Паркҳои технологӣ ҳамчун суръатфизои (тезонандаи) навовариҳо ва рушди иқтисодӣ хизмат карда, ба фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир мусоидат мекунанд.

Барои Тоҷикистон, ки гуногунсозии иқтисодӣ ва таҷдиди технологиро вазифаи авлавиятноки худ медонад, бунёди чунин минтақаҳои технологӣ дар якҷоягӣ бо шарикон як қадами муҳим дар самти таҳкими истиқлоли иқтисодӣ ва афзоиши иқтидори содироти маҳсулоти технологӣ мебошад.

Саъю кӯшиш ба навовариҳо

Аввалан, бояд ба мафҳуми «технопарк» таърифи дуруст дода шавад. Парки технологӣ ҳудуд ё маҷмааест, ки дар он барои рушди ширкатҳои технологӣ ва стартапҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Паркҳои технологӣ маъмулан дастрасӣ ба ташхисгоҳҳои илмӣ, таҷҳизотҳои замонавӣ, дастгирии менторӣ ва маблағгузориро таъмин мекунанд. Ҳадафи асосии паркҳои технологӣ ҳавасмандгардонии навовариҳо, дастгирии тадқиқотҳои илмӣ ва мусоидат ба тиҷоратикунонии технологияҳои нав мебошад.

Таҷрибаи мусбии ҳамсояҳо

Дар Қирғизистон чанде пеш дар ҳамкории фаъол бо ҳамкасбони рус қонун дар бораи паркҳои технологӣ таҳия карда шуд. Қонуни мазкур барои ҷалби сармояҳо ва рушди истеҳсолоти технологияҳои баланд дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам месозад. Тавре дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, ширкатҳои русӣ дар бунёд ва рушди ин паркҳои технологӣ, бахусус дар соҳаҳои саноати сабук, металлургия, энергетика, саноати кимиё, мошинсозӣ ва тиб нақши калидӣ хоҳанд дошт.

Дар Қазоқистон низ паркҳои технологӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии стартапҳо нақши муҳим мебозанд. Дар Қазоқистон яке аз маъруфтарин паркҳои технологӣ “Алатау” ном дорад, ки дар Алмаато ҷойгир шудааст. Ба ғайр аз “Алатау” дар Қазоқистон паркҳои технологии дигар низ амал мекунанд. Барои мисол, “Astana Hub” – парки технологии байналмилалии IT-стартапҳо, ки дар пойтахти Қазоқистон таъсис гардидааст. Дар Караганда парки технологии “Технологияҳои инноватсионӣ” амал мекунад, ки ба рушд ва дастгирии корхонаҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла металлургия, мошинсозӣ ва энергетика нигаронида шудааст. Технопарки «Парки технологияҳои ҳастаӣ» – ин парки технологии махсусгардонидашудаест, ки ба рушди тадқиқотҳои илмӣ ва технологияҳо дар соҳаи физикаи ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ мусоидат мекунад. Дар маҷмӯъ, дар Қазоқистон 10 парки технологӣ мавҷуд аст.

Дар Ӯзбекистон низ чанд парки технологӣ фаъолият мебаранд. Яке аз онҳо парки технологии “Яшнобод” мебошад. Инчунин, технопарки “Тошканд” мавҷуд аст, ки ҳадафи он фароҳам овардани шароит барои рушди корхонаҳои инноватсионӣ ва технологӣ мебошад. Парки технологии “Chirchiq” ба рушди технологияҳои саноатӣ, аз ҷумла дар соҳаи мошинсозӣ ва саноати кимиё равона карда шудааст.

Дар Русия зиёда аз 300 парки технологӣ мавҷуданд. Аз ҳама  маъруфтарин парки технологии “Сколково” мебошад, ки ҳамчун маркази инноватсионӣ фаъолият бурда, стартапҳо, институтҳои илмӣ, корпоратсияҳои калон ва муассисаҳои таълимиро муттаҳид мекунад. Дар “Сколково” ширкатҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, биотибб, энергетика, технологияҳои ҳастаӣ ва кайҳонӣ фаъолият мебаранд.

Бояд қайд кард, ки технопарки “Академшаҳраки Новосибирск”  маркази бузурги илмӣ мебошад, ки дар он якчанд институтҳои тадқиқотӣ ва корхонаҳои технологӣ амал мекунанд. Технопарки «Технополис Москва»  ба рушди истеҳсолоти технологӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла микроэлектроника, дорусозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ равона карда шудааст. Технопарки «Иннополис» – яке аз паркҳои технологии замонавӣ ва босуръат рушдёбанда дар Русия, ки як қисми шаҳри ҳамноми Иннополис мебошад.

Инчунин бояд аз таҷрибаи муваффақи паркҳои технологии байналмилалии Русияву Чин ёдовар шуд. Онҳо ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам дар қаламрави Чин фаъолият мекунанд.

Дар шаҳри Москва парки технологии «Дружба» (Дӯстӣ) маҷуд аст, дар Хитой дар Чанчун, Харбин ва дигар шаҳрҳо паркҳои технологӣ амал мекунанд. Ин технопаркҳо ба ҳар ду кишвар дар рушди соҳаи технологияҳои баланд ва таҳкими мавқе дар арсаи байналхалқӣ кӯмак мерасонанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ метавонанд тавассути бунёди паркҳои технологии муштарак ин таҷрибаро истифода баранд.

Технопаркҳо дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ният дорад дар давоми се сол қариб 30 адад чунин иншоот бунёд кунад. Ин паркҳои технологӣ ба муҳимтарин марказҳои рушди технологияҳои инноватсионӣ табдил ёфта, азнавсозии иқтисодиёти кишварро суръат мебахшанд. Нахустин паркҳои технологӣ дар заминаи корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” дар шаҳри Душанбе ва дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бунёд карда мешаванд.

Дар вилояти Хатлон барои бунёди маҷмуи корхонаҳои бофандагӣ ва ресандагӣ тақрибан 12,5 ҳазор гектар замин ҷудо карда мешавад. Сохтмон дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо ширкати русии БТК ГРУПП ба роҳ монда мешавад. Русия солҳои охир ба лоиҳаҳои муштарак бо Тоҷикистон 131 миллиард рубл сармоягузорӣ кардааст. Дар мавриди паркҳои технологии муштарак бояд гуфт, ки дар ҳудуди собиқ иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» бунёди аввалин парки технологӣ ба нақша гирифта шудааст. Тоҷикистон ба Русия 9 макони имконпазир барои ҷойгиркунии лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар МОИ «Суғд», ва иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи трансформатории ҶСК «Трансформатор» дар вилояти Хатлон пешниҳод намуд. Таҷрибаи паркҳои технологии Русия метавонад ҳамчун асос барои рушди бомуваффақияти чунин лоиҳаҳо дар Тоҷикистон хизмат кунад.

Коршиноси масоили  Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов  бар ин назар аст: “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, минтақаҳои саноатӣ ва технологӣ, паркҳои технологӣ ва саноатӣ – ин ҳама лоиҳаҳои муштараки ҳукумат ва корхонаҳои тиҷоратӣ барои рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мебошанд. Бинобар ин, вақте мо ин минтақаҳоро баррасӣ мекунем, бояд ба назар гирем, ки кадом самт барои иқтисодиёт афзалиятнок аст ва ба ин самт бештар таваҷҷӯҳ кунем.

Агар сухан дар бораи рушди паркҳои технологӣ равад, ин бешубҳа як самти муҳим аст. Вале дар ин ҷо иштироки давлат ва эҷоди механизмҳои зарурӣ барои фаъолияти босамари паркҳои технологӣ муҳим аст. Дар кишвар аллакай дар заминаи донишгоҳҳо чандин паркҳои технологӣ таъсис дода шудаанд, вале онҳо худи мафҳуми парки технологиро  сиёҳ (бадном) карданд, зеро ин лоиҳаҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Бояд афзалиятҳои рақобатӣ дошта бошем ва ҳадафҳои фаъолиятро муайян кунем.

Дар дигар кишварҳо минтақаҳои гуногун бомуваффақият амал мекунанд: минтақаҳои озоди иқтисодӣ, паркҳои саноатӣ, технополисҳо. Намунаҳои пешқадами Қазоқистон ва Русия метавонанд барои мо дар ин масъала роҳнамо бошанд.

Албатта, заминаи қонунгузорӣ вуҷуд дорад ва асос гузошта шудааст. Шояд таҳияи қонуни алоҳида зарур бошад, вале танҳо қабули чунин қонун фаъолияти бомуваффақияти паркҳои технологиро таъмин намекунад. Дар шароите, ки ҳукуматдорон масъалаи тақвиятбахшии иқтисодиётро ба миён мегузоранд, бояд шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ ва самтҳои тараққиёти технологиро ба назар гирем. Агар афзалиятҳо ва самти фаъолиятро дуруст муайян кунем, онгоҳ паркҳои технологӣ фоидаи калон хоҳанд овард”.

Таъсиси паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон як қадами муҳим дар роҳи азнавсозии иқтисодиёти кишвар мебошад. Ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуда, ба як бозигари рақобатпазир дар соҳаи технологияҳои баланд табдил ёбад. Таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Қирғизистон ва Русия метавонад дар ин раванд дастури муфид (роҳнамо) бошад. Дар ояндаи дур ин ҳамкорӣ рушди устувори кишварро таъмин намуда, имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта мавқеи сазовори худро ишғол кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь