Дар доираи як сафар хабарнигори МТЖТ ин навбат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Кӯшониён, ки аз марказҳои муҳими саноативу кишоварзии вилояти Хатлон ба шумор рафта, мардуми заҳматкашу меҳанпарасташ бо обилаи дастони пурэъҷози хеш дар ободу пешрафта намудани Ватани маҳбубамон ва фаровонии дастархони аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд, ошноӣ пайдо намуд. Инак гузориши ӯ аз дастовардҳои ин ноҳияи аграрии диловезу зархез ва дорои инфрасохторҳои саноатии рушдкунанда дар семоҳаи аввали соли сипаригардида ва сатҳи омодагиҳо ба таҷлили пуршукӯҳ аз ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ манзури хонандагони ҳафтанома мегардад.

Талош барои зиндагии шоиста

Тавре дар ҷараёни суҳбат раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин иброз дошт, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Кӯшониён ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равон гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Яке аз самтҳои барномавии рушди иқтисодиёти ноҳияи Кӯшониён пеш аз ҳама равона намудани таваҷӯҳҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри бартараф намудани мушкилоти аввалиндарҷа ва хизматрасонии босифати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Ҳадафи асосии барнома беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ, таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳия мебошад.  Барномаи мазкур марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст. Ба ин барнома лоиҳаҳои афзалиятнок ворид карда шудааст. Айни замон тибқи барномаи мазкур дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳо назаррас мебошад, – бо итминон изҳор дошт раиси ноҳияи Кӯшониён.

Зимнан Вализода дар идома бо такя ба факту рақамҳои муқоисавии оморӣ зикр намуд, ки тайи як соли ахир ҳаҷми умумии истеҳсолот дар ноҳия маҷмуан 104 миллиону 989 ҳазор сомонӣ ва ё 112,3  % -ро ташкил дод, ки ин нишондод мутаносибан ба  соҳаи кишоварзӣ 49 миллиону 287 ҳазору 200 сомонӣ (109,6 % ва нисбат ба соли 2020 –ум 4 миллиону 328 ҳазору 100 сомонӣ зиёд), ба соҳаи саноат 50 миллиону 267 ҳазору 500 сомонӣ (113,2 % ва нисбат ба соли 2020 -ум 5 миллиону 861 ҳазору 400 сомонӣ зиёд), ба соҳаи сохтмон 5 миллиону 434 ҳазору 300  сомонӣ (131,1 % ва нисбат ба соли 2020 –ум 1 миллиону 289 ҳазору 800 сомонӣ зиёд) мувофиқ меояд. Ҳамин тариқ, дар маҷмуъ дар ноҳия ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба соли гузашта 11 миллиону 479 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки ҳарчанд ноҳияи дар собиқ Бохтар ва ҳоло Кӯшониён дар даврони шукуфоии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта бошад ҳам, аслан дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ бо тамоми иқтидор рушду нумуъ пайдо кард ва дорои инфрасохторҳои азими саноативу иҷтимоӣ гардида, соҳаи кишоварзиву иқтисодиёташ равнақ пайдо намуд. Натиҷаи таваҷҷуҳи Ҳукумати марказӣ ва вилоят ба ин ноҳияи саноативу аграрӣ мебошад, ки феълан дар дар ноҳия 98 барномаву стратегияҳои давлатӣ татбиқ мегарданд, ки аз ин 14 адад дар соҳаи кишоварзӣ, 57 адад дар соҳаи идеологӣ, 13 адад дар соҳаи иқтисод ва 14 адад дар соҳаи сохтмон мебошад.

Иҷрои буҷет асоси пешравист

Мувофиқи маълумоти раёсати молия ва нозироти андоз нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 100,7 фоиз иҷро гардида ба ҷои 11 млн. 768 ҳаз. 180 сомонӣ ба буҷет 11 млн. 848 ҳаз. 909 сомонӣ маблағ ворид карда шуда, инчунин қисми даромади буҷет бо дар назар дошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,0 фоиз иҷро гардид.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 12 млн 527 ҳазору 565 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки 98,6 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 94 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи семоҳаи аввал  24 млн 989 ҳазору 162 сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 23 млн 419 ҳазору 706 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла ба сохтори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 71 фоиз, маориф 95 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 99 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 56 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100 фоиз, фарҳанг ва варзиш 66 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 70 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2021 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 18 655 711 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 408 494 сомонӣ кам гардидааст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Тибқи маълумоти нозироти андози ноҳия тариқи «Равзанаи ягона» дар миқёси ноҳия 2895 адад субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра 811 соҳибкор ба тариқи патент, 198 соҳибкор ба тариқи шаҳодатнома, 1886 адад хоҷагии деҳқонӣ инфиродӣ ба қайд гирифта шуданд.

Айни замон дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ  ба маблағи  75 млн. 900 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ гардида истодааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб зиёд мебошад.

Боис ба зикр аст, ки дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2016-2020, ки 248 млн. 806 ҳаз сомониро дар бар мегирифт, дар ҷамъбасти иҷрои барномаи мазкур, 85 лоиҳа ба маблағи 71  млн. 704 ҳаз. сомонӣ (28,8 фоиз) амалӣ гардид. Инчунин дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2021-2025 ба тавсиб расид, ки дар Барномаи рушди ноҳия амалишавии 193 лоиҳа бо маблағи 212,182 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин 54 лоиҳа бо маблағи 83,958 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 92 лоиҳа бо маблағи 73,208 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 32 лоиҳа бо маблағи 52,893 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 9 лоиҳа ба маблағи 11,860 млн. сомонӣ бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда ва 6 лоиҳа бо маблағи 263 ҳаз. сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд.

Ҷиҳати татбиқи  “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2021-2025” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 222,182 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, аз он ҷумла, аз ҳисоби: буҷети ҷумҳуриявӣ 35,528 млн. сомонӣ, буҷети вилоятӣ 15,78 млн. сомонӣ, буҷети маҳаллӣ  9,45  млн. сомонӣ, маблағҳои соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 67,354 млн. сомонӣ ва маблағҳои сармоягузориҳои хориҷӣ 94,07 млн. сомонӣ мебошад.

Саноат – шоҳраги иқтисодиёт

Танҳо дар се моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ба 50 миллион 267  ҳазору 500 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 5 миллиону 861  ҳазору 400 сомонӣ ё 113,2 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта 101,0 фоиз, нон ва маҳсулоти нони  102,0  фоиз, пахтаи кӯрпабоб 153,3 фоиз зиёд гардид. Истеҳсоли хишти сементӣ бошад, ба 313,14  ҳазор дона расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 26,5  ҳазор дона зиёд мебошад.

Дар се моҳи аввали соли 2021 ба ноҳия 44 млн 800 ҳазор кВт соат қувваи барқ ба маблағи 9 млн 763 ҳазору 600 сомонӣ интиқол ёфта, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда бошад 8 млн. 044 ҳаз. 300 сомониро ташкил намуд, ки 82,4 фоизро ташкил дод.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ дар ноҳия гурӯҳи таблиғоти ташкил карда шуда, дар давраи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар се моҳи сипаригаштаи соли 2021, ба ноҳия  44,8 млн. киловатт нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020, 3,4 млн.  киловат кам мебошад.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар семоаи аввали соли 2021 ҳаҷми сармояи асосии иҷрокардашуда 99 млн. 855 ҳаз. 300 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 89 млн. 208 ҳаз. 400 сомонӣ зиёд мебошад.

Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 34 млн. 759 ҳаз. 800 сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба семоҳи соли 2020, 25 млн.  сомонӣ зиёд мебошад.      Дар се моҳи сипаригашта дар масоҳати 8960 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 5763 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Дасти пурэъҷози деҳқон

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар семоҳаи аввали соли 2021, 49  млн 287 ҳаз. 200 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 4 млн. 328 ҳаз. 100 сомонӣ зиёд иҷро гардидааст ва афзоиш 109,6 фоизро ташкил медиҳад.

Кишоварзони ноҳия барои ҳосили соли 2021 дар майдони 1198,5 га ғалладонагӣ, 453  га картошка, 1183,6  га сабзавот, аз он ҷумла 231,5 гектар пиёз, 106 гектар полезӣ ва 483,4  га зироатҳои хӯроки чорво кишт намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23  га картошка, 47,9 га сабзавот ва 5,3 гектар полезӣ зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз майдони 30 гектар сабзавот 525 тонна сабзавот ва аз майдони 4,77 га гармхонаҳои доимо амалкунанда 60 тонна сабзавот истеҳсол карда шуда, ҳосилноки зироатҳо аз гармхонаҳо ба 125,8 сент/га ва аз заминҳо ба 175 сент/га расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз гармхонаҳо 2,1 сент/га ва аз заминҳо бошад 15,4 сент/га  зиёд мебошад.

Дар ин давра саршумори чорвои калон дар якҷоягӣ бо сектори аҳолӣ ба 70083 сар, моли майда ба 82910 сар, саршумори парранда ба 85480 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли  2020 саршумори чорвои калон 530 сар, моли майда 1575 сар ва парранда 55  сар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ  чорводорони ноҳия бо дар маҷмуъ бо секторӣ  аҳолӣ 1243,3 тонна гушт, 5230,5  тонна шир, 1141,7  ҳаз. дона тухм, ва 1,2 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 127,9 тонна гушт,  228,3 тонна шир ва 59.6 ҳаз. дона тухм,  зиёд мебошад.

Ҳифзи иҷтимоӣ

Дар семоҳаи сипаригаштаи соли ҷорӣ дар ноҳия 420 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз он 49 адад дар соҳаи кишоварзӣ, 130 адад дар соҳаи сохтмон, 10 адад дар соҳаи савдо ва 231 адад дар шаклҳои гуногуни фаъолият мебошад. Дар ин давра музди миёнаи моҳонаи кормандон дар ноҳия 1025,75 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 102,16 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 11,0 фоизро ташкил додааст. Қарздории музди меҳнат дар ташкилотҳо ва корхонаҳои  ҳудуди ноҳия вуҷуд надорад.

Тибқи маълумотҳои мавҷуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 19867 нафарро ташкил медиҳад. Талаботи моҳонаи нафақа бошад, ба ҳолати 1 апрели  соли 2021, 6 млн.717 ҳаз. 701 сомонӣ мебошад, ки ба ҳисоби миёна ба 1 нафақахӯр дар як моҳ 338,13 сомонӣ рост  меояд.

Ҷиҳати бо воситаҳои техникӣ – тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон барои 5 нафар (ба маблағи 6750 сомонӣ) аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд. Инчунин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар фасли зимистон 10 нафар оилаҳои камбизоати ноҳия бо ангиштсанг таъмин карда шуда, ба 162 нафар оилаи камбизоат кӯмакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ва ғайра ба маблағи 62456 сомонӣ расонида шуд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар самти тақвият бахшидан ва расонидани кӯмакҳои молиявӣ бо оилаҳои ниёзманд дар семоҳаи сипаригашта ба маблағи 177356 сомонӣ кӯмак расонида шудааст.

Умед ба фардои неки ҷавонон

Тибқи маълумотҳои мавҷуда шумораи ҷавонони ноҳия ба ҳолати 1 январи соли 2021, 75018 нафар мебошад, ки аз ин 54020 нафарашро хонандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил медиҳанд. Ноҳия дорои 52 майдончаи варзишӣ 8 толори варзишӣ мебошад. Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 18 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 578 кӯдаку наврас дар 60 гурӯҳ ба тамрин фаро гирифта шуданд.

Боиси фараҳмандист, ки солҳои охир шавқу рағбати ҷавонону наврасон ба варзиш меафзояд. Ин аст, ки ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 21 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки аз он 8 медали тилло, 5 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ мебошад.

Омодагиҳо ба ҷашни пуршукӯҳи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ

Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқ карда шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёди таъмиру тармими 337 биною иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он дар соли 2018 – 31,  дар  соли 2019 – 108, дар соли 2020  бошад, 119 биною иншоот, инчунин дар се моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ 23 иншоот тибқи нақша сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар маҷмӯъ 281 ададро ташкил намуда 83,4 фоизи нақшаи тасдиқгардиаро ташкил менамояд.

Инчунин, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани маҳалҳои аҳолинишин дар самти эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 21 феврали соли 2019, №58, “Оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140, дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии гулҳо “Сайри гули лола” барои солҳои 2019-2021, дар ин давра дар ноҳия 444255 бех гул шинонида шуд, ки аз ин 5090 бех буттаҳои ороишӣ, 30600 бех лола, 31730 бех гули садбарг ва 376835 бех дигар намуди гулҳо мебошад.

Боиси сарфарозист, ки дар ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 1 меҳмонхона, 1 клиникаи шахсӣ ва 1 муассисаи таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, инчунин дар муассисаи таълимӣ вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон, баргузор гардид, ки ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи Пешвои миллат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат

Икромиддин Вализода бо баршумории ин дастовардҳо ва зикри муҳимтарин нуктаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин ноҳияи агросаноатӣ бо итминон иброз дошт, ки дастгирӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи дар қалб мавҷуд будани ҳисси баланди миллию фарҳангии ҳар фарди баномуси Ватан буда, пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб маҳфуз медорад. “Мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша омодаем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии сокинони бонангу номусаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст”, – зикр намуд Икромиддин Вализода.

Дар фароварди суҳбат Вализода Икромиддин Сироҷиддин қайд намуд, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Кӯшониён амалҳои созандаву бунёдкоронаро минбаъд низ бо садоқатмандӣ ба дастуру супоришҳо ва ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида, баҳри татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд меандешад, то ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ба ин васила шукуфоии як гӯшаи хоки муқаддаси кишвари азизамон саҳмгузор бошад”.

Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь