Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент хабарнигори МТЖТ бо сардори ниҳоди мазкур Мирзоҳофизиён Ҷаҳон Мирзоҳофиз суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
Номбурда нахуст гуфт, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати молияи вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакентро роҳнамои корӣ худ намуда, кӯшиш ба харҷ намуданд, ки нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024»–ро барзиёд иҷро намояд.
Иҷрои буҷет
Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар панҷ моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ 114,6 фоиз, (соли 2024 маблағи 2 млрд 218 млн 469 ҳазор сомонӣ; соли 2023 маблағи 1 млрд 935 млн 67 ҳазор сомонӣ), кишоварзӣ 110,3 фоиз, (соли 2024 маблағи 98 млн 924 ҳазор сомонӣ; соли 2023 маблағи 89 млн 686 ҳазор сомонӣ), гардиши савдои чакана, яклухт, таъмиру хизматрасонии техникии автомобилҳо ва мотосиклҳо 106,2 фоиз, (соли 2024 маблағи 283 млн 200 ҳазор сомонӣ; соли 2023 маблағи 266 млн 700 ҳазор сомонӣ), хизматрасонии пулакӣ 98,1 фоиз (соли 2024 маблағи 59 млн 100 ҳазор сомонӣ; соли 2023 маблағи 60 млн 200 ҳазор сомонӣ) ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 61,5 фоиз, (соли 2024 маблағи 46 млн 775 ҳазор сомонӣ; соли 2023 маблағи 76 млн 57 ҳазор сомонӣ), бо нархи муқоисавӣ ҷамъ маҷмуи маҳсулоти дохила 111,5 фоиз (соли 2024 маблағи 2 млрд 706 млн 468 ҳазор сомонӣ, соли 2023 маблағи 2 млрд 427 млн 710 ҳазор сомонӣ) ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 11,5 фоиз, яъне 278 млн 758 ҳазор сомонӣ зиёд гаштааст.
Шумораи умумии андозсупорандагон ба ҳолати 01.07.2024, 9592 ададро ташкил додааст, аз он ҷумла: шахсони ҳуқуқӣ- 933 (695 нафар амалкунанда), соҳибкорони инфиродӣ ҳамагӣ- 8659 (8011 нафар амалкунанда), аз ҷумла: соҳибкорон бо патент- 1773 (1309 нафар амалкунанда), соҳибкорон бо шаҳодатнома- 794 (610 нафар амалкунанда), соҳибкорон бо шаҳодатномаи махсус- 1750 (1750 нафар амалкунанда), хоҷагии деҳқонӣ- 4342 (4342 нафар амалкунанда).
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Панҷакент дар нимсолаи якуми соли 2024 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,1 фоиз иҷро гардида, маблағи 533 млн 740 ҳазор сомонии нақшаи тасдиқшуда, 534 млн 470 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 730 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 нақшаи тасдиқшудаи андози иҷтимоӣ ба маблағи умумии 68 млн 336 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ин давра ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ маблағи 76 млн 84 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки 111,3 фоизи нақшаро таъмин намуда, нисбат ба нақша 7 млн 748 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, нақшаи тасдиқшудаи андози иҷтимоии буҷетӣ маблағи 22 млн 220 ҳазор сомониро ташкил дода, ба фонди иҷтимоӣ маблағи 24 млн 936 ҳазор сомонӣ ворид гардида, 112,2 фоизи нақшаро таъмин намуд, ки нисбат ба нақша 2 млн 716 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи тасдиқшудаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ маблағи 46 млн 116 ҳазор сомониро ташкил дода, ба фонди иҷтимоӣ маблағи 51 млн 148 ҳазор сомонӣ ворид гардида, 110,9 фоизи нақшаро таъмин намуд, ки нисбат ба нақша 5 млн 32 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба қисми даромади буҷет аз рӯи ҳамаи намудҳо (контингент) бе андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ маблағи 487 млн 624 ҳазор сомонии нақшаи муайяншуда 483 млн 896 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 3 млн 727 ҳазор сомонӣ кам буда, иҷроиши нақшаро ба андозаи 99,2% таъмин намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 52 млн 911 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 12,3% зиёд мебошад.
Аз рӯи ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоятӣ маблағи 199 млн 570 ҳазор сомонӣ нақшаи муайяншуда, маблағи 198 млн 383 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1 млн 187 ҳазор сомонӣ кам буда, иҷроишро ба андозаи 99,4% таъмин намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 25 млн 240 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст, ки ба андозаи 14,6% зиёд мебошад. Ба буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи 147 млн 292 ҳазор сомонии нақшаи муайяншуда, маблағи 142 млн 894 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки 97,0%-ро ташкил дода, нисбат ба нақша 4 млн 397 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 млн 291 ҳазор сомонӣ ё ин ки 3,1% зиёд мебошад.
Фаъолияти пурсамар
Мавсуф афзуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маблағи 140 млн 762 ҳазор сомонӣ пешбинигардида, 142 млн 619 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид карда шуд, ки иҷроиши нақшаро ба андозаи 101,3% таъмин намуда, нисбат ба нақша 1 млн 857 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23 млн 380 ҳазор сомонӣ ё ин ки 19,6% зиёд мебошад.
Ҳиссаи умумии воридоти андозҳо аз ҶДММ КМ “Зарафшон” нисбат ба нақшаи умумӣ 85,6 фоиз ва ҳиссаи воридоти андозҳо аз ҳисоби Нозироти андоз дар шаҳри Панҷакент бошад 13,5 фоизро ташкил додааст.
Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент 227 адад ташкилоту муассисаҳои буҷети фаъолият мекунанд, ки 205 адади он аз буҷети маҳаллӣ, 18 адад аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва 4 адад аз буҷети вилояти маблағгузорӣ карда мешаванд.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба ҷойи 152 млн 770 ҳазор сомонӣ нақша бо тағйироту иловаҳояш аз буҷет 147 млн 68 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ин 96,3 фоизро таъмин намудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 10701 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда ба маблағи умумии 96 млн 84 ҳазор сомонӣ, музди меҳнат, пардохт карда шуд, сарфаи музди меҳнат бошад, аз ҳисоби 148 воҳиди кории холӣ маблағи 214 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар шаҳри Панҷакент ташкилоту муассисаҳои буҷетие, ки тибқи қонунҳои амалкунанда хизматрасониҳои пулакиро анҷом медиҳанд, 59 ададро ташкил медиҳад.
Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент тамоми чораҳоро баҳри пешрафти фаъолияти корӣ фароҳам хоҳад овард.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ