Зани тоҷик аз оғози офариниш дар муҳити оила мавқеи калидиро доро буда, ба ин тартиб бо иффату зебоӣ, виқору ор, фурӯтаниву маърифатнокӣ зиндагии аҳли ҷомеаро таровату покизагӣ мебахшад. Ин аст, ки аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот дар муҳити тоҷикон асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар зан – модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.

Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Агар дар бобати бузургии зан ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо ҳам сухан гӯем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз урафову уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд.

Чуноне, ки дар урфият мегӯянд Офаридгор накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, қаҳр аз абру борандагӣ, вафодорӣ аз қӯҳ, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ овардаву занро офаридааст то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Аммо, агар ба таърихи гузаштаи халқиятҳои башар нигарем, маълум мегардад, ки на дар ҳама давра иззату эҳтироми зан ба дараҷаи аъло пазируфта мешудааст ва мақому манзалати он низ на он қадар устувор ва барболо будааст. Дар бисёр мавридҳо занро ҳамчун воситаи хушҳолӣ ва хушгузаронӣ медонистанд. Масалан дар Миср зан бо хоҳиши худаш шавҳар карда наметавонистааст ва гузашта аз ин онро ҳамчун мол хариду фурӯш мекарданд ё ҳамчун мол ҳадя менамуданд. Дар ҳолатҳое, ки агар зан дар хиёнати шавҳараш муттаҳам дониста мешуд, шавҳараш ҳуқуқ дошт, ки ӯро ба қатл расонад.

Дар урфу одатҳои мардуми араб то ислом бошад, зан умуман ҳуқуқ ба мерос надошт, дар ҳолати вафоти шавҳараш, ӯро ҳамчун мол ба соҳиби нав месупориданд. Таваллуди зан дар оила мусибати басо бузург ба ҳисоб мерафт ва он ҳамчун нишонаи шармандагии хонавода эътироф мешуд. Аз ин рӯ, тифли навзодро, ки зан таваллуд шудааст, зинда дар гӯр мекарданд.

Дар Ҳиндустони қадим бошад, зан пас аз вафоти шавҳараш ҳуқуқи зистан надошт ва рӯзи марги шавҳараш ӯро зинда ба зинда бо ҷасади ҳамсараш месӯзонданд. Мувофиқи қонунҳои Ману (қонунҳои Ҳинди қадим) зан дар тамоми умр аз падар ё аз шавҳар вобаста буд. Ба ақидаи мардуми ҳиндустони кадим, Зан махлуқи хело бад буда, ҳатто марг, оташи дӯзах, заҳр ва морони заҳрдор аз ӯ беҳтар мебошанд. Зан сарчашма ва маншаи асосии гуноҳ маҳсуб меёфт.

Яҳудиён занро лаънатшуда меҳисобиданд, зеро онҳо чунин мепиндоштанд, ки маҳз зан боиси аз биҳишт ронда гардидани ҳазрати Одам гардидааст. Диндорони масеҳӣ чунин мепиндоштанд, ки ҷинси зан нопок аст ва аз ӯ дурӣ меҷустанд. Аз ин рӯ мардони диндор дар маъбадҳо савганд ёд намуда, то охири умр муҷаррад мемонданд.

Дар баъзе аз кишварҳои дигар дар ҳолатҳои аз ҷониби зан сар задани хиёнат нисбати шавҳараш ё рух додани муносибати зан бо марди бегона боиси ба ҷазои сахти сангсор кардан, гирифтор шудани зан мегардид.

Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, занҳо он ҳама азобу уқубатҳо ва машаққатҳои зиёдро паси сар намуда, насли хешро то имрӯз ба дунё овардаву таълиму тарбият менамоянд.

Пас аз ташкил шудани ҳокимияти Шӯравӣ ба зани тоҷик ва мавқеи он дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҳуқуқи зан расман эътироф ва дар Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки соли 1936 қабул шуда буд, расман мустаҳкам карда шуд. Тибқи Конститутсияи мазкур ҳуқуқи зан бо ҳуқуқи мард баробар эълон шуд. Зан низ дар ҷомеа мақому мавқеъ пайдо намуд. Ин ҳуқуқҳо ба занҳо имконият медоданд, ки минбаъд дар қатори мардҳо таҳсил намуда, соҳибмаълумот гарданд, ба касбу кор ва ё шуғли муайян машғул шаванд, дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии давлату ҷамъият фаъолона иштирок менамуданд, соҳиби ҳуқуқу озодиҳои дахлнопазир бошанд, дар вазифаҳои масъулиятноки давлативу ҷамиятӣ, кору фаъолият намуда, ба халқу ватани худ хизмат намоянд.

Хушбахтона, аз оғози соҳибистиқлолӣ бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат, ин баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа буд.

Ҷиҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам кардани мақеъи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт. Ин иқдом барои баланд бардоштани ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон асос гардид.

Ҳамин буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардидааст, муқаррар менамояд, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробарҳуқукии мардон ва занонро бевосита эълон медорад.

Вобаста ба ин муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, занон низ ба мисли мардон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ имкониятҳои баробар доранд ва аз имкониятҳо баробар истифода мекунанд.

Дар доираи амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тақвияти бахшидан ба мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатӣ оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006 «Дар бораи мубориза ба муқобили харидуфурӯши одамон», Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001 дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016»аз 01 ноябри соли 2006 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»аз 29 майи соли 2010, Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» ва ғайра ба тавсиб расида қабул гардиданд, ки нишонаи амиқи иродаи сиёсии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад.

Яке аз санадҳои нодир ва тақдирсоз оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки дар боло зикр намудем Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа » мебошад.

Фармони мазкур таъмини иштироки фаъолонаи занонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солимгардонии генофонди миллӣ ва баланд бардоштани нақши занро дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат муқаррар намуд. Тавассути фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки намояндагии занонро бо дар назардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордониашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳо, мақомоти прокуратура ва суд, таълимгоҳҳои олӣ ва дигар муассисаҳои маорифу тандурустӣ таъйин намояд.

Илова бар ин, таъмини воқеии баробарҳуқуии мардону занон ва кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар қонунҳои соҳавӣ, ки такмилдиҳандаи меъёрҳои конститусионӣ мебошанд, боз ҳам мустаҳкам гардонида шуданд.

Баробарҳуқуқии занон бо мардон дар дигар қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъияти пешбинӣ гардида, имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо кафолат дода шудааст.

Бешакк, зан муборизи қавиирода буда, дар ҳаёти ҳаррӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунандаро мебозад. Дарки амиқи ин нуқтаи басо муҳимро ба эътибор гирифта, Ҳукумат ҳуқуқи занонро эътироф ва мақому манзалати вай дар ҷомеа рӯз аз рӯз ба тадриҷ меафзоянд.

Зеро илман асоснок шудааст, ки он ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешшоҳангӣ дошта бошанд. Маҳз ҳамон заноне дар ҷомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаърифатанд. Ҳадаф аз қонунҳои қабулшуда ва таҳияи барномаҳо нишон додани он аст, ки масъалаи маърифатнокии занон дар ҷомеа ҳамеша дар мадди аввали Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ҳамаи давру замонҳо масъалаи дараҷаи аввали давлат аст. Ва бешубҳа, ҳал кардани он ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, ҳамаи нуктаҳое, ки дар ин матлаб пешниҳод гардид, аз талаботи рушд бахшидан ба давлати соҳибистиқлоли Точикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа бармеояд. Бинобар ҳамин, аҳли ҷомеа муваззафанд, ки дар ин самт содиқона фаъолият кунанд.

 Ғоибзода М. А.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь