Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Темурмалик хабарнигори МТЖТ бо сардори Раёсати мазкур Бобоев Амрулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи онро пешкашӣ хонандагон менамоем.

Чунончи ҳамсуҳбати мо дар оғози суҳбат қайд кард, соҳаи молия дар ҳаёти иқтисодиву моддии ҷомеа нақши асосиро бозида, баҳри пешрафти кишвар замимаҳои амиқро мегузорад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Бояд таъкид намоям, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем”.

Номбурда қайд кард, ки Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Темурмалик дар ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” ва дигар қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик, дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” оиди баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.

Амалигардонии нақша

Номбурда дар боби иҷрои буҷет аз семоҳаи соли равон сухан гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети ноҳияи Темурмалик дар семоҳаи соли 2024 ба назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 99 фоизро ташкил намуда, ба буҷет 1020650 сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 1008270 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли 2023, 14 0810 сомонӣ зиёд гардид.

Иҷрои нақшаи аниқшуда даромади буҷети маҳалли ноҳияи Темурмалик дар семоҳаи соли 2024 аз рӯйи ҳафт намуди сарчашмаҳои андози дохилӣ 107 фоизро ташкил намуда, ба буҷети маҳаллӣ 6242418 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 431892 сомонӣ зиёд гардидааст.

Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1-уми майи соли 2024 маблағи 6264533 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1-уми январи соли пешин 6485320 сомонӣ зиёд гардидааст. Қисми хароҷоти  буҷети маҳаллии ноҳия дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 95 фоиз иҷро гардида, маблағи 17400770 сомонӣ иҷро шудааст, ки нисбати иҷроиши ҳамин давраи соли гузашта 3920188 сомонӣ зиёд мебошад. Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки дар раванди иҷроиши буҷети маҳаллӣ ба нақшаи аниқгардида маблағгузорӣ намудан ба соҳаҳои алоҳида дар бахши Мақомоти иҷроияи маҳаллии идораи давлатии дар ҳаҷми 723388 сомонӣ, Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 83737 сомонӣ, соҳаи маориф 10086452 сомонӣ ё ин ки 96 фоиз, соҳаи тандурустӣ 4845737 сомонӣ ё ин ки 97 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 89371 сомонӣ ё ин ки 95 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 266003 сомонӣ ё ин ки 94 фоиз, фарҳанг ва варзиш 511952 сомонӣ ё ин ки 89 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия 9345 сомонӣ ё ин ки 41 фоизро иҷро кардааст.

Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаҳои хароҷот, аз ҷумла нақшаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг варзиш беш аз 95 фоизи хароҷотҳои умумии буҷети маҳаллии ноҳияро  дар семоҳаи соли 2024 ташкил медиҳад, ки ба маблағи 16836515 сомонӣ равона гардидааст.

Натиҷагирӣ

Инчунин мавсуф махсус қайд кард, ки таҳлили иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллии аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисоди буҷетӣ нишон медиҳад, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 дар назди муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби моддаҳои ҳимоятшаванда (музди меҳнат, маблағҷудокунии андоз) қарздорӣ вуҷуд надорад, 97 фоизи маблағҳои 14939984 сомониро пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳои андозиро дар бар мегирад.

Маблағҳои фонди захиравии раиси ноҳия дар семоҳаи соли 2024 аз рӯйи нақша 10232 сомониро ташкил медиҳад ё ин ки 100 фоиз хароҷот гардидааст, ки асоси хароҷоти он бо мақсади кӯмаки яквақтаина ба шаҳрвандон равона карда шудааст.

Маблағҳои бақияи озоди буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра 965271 сомонӣ хароҷот гардидааст, асосан хароҷоти он ба мақсади таъмири биноҳо дар ноҳия, ба синни ниҳоӣ расидани мутахассиси ҷамоати деҳот бинобар бо сабаби ба нафақа баромаданаш хароҷотҳо равона карда шудааст. Оид ба таҳлили шумораи воҳидҳои кори хизматчиёни давлатӣ, мансабҳои маъмури хизмати давлатӣ, кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасониҳо ба шумораи воҳидҳои кори кормандон муассисаю ташкилотҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар семоҳаи соли ҷорӣ 3576 нафарро ташкил дода, аз он амалкунанда 3401 нафар шумораи воҳиди кори холӣ 175 нафар, аз он дар соҳаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва идораи давлатӣ 106 нафар, маориф 2285 нафар, тандурустӣ 842 нафар ва дигар соҳаҳо 343 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои банди 7-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2020, №232 “Дар бораи тасдиқи тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масъунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният мебошанд” ва мутобиқи банди 12-и Низомномаи Вазорати молия, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми апрели соли 2015, №187 тасдиқ шудааст, аз тарафи Вазорати молия ба ноҳияи Темурмалик ба гирандагони кӯмакпулӣ, ки мубталои вируси масъунияти одам мебошанд, дар нимсолаи якуми соли 2024 ба маблағи 4536 сомонӣ пардохт гардид.

Раёсати молия дар асоси қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи даромади маблағҳои андози маблағгузории мақсаднок ва самаранокии чорабиниҳоеро, ки дар соли 2024 пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.

Ҳамчунин, номбурда дар охири сӯҳбат чунин қайд кард: “Дар раванди фаъолияти кории хеш мекӯшем, ки хидмати шоиста намоем ва бад-ин васила сатҳу сифати соҳаи молияро боз ҳам болотар барем.”

Нигора САИДБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь