Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолӣ ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабарнигори МТЖТ бо раиси ноҳияи мазкур Вализода Абдуқодир Исуф суҳбат анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дигар қонунҳои амалкунанда тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Дар идомаи суҳбат мавсуф афзуд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми диёр раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, накшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия ҳадафмандона амалӣ гардида истодаанд.

Ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025” 190 лоиҳа ба маблағи 382,3 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки аз ин 50 лоиҳа ба маблағи 307,6 млн сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 110 лоиҳа ба маблағи 61,9 млн сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 27 лоиҳа ба маблағи 10,4 млн сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 3 лоиҳа ба маблағи 2,3 млн сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода рост меояд.

Барои амалӣ намудани “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 382,3 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Андоз, буҷет ва суғурта

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,3 фоиз таъмин гардид. Ба ҷои 22 млн. 600 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 23 млн. 972 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 1 млн. 372 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши нақша бе андози иҷтимоӣ 104 фоиз таъмин гашта, ба ҷои 19 млн. 22 ҳазору 215 сомонӣ ба буҷет 19 млн. 861 ҳазор 907 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 838 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи воридоти маблағҳои субвенсионӣ дар ҳаҷми 100 фоиз ба иҷро расида, ба буҷети маҳаллӣ 19 млн. 500 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра 40 млн. 936 ҳазор сомонӣ буда, иҷроиши он 37 млн. 943 ҳазор сомонӣ ё худ 92,7 фоизи нақша мебошад. Аз ин фонди музди меҳнат 33 млн. 454 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 88,2 фоизи хароҷоти нимсоларо ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ маблағи 33 млн. 179 ҳазор сомонӣ равона шудааст, ки 87,5 фоизи хароҷоти давраи ҳисоботиро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи якуми соли равон нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоии 20 фоиза ва 25 фоиза бо назардошти хароҷотҳо ба маблағи 11 млн. 45 ҳазору 271 сомонӣ, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 391 ҳазору 318 сомонӣ ё худ 12,5 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷумла, дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 6 млн. 917 ҳазору 351 сомонӣ ё худ бо дар назардошти хароҷотҳо 91,9 фоиз ва дар ташкилоту муассисаҳои ғайрибуҷети бошад он ба маблағи 4 млн. 127 ҳазору 920 сомонӣ ё худ бо дар назардошти хароҷотҳо 115,1 фоиз иҷро гардидааст, ки дар маҷмӯъ иҷроиши нақша бо дар назардошти хароҷотҳо дар корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ноҳия 99,4 фоизро ташкил дод.

Аз ҷониби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳия 9891 нафар нафақагирон ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 нафар ё ин, ки 0,8 фоиз зиёд мебошад.

Талаботи умумии нафақа дар ин давра 19 млн. 189 ҳазору 312 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 347 ҳазору 449 сомонӣ, ё ин, ки ба андозаи 1,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Талаботи моҳонаи нафақа дар моҳи июни соли равон 3 млн. 115 ҳазору 847 сомониро ташкил менамояд, ки ҳисоби миёнаи нафақаи нафақахӯрон ба 315,01 сомонӣ баробар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ҳазору 982 сомонӣ ё ин, ки 2,05 фоиз зиёд мебошад.

Шуғли аҳолӣ

Дар ҷараёни суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1260 нафар шаҳрвандони бешуғл бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд, ки 826 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. 769 нафар шаҳрвандони бешуғл ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд, ки 376 нафарашонро занон ва ҷавондухтарон дар бар мегирад. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 344 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки 30 нафарашон дар корхонаву ташкилотҳои ноҳия, 43 нафар тавассути додани қарзҳои имтиёзнок ва 271 нафар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба корҳои хонагӣ машғул мебошанд. Дар асоси шартномаҳои тарафайн 100 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷетии Барнома дар марказҳои таълимии касбии мақомоти шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби шуъбаи Агентӣ дар ин давра 5 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 50 нафар корҷӯён дар ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ гардиданд.

Дар ин давра ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия 158 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 14 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бахши муҳоҷиратро зарур аст, ки барои фаҳмонидани Қонунҳои амалкунанда дар Русия барои буду боши муҳоҷирон дар байни аҳоли суҳбату вохӯриҳоро ба роҳ монда, аз натиҷааш ҳар моҳ ба унвонии мақомоти иҷроия ахбороти хаттӣ пешниҳод намояд.

Саноат

Ҳамсуҳбати мо оид ба бахши саноат дар ноҳия суҳбат карда, аз ҷумла қайд кард, ки қобили зикр аст, ки дар ин давра корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликияташон бо назардошти истифодаи қувваи барқ ва оби нӯшокӣ ба маблағи 26 млн. 245 ҳазору 300 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млн. 76 ҳазору 800 сомонӣ зиёд буда, 108,6 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми умумии гардиши моли чакана дар ҳамаи корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон 79 млн. 336 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 млн. 960 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 121,4 фоизро ташкил намуд.

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин, афзуд, ки дар ин давра аз тарафи корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайри манқул Нақшаи даромади корхона 738 ҳазор сомонӣ буда, иҷроиши он 866 ҳазору 642 сомонӣ таъмин гардид, ки 117,4 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128 ҳазору 642 сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмуъ 465 ҳазору 836 сомонӣ аз рӯи ҳамаи намудҳои андоз ба буҷет пардохт карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 54 ҳазору 664 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз иншооти моликияти коммуналӣ ба иҷора дода шуда, маблағи солонаи иҷора 42,8 ҳазор сомонӣ буда, аз он 16,7 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025” ва дар асоси замимаи №2 номгӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои солҳои 2021-2025 барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, барқарорсозии хатти оби нӯшокии деҳаи Нуробод ба маблағи 345 ҳазор доллари ИМА ва лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ ноҳия ба маблағи 4 млн. доллари ИМА ҷиҳати дарёфти сармояи беруна ворид карда шуд.

Меъморӣ

Номбурда иттилоъ дод, ки дар ин давра аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи генералии шаҳрак фаъолияти доимӣ бурда, барои таҳияи лоиҳаҳои генералии дигар мавзеъҳои ҳудуди ноҳия корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд. Айни замон дар маркази ноҳия 3 бинои баландошёна бо фарогирии нуқтаҳои хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкор Шоев Рузиқул қомат афрохта, корҳои сохтмонӣ бо суръат ҷараён дорад. Дар асоси қарори раиси ноҳия қитъаи замин ба ҶДММ “Ошёнсоз” бо мақсади сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгир намудани марказҳои хизматрасонӣ дар ошёнаи якум бо таҳхона ва болохона аз ҳисоби заминҳои шаҳраки навбунёд ҷудо гардидааст. Ҳамзамон, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Комрон-К” бо мақсади сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгир намудани марказҳои хизматрасонӣ дар ошёнаи якум бо таҳхона аз ҳисоби заминҳои шаҳраки навбунёд ҷудо гардида, айни ҳол корҳо дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарор дорад.

Дар ин давра ба Корхонаи фаръии КВД “Лоиҳакаш” 213 нафар шаҳрвандон барои иҷрои корҳои лоиҳакашии биноҳои истиқоматӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон ва биноҳои ҷамъиятӣ муроҷиат намуданд. Нақшаи даромади корхона 120 фоиз иҷро гардида, ба корхона 148 ҳазору 396 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 ҳазору 241 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи КВД “Сохтмони асосӣ” барои оғози корҳо оид ба панҷараи оҳанин иҳота намудани гирду атрофи боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Исмоили Сомонӣ” 448 ҳазору 347 сомонӣ, хобонидани қубурҳои пасобпартои қутрашон 200мм ба дарозии 160 метр 114 ҳазор сомонӣ ва барои тоза кардани қубурҳои қаблан хобонидашуда дар кӯчаи Мухтор Бақоев 870 метр 19 ҳазору 39 сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуд.

Кишоварзӣ

Мавсуф тазаккур дод, ки кишоварзони ноҳия барои ҳосили кишти соли 2023 дар майдони 3474 га, кишти тирамоҳи ғалладонагиҳо гузаронида шуд, ки 100,2 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Кишти барвақтии сабзавот (асосан пиёз) дар майдони 195 га гузаронида шуда, иҷроиши дурнамо 100 фоиз таъмин гардид.

Кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 4154 гектар, аз он ғалладонагиҳо 819,7 га, зағер 682 га, маъсар 170 га, нахуд 159,2 га, пахта 319 га, картошка 258,3 га, сабзавот 1167,5 га, полези 64 га ва хӯроки чорво 97 га гузаронида шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 163 млн. 793 ҳазору 400 сомонӣ расонида шуд, ки 116,7 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 млн. 422 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби растанипарварӣ 101 млн. 926 ҳаз 126,2 фоиз (80759,4) сомонӣ аз ҳисоби чорводорӣ 61867,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба соҳаи растанипарварӣ 62,2 фоиз ва чорводорӣ 37,8 фоиз рост меояд.

Ҷамъоварӣ ғалладонигиҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 7791 тонна, картошка 4760 тонна, сабзавот 21538,5 тонна, меваҷот 2899 тонна, хӯроки чорво 2054,4 тонна, воҳиди хӯрока истеҳсол карда шудааст, ки мутаносибан ғалладонагиҳо 100 фоиз, картошка 113,2 фоиз (+556 тон), сабзавот 141,6 фоиз,(+6331 ,9 тон), меваҷот 150,5 фоиз, (+973 тон), хӯроки чорво 101,1 фоиз, (+22 тон), нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст.

Ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ғалладонагиҳо 24 с/га, аз ҷумла, обӣ 50,3 с/га, лалмӣ 13,8 с/га, картошка 160 с/га, сабзавот 246 с/га, аз он ҷумла пиёз 440 с/га- ро ташкил додааст.

Ба ҳолати 01.07.2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 28110 сар, чорвои хурди шохдор 50605 сар, асп 530 сар, парранда 361942 сар, оилаи занбӯри асал 3412 оиларо ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳолати давраи соли гузашта чорвои калони шохдор 18 сар, чорвои хурди шохдор 170 сар, асп 2 сар, парранда 18254 сар ва оилаи занбӯри асал 12 оила зиёд мебошад.

Майдони такзорҳо 962,1 га буда, аз он ҳосилдиҳанда 915,9 га-ро, ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 01.07.2023 дар майдони 3265 га ғалладона даравида шуда, 3245 га, куфта шудааст, ҳосили умумӣ 7791 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳосилноки ба ҳисоби миёна, асосан дар заминҳои обёришаванда 50,3 с/га-ро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳинтиқолшудаи меваҳо ба хориҷи кишвар гелос- 35,1тон, шафтолу 34,2 тон, олу- 267,4 тон, содирот карда шудааст.

Дар бозорҳои дохили кишвар, асосан ба шаҳри Душанбе 1237 тонна гелос, 1694 тонна қулфиной, 97,3 тонна олу, 3975 тонна картошка, 3700 тонна пиёз ва 1971 тонна бодиринг ба фурӯш бароварда шудааст.

Аз ҷониби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ин давра ба маблағи 294 ҳазору 424 сомонӣ наҳру заҳбурҳо тоза ва иншоотҳо таъмир карда шуданд. Дар тавозуни корхона дарозии шабакаҳои обёришаванда 144 км, дарозии заҳбуру заҳкашҳо 44 км, дарозии селпартоҳо 50 км-ро ташкил медиҳад ва 4 адад пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуд аст. Дар ноҳия 853 га заминҳои шартан обёришаванда мавҷуд аст, ки аз он 407 гектар байнихоҷагӣ ва 446 гектар дар дохилӣ хоҷагиҳо бо истгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Қарзҳои дебитории идора аз ҳисоби хоҷагиҳои калон ва хурд 736 ҳазору 893 сомониро ташкил медиҳад, ки асосан истеъмолгарони об мебошанд.

Маориф ва тандурустӣ

Дар боби маориф ва тандурустӣ ҳамсуҳбати мо зикр дошт, ки дар соли таҳсили 2022-2023, дар 61 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 56-муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 1-мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 1-Осоишгоҳи бачагонаи “Қаратоғ”, 2 литсейи хусусӣ ва 1 литсейи давлатӣ барои хонандагони болаёқат ҳамагӣ 27042/13342 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Муассисаи давлатии “Осоишгоҳи ҷумхуриявии кӯдаконаи “Қаратоғ” барои 150 кат пешбини карда шудаааст. Ба осоишгоҳ кӯдаконаи синни аз 7 то 14 сола дар асоси роҳхати сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон карда мешаванд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 204 нафа кӯдак давраи солимгардонӣ гузаронида шудааст.

Дар ноҳия 7 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 3 муассисаи №1,2,3 давлатӣ бо теъдоди 420 нафар кӯдак ва 4 муассисаи томактабии хусусӣ 210 бо фарогирии 630 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъият ва иҷрои талаботҳои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар назди 36 муассисаи таълимии ноҳия бо фарогирии 1405 нафар кӯдакони синни 5-6 сола дар 58 гурӯҳ марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият дорад.

Аз ҷониби комиссияи аттестатсионии шуъбаи маориф дар моҳи ноябри соли 2022 ба 58 нафар омӯзгорон дараҷаи тахассуси олӣ, ба 84 нафар дараҷаи тахасусси якум ва ба 81 нафар дараҷаи тахассуси дуюм пешниҳод шуданд. Пас аз гузаронидани аттестатсия ба 52 нафар дараҷаи тахассуси олӣ, ба 80 нафар дараҷаи тахассуси якум ва ба 84 нафар дараҷаи тахассуси дуюм дода шуд.

Айни ҳол дар муассисаи таълимии ноҳия 787 адад компютер, 132 адад принтер, 38 адад видеопроектор, 14 тахтаи электронӣ мавҷуд буда, ҳамзамон 48-то кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ва 294 адад мизу курсии махсус барои компютер ташкил дода шуда, почтаи ягонаи электрондар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия таъсис дода шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади амали намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 “Дар бораи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодааст.

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои дақиқ дар семоҳаи дуюми соли 2023, 150-нафар омӯзгорон ба Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф сафарбар карда шуданд.

Сохтмону барқарорсозии иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, алалхусус соҳаи маориф қобили зикр аст. Айни ҳол сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаи таълимии №19 (8 синфхона), муассисаи таълимии №27 (6 синфхона), муассисаи таълимии №33 (6 синфхона), муассисаи таълимии №35 (18 синфхона), муассисаи таълимии №46 (4 синфхона), муассисаи таълимии №53 (8 синфхона) аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳал, сарпарастон, соҳибкорон идома дорад.

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон, дар соли 2022 ва шашмоҳаи соли 2023 дар муассиса корҳои сохтмонию таъмирӣ, муҷаҳазгардонии заминҳои моддию техникӣ дар ҳамкорӣ бо сарпарастон оғоз гардида, бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибучетӣ дар муассиса бо ҳамкории Ташкилоти байналхалқии “ГЭРЕС” ва Иттиҳоди Аврупо курсҳои кӯтоҳмуддати сохтмончигӣ ташкил шуда, соҳиби касб гардиданд.

Бо мақсади бунёдкориву барқарорсозии биноҳои муассисаҳои КАТС-и ноҳия як қатор корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуд. Дар Маркази саломатии деҳотии М. Турсунзода бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд таъмири кулли идома дошта, бо дастгирии ин ташкилот баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасони ба аҳолӣ ба ҳамаи марказҳои саломатии деҳотӣ (21 адад) мизи акушерӣ, дастгоҳ барои муайян намудани дилзании кӯдак (доплер), отокоскоп дастрас карда шуд.

Дар маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам ташхисҳои иммуноферментӣ ва тестҳои оҷилӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин давра бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соҳаи тандурустии ноҳия хеле пеш рафт. Шӯъбаи бемориҳои сироятӣ ба таъмир фаро гирифта шудааст ва дар рӯзҳои наздиктарин ба истифода дода мешавад. Воридоти таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ва катҳои бистарӣ барои шуъбаҳо ҷиҳати муолиҷаи самараноки беморон ва беҳтар гардидани шароити хуби буду боши беморон, инчунин ба роҳ мондани сифати хизматрасонӣ мусоидат мекунад.

Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳия дар шашмоҳаи соли ҷорӣ мутобиқ ба иҷроиши Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ №536 аз 31.10.с.2012 дар бораи “Тартиб ва мунтазами гузаронидани муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ” 1203-нафар кормандони соҳаҳои гуногун аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.

Ҷавонон ва варзиш

Дар самти ҷавонон ва варзиш дар соли сипаришуда 394 чорабиниҳои гуногун гузаронида шуда, ки аз ин 200 чорабинӣ дар самти ҷавонон бо иштироки 28650 нафар наврасону ҷавонон ва калонсолон ташкил ва баргузор карда шуд.

Гирандагони стипендияи Президентӣ ва раиси ноҳия дар асоси озмун 65 нафаррор ташкил медиҳанд, ки аз он 35 нафар Стипендияи Президентӣ ва 30 нафар гирандаи стипендияи раиси ноҳия мебошанд.

Дар ноҳия 3 варзишгоҳ, 41 майдончаи варзишӣ, 19 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 5 иншооти махсуси варзишӣ мавҷуд мебошад.

Бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ 113 мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуд, ки дар он 12718 нафар иштирокчӣ, ки аз ин 2500 нафар бонувон ҷалб гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки варзишгарони ноҳия дар шаш моҳи соли 2023 аз мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 182 медал, аз ин шумора медали тилло 46, нуқра 61 ва биринҷӣ 75 адад мебошад.

35-солагии Истиқлол

Дар фароварди суҳбат раиси ноҳия қайд кард, ки бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.01.2022, №311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» то имрӯз 180 банд нақшаи чорабиниҳо бо қарори раиси ноҳия тасдиқ карда шудааст, ки аз ин шумора 25 иншоот ба истофода дода шудааст. Иншоотҳои ба нақша гирифташуда ба соҳаи маориф 10 адад, тандурустӣ 13 адад, фарҳанг 3 адад, саноат 8 адад, кишоварзӣ 9 адад, варзиш 5 адад, бинои баландошёна 3 адад, биноҳои маъмурӣ 2 адад, маркази хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо 127 адад рост меояд.

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия аз тарафи роҳбарони гуруҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мунтазам бо аҳолӣ сӯҳбату вохӯриҳо доир гашта, иншоотҳои иловагие, ки аз тарафи сокинон пешниҳод мегардад, ба нақша-чорабиниҳо илова карда мешавад.

Тибқи нақша-чорабиниҳо дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди ноҳия 4 адад иншоотҳои ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва сокинони он тамоми захираву имконияҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои аз ҷониби Роҳбари давлат дар наздамон ба зимма гузошташуда, махсусан, афзун намудани истеҳсоли молу маҳсулот, баланд бардоштани сатҳи неку аҳволии мардум ва ба ин васила истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош хоҳад намуд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь