Дар таърихи тамаддуни башар асрҳои XIV-XVI-ро ҳамчун даврони “Эҳё” арзёбӣ менамоянд. Сабаби чунин ном гирифтани ин давра дар он аст, ки пас аз ҳазор соли салтанати рӯҳияи теократӣ, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ аз тарафи калисо идора карда мешуд, марҳилаи наве фаро мерасад, ки он бо такя ба арзишҳо ва ҷаҳонбиниву фарҳанги юнонидошта зиндакунандаи арзишҳо ва рӯҳияи қаблазмасеҳии аврупоист. Давраи Эҳё марҳилаест, ки аврупоиён ба рӯҳияи фарҳанги қаблазмасеҳӣ рӯй меоваранд. Маҳз рӯҳияи фарҳанги замони юнонӣ дубора зинда карда мешавад ва маҷмӯи арзишҳои қабл аз масеҳӣ дубора барои аврупоиён роиҷ гардонида мешаванд. Тафовути асосии давраи Эҳё ба даврони асримиёнагӣ он аст, ки мардум рӯ ба хирадгароӣ, илму маърифат донистани асрори олам майли зиёд пайдо менамояд. Инсон дар ин давра, ба ҳайси яке аз муҳимтарин мавҷуди ҷаҳон, ки меҳвари ҳама арзишҳост, баррасӣ карда мешавад. Дар ин давра, тобиши нури хираду ақл боло мегирад ва кашфиётҳое дар заминаи шинохти табиат рӯйи кор меоянд. Бузургоне низ аз қабили Николай Коперник, Николай Кузанин, Ҷордан Буруно, Галилео Галилей, Бенедикт Сипиноза ва садҳои дигар зуҳур намуда, бо кашфиётҳои хеш манзараи шинохти олам ва ҷаҳонбинии инсониро дар маҷмуъ тағйир доданд. Маҳз кашфиётҳои табиатшиносии ин давр, боиси он гардид, ки ҷаҳонбинии заминмарказият ва дингаро ҷойгоҳи худро аз даст дода, ба ҷаҳонбини илмӣ ва воқенигарӣ имкон фароҳам овард. Инсон ба ҳайси меҳвари арзишҳо қарор гирифта, минбаъд тамоми ҳадафи зиндагӣ саҳлу сода намудани мушкилоти зистии инсон ва боз ҳам пурмаъно ва бо саодат кардани зиндагии инсонӣ буд. Аз тарафи дигар, даврони Эҳё чунин шароитеро ба вуҷуд овард, ки аврупоиён ба анъана, тарзи тафаккур, арзишҳои ахлоқӣ ва ҷаҳонфаҳмию ҷаҳоншиносии даврони антиқа рӯй оварданд ва аксар аз он арзишҳоро аз нав дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ татбиқ намуданд. Ҳамин замон аст, ки суннатҳои демакратияи Юнонӣ, тарзи идоракунии парлумонӣ, ки решаҳои худро дар Юнони қадим доштанд, дубора ба роҳ монда шуда, заминаи мусоиде барои таҳаввулоти минбаъдаи кишварҳои Аврупоиро ба миён овард. Ҷараёни Эҳё дар давоми 200 сол рӯҳияи Аврупоиёнро пурра иваз намуда, як заминаи бисёр қавие барои рушди минбаъдаи инсоният ба миён овард. Даврони Эҳё як такони бузурге буд, ки башарро аз ботлоқи афкори хурофотии асримиёнагӣ берун кашонид, инсонро ба худи худаш шиносонид ва онро ҳамчун сарнавиштсози худ ва ҳалкунандаи тамоми мушкилоташ тавассути хирад арзёбӣ намуд. Даврони Эҳё ба дунболаи худ тафаккури инсонмеҳвар ва илммеҳварро ба миён овард ва ба инсон чунин паём дод, ки инсонҳо танҳо бо донишу ақлу хирад метавонанд дар ҷаҳони имрӯз тамоми мушкилоти хешро ҳал намоянд.
Агар ба рушди 500 соли охири Аврупо назар афканем, пойгоҳи асоси рушди ин даврон маҳз аз давраи Эҳё оғоз мегардад ва он ҳама таҳаввулоти азиме, ки баъдан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавии башар ба вуқуъ пайваст, марбут ба ин марҳила аст. Рӯҳияи ин даврон имкон дод, ки аврупоиён минбаъд аз донишҳои схоластикии асримиёнагӣ даст кашида, ба шинохти илмӣ-воқеӣ ва табиии ҷаҳон рӯй оварданд. Ба туфайли арзиши баланд касб намудани хирадгароӣ марҳилаи дигари сифатан нав дар Аврупо бо номи даврони “Равшангароӣ” ё “Маорифпарварӣ” шуруъ мегардад, ки ҳадафи он сар то сар ба дониш фаро гирифтани аҳли ҷомеа ба ҳисоб мерафт. Пайравони ин ҷараён муътақид буданд, ки инсон танҳо бо роҳи дониш ва дарки дурусти олам ва падидаҳои он метавонад аксари мушкилоти хешро анҷом диҳад. Чунин тарзи тафаккур боиси он мегардад, ки дастгоҳҳои китобчобкунӣ ба вуҷуд омада, инқилоби нави маънавие дар ҷаҳон шурӯъ мегардад. Дастгоҳҳои китобчобкунӣ интишори донишро сода намуда, барои фарогирии ҳамагонӣ шудани донишу илм кӯмак менамоянд. Дарку фаҳмиши мафҳуми дониш низ тағйир пазируфта, арзиши он бознигарӣ мешавад, яъне дар ин марҳила дониш танҳо он донише ҳисобида мешавад, ки тавонад мушкили инсонро ҳал намояд ва дар раванди зиндагӣ барои ӯ кӯмак намояд. Чунин тарзи ҷаҳонбинӣ ва ақоид боиси он мегардад, ки Аврупоиён аз тарзи омӯзиши динии асримиёнагӣ даст кашида, ба тарзи омӯзиши навин, ки меҳвари онро хирадгароӣ ташкил медиҳад, рӯй оваранд. Маорифпарварон тарзи таҳсил, шинохт ва равиши динию асримиёнагиро мавриди танқид қарор дода, пешниҳод менамоянд, ки табиатро бояд ба қисмҳои алоҳида ҷудо намуд ва онро барои дарки дуруст дар ҷузъҳои алоҳида омӯхта, сипас онро ҷмъбаст намуд. Ҳамин гуна ақида боиси тақсимбандии нави илмӣ мегардад, ки он бо ҷузъ гардидани объектҳои илмӣ ва ба миён омадани соҳаҳои нав дар арсаи илму маърифат мегардад.
Дар шинохти инсон низ тағйироти бунёдӣ ба вуқуъ пайваста, он натанҳо ҳамчун як мавҷуди офаридашудаи сарнавиштӣ, балки ҳамчун мавҷуди дорои қобилияти дарк хираду шуур, истеъдод, ки метавонад ба ин восита худу ҷаҳони хешро иваз созад, фаҳмиш ва арзишгузории нав ба миён меояд.
Даврони Эҳё бо шикасти низоми ҷаҳонбинии теократии асримиёнагӣ, ки бунёди он ба адёни космополитикӣ ҳамбаста буд, даврони нави худшиносиро барои мардуми аврупоӣ ба вуҷуд овард. Онон бо тамоми дастовардҳои таърихии қавмҳои хеш аз нав арзишгузорӣ намуда, тамоми он аносире, ки минбаъд барои пешрафти миллат- давлатҳояшон қобили аҳамият буд, ба ҳайси аносири муҳими худсозӣ аз онон кор гирифтанд. Ҳар он чӣ дигар ба дард намехӯрд ё баръакс монеи рушди ҷомеаашон буд, онро мавриди интиқод қарор дода, аз сари роҳашон барчиданд. Маҳз бо ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмии даврони Эҳё низоми нави давлат миллатҳо зуҳур карданд ва назми миллӣ демократӣ ва дунявӣ дар ҷаҳон шакл гирифта, халқияту миллатҳо ба озодиву истиқлол расиданд.
Вақте ба таърихи кишварҳои мусалмонӣ, бахусус, эронитаборон назар меафканем, ҳамин марҳилаи Эҳё ба маънои зинда намудани рӯҳияи милливу фарҳангии бостонии қаблазисломӣ, пас аз дусад соли аввали ҷорӣ шудани Ислом, (ду қарни сукут) яъне асрҳои IX-X сурат мегирад. Натиҷаи ҳамин даврон аст, ки хонадонҳо ва давлатҳои миллие назири Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён зуҳур мекунанд ва хешро то андозае дар баробари Хилофати Араб мустақил эълон медоранд. Дар ин даврон зуҳури ақлгароӣ, зинда намудани арзишҳо ва фарҳанги қаблазисломӣ, таваҷҷуҳ ба адабиёт, ҳунар, зебоӣ ва ҳикмату пизишкия боло мегирад. Забону адаб ва фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ дубора ҷойгоҳи муайян пайдо намуда, баъзе аз суннатҳои фарҳангии қаблазисломӣ зинда мегарданд. Маҳз таъсири ҳамин даврони рушд то омадани муғул ва хонумонсӯзии пасовандони он то қарнҳои баъдӣ, яъне қарни XIII ва XIV идома пайдо мекунад. Эҳёи Аҷам ба фарқ аз даврони Эҳёи Аврупо натовонист то ба охир рисолати хешро анҷом диҳад, ки он ҳам вобаста ба авомилу аносире зиёде буд. Таъсиргузортарини онҳо ба ҳам омадани ду фарҳанги бадавӣ, арабиву туркӣ ва баъдан муғулӣ, ки дидгоҳ, тарзи зиндагӣ ва манофеъашонро арзишҳои динӣ, таассубӣ ва хурофотӣ таъмин менамуд ва ҳокимияти сиёсӣ дар дасташон буда, асоси идеология бар ин поя буд, минбаъд пайваста ба дигарандешиву ақлгароӣ ва ҳикмату табииёт дар мухолифат қарор гирифта, китобсӯзиву фишору тааддиро дар нисбати донишмандон ба роҳ монданд. Аз тарафи дигар, мухолифати пайвастаи хонадонҳо ва нооромии бардавом дар минтақа нагузошт, то ба охир Эҳёи Аҷам ба тамоми он дастовардҳое замони Эҳё дар Аврупо ноилгардида бирасад. Ҳарчанд маҳз осори мутафаккирони замони Эҳёи Аҷам, чун Закариёи Розӣ, Ибни Ровандӣ, Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва даҳҳои дигар, ки тавонистанд осори ҳикмату фалсафа ва табииёту риёзиро зинда нигоҳ дошта, тавассути тарҷумаи ин осор аврупоиёнро ба марҳилаи Эҳё бирасонанд, вале дар минтақа бо боло гирифтани таассубу ҷаҳолати динӣ натавонистанд барои ҳамагонӣ шудани донишу озодандешӣ барои тамоми сатҳҳои ҳаёти иҷтимоӣ таъсиргузор бошанд.
Идомаи татбиқи назарияҳои даврони эҳё барои миллати мо дар ибтидои садаи XX сурат гирифт ва тайи ин қарн корҳои муайяне дар ин замин анҷом дода шуданд. Ҳарчанд ин даврон ҳам дорои шебу фарозҳои зиёдест ва масоили баҳсталаб низ фаровонанд, аммо дар баробари он метавон аз як марҳилае, ки то андозае тавонист дар мардум огоҳӣ ва донишу худшиносии миллиро тақвият диҳад, маҳз дар ҳамин даврон рост меояд. Зуҳури шахсиятҳое чун устод С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, Б.Ғафуров, М.Турсунзода, М.Қаноъат, Л.Шералӣ, Б. Собир, Гулрухсор, Гулназар ва даҳҳои дигар дар самтҳои илм, фалсафа, маориф, ҳунар ва сиёсат ба майдон овард ва пояи худшиносиву худогоҳии миллиро тақвият дод.
Барои миллати мо марҳилаи сифатан нав ин даврони пас аз расидан ба Истиқлолияти давлатиро метавон ҳисобид. Маҳз Истиқлолияти сиёсӣ имкон фароҳам овард, то тамоми он ормонҳои миллиеро, ки дар тӯли қарнҳо дар зеҳни мардум буд, дубора онро эҳё намуд.
Аз бомдоди Истиқлолият зина ба зина худшиносии миллӣ боло гирифт. Пешвои миллат, Президенти кишвар роҳи бузургмардони миллиро идома дода, бо расидан ба ризоияту истиқрори Сулҳу Ваҳдати миллӣ ҷиҳати тақвияти худшиносии миллӣ ба арзишҳои миллӣ ва эҳё намудани таъриху фарҳангии бостониву ҳаштҳазорсолаи миллӣ пардохт. Аҳамияти вижаи ҷашну анъанаҳои миллиро ба назар гирифта, аз замони ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашнҳои миллӣ дубора эҳё гардиданд ва дар сатҳи давлатӣ таҷлил мешаванд, ки бешак дар ин амри хайр саҳми муҳими Сарвари давлат муҷалло аст. Дар ин замина, дарозои 30 соли Истиқлолияти кишвар корҳои зиёде анҷом гирифтанд. Махсусан, эҳё намудани ҷашну анъанаҳои миллӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани онҳо маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ роиҷ гардид. Маҳз анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ифодагарӣ руҳия, ҷаҳонбинӣ ва ҳуввияту ҳамбастагии як миллатанд, ки дар дарозои ҳазорсолаҳои ҳамзистӣ дар як паҳно ва як ҷуғрофиёву иқлим шакл гирифта, дар шакли ҷашну маросими миллӣ аз насл ба насл гузашта то замони мо омада расидаанд.
Миллатҳо ва қавмҳои гуногуни ҷаҳон барои нигоҳдошти ҳастии хеш дар баробари хатарҳои табииву иҷтимоӣ пардаи ҳифозатиеро ҳамчун тарзи зиндагӣ эҷод менамоянд, ки ба унвони фарҳанг шинохта мешавад. Як қисмати муҳими ин пардаи ҳифозатиро забони миллӣ ва ҷашнҳои миллӣ (мардумӣ) ташкил медиҳанд, ки хамирмояи сохтмони давлати миллӣ ба ҳисоб рафта, барои боло бурдани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ҳамчунин тақвиятбахши равобити иҷтимоӣ ва муназзами суботи иҷтимоӣ барои миллату давлатҳо хизмат менамояд. Пайдоишу ташаккули ҷашну анъанаҳои миллӣ (мардумӣ) пеш аз ҳама ба омилҳои табиӣ, мавқеи ҷойгиршавии қавмҳои муайян, тарзи зиндагӣ ва роҳҳои бароварда кардани ниёзҳои моддиву маънавӣ ва сатҳи ҷаҳонбиниву огоҳиҳои қавмҳои муайян марбутанд. Куҳантарин ҷашнҳои миллии қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада ва ҷашни шаби ялдо аз омилҳои фавқуззикр маншаъ гирифта, далолат ба сатҳи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ва огоҳии саҳеҳ аз улуми табииву шинохти вазъи кайҳониро аз назари эшон бозгӯ менамояд. Воқеан, ҷашну анъаноти зикргардида дар тӯли таърих ҳамчун сутунҳои қавии фарҳангӣ дар баробари ҳуҷуми бегонагоне, амсоли Искандару Араб ва Турку Муғулу Фаранг тавонистаанд соҳибони хешро аз нобудиву гумномӣ ва беҳуввиятиву худбохтагӣ наҷот диҳанд. Чун ҷашнҳои номбаршуда анъанот ва арзишҳоеро фарогир будаанд, ки дар ҷавҳари онҳо инсон ва зиндагии он, ҳамбастагии инсону табиат, адлу дод ва меҳру ситод қарор доштанд, аз ин рӯ ғосибони номбаршуда на танҳо онҳоро аз байн бурда натавонистанд, балки худ шефтаву шайдои ин русум гардиданд ва онҳоро пазируфтанду дар қаламрави давлатҳои хеш тарвиҷ карданд. Зинда намудани ин бахши ҷашну анъанаҳои миллӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият додани пайкараи миллӣ ва боло бурдани руҳияи худшиносӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббусу андешаи эҳёгаронаи Пешвои Миллат сурат гирифта, ин раванд идома дорад.
Исомиддин ШАРИФЗОДА, номзади илмҳои фалсафа