризаи аз кор рафтанамро навиштам. Онро болои мизи котиба гузоштам, то баъди оғози рӯзи корӣ ба раис пешниҳод кунад. Ба мошин савор шудам ва нафаси сабук кашидам. “Худо мададгор” гуфта муҳаррики мошинро ба кор даровардам. Агар то имрӯз пас аз кор ва рӯзҳои истироҳат кирокашӣ кардан мумкин буд, акнун пурра ба ин кор машғул мешавам. Дар сар андешаи бекор монданро надоштам. Бо ронандагӣ ҳам даромади хуб ёфтан мумкин будааст.

Баробари барномаи кирокаширо фаъол кардан, ширкат ба ман мусофир дод.

– Ассалому алайкум, – гуфта ҷавонзани тақрибан 30-32-сола ба партаи қафои мошин нишаст.

Мо ҷониби маркази шаҳр равон шудем. Мусиқии ором имкон медод, ки ронандаву мусофир суҳбат кунанд, вале ӯ хомӯш буд. Зуд-зуд ба телефонаш нигоҳ мекард. Чун аз оина чанд маротиба мушоҳида кардам, ки ин корашро такрор мекунад,  сукутро шикастам:

– Апа, ба хайр бошад, чаро ин қадар зиёд ба телефонатон менигаред?

– Аҳамият надиҳед, ҳар рӯз аҳволи ман ҳамин аст. Писарамро дар мактаб мондаму ба кор рафта истодаам, ба кор дер карда истодаам, – гуфт ӯ.

– Аз ин бармеояд, ки коратонро бисёр дӯст медоред, ки ҳатто 20-25 дақиқа дер кардан намехоҳед. Хуш ба ҳолатон, ки чунинед. Масалан, ман чанд дақиқа пеш аризаи аз кор рафтанро навиштаму расман таксист шудам.

– Хато мекунед, додар. Корамро дӯст намедорам, чунки муҳити корхона бароям созгор нест, вале бо сабабе, ки ба наздикӣ ба декрет мебароям, сабр карда, рафта омада истодаам, – афзуд мусофир.

Бисёр ғамгин шудам, зеро медонам, ки бо дили нохоҳам дар ҷойе кор кардан душвор аст.

Марде, ки дар истгоҳ меистод, ишораи истодан кард. Баъди самти ҳаракатро маълум кардан, ба телефонаш занг омад.

– Оча, медонам, суханонатон аз дилсӯзӣ аст, аммо қабул кунед, ки ман бо зану фарзандам ба деҳа барнамегардам. Дуруст аст, ки ҷойи корам маъқул нест, маошам ба зиндагӣ ва ҳатто пардохти иҷораи манзил намерасад, зану фарзандам моҳҳо боз хӯроки гӯштдор нахӯрдаанд, вале ман барои гапи мардум намеравам. Ба суханони пасту баланди ҳамдеҳагон сабр карда наметавонам. Тахмин мекунам, ки “зӯраш нарасид”, “диплом ҳам қудрати хӯрондану пӯшондан надоштааст”, “аз ӯҳдаи таъмини зану фарзандаш набаромад…” барин суханони нешдорро мешунавам.

Мард телефонро хомӯш кард ва ба ман нигариста, пурсид:

– Коратон ба шумо маъқул аст?

– Кор аз рӯйи ихтисосам маъқул набуд, имрӯз ариза навиштам. Ронандагӣ бошад, бад нест, рӯзгорро пеш бурдан мумкин аст.

– Аз “фалонии дипломдор таксист шудааст” гуфта гап кардани мардум наметарсед?

– Агар метарсидам, корро тарк намекардам.

– Хуш ба ҳолатон, ки ирода доред. Масалан, ман бо вуҷуди ноҷӯриҳои зиёди корхона амали шуморо такрор карда наметавонам, – гуфта, роҳкироро дароз карду фаромад.

Назди мағозаи хӯрокворӣ ба хотири  об гирифтан мошинро нигоҳ доштам. Дар бозгашт дидам, ки марде назди мошин истодааст. Баробари наздик шудан фаҳмидам, ки соҳиби мошинро интизор аст. Ишораи нишастан кардам.

– Бародар, мошина чанд харидӣ? – ногаҳон савол дод мусофир.

– Бо ҳуҷҷатҳояш қариб 100 ҳазор сомонӣ шуд, – посух додам.

– Рӯзона то чанд сомон кор мекунӣ?

– Ҳар хел, то 200 – 300 сомонӣ.

– Хуш ба ҳолат.

Саргарми суҳбат чӣ тавр ба макони лозимӣ расиданамонро нафаҳмида мондем. Мусофир фаромад, аммо дарро напӯшид, зеро марди дигар салом доду ба ҷойи ӯ нишаст.

– Бо муштарӣ суҳбати гарм доштед. Мавзуъ футбол буд? – пурсид мусофир.

– Не, ака. Мавзуи суҳбатамон кор буд.

– Корро нагӯед, ки ман корбезор ҳастам, – гуфт

– Чаро? – пурсидам оромона.

– Пас аз хатми донишгоҳ бо тавсияи устодон ба кор даромадам. Дар аввал хуб буд, вале баъди иваз шудани роҳбар кор ранги дигар гирифт. Ҳозир ҳатто намехоҳам ба он ҷо равам, аммо дар шаҳр ягона ҷойи мерафтагиам ҳамон ҷост. Рӯзномаи мо номи баланд дорад, вале ба пастӣ рафта истодааст. Роҳбар намегузорад, ки мақолаҳои хуб, танқидӣ, проблемавӣ чоп шаванд. Дарди дили мардум ба саҳифаҳо роҳ намеёбанд, ҳол он ки мо охирин умедашон ҳастем. Ҳатто агар сарлавҳае бо калимаи “чаро” оғоз шавад, аз саҳифа меафтад. Дар идора 10 журналисти касбӣ кор мекунанд, вале умуман ба гапамон гӯш намедиҳанд. Дар ҳоле ки медонанд ҳақиқат ҷониби мост. Чун ба гапи журналист гӯш накардӣ ва озодаш намондӣ, ҳатман корбезор мешавад. Яке аз чунинҳо манам.

– Кадом қувва намегузорад, ки корро тарк кунед ва ба ҷойи беҳтар равед, зеро дар кишвар рӯзномаҳои хуб кам нестанд?

– Тарс ва тамбалӣ. Аз тамбалии зиёд ҷустуҷӯ як тараф истад, ҳатто фикри ивази ҷойи корро намекунам ва тарс дорам, ки агар ёбам ё пешниҳод кунанд ҳам, шояд бадтар бошаду беҳтар не.

– Мефаҳмам, бародар.

– Сари шуморо ҳам гич кардем-ку. Пеш аз сечароғ истед, шояд он пирамад шинад ва дар ягон мавзуи дигар суҳбат кунед, – гуфта ба марди тақрибан 60-сола ишора кард.

Он мард дар курсии пеш нишаст.

– Маҳаллаи 101-ум меравем, бачам, – гуфту ба тарафи рост нигариста, аз тиреза ба тамошои кӯчаҳои Душанбе пардохт.

Муштарӣ аз тиреза чашм намеканд. Зуд-зуд дар сечароғҳои сурх истоданамон ӯро асабӣ намекард. Дар тамбашавӣ ҳам сукутро нашикаст ва ба дигар мошинҳо аҳамият медод. Яъне гӯё ман нестам. Ӯ сукутро нашикаст ва шикастанӣ ҳам набуд, вале занги телефон ба ин нияташ халал расонид.

– Лаббай кампир, шукр хубам. Медонам, дер шуд, вале хеле интизор шудам ягон маршруткаи №25-и холитар наомад. Маҷбур шудам ба таксӣ шинам ва қариб назди хона мерасам.

Каме хомӯш монд ва дуюмбора ба сухан даромад:

– Маош? На танҳо имрӯз нашуд, балки муҳосиб гуфт, ки ҳафтаи оянда мешавад. Медонам, бояд хонаи духтарат хабаргирӣ равӣ, вале чӣ илоҷ, маошро намедиҳанд охир!?

Телефон хомӯш шуд.

– Амак, даҳаи дуюми моҳ аст, шумо маоши кадом моҳро дар назар доред? – густохӣ карда пурсидам.

– Маоши моҳи гузаштаро. Ҳар моҳ аҳволи мо ҳамин аст. Боз ин моҳ кампир хонаи духтараш рафтанист, бетоқатӣ дорад, аммо касе дар фикри маоши мо нест.

– Чӣ шуморо дар чунин корхона дошта истодааст?

– Нафақа. То ба нафақа баромаданам камтар аз ду соли дигар мондааст. Ният дорам, ки якбора аз ҳамин ҷо ба нафақа бароям.

Назди хонаи пирамард расидем. Пул дароз кард, “намегирам” гуфтам, вале пулро дар мошин монду фаромад…

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь