ТЕМУРМАЛИК, ноҳияи маъмуриест дар вилояти Хатлон. Дар китоби «Ҳудуд-ул- олам» (а. 10) мавзее бо номи «Селакон» ѐд шудааст, ки дар ҳудуди ҳамин ноҳия ҷойгир гашта будааст. Бо қарори КИМ ҶШС Тоҷ. «Дар бораи ташкил кардани ноҳияҳои нав» дар минтақаи Кӯлоб 23 ноябри 1930 ноҳ. Қизилмазор ташкил ѐфт. Бо фармони Раѐсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. аз 30 окт. 1953 он ноҳ. Совет номгузорӣ шуд. Номи кунуниаш аз с. 2000. Дар ноҳия намояндагони беш аз 15 миллату халқиятҳо зиндагӣ мекунанд.

Лойи шифобахши Темурмалик дар дилхоҳ осоишгоҳи кишвар муарифӣ шуда, баҳри табобат мавриди истифодаи мизоҷон аст ва ноҳияи Темурмаликро муарифӣ мекунад. Дар ҷумҳурии мо ин ягона чашмаи оби шифое мебошад, ки ба чашмаҳои шифои вилояти Перми ФР баробар аст. Ин чанд сатре буд, ки хонандаи азизро ба ноҳияи Темурмалик муарифӣ кард ва мо заҳмату талошҳои мардуми бонангу номуси ноҳияро дар сатрҳои зер пешкаш мекунем.

Аҳолӣ ноҳия 75700  нафар, ҷамъи заминҳои ноҳия 101355 га, ба як одам 1,34 га аз ҷумла заминҳои обӣ 1060 га, ба як одам 0,014 га. Ҷамъи заминҳои корам 12638 га, ба як одам 0,167 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 736 га, ба як одам 0,010 га. Шумораи Ҷамоатҳои шаҳрак/деҳот 1/6.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Вазъи  иҷтимоӣ  ва  иқтисодии  ноҳияи  Темурмалик дар чор моҳи соли  2021

Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Темурмалик ба андозаи 111 фоиз иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 8 млн 641 ҳазору 260 сомонии пешбинишуда, ба буҷет  9  млн 570 ҳазору  598  сомонӣ ворид  шудааст.  Иҷрои нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101  фоизро ташкил дод. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 11498.0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 3383.9 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо  ва  ворид  карда шудааст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 100 фоиз иҷро гардида, аз ҳисоби буҷет 24379.5 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 98 фоиз, маориф 98 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 99 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 99 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 102 фоиз, фарҳанг 95 фоиз ва хоҷагии қишлоқ  94 фоиз  маблағгузорӣ карда шуданд. Ба ҳолати 1 июни соли 2022 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардоштани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 8044.9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба аввали сол ба маблағи 1170.1 ҳазор сомонӣ  зиёд  мебошад. Зиёдшавии бақияпулиҳо баъд аз санҷиши молиявии ширкати сохтмонии “Декор-инвест” ба амал омадааст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Давоми шаш моҳи соли равон аз тарафи нозироти андоз 344 соҳибкори инфиродӣ бо патент, 110 соҳибкор бо шаҳодатнома, 866 хоҷагии деҳқонӣ ва 315 шахсони ҳуқуқӣ ба андозбандӣ ҷалб гардиданд.

Дар баробари он соҳибкорон дар рушди хоҷагии халқи ноҳия саҳмгузорӣ намуда, аз ҷониби онҳо дар ин давра дар 10 деҳа ба масофаи зиёда аз 10 км кашидани хати оби нӯшокӣ ва полезӣ,  бунёди 1 меҳмонхона, дар майдони 1 га ташкил намудани боғи содиротӣ ба анҷом расонида шуданд ва сохтмони 2 маркази хизматрасонӣ иборат аз сартарошхона ва кошонаи ҳусн, сохтмони ду майдончаи варзишӣ, толори варзишӣ, илова бар ин чандин иншоотҳои дигар идома доранд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, №373 “Дар бораи Барномаи минтақавӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта баҳри рушди устувори ҷамоатҳои маҳаллӣ барои солҳои 2018-2022” дар ноҳия 6 лоиҳа пешбинӣ  гардидааст.

Илова бар ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкориҳои судманди тарафайнро бо Корхонаи воҳиди   давлатии  “Хоҷагии  манзилию  коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалишавии лоиҳаи “Барқарорсозии оби нӯшокии деҳот ва беҳдошт” ба  роҳ  мондааст. Айни ҳол дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла, “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4”, “Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал”, “Тиҷоратикунонии  соҳаи  кишоварзӣ”,   “Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бар зидди бемории “COVID-19”, “Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон” амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 2.1 миллион доллари америкоиро  ташкил  медиҳад.

Саноат, энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт, соҳилмустаҳкамкунӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 9957.2 ҳазор сомонӣ расид, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23.1 фоиз афзоиш ёфта, 2124.9 ҳазор  сомонӣ зиёд  мебошад. Дар ин давра истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ ба 627.0 тонна бо афзоишӣ 12.2 фоиз, орд ба 1967.9 тонна бо афзоишӣ 1.8 фоиз, равғани растанӣ ба 24.2 тонна бо афзоиши 3.4 фоиз, гӯшт ба 135 тонна бо афзоиши 0.4 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ба маблағи 1306.9 ҳазор сомонӣ бо афзоиши 2.5 баробар, истеҳсоли  симтур ба 412  метри мураббаъ бо  афзоиши 39.7 фоиз, регу сангмайда 12614.2 метри мукааб бо афзоиши 3.1 баробар дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардиданд.

Дар  ин давра ба ноҳия 16 миллиону 667.9 ҳазор кВт соат қувваи барқ интиқол гардида, талафоти нерӯи барқ 5 миллиону 313.7 ҳазор кВт соат (31.7 фоиз)-ро ташкил дод. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 11 миллиону 354.2 ҳазор кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 2 млн. 849 ҳазору 649 сомонӣ дода шуд. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда 66.9 фоиз, аз ҷумла, аз ҳисоби аҳолӣ 69.7 фоизро ташкил дод. Қарздорӣ дар умум 13 млн.611.8 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Давоми шаш моҳи сипаришуда маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо дар ҳаҷми 29266.5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки   нисбат   ба   ҳамин  давраи  соли  гузашта 112.0  фоизро дар бар мегирад.

Корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 28823.1 ҳазор сомонӣ иҷро шуданд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 111 фоиз баробар мебошад. Корҳои пудратӣ ба маблағи 46642.8 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, ҳамзамон дар ин давра ба маблағи 1305.7 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд, дар масоҳати 3634  метри   мураббаъ   манзилҳои   шахсии истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 1334  метри   мураббаъ   зиёд  мебошад. Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 213.7 километрро   ташкил медиҳҳанд, ки аз он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ  48.8 километр ва аҳамияти маҳаллӣ 164.9  километр  мебошанд. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо давоми шаш моҳи аввали соли равон 147.5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои кабудизоркунӣ 2.0 ҳазор сомонӣ, барои таъмири ҷории роҳҳо 68.5 ҳазор  сомонӣ  масраф  шудааст. Хаҷми боркашонӣ 144 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 801 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми боркашонӣ  20  фоиз ва мусофиркашонӣ  1.0  фоиз  афзоиш  ёфтаанд.

Дар ин давра ҷиҳати пешгирӣ аз обхезӣ ва мустаҳкам намудани саддҳои муҳофизатӣ корҳои муайян ба анҷом  расонида шуд. Ба миқдори 450 адад тахтасангҳои бетонӣ тайёр карда шуда, дар соҳилҳои дарёи Сурхоб истифода гардиданд. Айни ҳол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Танобчӣ идома дошта, то ба имрӯз масофаи зиёда аз 500 метр саддҳои муҳофизати барқарор карда шудааст.

Кишоварзӣ

– Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои  кишоварзӣ 147029.4 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4563.4 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 103.2  фоизро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои кишоварзӣ новобаста аз шакли хоҷагидорӣ дар майдони 16040 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ  гузарониданд, ки аз он 13754 гектарашро зироатҳои ғалладонагӣ, 983 гектарашро зироатҳои техникӣ, 223 гектарашро картошка ва 275 гектарашро сабзавот ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 20609 тонна, сабзавот ба 3273 тонна, картошка ба 3121 тонна расонида  шуд.

Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 36222 сар, аз он ҷумла, модаговҳо ба 13737 сар, гӯсфанду буз ба 128643 сар, аспҳо ба 3781 сар ва парранда ба 44278 сар расонида шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор 1739 сар, аз ҷумла, модаговҳо 336 сар, саршумори гӯсфанду буз 6348 сар, асп 10 сар, парранда 1256  сар  зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ин давра истеҳсоли гӯшт ба 1535 тонна, шир ба 1932 тонна, тухм ба 539.3 ҳазор дона, пашм ба 249 тонна, пилла ба 3 тонна, асал ба 20.6 тонна ва  гушти моҳӣ  ба 1.4  тонна  расонида  шуд.

Тибқи дурнамо дар ҳамаи секторҳои хоҷагидории ноҳия  дар майдони 10 гектар боғи нав бунёд гардида, 10 гектар боғҳои кӯҳна ва 1.5 гектар токзорҳо аз нав барқарор карда шуданд. – мугӯяд Шералӣ Ҳасанзода, Раиси ноҳияи Темурмалик.

Меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар ин давра ба шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1066 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 505 нафарашонро занон  ташкил  медиҳанд. Давоми шаш моҳи соли равон 230 нафар бекорон аз ҳисоби Барнома ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин давра 130 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, 8 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ  гузаронида шуд, ки  тавассути  ин  ярмаркаҳо  45 нафар  бо ҷойи кори доимӣ ва ба 60 нафар шахсони бекор роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд. Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 1192.91 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум  36.86  сомонӣ  зиёд  мебошад. Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар идораву муассисаҳои ноҳия дида намешавад. Айни ҳол тибқи ҳисоботи оморӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ноҳия 3383 нафар ба хориҷи кишвар сафар кардааст, ки аз ин шумора 3303 нафар мард ва  80 нафар  зан  мебошанд.

Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 6002 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 3540 нафар аз рӯи сину сол,  772 нафар аз рӯи намуди маъюбӣ,  11 нафар барои хизматҳои махсус, 8 нафар нафақаи хизматҳои дарозмуддат, 462 нафар аз ҳисоби бесаробонмонда ва 1209 нафар аз  рӯи  нафақаи иҷтимоӣ  доштаро  ташкил  медиҳанд. Ба ҳисоби миёна ба 1 нафақахӯр дар як моҳ 333.12 сомонӣ рост  омада, талаботи нафақаи  шашмоҳа 11 миллиону 996 ҳазору 235 сомониро ташкил  медиҳад, ки  пурра пардохт  карда  шудаанд.

Маориф, тандурустӣ, кор бо занон

Дар 51 муассисаи таълимии ноҳия 14 ҳазору 716 хонанда (7101 нафар духтарон) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 1011 нафар омӯзгорон, аз ҷумла аз ин шумора  424 нафар  занон, ба онҳо таълим медиҳанд. Аз ин шумора, 711 нафарашон (250 нафар зан) бо маълумоти олӣ, 300 нафарашон (174 нафар зан) бо маълумоти олии нопурра ва миёнаи касбӣ  фаъолият менамоянд.

Дар 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 240 кӯдак дар 12 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар 40 Марказҳои инкишофи кӯдакон 46 гурӯҳ ташкил карда шуда, 991 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 766 компютер, 180 принтер, 4 адад сканер, 20 тахтаи электронӣ аз ҷумла 1 тахтаи электронии сайёр, 21  видеопроектор  мавҷуд  буда,  8292  нафар хонандагони синфҳои 5-11-ро ба таълим фаро гирифтаанд. Ҳамзамон 38 синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ бо 205 адад мизу курсии махсус барои кабинетҳо мавҷуд буда, 50 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ  ба  таълиму  тарбия  машғул  мебошанд,  ки  аз  ин  шумора 37 нафарашон аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа гузаштаанд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз   3   майи   соли  2014,  №295  “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Танобчӣ сохтмони 2 муассисаҳои томактабии  хусусӣ  барои  60  ва 72  кати  хоб  идома дорад.

Дар соли таҳсили 2021-2022 6 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби роҳхат ба даври олимпиадаи ҷумҳуриявӣ  гардида, 2 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 2 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Бо мақсади таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ аз рӯи нақшаи тасдиқгардида дар соли нави хониши 2022-2023 ба 7000 нафар хонанда ба миқдори 21000 адад либоси мактабӣ бо ду корхонаҳои дӯзандагии дар ноҳия фаъолияткунанда шартномаи дутарафа баста, ба 1 июл 6200 дона либос омода гардида, аз он 2050 ададаш аз ҷониби волидайни хонандагон харидорӣ гардидааст. Корҳо дар ин самт идома дошта, то оғози соли нави хониш шумораи бастаҳои шартномашуда ба пуррагӣ харидорӣ карда мешаванд.

Аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи 924 нафар хатмкунандагон 721 нафар, аз ҷумла 313 нафар духтарон гузаштанд, ки ба 78 фоизи шумораи умумии хатмкунандагон баробар мебошад. Дар назди шӯъбаи маорифи ноҳия Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуда, маҳфилҳои фаннии “Биология ва география”, “Забономӯзон” ва “Ҳуққуқшиносон”  бо фарогирии 140 нафар хонандагони боистеъдод  фаъолият  менамоянд. Дар доираи амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” харидории 230 адад компютер ва 49 адад тахтаи электронӣ давоми ин солҳо дар назар дошта шудааст. Дар маҷмӯъ ҷараёни иҷроиши барнома  аз рӯи харидории компютер 195 адад-84.7 фоиз ва харидории тахтаҳои электронӣ 20 адад-40.8 фоиз таъмин гардидааст.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 62 духтур, аз ин шумора 8 нафар бо дараҷаи олӣ, 5 нафар бо дараҷаи якум ва 10 нафар бо дараҷаи дуюм ва 386  нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 19 нафар дар беморхонаи марказӣ, 43 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ ва муассисаҳои дигари тиббии деҳот фаъолият карда истодаанд. Беморхонаи марказӣ аз 8 шӯъбаи бистарикунонӣ, 2 шӯъбаи ёрирасон ва 7 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад. Давоми 6 моҳи аввали соли равон ҳамагӣ 804 таваллуд ба қайд гирифта шуд, ки аз он дар таваллудхона 801  нафар (99.6 фоиз) ва дар хона 3 нафар (0.4 фоиз) ба қайд гирифта шудааст. Давоми шаш моҳи сипаришуда 38 нафар беморони сили фаъол ба қайд гирифта шуданд. Ҳамагӣ дар зери назорати доимии ҳуҷраи духтури  силшинос 412 нафар беморони сил қарор доранд. Айни ҳол бо маблағгузории Бонки рушди Олмон азнавсозии шӯъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи  марказии ноҳия  идома  дорад.

Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 37990 нафарро ташкил дода, аз онҳо 81 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 12 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 67 нафар вакили Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 10 нафар хизматчии давлатӣ буда, 418 нафар дар соҳаи маориф, 358 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 65 нафар дар соҳаи фарҳанг, 558 нафар дар соҳаи кишоварзӣ, 7 нафар дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ  ва 100 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ  машғул  мебошанд.

Фарҳанг, варзиш, ҷавонон  ва  сайёҳӣ

Дар ноҳия 39 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 13 муассисаҳои клубӣ (аз ҷумла 1 Қасри фарҳанг, 2 хонаи фарҳанги деҳотӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 9 клуби деҳотӣ), 23 китобхонаҳо (аз ҷумла, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 21 китобхонаи оммавӣ-филиалҳо), 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 мактаби бачагонаи мусиқӣ ва 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд. Дар ноҳия 23 китобхонаҳои оммавӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 86296  нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 50160 нусха китобҳо бо  забони давлатӣ, 27588 нусха китобҳо бо забонҳои русӣ ва  8548 нусха китобҳо бо дигар забонҳо мебошанд. Дар ин давра шумораи хонандагон 4995 нафарро ташкил дода, ташриф ба китобхонаҳо 7488 нафар ва миқдори китобдиҳӣ 13515 нусхаро дар бар гирифтааст. Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 432 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузарониданд.

Шумораи  ҷавонон дар ноҳия  23100 нафарро ташкил дода, дар ин давра 44 чорабинии варзишиву фарҳангӣ, 15 мулоқоту вохӯриҳо, 8 мулоқоти фардӣ  гузаронида шудааст. Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ 44 адад, толорҳои варзишӣ 8 адад, дигар иншооти махсуси варзишӣ 5 адад ва маҷмааи варзишӣ 1 ададро ташкил медиҳанд. Муассисаҳои варзишии ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 10 намуди варзиш дар 109 гурӯҳ ба роҳ мондааст,ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 1300 кӯдаку наврасон ва ҷавонони  ноҳия ба тамрини гуногуни варзишӣ фаро ва ҷалб гардиданд.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ соҳиби 19 медал, аз он  6 медали тилло, 7 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ноҳия 2 шифохонаҳои табобатию истироҳатӣ фаъолият менамоянд. Дар ин давра 2490 нафар сайёҳи дохилӣ ба ноҳия ворид гардида, табобат гирифтанд.

Дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Дар ноҳия 7 комиссияи доимоамалкунанда ва 35 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 2 хатнасури хайриявӣ, 327 тӯйи домодию арӯсӣ, 61 маъракаи азодорӣ, 24 маросими чил, 38 маросими сол баргузор шудааст, ки дар маҷмӯъ теъдоди умумии маъракаҳо 392 ададро ташкил намуда, хароҷоти умумии онҳо ба 1 миллиону 703 ҳазору 179 сомонӣ рост меояд. Дар ин давра 5 ҳолати  қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ноҳия 3 масҷиди ҷомеъ ва 41 масҷиди панҷвақта вуҷуд дошта, айни  ҳол  тибқи талаботи қонун фаъолият намуда истодаанд.

Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия  ва тасдиқ гардидааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири  150 иншооти иҷтимоию  иқтисодӣ ба  нақша  гирифта  шуда, аз ин ҳисоб дар 44 иншоот корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

С. Халилиён, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here