Шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол қабои нав ба бар менамояд. Ҳар як сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корхои созандагию бунёдкорӣ ва рушду тараққиёти бемайлон такони ҷиддӣ мебахшад.

Тавре, ки иттилоъ доред, 12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру навсозии куллӣ ва бинои маъмурияти беморхона, Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.

Бинои асосии табобатии беморхона баъди 50 соли истифода бори нахуст пурра таъмир шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ мучаҳҳаз ва ба меъёру талаботи соҳаи тандурустӣ мутобиқ гардонида шудааст. Ин иқдом дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда, давоми як сол ба анҷом расидааст.

Бинои асосии Беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати беш аз 5600 метри мураббаъро дар бар мегирад ва аз 8 шуъбаи беморхона, аз ҷумла шуъбаи қабул, шуъбаҳои наҷот ва беҳискунӣ, ҷарроҳии калонсолон иборат аст. Дар бино 72 ҳуҷраи бистаринамоии беморон барои 227 кати беморӣ мавҷуд мебошад. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи қабул бо таъсиси 20 ҳуҷраи ташхису муоинаи беморон таъсис ёфта, бо таъмини беш аз 20 намуди дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои ташхис, муоина ва таҳлилҳои озмоишгоҳӣ шароити муосир фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, дастгоҳи томографии компютерӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти даруннигарӣ, ташхиси ултрасадоӣ, сабти барқии дил ва амсоли ин имкон медиҳад, ки ташхис ва муоинаҳо дар сатҳи баланд гузаронида шаванд.

Дар беморхона усулҳои муосири ташхис, табобат, ҷарроҳиҳо бо истифода аз таҷрибаҳои тибби ҷаҳонӣ ҷорӣ карда мешаванд. Бо ин мақсад дар шуъбаи наҷот ва беҳискунӣ бори нахуст маркази машваратии тиббии онлайнӣ – фосилавӣ таъсис ёфтааст. Ин марказ бо мақсади ташкили робитаи онлайнӣ бо клиникаҳои пойтахти мамлакат ва муассисаҳои тиббии пешрафтаи якчанд давлатҳои хоричӣ оид ба баррасии ташхисҳо, ҳолати бемор, рафти табобат ва дигар масъалаҳои марбут ба табобату ташхис тариқи кансилиум таъсис дода шудааст.

Дар беморхона табибони соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳо эътироф гардидаанд. Шароити замонавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти замони муосир барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои наву муосири ташхису табобат ва ҷарроҳиҳо имконияти васеъ фароҳам меоранд.

Табибони беморхонаи мазкур ба шарофати масъулиятшиносиву донишмандӣ кайҳо вирди забони ҳамагонанд. Шӯҳрати кордонии онон то давлатҳои хориҷа ҳам расидааст. Ин буд, ки се нафарро беморхонаҳои Федератсияи Русия ба кор даъват намуд ва онҳо аллакай мақому манзалати худро дар он давлат дарёфтаанд. Инчунин, марказҳои саломатии хусусӣ низ ҳамеша талабгори духтурону ҳамширагони ин беморхонаанд, зеро мутмаинанд, ки ин қабил мутахассисон аз мактаби бузург гузаштаанду донишу малакаи фавқуззикрӣ доранд.

Табибони беморхона барои зиёд намудани дониши худ ҳамеша аз курси такмили ихтисос мегузаранд. Ҳатто такмили ихтисос дар Федератсияи Русия низ мекунанд. Ҳамширагони шафқату бародарони тиб низ дар канор нестанд. Онҳо ҳам мувофиқи нақша аз курси такмили ихтисос гузашта, ҷаҳонбунии худро васеъ мегардонанд.

Бояд гуфт, ки беморхона мушкилтарин ҷарроҳиҳоро ба сомон расонида, беморро ба пой мехезонад. Аз таҷрибаи ин беморхона дигар беморхонаҳои вилоят ибрат мегиранд. Духтурони ботаҷрибаи ин даргоҳ борҳо ба шаҳру навоҳиҳои вилоят рафта, ҷарроҳиҳои мушкилро мегузаронанд, ба бемор умри дубора мебахшанд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи нақшаҳои сохтмону навсозӣ дар ҳудуди беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ таъсис ёфта, дар ҳудуди муасиса бинои дуошёнаи лоиҳавии нав сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми ин бино маркази танзимгарӣ, ҳуҷраҳои корию истироҳатии табибону кормандон ва ронандагон бо ҳамаи шароит ташкил гардидааст. Ҳамчунин дар шафати бино мошинсарои стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ сохта шудааст. Барои ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ дар стансия Маркази танзимгарии пайваст ба системаи идоракунии рақамии қабулу сабт ва ташкили ёрии таъҷилӣ ва маркази тамоси электронӣ таъсис дода шудааст. Ин усули пешрафта имкон медиҳад, ки муроҷиат ва дархост ба ёрии таъҷилӣ мутобиқи меъёрҳои қабулшуда сабту танзим ва фиристонидани мошини ёрии таъҷилӣ ба роҳ монда шавад.

Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 яке аз муассисаҳои тиббии асосӣ дар вилояти Суғд буда, дар баробари сокинони шаҳри Хуҷанд ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят хизмати тиббӣ мерасонад. Мувофиқ ба талабот ва зарурат дар ҳудуди муассиса ошхона, чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона барои аёдаткунандагон, хешовандон ва пайвандони беморон бунёд шудааст ва онҳо метавонанд аз ин хизматрасониҳо истифода баранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18-и ба номи «Шукуфаи Истиқлол»-ро низ мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бо фармоиши идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Тавфиқ» бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд гардид. Муассисаи таълимии томактабии «Шукуфаи Истиқлол» аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, барои таълими 250 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар ин муассисаи таълимии замонавӣ 13 нафар мураббӣ дар 10 гурӯҳ ба таълиму тарбияи дӯстрӯякон машғуланд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд бинои нуҳошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Қобили зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат бо мақсади дастгирии мутахассисони соҳаҳои гуногун, бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ калиди манзилҳои нави истиқоматиро тақдим намуданд. Маҳз бо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат 45 нафар дар ин бинои хуштарҳу зебо соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд ва барои ин ташаббуси инсондӯстона ба Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.

Дар асоси сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат дар шафати бинои нуҳошёна чойхонаи миллӣ бо санъатаи баланди меъморӣ сохта шудааст. Чойхонаи «Темурмалик» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, дар он маркази ҳунармандӣ, сартарошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ барои бошандагони маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ташкил шудаанд. Дар шафати бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ лоиҳаи бунёди се бинои баландошёна ва мактаби нави инноватсионӣ муаррифӣ карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки биноҳои баландошёнаи иҷтимоӣ ва мактаби нави инноватсионӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сохта мешаванд. Иншоот аз таҳхона, 4 ошёна ва хобгоҳ иборат буда, барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ мешавад.

Дар ин сафари хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ортопедия ва технологияи муосир”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бояд таъкид намуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ортопедия ва технологияи муосир” аввалин маркази махсусгардонидашудаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар ҷумҳуриамон буда, бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошад.

Бояд қайд намуд, ки таҷҳизоти тиббӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи як миллиону яксаду панҷоҳ ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд. Дар марказ дастгоҳҳои артоскопӣ, рентгени рақамӣ ,таҷҳизоти электронӣ–оптикӣ, ултрасадо, денситометрия, кардиомонитор, тамизгардонӣ, мизи ҷарроҳӣ, кати функсионалии “Армед” истифода мегардад.

Боз як самти фаъолияти Марказ таълимӣ буда, дар он хатмкардагони донишгоҳҳои тиббӣ метавонанд такмили ихтисос намуда, давраи интернатура ва ординатураи клиникавии худро гузаронанд. Қобили зикр аст, ки бо шарофати ба истифода дода шудани ин Марказ 30 нафар мутахассисони соҳаи тиб ва дигар шаҳрвандони касбу корашон гуногун бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Воқеан ҳам боиси ифтихор аст, ки кулли сокинони шаҳри Хуҷанд аз ҳар як сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳияву илҳоми тоза гирифта, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳояшон бо фаъолияти суботкорона, барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди меҳнатии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазо гузошта истодаанд.  Густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва захираҳои мавҷуда ба мо имкон дод, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардем. Дар раванди татбиқи ташаббуси ояндабинонаи саноатикунонии босуръат ва таҳкими ин соҳа, саноатчиёну ташаббускорони шаҳр бо масъулияти баланд саҳми сазовор гузошта, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр ба 763,4 млн. сомонӣ расид, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригашта 15,7 банди фоизӣ ё 103,8 млн. сомонӣ зиёд шудааст.  Аз ин миқдор маҳсулот ба маблағи 230,7 млн. сомонӣ маҳсулотҳо ба хориҷи кишвар содир карда шуда, аз ҷониби 92 корхонаҳои хурду калон 415,7 млн. сомонӣ маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд.   Дар самти рушди соҳа соли ҷорӣ бунёди 20 корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз бо ҷалби зиёда аз 15,0 млн. сомонӣ сармояҳо 13 корхонаҳои нав бо технологияҳои муосиру маҳсулоташон ба содирот нигаронида шуда, бо теъдоди 200 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 101,8 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 101,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 5,6 млн. сомонӣ ва ба буҷети маҳаллӣ 2,1 млн. сомонӣ зиёд пардохту андозҳо ҷамъоварӣ карда шуда, бақияи қарзи андозҳо бошад, нисбат ба аввали сол 1,6 банди фоизӣ кам шудааст. Боиси тазаккур аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта, нишондиҳандаҳои дигар соҳаҳои реалӣ низ, барзиёду сифатнок таъмин шуда, ҳаҷми маблағгузории соҳаи сохтмон 30,2 фоиз, корҳои сохтмону васлкунӣ 33,2 фоиз,  хизматрасонии пулакӣ 16,5 фоиз, музди миёнаи маоши кормандон 10,9 фоиз, ҳаҷми мусофиркашонӣ ва борҳо мутаносибан 13,4 ва 14,9 фоиз, муомилоти савдои берунмарзӣ 15,1 фоиз, воридоти мол 9,2 фоиз ва содироти мол 45,8 фоиз зиёд шудааст.

Дар идомаи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат баҳри дастгирии иҷтимоии сокинони эҳтиёҷманд беш аз  3 ҳазор оилаҳои камбизоат аёдат карда шуда, ба 64 нафар ниёзмандон барои сохтмони манзили истиқоматӣ, таъмири хонаҳо ва барои пешбурди зиндагию табобат маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудааст. Илова бар ин, 12 нафар маъюбон бо аробачаи маъюбӣ, асобағал, роҳравак ва пойафзоли ортопедӣ таъмин карда шуданд. Соли ҷорӣ ба 6 нафар эҳтиёҷмандони шаҳр хонаҳои зист тақдим карда шуд.

Дар раванди таъмини амнияти озуқаворӣ барои сатҳи таъминоти иҷтимоии аҳолӣ корхонаҳои шаҳр саҳми воло гузошта, дар ин давра ба маблағи 188,2 млн. сомонӣ маҳсулотҳои хӯрока истеҳсол карда шуд, ки ин миқдор ба ҳар як сари аҳолии шаҳр зиёда аз 950,0 сомонӣ рост меояд. Илова бар ин, дар бо мақсади пешгирии болоравии нархи маҳсулотҳои озуқаворӣ, дар маркази шаҳр 62 маротиба ярмарка-фурӯши маҳсулотҳо ташкил карда шуда, дар онҳо зиёда аз 3600,0 тонна маводҳои ниёзи аввал ба сокинон пешниҳод карда шуд. Ин чораҳо ба мо имкон дод, ки баҳри таъминоти пурраи аҳолӣ бо маводи ғизоӣ захираи кофӣ муҳайё карда шавад.

Ҳамчун самти афзалиятнок ба рушди соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, барои баланд бардоштани савияи дониши толибилмон даври шаҳрии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва олимпиадаҳо баргузор гардида, 187 нафар ғолибон ба даври вилоятӣ пешниҳод гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки 116 нафар хонандагон дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, 441 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ тариқи фосилавӣ, лоиҳавию фаннӣ иштирок намуданд. Баҳри рушди маънавии ҷомеа, иттиҳоди ягонагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шаҳр 178 адад чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 118,0 ҳазор нафар иштирок намуданд. Дар ин давра миқдори муроҷиати шаҳрвандон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 488 адад ё 19,5 фоиз кам шуда, 2014 ададро ташкил додааст. Ҳамаи муроҷиатҳои воридгардида сари вақт баррасӣ ва ҳалли худро ёфтаанд. Дар баробари нишондиҳандаҳои мусбии самтҳои хоҷагии халқи шаҳр ҳоло мо доир ба масъалаҳои ҳалталаб таҳлилу маълумотҳои кофӣ дошта, барои ҳалли онҳо чораҳои саривақтӣ андешида истодаем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёд ва азнавсозии 590 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шудааст ва дар ин раванд корҳо босуръат идома доранд.

Бо итминони комил зикр менамоям, ки дар оянда низ кулли сокинон бо руҳияи баланди созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30 – юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here