Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати молияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабарнигори МТЖТ бо сардори он Бобоҷонзода Ашуралӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар нақши муассир дорад ва барои пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминагузор аст.

Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».

Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки бахши молия иқтисодиёти миллиро ғанӣ мегардонад, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки Раёсати молияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хазинадорӣ”, “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, барои иҷрои хадафҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгардида, дар шаш моҳи соли 2023 дар ҳамкорӣ бо кормандони нозироти андоз ва дигар мақомотҳои дахлдор корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Иҷрои буҷет

Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки буҷети маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои соли 2023 дар асоси Қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 27 декабри соли 2022, таҳти №119 аз руи нақшаи даромад бо назардошти мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 112193315 сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 44956800 сомонӣ, аз буҷети вилояти Хатлон 19418702 сомонӣ ва аз ҳисоби даромадҳои андозӣ ва ғайри андозӣ 46858560 сомонӣ, касри буҷет ба маблағи 959253 сомонӣ ва қисми хароҷот ба маблағи 112193315 сомонӣ тасдиқ шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаш моҳи соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридотӣ бе назардошти касри буҷет ба ҷои 54115,1 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда, 54259,2 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ба 100 фоизи нақша баробар буда, нисбати нақша  144,1ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳалли ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби даромадҳои худӣ, воридоти андозҳо дар шаш моҳи соли 2023 ба маблағи 22726,4 ҳазор сомонӣ нақшабанди гардида, иҷроиши он 23313,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба 103 фоизи нақша баробар мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳашт намуди манбаи андозӣ, нақшаи 8-намуди андоз аз 100 то 134 фоиз таъмин гардида, нисбати нақша 587,4 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4167,4 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст.

Маблағҳои мақсаднок дар шаш моҳи соли 2023 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 100 фоиз, яъне 15136,3 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 100 фоиз, ба маблағи 8660,0 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 31388,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок ворид гардида, 100 фоизи нақшаро ташкил намуда, ба ҳисоби умуми 57 фоизи даромади буҷети маҳаллии ноҳияро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад.

Нақшаи андози иҷтимои буҷети дар шашмоҳаи якуми соли 2023 ба андозаи 103 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбати нақша 240,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ситонидани қарз

Дар ҷараёни суҳбат номбурда изҳор дошт, ки бояд қайд кард, ки қарздории андози иҷтимои буҷетӣ аз ҳисоби солҳои гузашта ба 1.01. соли 2022 маблағи 3780,7 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба ба 1.07. соли 2023, 3780,7 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст. Мувофиқи маълумотҳои Нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1 январи соли 2023 маблағи 8630,5 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба 1.06. соли 2023, 6950,0 ҳазор сомонӣ баробар гардида, нисбат ба аввали соли ҷорӣ 1680,5 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст. Бақияпулиҳои андоз ассосан аз ҳисоби андози иҷтимои буҷетӣ кам карда шудааст. Дар баробари ин, бақияи андозҳо аз ҳисоби андози иҷтимои ғайри буҷетӣ ба 1.06. соли 2023 нисбат ба аввали сол ба маблағи 157,3 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Хароҷот тибқи нақша

Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати тазаккур дод, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 95 фоиз таъмин гардида, ба хоҷагии халқи ноҳия дар ин давра ба ҷои 176,2 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда, 169,8 ҳазор сомонӣ маблағгузори карда шудааст, ки нисбати нақша 6,3 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Сабабҳои таъмин нагардидани қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар он мебошад, ки аз ҳисоби соҳаи тандурустии ноҳия бо сабаби ба анҷом нарасидани озмунҳои тендери оид ба хариди мол, кор ва хизматрасониҳо маблағҳои пешбинишуда ба ин мақсадҳо аз тарафи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ азхуд карда нашудааст.

Дар шаш моҳи соли 2023 ба соҳаҳои иҷтимоии ноҳия 48879,6 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки 95 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 137,3 ҳазор сомонӣ- 100 фоиз, фарҳанг 636,8 ҳазор сомонӣ- 97 фоиз, соҳаи маориф 37134,5 ҳазор сомонӣ- 95 фоиз ва соҳаи тандурустӣ 10970,8 ҳазор сомонӣ- 99 фоиз маблағ хароҷот карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 46133,5 ҳазор сомонӣ маблағ барои пардохти фонди музди меҳнат хароҷот карда шудааст, ки 84 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил дода, музди меҳнати кормандони соҳаи буҷети барои шаш моҳи соли 2023 пурра пардохт гардида, қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат вуҷуд надорад.

Бояд қайд кард, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2023 барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 47270,1 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки 92 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил медиҳад.

Фаъолияти пурсамар

Мавсуф изҳор дошт, ки кормандони Раёсати молияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар самти банақшагирии буҷет, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад, иҷрои сифатноки намудҳои андоз дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти андоз чораҳои судманд андешида, ҳамаҷониба кушиш менамоянд, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияро дар нимсолаи аввали соли 2023 таъмин намоянд. Инчунин, дар самти мақсаднок ва самаранок хароҷот гардидани маблағҳои буҷетӣ назорати доимиро таъмин намуда, нишондиҳандаҳои молиявиро хуб ҷамъбаст намоянд.

Дар фароварди суҳбат номбурда зикр дошт, ки фаъолияти худро тибқи фармону раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаем ва мекӯшем боз ҳам фаъолияти худро пурсамартар гардонем.

Ва аз фурсати муносиб истифода карда, тамоми мардуми кишвари азизамонро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод мегӯям. Дар воқеъ, бо ҷонфидоиҳои Пешвои миллат Ваҳдати миллӣ ба даст омад. Имрӯз кишвари мо ба як кишвари пешрафта бадал гаштааст, ки албатта, ба туфайли хидматҳои Пешвои миллат дар як муддати кутоҳ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри хидматҳои Пешвои миллат ва Ваҳдати миллӣ бирасем ва ҳар кадоми мо талош кунем, ки баҳри пешрафти кишвари азизамон саҳми назарраси хешро гузорем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь