“Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар бойигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад”.
(Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 1, модаи 13).
Мардум заминро мегиранд, то аз он самарае ба даст оранд. Андоз месупоранд, то маҳсулоти авваларо кишта, худ ва дигаронро бо он таъмин намоянд. Одатан, маҳсулоте мекоранд, ки ниёзи беш ва талаботи фаровон дошта бошад ва барои деҳқон суд оварад. Агар гӯем танҳо андоз месупоранду боқӣ ҳеч харҷи дигар намекунанд, дуруст нест, зеро ҳамвора бо андоз боз:
– ҷӯя мегиранд, албатта, бо трактор, ки он ҳам бо об ҳаракат намекунад;
– тухмӣ мехаранд;
– шудгор мекунанд (ҳатто 2 маротиба) ва барои шудгори замин ба трактор ҳатман, ки маблағ медиҳанд;
– аксарият маҳсулотро бо трактор мешинонанд;
– ҳангоми намоён шудани кишт онро нарм (култиватса) мекунанд (2 маротиба);
– дору мехаранд (селитр, карбамид ва ғ.);
– заҳмати кишт, обёрӣ, мувозибати доимӣ ва ҳосилгирӣ…
Вале намояндае меояду мегӯяд, “шумо ҳаққи кишт кардани фалон чиро надоред, ҳатман мегуфтаи моро кишт мекунед”.
Аз баҳор то тирамоҳ деҳқон харҷ дорад, вале тирамоҳ чӣ? Маҳсулот ба фурӯш бароварда мешавад, вале ба ӯ чӣ мемонад? Ҳеҷ! Ба бозор медароӣ, бо доллар гап мезананд, вале меҳнати деҳқон назди онҳо дирам меистад.
Мушкилӣ дар ин аст, ки вақте деҳқон мехоҳад, гандум корад, иҷозат нест, ҷав корад, иҷозат нест, алаф корад, иҷозат нест, фармон аз болост гӯён, маҷбуран заминро шудгор мекунанд ва мехостаи намояндагони мақомот кошта мешавад. Ҳини ҳосилгирӣ касе аз онон намепурсанд, ки “эй, деҳқон, ту чӣ ҳосил гирифтӣ ва чӣ рӯзихарҷе ба худ овардӣ?”. Пас, чаро гуфтаи онҳо шавад, дар ҳоле ки ба деҳқон зараровар аст? Ва бо ин ҳам қонун чӣ мешавад?
Ноҳияи Лахш, ки аз ҳосилхезтарин заминҳои кишвар аст, дар сесолаи ахир ба ҷуз кишти картошка, чизе дигар кошта намешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш бо раисии Файзулло Баротзода супориш додаанд, ки ҳама деҳқонон картошка кишт кунанд ва, ба ғайри ин, нагузоранд, деҳқонон ба дигар навъи маҳсулоти корам машғул гарданд. Аз кадом рӯ ва бо кадомин далоил, раис медонад…
Дар ягон ҷо гуфта нашудааст, ки маҷбуран заминро шудгор карда, кишти дилхоҳи онҳо, боло, корида шавад. Агар ин тавр бошад, ҳангоми бо деҳқон сӯҳбат кардан, бо доллар сӯҳбат кунед, на бо дирам!
Меҳнате, ки пеши дигарон арзиш надораду ба гуфти аксар “капек” меистаду суде нест, бигӯед, он чӣ лозим?
Худоӣ МУСТАФОЗОДА