Имрӯз, дар ҷаҳоне, ки байни кишварҳо нобаробарии ошкор ба назар мерасад ва ҳамзамон ҳамаи онҳо бо ҳам пайвастагии бештар пайдо мекунанд, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ аҳамияти калон пайдо мекунанд (нақши муҳим мебозанд). Барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа Бонки рушди АвруОсиё ҳамчун як механизми рушдкунӣ баромад мекунад, ки бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодии кишварҳои узви ин созмон, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байни онҳо ва дастгирии молиявии самтҳои гуногуни рушди устувори минтақа таъсис дода шудааст. Бонк фаъолияти худро соли 2006 оғоз кардааст – дар ин муддат кадом лоиҳаҳо амалӣ карда шуданд ва фаъолияти минбаъдаи бонк дар кадом самт пеш меравад?

Дар фаъолияти лоиҳавии Бонк якчанд бахшҳои афзалиятнокро метавон ҷудо кард: бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, коммуналӣ ва ғайра, саноати кимиёвӣ, нафту газ, металлургӣ ва истихроҷи маъдан, бахши молиявӣ, технологияҳои рақамӣ, энергетика ва мошинсозӣ. Фаъолияти бонк бо ин рӯйхат маҳдуд намешавад, вале маҳз ба ин соҳаҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда мешавад.

Дар мавриди Тоҷикистон бояд гуфт, ки тӯли солҳое, ки ҷумҳурии мо узви Бонк мебошад (аз соли 2009), аз ҷониби бонк ва сохторҳои он аллакай 13 лоиҳаро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт ба маблағи умумии беш аз 266 миллион доллар амалӣ гардидааст. 88%-и сармоягузории Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон ба рушди саноат, махсусан комплекси агросаноатӣ равона карда шудааст: яке аз лоиҳаҳо сохтмони корхонаи ресандагӣ, инчунин маблағгузории пешазсодиротии фурӯши нахи пахта буд. 12%-и боқимондаи сармоягузориҳои бонк ба рушди бахши молия равона карда шуданд.

Афзалиятҳои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъмини амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва обӣ, табдил ёфтани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, саноатикунонии босуръат

Соли 2021 ҳаҷми сармоягузориҳои ҷамъшудаи Бонк дар Тоҷикистон тақрибан 1%-и тамоми сармояҳоро ташкил дод, вале раиси Бонки рушди АвруОсиё Николай Подгузов ҳангоми мулоқот бо Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ваъда дод, ки ин нишондиҳандаро то 5% афзоиш хоҳад дод. Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди ихтисос додани 650 миллион доллар барои бахши иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, инчунин барои рушди иқтисодиёти сабз, саноатикунонӣ ва таҳкими иқтидори содиротии ҷумҳурӣ – маҳз ҳамин бахшҳоро вазири Тоҷикистон авлавиятнок номида буд, ба мувофиқа расиданд.

Зимнан, Тоҷикистон Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро қабул кардааст, ки дар он ҳадафҳои асосӣ муайян карда шудаанд ва татбиқи онҳо барои рушди устувори кишвар зарур аст. Тибқи ин афзалиятҳо, Бонки рушди АвруОсиё Стратегияи кишварро барои солҳои 2022-2026 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуд ва барои бонк ин аввалин нақшаи сармоягузорӣ на танҳо дар фазои Авруосиё, балки барои барои як кишвари алоҳида гардид.

Хадамоти матбуотии бонк қайд мекунад: “Дар доираи Стратегияи кишвар, Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон чаҳор вазифаи асосиро барои худ муайян кардааст. Якум, ҳалли масъалаҳои маҷмааи обу энергетикӣ: рушди энергетикаи обӣ ва офтобии хурд, инчунин таҷдиди инфрасохтори шабакаҳои барқӣ.

«Шомилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки самараи калони иқтисодӣ ба даст орад: воридшавии иловагии маблағҳо ба кишвар дар ҳаҷми 1,3-1,5 миллиард доллар. Шомилшавӣ ба Иттиҳод инчунин ба соддагардонии қоидаҳои пешбурди тиҷорат ва фароҳам овардани шароити мусоид дар ҷумҳурӣ барои ҷалби сармояҳои мустақим аз кишварҳои Иттиҳоди АвруОсиё мусоидат хоҳад кард». Таҳлилгарони Бонки рушди АвруОсиё

Дуввум, таъмини рушди комплекси агросаноатӣ. Вазифаи Бонк на танҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани арзиши иловагии маҳсулоти истеҳсолшуда, балки мусоидат ба амалигардонии иқтидори Тоҷикистон ҳамчун содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Ин рушди бахши истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, шабакаи тақсимоти мол ва инфрасохтори иловагиро дар бар мегирад.

Сеюм, ин гуногунсозии саноат, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Чорумаш,  табдилдиҳии рақамӣ аст. Вазифаи Бонки рушди АвруОсиё аз дастгирии амалисозии барномаи рақамии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои ҳамгироӣ бо кишварҳои минтақаи Авруосиё ва рушди рақамии кишвар иборат аст. Яке аз самтҳои афзалиятнок дар ин ҷо дастгирии лоиҳаҳои рақамии мақомоти давлатӣ ва лоиҳаҳои бахши корпоративӣ мебошад.

Ҳамаи ин вазифаҳо дар асоси афзалиятҳои рушди ҷумҳурӣ, баҳодиҳиҳои мо, инчунин вазифаҳои рушди фазои ягонаи иқтисодии макроминтақа мураттаб гардидаанд, ки дар Стратегияи «калон»-и Бонки рушди АвруОсиё барои солҳои 2022-2026 қайд шудаанд».

Дар мавриди стратегияи минтақавӣ бояд гуфт, ки дар доираи он бонк се лоиҳаи бузургро амалӣ мегардонад: «Маҷмааи обу энергетикии Осиёи Марказӣ», «Шабакаи тақсими молҳои Авруосиё», «Басти нақлиётии Авруосиё». Барои ҳар як самт на кам аз 400 миллион доллар ҷудо шудааст. Таваҷҷуҳи махсус дар фаъолияти бонк дар Осиёи Марказӣ ба рушди технологияҳои энергия сарфакунанда, аз ҷумла ба лоиҳаҳои рақамии баҳисобгирии об, лоиҳаи ҳамворкунии лазерии заминҳои обёришаванда, инчунин барои ба роҳ мондани истеҳсоли таҷҳизоти технологии обёрӣ зоҳир карда мешавад.

Бармегардем ба Тоҷикистон, як нуқтаи муҳими нақшаҳои Бонки рушди АвруОсиё – амалисозии баъзе лоиҳаҳои муайяни стратегӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Ҳамин тариқ, муовини раиси Раёсати Бонк Денис Ильин хабар дод, ки бонк омода аст ба сохтмони НБО Роғун дар Тоҷикистон дар  ҳаҷми 130 миллион доллар маблағгузорӣ кунад. Ёдовар мешавем, ки сохтмони ин иншоот ҳанӯз соли 1976 оғоз гардида буд, вале то ҳол аз 6 агрегати дар лоиҳа пешбинишуда танҳо 2 агрегат ба кор андохта шудааст. Иқтидори нерӯгоҳ пас аз ба истифода додани он 3,6 ГВт-ро ташкил хоҳад дод ва ин сарбанд бо баландии 335 метр аз ҳама баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун – ин сохтмони аср ва иншооти асосии энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад, ки ба кор андохтани он ба рушди соҳаи энергетикаи кишвар такон мебахшад, аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба сохтмони ин нерӯгоҳ барои кишвари мо як дастгирии бебаҳо аст.

«Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва азнавсозии фурудгоҳ аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебошанд, ки маблағашон аз ҳаҷми маблағи дар Стратегияи кишварии Бонк барои Тоҷикистон то соли 2026 пешбинишуда хеле зиёдтаранд». Муовини раиси Бонки рушди АвруОсиё Денис Ильин

Боз як лоиҳаи бузург, ки аз ҷониби Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ин азнавсозии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мебошад, ва бонк омода аст барои ин лоиҳа боз 100 миллион доллар ихтисос диҳад. Ба гуфтаи Денис Ильин, пас аз анҷоми музокирот бо раҳбарияти фурудгоҳ ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, эҳтимол таҷдиди парки ҳавопаймоҳо ва бунёди маркази хидматрасонии техникии ҳавопаймоҳо оғоз мегардад. Муовини раиси Бонк ҳамчунин гуфт, ки бонк масъалаи маблағгузории чанд лоиҳаи дигарро, аз қабили коркарди дубораи партовҳо, истеҳсоли хишт ва ғайраро баррасӣ мекунад.

«Бо вуҷуди он, ки Бонки рушди АвруОсиё як ниҳоди молиявии нисбатан ҷавон аст, вале бо дастгирии он дар Тоҷикистон аллакай якчанд лоиҳаҳои барои кишвар муҳим амалӣ карда шуданд ва мо гуфта метавонем, ки бонк ба иқтисодиёти Тоҷикистон кумаки ҷиддӣ расонида тавонист», – мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов. – Маълум аст, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони ин Бонк дар қатори дигар кишварҳои аъзо барои ба роҳ мондани фаъолияти бонк саҳми худро мегузорад ва амалисозии баъзе лоиҳаҳоро дар қаламрави худ интизор аст. Аз ин хотир бисёр муҳим аст, ки таҳлилгарони Бонк самтҳои барои Тоҷикистон муҳимро сари вақт муайян карда, дар амалигардонии лоиҳаҳо  дастгирӣ намоянд.

«Яке аз самтҳои афзалиятноки Бонк ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт мебошад ва бонк лоиҳаҳои мувофиқро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика дастгирӣ мекунад. Ҳамкорӣ дар ин самт барои ҷумҳурии мо хеле муҳим хоҳад буд”. Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов

Аз ин рӯ, изҳоротҳои Бонки рушди АвруОсиё дар мавриди дастгирӣ кардани сохтмони НБО Роғун аз сатҳи огоҳии бонк аз рӯзномаи кишвари мо, ҷалб ва хоҳиши манфиатовар будани он гувоҳӣ медиҳад. Бешубҳа, қабули қарорҳо барои амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ ё қарздиҳӣ корҳои зиёди омодагиро талаб мекунад ва баъзан барои то ба марҳилаи амалисозӣ оварда расонидани лоиҳа солҳои зиёд лозиманд. Вале дар баробари ин хеле муҳим аст, ки аз ҷониби коршиносони тоҷик низ корҳои зарурӣ анҷом дода шавад, дар бораи рушди иқтисодиёт маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шавад, то лоиҳаҳои сармоягузорӣ ниёзҳои воқеиро инъикос карда, ба афзалиятҳои дуруст мувофиқат кунанд. Солҳои охир ҳамкории самаранок байни мутахассисони тоҷик ва кормандони Бонки рушди АвруОсиё ба назар мерасад ва дар натиҷа лоиҳаҳое, ки имрӯз дар рӯзнома қарор доранд, пайдо мешаванд.

Дастгирии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ на танҳо аз ҷиҳати ҳаҷми сармоягузорӣ, балки аз нигоҳи мувофиқаткунӣ ба манфиатҳои миллии кишвар низ муҳим аст. Бонки Рушди АвруОсиё бо лоиҳаҳои худ барои ҳамгироии минтақавӣ ва ҳифзи истиқлолияти иқтисодии аъзоёни худ талош мекунад, ҳамзамон ин лоиҳаҳо ба рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

Матлубкаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь