Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон, махсусан дар баландкуҳҳои Помир ва Тяншон, қаторкуҳҳои Ҳисору Зарафшон, сол то сол аз сабаби гармшавии иқлим дар курраи замин тармаҳое, ки тӯли қарнҳо ҷамъ шуда, пиряхҳоро ба вуҷуд оварданд, рӯ ба обшавӣ овардааст. Ҳамаи ин пиряхҳо асоси оби ошомиданӣ ва полезии Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Кам гаштани боришоти барф дар ин минтақаро аксари олимону коршиносон дар корҳои анҷомдодаи худ гӯшзад намуда, сокинони ин марзу бумро огоҳ менамоянд. Дар баробари ин раванд, паст гаштани сатҳи оби баҳри Хазар ва хушк шудани оби баҳри Арал ва вазидани бодҳои сахте, ки аз ҷониби ин ду баҳр, ки омехтаи намак ҳастанд, ба тезтар об шудани пиряхҳои на танҳо куҳҳои Помир, Тяншон, Ҳимолой, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, балки ба қисмати шимолии Русия, Эрон ва Афғонистон, бахусус ба пиряхҳои қаторкуҳҳои Албурз, Арарат ва Ҳиндукуш таъсири манфии худро низ расонидааст, ки олимон аз он ҳамвора бонги изтироб мезананд.

Ҳамзамон дар натиҷаи ин амали табийӣ, ки аслаш гармо ва тағйирёбии иқлим аст, эҳтимоли сар задани оташ дар ҷангалзорҳоро зиёд мегардонад. Ба ин мисол гашта метавонад сӯхторҳои ҷангалзорҳои минтақаи Сибири Русия, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ на он қадар дур ҷойгиранд.

Дар баробари ин, гуруҳе аз олимону коршиносони хориҷӣ оқибатҳои эҳтимолии гармшавии сайёраро ба назар гирифта, ба он назаранд, ки кам гаштани оби ошомиданӣ ва ҳамзамон полезӣ дар солҳои наздик суботи мавҷуди Осиёи Марказиро барҳам мезанад ва кишварҳои ин минтақаро ба ҳам мешӯронад. Махсусан ин андеша дар пажуҳиши коршиносони Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи Шветсия таъкид гаштааст, ки мардумони ин панҷ кишвари Осиёи Марказиро бетараф гузошта наметавонад. Ин дар ҳолест, ки байни Ӯзбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Қирғизистон баҳси замин ва марз вуҷуд дорад. Агар ба ин раванд бинобар тағйирёбии иқлим коҳиши об ҳамроҳ гардад, вазъ дар ин панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мураккаб мегардад. Маврид ба зикр аст, ки зиёда аз 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад. Бино ба маълумоти коршиносони соҳа гармии ҳаво дар сӣ соли ахир зиёда аз ҳазор пиряхи Тоҷикистонро аз байн бурдааст ва дар ҳоли ҳозир рӯз ба рӯз камшавӣ ва нест гаштани пиряхҳо дар кишвар ба назар мерасад. Яке аз сабабҳои асосии обшавии пиряхҳо ҳамоно намаки соҳилҳои баҳри Арал ва паст шудани сатҳи оби баҳри Хазар мебошад.

Коршиноси Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи Шветсия Камиля Борн мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир фурсати хубе барои ҳамкорӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои пешгирӣ аз ҳар гуна муноқиша барои ин панҷ кишвари Осиёи Марказӣ фаро расидааст, ки муноқишаҳои ояндаро оид ба об метавонад аз байн барад.

Камиля Борн баён менамояд, ки то ба имрӯз кишварҳои минтақа дар масоили марзҳояшон ба мувофиқа наомадаанд ва тағйироти иқлим метавонад мушкилии навбатиро ба бор оварад ва ҳатто ин баҳс метавонад ба ҷанг мубаддал гардад.

– Дар минтақаҳои баҳсбарангези марзӣ, мардум барои замину об рақобат мекунанд. Коҳиши об ва аз байн рафтани чарогоҳҳо рақобатҳоро дар ин ҷо шиддат дода метавонад ва хусумат бармеангезад,- мегӯяд ин коршинос.

Дар ҳамин ҳол, кишвари Қирғизистон аз кишварҳои ҳамсояи поёноб талаб дорад, ки барои об ба ин кишвар ҷуброн пардохт намоянд.

Аммо то ба ҳол аз ҷониби кишварҳои поёноб дар ин маврид вокунише нашудааст.

Дар ҳамин маврид гуфтан зарур аст, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзҳояшонро қариб ба поён расонидаанд, вале зиёда аз чаҳорсад километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон то ба имрӯз аломатгузорӣ нашуда, баҳсҳо дар ин масъала байни ду кишвар давом дорад.

Обуҳавошиносон бар он андешаанд, ки гармии ҳаво дар Осиёи Марказӣ метавонад дар солҳои баъдӣ то 4 дараҷа боло равад ва фалокатҳои табииро дар Осиёи Марказӣ бештар кунад. Тағйирёбии иқлим дар се даҳсолаи охир ҳарорати ҳаворо дар Осиёи Марказӣ то панҷ дараҷа боло бурдааст ва ҳавза дар ҳоли ба минтақаи осебпазир табдил ёфтан аст.

Дар ҳамин ҳол, Пажуҳишгоҳи захираҳои ҷаҳонӣ – WRI кишварҳои гирифтори мушкили оби ошомиданиро радабандӣ намудааст. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон дар зинаи 51-ум ҷой дода шудааст. Ҳамзамон дар ин радабандӣ кишварҳои дигари минтақа Туркманистон дар зинаи 16-ум, Ӯзбекистон дар зинаи 25-ум, Қирғизистон дар зинаи 38-ум ва Қазоқистон дар зинаи 60-ум қарор доранд.

Дар ин радабандӣ кишварҳои гирифтори бузургтарин мушкилоти об Қатар, Исроил, Лубнон, Эрон, Урдун, Либия, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Эритрея, АМА, Баҳрайн, Сан-Морино, Ҳиндустон, Покистон, Туркманистон ва Уммон зикр гардидаанд.

Андрю Стир, раиси созмони “WRI” бар ин назар аст, ки мушкилоти марбут ба об бузургтарин буҳрони муосир аст, ки мақомоти кишварҳои ҷаҳон ба ин масоил чандон таваҷҷуҳ зоҳир наменамоянд. Ин дар ҳолест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд гаштаву баргашта ба ин мушкилот дахл намуда, аз паёмадҳои ногувори он роҳбарони кишварҳои ҷаҳонро ҳушдор медиҳад.

Обанборҳои нав дар кишварҳои поёноб

Баҳри Арал асосан аз обҳои дарёҳои Омуву Сир сарчашма мегирад, вале оби 130 дарё ба баҳри Хазар ворид мегардад, ки бузургтарини онҳо аз самти Русия дарёҳои Волга, Терек, Сулак ва Самур, аз самти Қазоқистон дарёҳои Урал, Эмба, аз ҷониби Озарбойҷон дарёи Кура, аз ҷониби Туркманистон дарёи Атрек ва аз самти Эрон дарёи Сафедрӯд мебошанд.  Беш аз 80 дарсади оби воридшаванда ба баҳри Хазар ба дарёҳои Волга, Терек, Сулак, Урал, Эмба рост меояд. Дар ҳолати пур нашудани баҳри Арал бо об ва боло нарафтани оби баҳри Хазар бодҳои шиддатноки пур аз хоку намак қуллаҳои осмонбӯси куҳҳоеро, ки дар қисмати боло ном бурдем, мепӯшонад.

Бо вуҷуди ин, барои зиёд намудани заминҳои кишт дар кишварҳои поёоноб, махсусан дар Ӯзбекистону Туркманистон бунёди обанборҳо ба назар мерасад, ки ин омил ба ба муҳити экологии минтақа бетаъсир намемонад.

Тасмими сохтани ҳафт обанбори навбатӣ дар Ӯзбекистон ҳанӯз 10-уми декабри соли гузашта дар мулоқот бо кишоварзони Ӯзбекистон ба муносибати иди касбиашон аз ҷониби раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев садо дода буд. Бино ба ин маълумот, дар вилояти Тошканд обанборҳои «Паркандсой», «Қизилсой», «Тоштеппа», дар Ҷиззах «Караман», дар вилояти Қашқадарё обанборҳои“Гулдара”-ю“Оякчисой” ва дар Самарқанд обанбори “Булунғур” сохта мешаванд. Мувофиқи бархе маълумотҳои дигар аллакай сохтмони ин обанборҳо дар баъзе аз манотиқи ин кишвар оғоз шудааст. Дар обанборҳои нави Ӯзбекистон 45 миллион метри мукааб обро метавон захира намуд.

Барои беҳтаргардонии обёрии заминҳои ин кишвар дар назар аст 1,7 триллион сӯми буҷет ва 84 миллион доллар маблағи созмонҳои байналмилалӣ равона гардад.

Дар ҳамин ҳол, Лео Ҳеллер, намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ дар гузориши нави худ мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшокии тозаро дар рустоҳои Тоҷикистонро қайд намудааст.

Салоҳ аст, Ҳукумати Тоҷикистон тавассути тунел оби дарёи Зарафшонро, ки ба се ноҳия – Масчоҳи куҳӣ, Айнӣ ва Панҷекат қариб, ки фоидае намеоварад, ба даштҳои ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Истаравшан ва қисман Зафаробод интиқол бидиҳад. Ин амал вазъи кишоварзии ноҳияҳои мавриди назарро аз ҳар ҷиҳат беҳтар мегардонад. Бино ба маълумоти бойгонии замони шӯравӣ пас аз пурра обёрӣ кардани даштҳои ноҳияи Данғара ин мавзеъ бояд ба се ноҳия тақсим мешуд ва ин ноҳияҳои навтаъсисдодашуда метавонистанд Тоҷикистонро пурра бо гандуми худӣ таъмин намоянд.

Ҳамзамон сохтани обанборҳо дар рӯдхонаҳои Алмосии ноҳияи Ҳисор, Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав ва рӯдхонаи Кофарниҳон дар вилояти Хатлон барои танзими маҷрои дарёҳо дар мавсими селобҳо, пурра обёрӣ намудани водии Ҳисор ва нисфи вилояти Хатлон ва дар баробари ин бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат карда метавонад.

Дар чунин шароити ҳассос гузариш ба усулҳои обёрии қатрагӣ ва сарфаи об дар ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ зарур аст. Илова бар ин дар муддати кӯтоҳ пайдо намудани роҳи ҳалли мушкилоти баҳри Арал барои минтақа хеле масъалаи мубрам боқӣ мемонад.

Дӯстмуроди Бобо,

Суҳроби Мирзоалӣ, рӯзноманигорони мустақил

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь