(дар ҳошияи сафари расмии Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон)
Санаи 2-уми июли соли 2024 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол карданд. Меҳмони олиқадр паз аз дидору мулоқотҳо 3-уми июл аз Тоҷикистон ба Қазоқистон барои иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ сафар кард. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як созмони сиёсӣ, иқтисодӣ ва байналмилалии Авруосиё аст. Он бузургтарин созмони минтақавӣ дар ҷаҳон аст, ки тақрибан 60% минтақаи Авруосиё ва 40% аҳолии ҷаҳонро фаро мегирад. СҲШ вориси Панҷгонаи Шанхай мебошад, ки соли 1996 миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ташкил шудааст. 15-уми июни соли 2001 раҳбарони ин кишварҳо ва Узбакистон дар Шанхай мулоқот карданд, то созмони нави ҳамкориҳои амиқи сиёсиву иқтисодиро эълон карданд.
Покистон 9-уми июни соли 2017 дар ҷаласаи 17-уми Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Остонаи Қазоқистон расман ба узвияти комилҳуқуқи СҲШ пазируфта шуд. Дохил шудани Покистон як марҳалаи муҳими сиёсати хориҷӣ, таҳкими ҳамкориҳои он бо кишварҳои узви СҲШ ва имкон додани нақш дар суботи минтақа муҳим арзёбӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон аз байни манотиқи Осиёи Миёна ягона кишваре аст, ки бо Покистон пайванди ҷуғрофии наздик дорад.
Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон 6-уми июни 1992 барқарор шуд. Соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд. Тибқи сарчашмаҳо Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то кунун ҳафт бор ба Покистон сафар кардааст ва бори охир моҳи марти соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Покистон сафар кард.
Бо даъвати Ҳукумати Покистон Президенти Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3-юми июни соли 2021 ба Покистон сафар намуда бо Сарвазир, Президент ва дигар раҳбарияти олии ин кишвар дидору мулоқот карданд, ки дар натиҷа 12 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф миёни ҳар ду давлат ба имзо расид. Дар ин зинм, санаи 14-уми декабр соли 2022 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазир сурат гирифт. Ба ифтихори сафари расмӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон қароргоҳи Сарвазири ин кишвар низ бо шукӯҳи хоса омода гардид.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар 11 моҳи соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар ба 16,2 млн. мерасид, ки аз он содирот 6,6 млн. доллар ва воридот 9,6 млн. долларро ташкил медиҳад. Тибқи омори нав дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду кишвар то 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода, ба 500 миллион доллар расонанд.
Кишвари Покистон узви фаъоли СММ, СААРК, СҲИ (ЭКО), Созмони ҳамкории Шанхай ва СТҶ мебошад.
Аз рӯйи сарчашмаҳои гуногун дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онон аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон инҷоро ватани доимии худ қарор доданд. Бояд қайд кард, ки бештари гузаштагони сулолаи муғулони инҷо ба касби тиҷорат, сарбозӣ, илму дониш, меъморӣ, дин ва ирфон машғулият доштанд, ки то имрӯз осорашон боқӣ мондааст.
Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд бо ҳам масири аслии энергетикии хуберо барои эҷод, ҳамкорӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ ба вуҷуд оваранд, ки тавассути он ҳамаи сарзаминҳо аз сарватҳои инҷо истифода хоҳанд кард. Бо эҷоди равобит байни Тоҷикистон ва Покистон метавон масири тиҷоратӣ дар байни дигар манотиқ низ тақвият ёфта, густариш ёбад.
Қобили зикр аст, ки Покистон кишвари кишоварзӣ буда, воҳиди пулиаш рупия, содироти асосиаш нафт, чарм, либос, матоъ, пахта, биринҷ, хӯрокворӣ ва молҳои ороишӣ мебошанд. Маҳсулоти воридотиашро бошад мошинсозии вазнин ва саноати химия, таҷҳизоти нақлия, сӯзишвориҳо ва равғанҳои молиданӣ ташкил медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки бо баргузории нахустин Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон дар моҳи октябри соли 2002 дар Исломобод муносибатҳо байни тарафайн рушд карданд. Тоҷикистон низ талош дорад, то бо истифода аз бандари Гводари Покистон дарвозаҳои тиҷоратиашро ба тамоми кишварҳои олам густариш диҳад.
Кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Покистон аз манобеъ ва захоири табии кишвари Тоҷикистон, ки яке аз умдатарин кишварҳои дорои захоири табиӣ ва тавлиди барқ аст, хуб истифода кунад. Дар ин кишвар 8,000 пиряхҳоест, ки истифодаи дурусти онҳо метавонанд ба аҳолии кишвар ва сайёра манфиат бирасонанд. Тоҷикистон 4% иқтидори гидроэнергетикаи ҷаҳонро доро буда, саввумин тавлидкунандаи барқ ба шумор меравад.
Яке аз дигар самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, ин амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад, ки ҳамоҳангсозии асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 ин тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Бо амалисозии ин лоиҳа кишвари Покистон 1300 мегаватт барқ дарёфт менамояд, ки бо ин васила равобити минтақавиро тақвият мебахшад.
Кишварҳои Тоҷикистон ва Покистон метавонанд дар бахши кишоварзӣ ва саноат низ ҳамкории худро рушд ва тақвият диҳанд. Зеро ҳар ду кишвар дорои манобеи хуби кишоварзӣ ва саноатӣ ҳастанд, ки иборат аз кишти картошка, пахта, шолӣ, меваҷот, гӯгирдсозӣ, семент, либосворӣ, зарфсозӣ, тӯбсозӣ ва ғайра мебошанд. Тоҷикистон метавонад дар бахши коркарди ғизо ва нассоҷӣ аз таҷриба ва саноати Покистон истифода намояд. Зеро ин кишвар дар тавлид ва коркарди маҳсулоти пахтагин дар ҷаҳон ҷойи саввумро ишғол мекунад.
Аз 1 то 2-юми июни соли 2021 дар Покистон дуввумин конфронси умумии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ECO-economic Cooparation Organization) таҳти унвони “Мусоидат ба шарикони парлумони барои ҳамгироии минтақавӣ” баргузор гардид. Дар конфронси дурӯза роҳбарону намояндагон аз Туркия, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Покистон ширкат варзиданд.
То ибтидои соли 1992 дар чаҳорчӯбаи СҲИ ҳамкориҳо миёни давлатҳои аъзои Созмони мазкур дар маҷмуъ шакли дуҷонибаро доштанд. Дертар аз соли 1992 фаъолияти СҲИ бо воридшавии ихтиёрии ҳафт кишвари аъзои нави Созмон фаъолтар шуд. Тӯли 12 соли охир кишварҳои аъзои СҲИ баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Коршиносони соҳа ЭКО-ро ба АСЕАН медонанд, зеро он ташкилоте мебошад, ки дорои амалисозии тиҷорат дар байни кишварҳои соҳибихтиёр мебошад.
Мавриди зикр аст, ки 20-уми декабри соли 2011 дар Покистон ҷаласаи якуми Шӯрои сарпарастони Бунёди Илмии СҲИ баргузор шуд. Бояд қайд кард, ки моҳи марти соли 2017 сарони давлатҳои аъзо дар Саммити 13-уми худ дар шаҳри Исломободи Покистон шиори «Дидгоҳи СҲИ 2025»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ карданд.
Хулоса, муносибатҳои Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯбаи созишномаҳои дуҷониба ва чандҷониба то имрӯз мавриди амал гирифта, сафари роҳбари кишвари ба онҷо қадаме неку хубест барои рушди ҳамкориҳо миёни ҳар ду кишвар ва минтақа. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд ҳамкориҳои бештари худро дар чаҳорчӯбаи форуму лоиҳаҳои мазкур масири аслии рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва энергетикиро тавсеа бахшида, шароитҳои созгору хуберо барои эҷод ҳамкорӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ фароҳам карда, аз сарватҳои инҷо барои рифоҳи зиндагии мардум истифода хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, ҳар ду кишвар чун аъзои фаъоли СҲШ метавонанд дар пешбурди сулҳу субот ва иқтисоду тиҷорату саноату саёҳат саҳми муҳим ва муассир гузоранд.
Кишварҳои аъзои СҲШ дурнамои худро дар бораи расидан ба амнияту сулҳи пойдор бо унсуру моделҳои хос, аз ҷумла тарғибу ташфиқи фарҳангӣ, рушду пешрафти иқтисодӣ, фаъолсозии лоиҳаву барномаҳои муассири пазируфташудаи худ, ҳамкории муштарак, пайвастшавӣ ва раҳоӣ аз таҳдиду хатарҳо кору фаъолияти муштарак барқарор намуда, минтақа ва ҷаҳонро ба самти созандагиву сулҳофаринӣ ҳидоят фармуда, дипломатияи мардумиро тавсеаву тақвият бахшанд.
Маълумотномаи Покистон
- Номи пурраи кишвар: Ҷумҳурии Исломии Покистон
- Раиси ҷумҳур: Осиф Зардорӣ
- Сарвазир: Шаҳбоз Шариф
- Аҳолӣ: беш аз 200 млн
- Пойтахт: Исломобод
- Калонтарин шаҳр: Карочи, Лоҳур, Пешовар, Файсалобод, Ровулпиндӣ ва Кувейта.
- Марзбум ё масоҳат: 796,095 км2
- Забонҳои расмӣ: англисӣ, урду, (дигар забонҳо панҷобӣ, синдӣ, пашту, балучӣ ва сароикӣ)
- Дин: Ислом
- Пули воҳиди кишвар: рупияи Покистони
- Содирот: Маводи нассоҷӣ, шолӣ, семент, пахта, маҳсулоти чармӣ
- Рамзи интернети: .pk
- Коди байнишахри: +92
Мирсаид РАҲМОНОВ, Ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқи Институти Омӯзиши масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупо