Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ошно месозем.

Рушди соҳаи саноат

Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ дар панҷ моҳи соли 2021 ба маблағи 74 млн 122 ҳазору 700 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020-ум 9 млн 81 ҳазору 500 сомонӣ зиёд буда, 114 фоизро дар бар мегирад.

Корхонаҳои саноатӣ дар панҷ моҳи соли 2021 дар шакли асл 53 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 59,1 тонна маҳсулоти ширӣ, 21 тонна орд, 5,1 тонна сабӯс, 3,5 тонна равғани растанӣ, 19,5 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 338,1 тонна калобаи ришта, 2,4 ҳазор метри мураббаъ матои адрас, 2,4 ҳазор метри мураббаъ газворҳои гуногун, 26900 тонна семент, 95 метри мураббаъ маҳсулот аз пластикаи филизӣ, 30,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, 236,1 ҳазор дона маҳсулоти нашриётӣ, 85 ҳазор сомонӣ маҳсулот аз чӯб, 2 млн 289,9 ҳазор дона маҳсулоти пластмассагӣ, 13,8 тонна халтаҳои полиэтанӣ истеҳсол намудаанд.

Дар ҳудуди ноҳия моҳи сентябри соли гузашта бо ҳузури Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои саноатии фабрикаи чӯҷабарории муштараки “Суғдиён – Свердловск” ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии “Нури Сафар” саноатчиёнро хеле руҳбаланд намуд. Дар ин замина, давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорон боз ду корхонаи хурди саноатии “Регистони Мастчоҳ” ва “Чорҷӯй” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Айни замон дар ноҳия бунёди корхонаҳои саноатии коркарди чормағзи заминӣ, бунёди марҳилаи дуюми корхонаи “Суғдсемент” идома дорад. Соҳибкорони ноҳия аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати мамлакат руҳбаланд гардида, боз 2 фабрикаи мурғпарвариро бунёд карда истодаанд.

Рушди кишоварзӣ

Дар ноҳия барои соли 2021 дар майдони 21218 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ, аз ҷумла 101 га картошкаи барвақтӣ, 148 га сабзавот, 2253 га ғалладонагиҳо, 3650 га зироатҳои равғандор, 2476 га полезӣ, 11788 га пахта ва 800 га зироатҳои хӯроки чорво, кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ роҳандозӣ карда шуда, дар маҷмуъ 97,3 фоизи дурнамои киштро ташкил медиҳад. Бо назардошти 643 га зиёд шудани майдони кишти зироатҳои ғалладонагиҳо, аз ҷумла афзоиши 579 гектар гандум, 95 га ҷав, 13 га лӯбиёгиҳо, инчунин 176 га полезӣ нақшаи дурнамои кишти пахта 93,9 фоиз ( нақша – 12550 га, иҷроиш – 11788 га) иҷро гардидааст.

Дар панҷ моҳи соли 2021 маҷмӯи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба 61 миллиону 453,5 ҳазор сомонӣ расонида шуда, вусъати афзоиш 15 млн 471 ҳазор сомонӣ ё худ 133,6 фоизи ҳамин давраи соли 2021-ро ташкил медиҳад.

Давоми панҷ моҳи соли равон дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли гӯшт ба 1429 тонна, шир ба 12147 тонна, тухм ба 21 миллиону 278 ҳазор дона, пашм ба 11,5 тонна расонида шудааст, ки вусъати афзоиш аз 119,9 то 145,3 фоизи ҳамин давраи соли 2020-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра гармхонаҳои ноҳия 346 тонна сабзавоти тару тоза истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 30,2 тонна зиёд буда, 109,6 фоизро ташкил додааст.

Дар панҷ моҳи соли 2021 таваҷҷуҳ ба парвариши занбӯри асал афзуда, дар натиҷа 569 оилаи занбӯри асал ташкил карда шуда, шумораи умумии он ба 1309 оила баробар гардидааст, ки 176,9 фоизро дар бар мегирад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия 6005 адад, аз ин миқдор бо шаҳодатнома 259 адад, бо патент 761 адад, шахсони ҳуқуқӣ 506 адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 4479 адад мебошад. Шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия давоми панҷ моҳи соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 371 адад зиёд шудааст.

Дар панҷ моҳи соли 2021 қарзҳои бонкӣ ба маблағи 54 млн 22 ҳазору 597 сомонӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 20 млн 420 ҳазору 266 сомонӣ зиёд буда, 170,9 фоизро ташкил медиҳад.

Дар миқёси ноҳия 6 адад лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд. Маблағҳои умумии дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар ноҳия азхудшуда 1,4 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи маориф

Дар ноҳия 47 муассисаҳои таълимӣ фаъолият мебаранд, ки аз ин миқдор 42 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 адад муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ ва 1 адад литсей мебошад. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 26553 нафар хонанда, аз он ҷумла 12699 нафар духтарон таҳсил менамоянд.

Шумораи омӯзгорон 1860 нафар буда, аз онҳо 872 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 1339 нафар, ки аз ин миқдор 620 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, дорои таҳсилоти олии омӯзгорӣ мебошанд.

Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар ноҳия 13 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдор 2 адади он кӯдакистони хусусӣ мебошанд. Дар муассисаҳои томактабӣ 1260 нафар кӯдакон, ки аз онҳо 499 нафар духтарон мебошанд, ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои мазкур 134 нафар мураббиён ва ёрдамчиёни онҳо ба тарбияи кӯдакон машғуланд.

Айни замон бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм, Фонди Саудии Рушд сохтмони якчанд муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, аз ҷумла бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ба маблағи 1,5 млн сомонӣ, бинои филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар деҳаи “Оби шифо”-и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия ба маблағи 2,6 млн сомонӣ барои 240 нафар дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Дар ин давра бо мусоидати ташкилоти ҷамъиятии “Бунён” 4 синфхонаи алоҳида дар назди МТМУ №11-и ноҳия бунёд гардидааст. Дар маҷмуъ, соли 2020 барои таълиму тарбияи хонандагон 1590 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст, ки 1310 адади он ба муассисаҳои таълимӣ ва 280 адади он ба муассисаҳои томактабӣ рост меояд.

Соҳаи тандурустӣ

Дар ноҳия ҳамагӣ 50 адад муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла 1 адад беморхонаи марказии ноҳиявӣ бо 275 кат, 4 адад беморхонаҳои минтақавӣ бо 310 кат, 1 адад маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сил бо 25 кат, 1 адад Маркази саломатии ноҳиявӣ, 11 адад марказҳои саломатии деҳот, 17 адад бунгоҳҳои саломатӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, 4 адад марказҳои махсусгардонидашуда дар заминаи Маркази саломатии ноҳиявӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва 7 муассисаҳои хусусӣ фаъолият доранд.

Кор бо ҷавонон ва варзиш

Айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ шумораи умумии ҷавонон 44 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 22 ҳазору 100 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Дар соли 2020 бо ҳузури Пешвои муаззами миллат варзишгоҳи муосир барои 10000 ҷойи нишаст ва қасри “Паҳлавонони суғдӣ” бо 400 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки арзиши умумии иншооти зикршуда зиёда аз 27 млн сомониро ташкил медиҳад.

Варзишгарони ноҳия давоми панҷ моҳи соли равон дар 33 чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ иштирок намуда, соҳиби 264 медал гардидаанд, ки аз ин 76 адад тилло, 80 адад нуқра ва 108 адад биринҷиро ташкил медиҳад.

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар панҷ моҳи соли равон 1252 нафар сокинони ноҳия бо аризаҳои хаттии худ, аз ин 43 нафар ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 127 нафар сокинони ноҳия ба унвони Раиси вилояти Суғд ва ба унвони раиси ноҳия 1082 нафар муроҷиат кардаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ 1183 адад баррасӣ гардида, 69 адади он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди омӯзиш қарор доранд.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Нақшаи сохтмону таъмир ва азнавсозии иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз 535 адад иншоот, ба маблағи 300 млн сомонӣ иборат буда, дар ин замина иловатан боз 99 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи 41,4 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда, таъмир ва азнавсозии онҳо идома дорад. Аз ин шумора 227 иншоот ба соли сипаришудаи 2020 рост меояд, ки маблағи умумии он 210 млн сомониро ташкил дода, таъмини нақшаи солона 122%-ро дар бар мегирад.

Дар доираи нақша ҳамчунин 7 адад муассисаи таълимӣ, 2 адад кӯдакистони хусусӣ, 4 адад китобхона, 4 адад қасри фарҳанг, 6 адад гулгашт, 1 адад беморхона, 4 адад ҳаммом, 4 адад толори кошонаи ҳусн, 5 адад маркази саломатӣ, 2 адад боғи фарҳангу фароғатӣ, 11 майдончаи варзишии замонавӣ, 2 адад майдонча барои бозии кӯдакон, 5 адад толори варзишӣ, 8 адад маркази хизматрасонӣ, 14 адад маркази савдо, 18 адад чоҳҳои амудӣ, 357 адад дигар иншооти иҷтимоӣ ва манзилҳои истиқоматӣ бунёд гардида, 17,3 км роҳҳо пурра мумфарш карда шудаанд, ки 88,7 фоизи нақшаи умумӣ оид ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ноҳияро дар бар мегирад.

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолият ба истифода додани иншооти муҳташам, аз ҷумла 3 маркази хизматрасонӣ, меҳмонхона барои 25 ҷой бо маҷмааи варзишӣ, клиникаи шахсӣ, майдончаи варзишӣ, корхонаи коркарди чормағзи заминӣ, фермаи парвариши чорвои калони гӯштӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 420 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббӣ, 6 адад гармхонаи замонавӣ, 4 адад чоҳи амудӣ бо маблағи умумии 15,4 млн сомонӣ дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи бунёди иншооти зикршуда 147 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Тоҳир Азиззода, “айни ҳол мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи таҷлили ҷашни 24-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор доранд. Ваҳдати миллӣ, ки омили асосии пешрафту шукуфоӣ дар мамлакат мебошад, пеш аз ҳама самараи хираду заковати баланд ва меҳру муҳаббати беназири Пешвои муаззами миллатамон аст”.

– Сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо шукргузорию қаноатмандии комил аз раванди бузурги корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолият таҳти сарварии оқилонаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати аҳлона машғуланд,- афзуд ӯ.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь