Ҷиҳати шиносоӣ бо нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат дар се моҳи аввали соли 2022, хабарнигори МТЖТ бо раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим суҳбат анҷом дод.

Дар оғози суҳбат раис шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати иҷрои Амру Фармонҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар соли 2022 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди саноат” эълон гардидани солҳои 2022-2026 ва баҳри истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, дар ин самт корҳо идома доранд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар семоҳаи якуми соли 2022 фаъолияти хешро баҳри амалӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, корҳои муайянро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, дар ин давра баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, бахусус нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа вохӯрию мулоқотҳои судманд гузаронида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба таври ҳамешагӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин баробар, дар давраи ҳисоботӣ боз чорабиниҳои дигари фарҳангӣ, ба монанди иди “Сада”, рӯзи “Артиши миллӣ”, рӯзи “Модар” ва Иди байналмилалии “Наврӯз” ташкил ва баргузор карда шуд, ки басо хотирмон буд.

Субҳи 22-юми март Наврӯзгоҳи марказии шаҳр, ки дорои бисту панҷ ҳазор ҷои нишаст аст, қабои идона ба бар карда буд. Бо иштироки Раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим, роҳбари гуруҳи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Ваҳдат, раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” Асозода Маҳмадумар Шамсулло, Муртазозода Ҷамшед, вакили Маҷлиси намояндагон аз шаҳри Ваҳдат тантанаи бошукуҳу хотирмоне доир гардид. Ба ин чорабинӣ махсусан кормандони раёсати “Тоҷикматлубот”, раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр, раёсати маориф, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, КВД “Ниҳолпарвар”-и шаҳр, Нозироти андоз, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омор, раёсати молия, раёсати тандурустӣ, раёсати кишоварзӣ, бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ дар шаҳри Ваҳдат ва ҷамоатҳои деҳот омодагии хуб дида буданд.

Рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Иҷрои барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, консепсияҳо, стратегияҳои давлатӣ ва корҳои ободонӣ аз бисёр ҷиҳат ба иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат таваҷҷуҳи бештари худро дар давраи ҳисоботӣ ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва истифодабарии самараноку мақсадноки маблағҳо равона намуд.

Тибқи ҳисоботҳои молиявӣ, нақшаи буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 ба андозаи 106 фоиз таъмин гардид. Нақшаи андози иҷтимоӣ дар ин давра ба андозаи 100 фоиз таъмин карда шуд. Бо назардошти маблағҳои аз бақияи озод ҷудошуда нақшаи буҷети шаҳр ба андозаи 105 фоиз таъмин карда шуд.

Саноат

Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои асосии шаҳри Ваҳдат маҳсуб ёфта, он пеш аз ҳама ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоати равона карда шудааст. Дар 3 моҳи соли ҷорӣ аз 47 корхонаҳо фаъолият намуда, 4 корхона нав ба қайди омор гирифта шудааст. Дар ин давра 34 корхонаи саноатӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта маҳсулотро зиёд истеҳсол намудаанд.

Дар 3 моҳи соли ӌорӣ бо нақлиёти ҳамаи шаклҳои моликият 7 миллиону 701 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2021 ҳаӌми мусофиркашонӣ 7,1 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми гардиши чаканаи мол, тибқи маълумотҳо, дар 3 моҳи соли 2022 бо нархҳои аслӣ 164 миллиону 510 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 миллиону 166 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 110,9 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ дар 3 моҳи соли 2022 ба маблағи 53 миллиону 804 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои аслӣ 1 миллиону 726 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, 103,3 фоизро ташкил медиҳад.

Таъминот бо ҷои кор

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, ҷиҳати амали гаштани Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар 3 моҳи соли 2022 дар миқёси шаҳр 530 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, 200 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кутоҳмудати гуногуни касбомӯзӣ ва бозомӯзи фаро гирифта шуданд. Дар ин давра 1193 нафар шаҳрвандон дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намуданд, ки 290 нафари онҳо ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд. Ҷиҳати дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна ба 25 нафар ба маблағи умумии 35200 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Ҳамчунин, дар доираи Барномаи давлати мусоидат ба шуғли аҳолӣ се маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд, ки дар баргузории ярмаркаҳои мазкур беш аз 39 идораю корхона иштирок намуданд. Аз 746 нафар шаҳрвандони бешуғли муроҷиатнамуда тавассути ярмаркаҳои баргузоршуда 56 нафарашон бо ҷойҳои кори доимӣ, 130  нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 13 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.

Сармоягузорӣ  

Дар шаҳр 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад, ки маблағи азхудшуда 5 миллиону 174 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин 14 лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоидошта амалӣ гардида истодааст, ки маблағи азхудшуда 3 миллиону 610 ҳазор сомониро ташкил мекунад.

Дар 3 моҳи соли 2022 аз тарафи бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо 40 нафар шаҳрвандон оид ба истифодабарии амволи давлатӣ шартномаҳо баста шуд. Дар ин давра дар шаҳр 13544 нафар соҳибкорон фаъолият карда истодаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 605 адад зиёданд. Аз ин теъдоди соҳибкорон 2654 нафар бо патент, 1070 нафарашон бо шаҳодатнома фаъолият намуда, 8830 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 666 нафарашон шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.

Тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳанда дар 3 моҳи авали соли 2022  ба соҳаҳои хоҷагии халқ ба маблағи 77 миллиону 428 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст. Дар ин давра ба маблағи 223 миллиону 169 ҳазор сомонӣ аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ маблағ интиқол дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 96 миллиону 207 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Муассисаи давлатии хоӌагии манзилию коммуналӣ ва сохтмонии шаҳр фаъолияти кории худро аз рӯи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида ва супоришҳои мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба роҳ монда, ҳамарӯза барои тоза намудани кӯчаҳои шаҳр, ҷӯйборҳо, роҳравҳо ва баровардани партов аз партовгоҳҳо бо ҷалби 4 адад техникаи боркаш ва 1 адад техникаи партовбардор машғули кор мебошад. Ҳамарӯза зиёда аз 30 ҳазор метри мураббаъ роҳу хиёбонҳо рӯфта шуда, 117м3 партов аз партовгоҳҳои доимӣ бароварда мешавад.

Дар давоми семоҳаи аввали соли ӌорӣ зиёда аз 39320 бех ниҳоли гулу гулбутаҳо, гулҳои ороишӣ, 21 бех дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шуда, нигоҳубин ва обёрӣ шуда истодаанд.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2021-2025 аз ӌониби гурӯҳи кории мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2021 таҳия гардида, бо қарори Маӌлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ карда шудааст. Дар Барномаи мазкур 220 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 71 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Тазаккур бояд дод, ки дар давоми панҷ соли оянда лоиҳаҳои барнома бояд аз ҳисоби маблағҳои ӌумҳуриявӣ 4,3%, маблағҳои буӌети маҳаллӣ 2,9%,  маблағҳои худӣ 0,4%, маблағҳои соҳибкорон 51,4% ва сармояи хориӌӣ 41% амалӣ карда шаванд.

Нафақа

Дар Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 26387 нафар нафақагирон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он гирандагони нафақаи меҳнатӣ 18681 нафар ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ 7706 нафарро ташкил менамояд. Нафақаи нафақагирон аз тарафи Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар 3 давраи ҳисоботӣ, Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 316 нафар шахсони ниёзманди дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизматҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ расонидааст, ки аз ин шумора 118 нафарашон шахсони яккаву танҳо буда, 198 нафарашон маҷрӯҳони гурӯҳҳои 1, 2 ва 3 мебошанд. Ба шахсони ниёзманд дар як ҳафта ду маротиба хизматҳои иӌтимоӣ-маишӣ, иӌтимоӣ-тиббӣ, иӌтимоӣ-равонӣ ва иӌтимоӣ-ҳуқуқӣ расонида мешавад.

Суғурта

Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”-и шаҳри Ваҳдат дар давоми 3 моҳи соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта ба маблағи 240,6 ҳазор сомонӣ пардохтҳои суғуртавӣ ворид намудааст, ки баробари 130,0 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Дар семоҳаи аввали соли равон дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 95 миллиону 671 ҳазор сомонӣ маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 180 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 3,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 2 миллиону 141 ҳазор сомонӣ (101,8%) ва чорводорӣ 93 миллиону 530 ҳазор сомонӣ (103,5 %)-ро ташкил додааст.

Хоҷагидорӣ

Бояд қайд кард, ки соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 23 тонна сабзавот, 2947 тонна гӯшт (бо вазни зинда), 8083 тонна шир, 20 миллиону 563 ҳазор дона тухм ва 36,4 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши онҳо аз 0,1 фоиз то 2 баробарро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ тибқи нақша бояд 27 гектар боғот ва 8 га токзори нав бунёд карда шавад. Тибқи маълумотҳои оморӣ, ба ҳолати 1-уми апрели соли равон дар майдони 31,5 га боғ ва 10,5 га токзор бунёд гардидааст, ки баробари 155 фоизи иҷрои барнома мебошад. Инчунин, дар ин давра 45 га боғҳо ва 8 га токзорҳои кӯҳна барқарор карда шуд, ки дар қиёс ба соли гузашта мутаносибан 400 ва 8 маротиба зиёд аст.

Кишоварзӣ

Соли 2022 хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии инфиродии шаҳр ба нақша гирифтаанд, ки дар майдони 13935 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ, тирамоҳи соли гузашта кишоварзон дар майдони 4845 гектар кишти ғалладонаи тирамоҳӣ гузарониданд, ки 102,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1-уми апрел кишоварзон дар майдони 3764 га кишти баҳорӣ гузарониданд, ки 44,6 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 620 га зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар майдони 100 га ҷав, 658 га лубиёгиҳо, 170 га ҷуворимакка барои дон, 1068 га картошка, 1038 га сабзавот, 18 га сабзавоти тухмӣ, 665 га зағер ва 47 га зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст. Алҳол дар 12 га ниҳолхонаҳои мавсимӣ кучати помидор, булғорӣ, боимҷон ва карам кишт карда шуда, нашъунамо ёфта истодааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми апрели соли равон дар майдони 1,7 га гармхонаи доимоамалкунанда кишти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 22,6 тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 0,1 тонна зиёд мебошад.

Ниҳолпарварӣ

Шумораи хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар ҳамаи бахшҳо 34 ададро ташкил намуда,  211 ҳазору 149 бех ниҳол, аз он ҷумла мевадиҳанда 75545 ҳазор бех, ҳамешасабз 11669 бех ва ороишӣ 19935 бех парвариш ёфта истодааст. Ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр 33448 бех ниҳолҳо, аз ҷумла 6118 бех ниҳоли сояафкан, 11777 бех ороишӣ, 15050 бех мевадиҳанда, 16970 бех қаламча ва 12750 дона гулу буттаҳо шинонда шудааст, ки 103,1 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Чорводорӣ

Бояд қайд кард, ки соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 80444 сар чорвои калони шохдор, аз он 48098 сар модагов, 169122 сар бузу гӯсфанд, 875306 сар парранда, 1237 сар асп ва 15806 сар оилаи занбури асал парваришу нигоҳубин ёфта истодааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр суръати афзоиши саршумори чорвои калони шохдор 100,2 фоиз, модагов 104,3 фоиз, бузу гӯсфанд 102,4 фоиз, парранда 105,9 фоиз, асп 100,6 фоиз ва оилаи занбури асал 102,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шаҳр 2 хоҷагии зотпарварӣ, аз он ҷумла 1 хоҷагии чорвои майдаи шохдор фаъолият дошта дар он 3000 сар чорвои майда, аз он 871 сар меш, 12 сар асп ва 50 оилаи занбури асал парвариш карда мешавад. Дар корхонаи воҳиди давлатии занбури асалпарварӣ 3700 оилаи занбури асал парвариш ва нигоҳубин карда шуда истодааст. Дар ҳудуди шаҳр 5 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво ташкил карда шудааст, ки дар давоми се моҳи соли ҷорӣ 79 сар чорвои калони шохдор бордор карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 20 сар зиёд мебошад.

Моҳипарварӣ

Соҳаи моҳипарварӣ сол то сол рушд ёфта, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 28 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад зиёд буда, ба онҳо 70,8 гектар кулҳо ва ҳавзаҳо вобаста карда шудааст. Дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳр 36,4 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,4 тонна зиёд мебошад. Айни замон дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ зиёда аз 381 ҳазор дона моҳӣ парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба соли гузашта 30 ҳазор дона зиёд мебошад.

Дар самти занбури асалпарварӣ теъдоди оилаҳои занбури асал ба 15806 оила расонида шудааст, нисбати соли гузашта 351 оилаи занбури асал зиёд мебошад.

Беҳдошти замин

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр барои дар соли 2022 таъмин намудани кишоварзон бо оби полезӣ дар майдони 7200 гектар шартномаҳои дуҷонибаро бо субъектҳои хоҷагидорӣ ба имзо расонидааст, ки баробари 100 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории замин аз тарафи мутахассисони Кумитаи идораи замини шаҳр дар ҳудуди шаҳр рейду санҷишҳо гузаронида шуда, 35 ҳолати қонунвайронкунии заминро ошкор намуда, ба маблағи 18796 сомонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷарима ситонидаанд. Дар баробари ин 6 маводи қонунвайронкунии замин барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба Прокуратураи шаҳр ирсол карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи сохтмон ҳаҷми корҳои пудратӣ 11 миллиону 932 ҳазор сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144,3%-ро ташкил медиҳад. Маблағгузориҳо дар соҳаи сохтмон бошад, 15 миллиону 404 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки суръати он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143,1 %-ро дар бар мегирад.

Аз ҷониби Минтақаи истеҳсолии техникии обу коррез дар давраи ҳисоботӣ 434792 м3 оби ошомиданӣ истеҳсол карда шуда, барои таъмини аҳолӣ бо об 5 адад насосҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуд.

Таъминоти барқ

Бо мақсади таъмин намудани аҳолии шаҳри Ваҳдат бо барқ аз ҷониби Шабакаи тақсимоти барқи шаҳр дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 150,2 миллион КВ/соат қувваи барқ қабул шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6 миллион КВ/соат барқ, ё ин ки 7,6% зиёд мебошад.

Роҳҳо

Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ба маблағи 211240 сомонӣ корҳои нигоҳдории роҳҳо иҷро шудаанд, ки аз ин 53311 сомонӣ барои таъмири ҷории роҳҳо, 151622 сомонӣ барои чорабиниҳои зимистонгузаронӣ ва 6307 сомонӣ барои кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ масраф гардидааст.

Дар давраи хисоботӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Сохтмони асосӣ» 63 иншоот ба истифода қабул карда шудааст, ки масоҳати умумии онҳо 37604 м2-ро ташкил дода, 27 миллиону 495 ҳазору 316 сомонӣ сарф шудааст. Дар ин иншоотҳо 75 нафар сокинони шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойҳои кори доимӣ гардиданд.

Аз тарафи Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 2 адад санҷишҳои нақшавӣ ва 89 адад дигар амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуда, 7 маротиба аксияи “Тозагии маҳал 2022”, 7 маротиба аксияи “Тозагии роҳ” ва 6 маротиба аксияи “Тозагии соҳил-2022” гузаронида шудааст.

Дар бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат, 22 ҳолати фавқулодаи дорои хусусиятҳои табиӣ ба қайд гирифта шуда, кӯмаки амалӣ расонида шудаанд. Бар асари рух додани ҳодисаҳо 7 ҳолати талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд, ки 6 ҳолати талафоти ҷонӣ дар натиҷаи таркиши газ ва 1 ҳолати дигар ба чоҳи об афтидан ба миён омадааст.

Тандурустӣ

Дар соҳаи тандурустии шаҳр Беморхонаи марказӣ бо 457 кат, 6 Беморхонаҳои минтақавии рақамдор бо 215 кат, Муассисаи давлатии худ маблағгузории «Маркази ҷарроҳӣ» бо 25 кат, Маркази ташхисию табобатии «Шафқат» бо 15 кат, Маркази ташхисию табобатии Ваҳдат бо 25 кат, Маркази навбунёди ташхисиву табобатии «Парастор» дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ бо 60 кат, Маркази ташхисию табобатии “Ҳаёт” бо 10 кат, ки дар маҷмуъ 815 катро ташкил медиҳад, ба аҳоли хизмати тиббию госпитали мерасонанд. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз тарафи Маркази саломатии шаҳрӣ бо филиалаш, 30 Марказҳои саломатии деҳот ва 79 бунгоҳҳои саломатӣ ба анҷом расонида мешавад. Аз моҳи сентябри соли 2009 як қатор ҳуҷраҳои ташхисӣ ва 8 шӯъбаҳои бистаринамоии Беморхонаи марказӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 600 фаъолият карда истодаанд. Дар  шаҳр ҳамагӣ 328 нафар табиб, 1451 нафар кормандони миёнаи тиб, 557 кормандони хурди тиб ва 169 нафар дигар кормандон ба мардум хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дараҷанокии табибони Беморхонаи марказии шаҳр: 26 нафар маълумоти олӣ, дараҷаи якум 20 нафар, дараҷаи дуюм 16 нафар, кормандони миёнаи тиб 59 нафар,  дараҷаи якум 62 нафар, дараҷаи дуюм 128 нафарро ташкил медиҳад. Дар сохтори Шабакаи КАТС ҳамагӣ 1008 нафар табиб, аз ҷумла 174 табиб, ҳамшираи тиб 671, кормандони миёнаи тиб 145 нафарро ташкил медиҳад.

Дараҷанокии кормандони Шабакаи КАТС дар 3 моҳи 2022 ум:16 нафар маълумоти олӣ, дараҷаи якум -17 нафар, дараҷаи дуюм -22 нафар, кормандони миёнаи тиббӣ-79 нафар бо маълумоти олӣ, дараҷаи якум-83 нафар, дараҷаи дуюм-120 нафарро ташкил медиҳанд.

Таваллуд

Шумораи таваллуд дар 3 моҳи соли 2022-ум 1866 нафарро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта 8 нафар кам мебошад. Аз шумораи умумӣ 95 дарсади навзодон дар таваллудхона ва 5 % дар шароити хона таваллуд шудааст. Зоиши хонагӣ 0,5% кам гардидааст. Фавти кӯдакони то 1,5 ва 18 сола дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.

Чораҳои зидди COVID-19

Бар зидди касалии сироятии COVID-19 то ин давра бо вояи якум 173848 нафар (77,6%), бо вояи дуюм 149272 нафар (66,7%) ва бо вояи сеюм 30325 нафар (17,4%) фаро гирифта шудаанд. То ба ҳол аз тарафи соҳаи тандурустии шаҳр эмгузаронӣ идома дорад.

Рушди сайёҳӣ

Бахши рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар заминаи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022” чораандешӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ, таблиғи мавзеъҳои сайёҳию таърихӣ ва ба ҳамин васила рушди соҳаи сайёҳӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ ду хатсайри сайёҳӣ “Хатсайри сайёҳии ҷашни Сада” (Ваҳдат-Душанбе-Ваҳдат) ва “Хатсайри сайёҳии дараи Ромит” (Душанбе-Ваҳдат-Душанбе) таъсис дода шуд. Айни замон дар шаҳр ду ширкати сайёҳӣ “Карон-тур” ва “Канаск-тур” фаъолият намуда истодаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар се моҳи аввали соли 2022, 12513 нафар сайёҳ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овардаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10018 нафар ё 5 маротиба зиёд мебошад.

Фарҳанг

Айни замон дар шаҳри Ваҳдат Қасри Фарҳанг, Театри халқӣ, 11 хонаҳои фарҳанги шаҳраку деҳот, мактаби бачагонаи мусиқӣ, мактаби бачагонаи рассомӣ, Осорхона, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи марказӣ бо 46 филиали худ, бахши радиошунавонии “Садои Ваҳдат”, Маркази фарҳангии Кохи маърифат фаъолият менамоянд. Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи таъмир ва азнавсозии Қасри фарҳанги шаҳр бо маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта ба истифода дода хоҳад шуд, ки зарфияти 1000 (як ҳазор) ҷои нишастро дорад.

Маориф

Дар соҳаи маорифи шаҳр дар соли таҳсили 2021-2022 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат ба 153 адад расид, ки аз ин теъдод 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 13  муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 128 муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар соли таҳсили 2021-2022, 88570 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 42284 нафарашонро духтарон (47,7%) ташкил медиҳад. Теъдоди хонандагон  нисбати соли  гузашта  4888 нафар зиёд гардид, ки 5,8 % -ро ташкил медиҳад. Ба таълиму тарбия 3817 нафар омӯзгор, аз он ҷумла 2232 нафар занон машғул мебошанд.

Аз шумораи умумии омӯзгорон 2785 нафар (78%) бо маълумоти олӣ, 212 нафар (5,6%) бо маълумоти олии нопурра ва 820 нафар (21,4%) бо маълумоти миёнаи махсус кору фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 969 нафар омӯзгор (25,4%) бо дараҷаи тахассуси олӣ, 1324 нафар (34,7%) бо тахассуси якум, 424 нафар (11,1%) бо тахассуси дуюм ва 1100 нафар (28,8 %) бо тахассуси умумӣ фаъолият доранд.

Айни замон дар ҳудуди шаҳр 20 муассисаи томактабӣ, ки аз инҳо се адад кӯдакистони хусусӣ аст, амал мекунад. Шумораи умумии мураббияҳо 92 нафар: бо маълумоти олӣ 33 нафар, олии нопурра 20 нафар ва миёнаи махсус 39 нафар  фаъолият менамоянд.

Таҳсилоти томактабӣ

Дар доираи талаботи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабӣ дар соли таҳсили 2021-2022 дар назди 38 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Марказҳои инкишофи кӯдак (бо шумораи 43-то гурӯҳ) ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 890 нафар кӯдакони синни 5-6 сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ширкат дар олимпиадаҳои фаннӣ

Дар даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-6, 7-8, 9-10  ва 11 аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, ки дар Муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, 259 довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳр  иштирок намуданд. Аз байни онҳо 50 нафар довталабон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар умум 10 медали тилло, 13 медали нуқра ва 27 медали биринҷии олимпиадаи мазкур насиби шогирдони таълимгоҳҳои шаҳри Ваҳдат гардид, ки ин шумора нисбати соли гузашта 32 % зиёд аст. Ҳамзамон, 32 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Агар ҳамаи ин нишондиҳандаҳоро нисбати соли гузашта муқоиса намоем имсол  хонандагони шаҳр 33 ҷойи намоён ва 11 ҷойи ифтихориро сазовор гардиданд, ки ин шумора нисбати соли гузашта 31,1% зиёд аст.

Дар олимпиадаи минтақавии “Шоҳмот” хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона иштирок карда, соҳиби 9 медали тилло, 13 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд.

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ

Дар ҳудуди шаҳр 13 комиссия доимӣ ва 114  комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим дар доираи нақшаи корӣ  фаъолият  намуда истодаанд. Инчунин, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият дорад. Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорати  доимии мақомоти ваколатдор, комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот қарор дорад.

Ҳамзамон, дар вақти гузаронидани рейду санҷишҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар якчоягӣ бо кормандони Прокуратураи шаҳри Ваҳдат пеши роҳи 122 ҳолати қонунвайронкунӣ гирифта шуд. Дар ин давра дар шаҳр 1522 ҷашну маърака ба қайд гирифта шудааст. Дар ин маъракаҳо 12 сар чорвои калон ва 949 чорвои хурд забҳ карда шуда, 9125 кг гӯшт харидорӣ карда истифода бурда шудааст.

Дар шаҳри Ваҳдат 190 масҷид ба қайд гирифта шудааст, ки  аз ин шумора 12 масҷиди ҷомеъ, 17-тои он ба истиснои ҷомеъ, дар маҷмуъ 29 масҷиди ҷомеъ амал менамояд. Ҳамчунин, дар шаҳр 1 калисои масеҳӣ, 1 “Маркази Баҳоия” фаъолият доранд.

Ҷавонон ва варзиш

Сиёсати давлати ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми вижа дорад.

Дар доираи тадбирҳои пешбинишуда, бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо як қатор ташкилоту муассисаҳо дар семоҳаи якуми соли 2022, 4 чорабинӣ бо фарогирии 540 нафар, 26 вохӯрӣ ва мулоқот бо иштироки 3660 нафар, 37 чорабинӣ бо иштироки 5620 нафар   хонандагон баргузор намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳри Ваҳдат 164 майдончаҳои варзишӣ, 47 толори варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 3 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 66 иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки ҳамаи он 100 % иҷро гардид. Варзишгарони шаҳри Ваҳдат дар се моҳи 2022 дар 6 мусобиқаи шаҳру навоҳии тобеи марказ, шаҳри Душанбе ва ҷамъиятҳои варзишӣ иштирок намуда, соҳиби 26 медали тилло, 23 медали нуқра ва 37 медали биринҷӣ гардиданд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь