Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Убайдуллои Файзулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф, дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 21-уми декабри соли 2021 баён доштанд, чораҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ноҳия, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатии нав ва дар ин самт истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, ҳамчунин таъмини воқеии дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, азхудкунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кӯшиш намуда, дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ин самт як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки дар марҳилаи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати иҷрои Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои дахлдор қабул намуда, иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор додааст. Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Раиси вилояти Хатлон, қарор ва амрҳои раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бобати масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ба тавсиб расида, дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар боло зикргашта, шуъбаю бахшҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо фаъолияти худро ба роҳ монданд.

 Муроҷиат

Дар рафти суҳбат мавсуф қайд намуд, ки дар давоми шаш моҳи соли 2022 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1297 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ин 1061 нафар тариқи хаттӣ ва 236 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуданд.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 4 воҳид ба воситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, 8 воҳид ба востиаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд.

 Саноат ва энергетика

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки давоми шаш моҳи соли 2022 дар ҳудуди ноҳия 33 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот асосан бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.

Корхонаҳои саноатии ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 дар ҳаҷми 102 млн. 114,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 17 млн. 106,0 сомонӣ зиёд мебошад.

Истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ 1558,3 тонна- 105,3 фоиз, хишти сементӣ 321,6 ҳазор дона- 106,7 фоиз, нахи пахта якҷоя бо корхонаҳои хурд -711,7 тонна, ҷигит якҷоя бо корхонаҳои хурд 1565,8 тонна, орд 4765,5 тонна-111,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи соли 2022 ба ноҳия 78 млн, 436,9 ҳазор квт соат қувваи барқ интиқол гардида, талафоти нерӯи барқи истифодашуда дар маҷмӯъ 93,2 фоиз аз ҳисоби аҳолӣ бошад, 105,5 фоизро ташкил дод.

Нақлиёт

Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки дар тавозун муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 250,7 километр роҳҳо дар истифодаи умум қарор дорад, ки аз ин дорои аҳамияти байналмилалӣ 34 километр, аҳамияти ҷумҳуриявӣ 36 километр ва аҳмияти маҳаллӣ 180,7 километр мебошанд.

Дар давоми шаш моҳи соли 2022 дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии тоҷикистон 129,6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои таъмир ва нигоҳдориии роҳҳоо иҷро шудааст.

Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағи 408,6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо ва харидани қисмҳои эҳтиётии техникаҳои роҳсозӣ сарф гардидааст.

Аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ дар маҷмуъ ба маблағи 570,0 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири роҳҳо ба анҷом расонида шудааст.

Дар давоми шаш моҳи соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 960,0 ҳазор тонна иҷро шуд, ки 112,9 фоиз ва мусофиркашонӣ 62379,0 ҳазор  мусофирро ташкил медиҳад.

Кишоварзӣ

Дар рафти суҳбат мавсуф қайд намуд, ки дар давоми шаш моҳи соли 2022 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 500 млн. 608,1 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 млн. 317,4 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 107,8 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, растанипарварӣ 414 млн, 526,7 ҳазор сомонӣ ва чорводрӣ 86 млн. 81,4 ҳазор сомониро ташкил менамояд.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ: ғаладонагиҳо 5315 гектар-103,4 фоиз, гандуми баҳорӣ 3992,7 гектар-101,4 фоиз, ҷуворимакка барои дон 732 гектар-120,0 фоиз, зироатҳои техникӣ 10068 гектар-98,9 фоиз, пахта 9789гектар-98,9 фоиз, картошка 595 гектар-100,0 фоиз,  сабзавот 2346,9  гектар -101,6 фоиз, полизҳои озуқаворӣ 1139 гектар- 101,7 фоиз ва зироатҳои хуроки чорво 3727,9 гектар- 97,2 фоизро ташкил диҳанд.

Истеҳсоли сабзавот ба 63008 тонна -112,7 фоиз, гӯшт ба 1246 тонна-104,0 фоиз, шир 12298 тонна -102,7 фоиз, тухм ба 3 млн, 915,1 ҳазор донна- 102,0 фоиз расонида шуд.

Дар давоми шаш моҳи соли 2022 саршумори чорвои калон ба 58 ҳазору 305 сар- 101,5 фоиз, гӯсфанду буз ба 121 ҳазору 410 сар- 102,6 фоиз, саршумори паранда ба 141 ҳазору 400 сар -100,0 фоиз расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 саршумори чорвои калон 835 сар  гӯсфанду буз 3086 сар зиёд карда шуд.

Дар давоми шаш моҳи соли 2022 дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда 25 ҳазор дарахт шинонда шуд, ки ин нишондиҳанда 100,0 фоизи нақшашро ташкил медиҳад.

Муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Ҳамчунин, номбурда афзуд, ки дар давоми шаш моҳи соли 2022 ба шӯъбаии Агентии меҳнат ва шӯғли аҳолӣ 681 шаҳрвандони бекор барои  дарёфти ҷойи кор муроҷиат намудаанд, ки аз ин ҳисоб 610 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 285 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар ин замина 125 нафар бо ҷой кории доимӣ таъмин гаштаанд, ки аз онҳо 17 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 8 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар онҳо ташкилоту муассисаҳо ба шахсони бекор 436 ҷойҳои холии кориро пешниҳод карданд. Дар ин чорабиниҳо 110 нафар корҷӯён ба худ кори муносиб пайдо карданд.

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 959,50 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли пеш суръати афзоиш 104,4 фоизро ташкил менамояд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ аз ноҳия дар хориҷаи кишвар 19 ҳазору 839 нафарро ташкил намуда, аз онҳо дар Федератсияи Россия -18 ҳазору 899 нафар, дар дигар давлатҳои ИДМ-767 нафар, дар далватҳои хориҷи дур-173 нафар мебошанд.

Соҳаи маориф

Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 47147 нафар хонанда, аз ҷумла 22471 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 2069 нафар писар ва 996 нафар духтар зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2430 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1259 нафар зан ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.

Айни ҳол дар ноҳия 16 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 1199 нафар кӯдакон дар 60 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 нафар кӯдак зиёд мебошад.

Муассисаҳои таълимии ноҳия бо 1602 адад компютер ва 206 принтер 39 адад тахтаи электронӣ ва 47 адад проектор таъмин мебошанд.

Тандурустӣ ва фаъолияти бонувон

Дар рафти суҳбат мавсуф қайд намуд, ки дар сохтори госпитали ноҳия ҳамагӣ 740 нафар кормандон кору фаъолият доранд, аз ҷумла 91 нафар табиб, 313 нафар ҳамшираи тиббӣ ва дигар кормандони соҳа ба ҳисоб меравад.

Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 104900 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 157 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 15 нафар вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 64 нафар вакилони ҷамоатҳо, 23 нафар хизматчии давлатӣ буда, 318 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

Ҳамсуҳбати мо дар хусуси варзиш, сайёҳӣ ва машғулияти ҷавонони ноҳия изҳори назар намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки шумораи ҷавонон дар ноҳия 71021 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 365 чорабинии варзиши сатҳи маҳаллӣ, 189 мулоқоту вохӯриҳо, 146 мулоқоти фардӣ гузаронида шудааст.

Варзишгарони ноҳия дар 7 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 38 медал, аз ин 8 медали тилло, 14 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд.

Аз тарафи бахши ҳамоишҳо таҳти шиорҳои “ба муҳофизати ватани маҳбубамон омодаем”, “Пешвои миллат-бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон”, “Президент ва ҷавонон”, “Об барои рушди устувор”, “Модар фаришатаи ҳаёт” ва дигар чорабиниҳо гузаронида шуд, ки дар онҳо 2600 адад варақаҳои иттилоотии хусусияти маърифатӣ, ватандӯстӣ, ахлоқӣ, тарбиявидошта байни иштирокчиён тақсим карда шуд.

Зимистонгузаронӣ

Дар рафти суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси вилояти Хатлон ва қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 13-уми майи соли 2022 №413 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” ба имзо расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, рафти таъмини бандҳои нақшаи чорабиниҳо тибқи муҳлат таҳти назорат ва иҷро қарор дорад.

35- солагии Истиқлолияти давлатӣ

Дар фароварди суҳбат мавсуф зикр намуд, ки бо мақсади ба иҷро расонидани қарори раиси вилояти Хатлон аз 11-уми феврали соли 2022, №50 “Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, №311 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои зарурӣ андешида, қарори раиси ноҳия аз 4-уми марти соли 2022, №212 ба тасвиб расидааст. Дар асоси қарори мазкур гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст.

Гурӯҳҳои корӣ Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободониву созандагӣ то соли 2026-ро таҳия намуда, нақшаи мазкур бо қарори раиси ноҳия аз 22-уми июни соли 2022, №573 тасдиқ карда шудааст.

Тибқи нақша дар ноҳия 166 бинову иншооти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла  фарҳанг, тандурустӣ, варзишӣ, саноат ва дигар соҳаҳо пешбинӣ карда шудаанд.

Дар баробари корҳои созандагӣ, ҳамчунин корҳои ободонӣ, аз ҷумла дарахтшинонӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ, бунёди гулгаштҳо, ташкили ҳашарҳои ҳарҳафтаинаи ободонӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ташкилоту муассиса, идораву корхона дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь