31-уми август додгоҳи Эрон блогнавис Ҳусейн Шанбеҳзодаро ба 12 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад Iran International бо истинод ба вакили мудофеи ӯ Амир Раисиён.

Шанбеҳзода ҳамчун мунаққиди режими Эрон маъруф аст. Блогнавис моҳи июн пас аз нашри посух ба паёми раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар шабакаи иҷтимоии Х, ки бештари лайкро гирифт, боздошт шуд. Ӯ дар шарҳи худ фақат як аломати нуқта гузошта буд

Вакил гуфт, ки Шанбеҳзода ҳамзамон аз рӯи чанд банд айбдор мешавад. Ӯ барои “таблиғоти тарафдори Исроил” ба 5 соли зиндон, 4 соли дигар барои “таҳқири сомонаҳои исломӣ”, 2 соли дигар барои “паҳн кардани дурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” ва як соли дигар барои “таблиғоти зиддидавлатӣ” маҳкум шуд.

Дар мавриди иттиҳомоти дигар, Раисиён гуфт, додгоҳ ба унвони далел пуштибонии ӯ аз дигар маҳбусони сиёсӣ, тасвирҳои манфии вазъи кишвар, истифода аз хэштеги “эъдом на”, ҳимоят аз лағви ҳиҷоби иҷборӣ, интиқод аз интихобот дар Эрон ва изҳори шодӣ аз марги президенти пешини ин кишвар Иброҳим Раисӣ ишора кардааст.

Нашрия баъдан хабар дод, ки блогнависро ба ҷосусӣ ба нафъи Исроил низ муттаҳам мекунанд. Додгоҳ Шанбеҳзодаро “агенти фирории Моссад” номидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь