Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Темурҷон Нӯмонзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф, дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар нимсолаи якуми соли 2022 баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 21-уми декабри соли 2021 баён доштанд, чораҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ноҳия, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатии нав ва дар ин самт истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, ҳамчунин таъмини воқеии дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, азхудкунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кӯшиш намуда, дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ин самт як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки дар марҳилаи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҷиҳати иҷрои Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои дахлдор қабул намуда, иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор додааст. Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Раиси вилояти Суғд, қарор ва амрҳои раиси ноҳияи Спитамен бобати масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ба тавсиб расида, дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар боло зикргашта, шуъбаю бахшҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо фаъолияти худро ба роҳ монданд.

Будёдкорӣ

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳо, ки аз сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бармеоянд, нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ахбороти иҷрои онҳо мунтазам ба мақомотҳои болоӣ пешниҳод гардида истодааст. Қайд бояд намуд, ки санаҳои 29-уми июл ва 8-уми октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, аз вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия шинос шуданд ва аз рафти фаъолияти корхонаи паррандапарварии ҶДММ “Файзи Саҳар” боздид ба амал оварда, дар маросими кушодашавии тарабхонаи замонавии ба номи “Қасри Сомониён”, корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои ширии ҶДММ “Шири Спитамен”, корхонаи истеҳсолии матои патдор дар ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» ширкат варзиданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин самт нақшаи чорабиниҳои алоҳидаро тасдиқ намуда, тибқи он фаъолиятро ба роҳ мондааст.

Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, №311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Раиси вилояти Суғд аз 11-уми феврали соли 2022, таҳти №41 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ қарори Раиси ноҳияи Спитамен аз 10 марти соли 2022, таҳти №137 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба вусъат додани корҳои бунёдкориву ободонӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст.

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Спитамен барои солҳои 2021-2025» аз 8 боб иборат буда, дар доираи барнома 181 лоиҳа ба маблағи 264,4 миллион сомонӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ 94,7 миллион сомонӣ, саноат ба маблағи 3,1 миллион сомонӣ, соҳибкории хурду миёна ба маблағи 82 миллион сомонӣ, соҳаи сохтмон ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ, маориф ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба маблағӣ 8,1 миллион сомонӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ ба маблағи 4,6 миллион сомонӣ, варзиш 10 миллион сомонӣ, обтаъминкунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ба маблағи 2,9 миллион сомонӣ, барқтаъминкунӣ ба маблағи 7,7 миллион сомонӣ, нақлиёт ва роҳ ба маблағи 18,9 миллион сомонӣ, ҳифзи муҳити зист ва холатҳои фавқулодда ба маблағи 3,6 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки то соли 2025 амалӣ карда мешавад.

Иҷрои буҷет

-Дар нимсолаи якуми соли 2022 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба пурраву барзиёд иҷро намудани қисми даромади буҷети давлатӣ ва бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет, тадриҷан кам кардани бақияпулиҳои андоз, дарёфти сарчашмаҳои нави андозҳо, аз рӯи нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо тағйироту иловаҳо ба маблағи 43 млн. 877 ҳазор сомонӣ муайян гардида, амалан 43 млн. 949,6 ҳазор сомонӣ андозу даромадҳо ворид гардид, ки 100,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, ки нисбати нақшаи аниқшуда 72,6 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млн. 552,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ дар ин давра 29 млн. 915 ҳазор сомонӣ муайян шуда, амалан 29 млн. 922,9 ҳазор сомонӣ, яъне ба 100 фоиз баробар таъмин гардид, ки нисбати нақшаи аниқшуда 7,9 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 1 млн. 978,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қарзи андозсупорандагони ноҳия ба санаи 1 январи соли 2022 дар назди буҷети давлатӣ 3 млн. 332,1 ҳазор сомонӣ буда, ба санаи 1 июни соли 2022 бошад 3 млн. 121,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати 1 январи соли 2022 ба маблағи 210,6 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 бо тағйироташ дар ин давра 35 млн. 706,9 ҳазор сомонӣ муайян шуда, иҷрои он ба маблағи 35 млн. 677,3 ҳазор сомонӣ иҷро шудааст, ки 99,9 фоизро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 2 млн. 222,2 ҳазор сомонӣ зиёд маблағгузорӣ карда шудааст,- афзуд мавсуф.

Сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ

Дар идомаи суҳбат номбурд қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмини  иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию қарздиҳӣ, корҳои муайянро амалӣ намуд.

Таъмини рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, дастрасии соҳа ба имтиёзҳои иқтисодӣ омили асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва таъминот бо ҷойи корӣ маҳсуб ёфта, фаъолият дар ин самт таҳти таваҷҷӯҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Бо мақсади амалӣ намудани “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ дар беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо нозироти андози ноҳия чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст. Қайд бояд намуд, ки ба ҳолати 1- июли соли 2022 дар ҳудуди ноҳия 4287 нафар соҳибкорон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 868 нафар бо патент фаъолиятбаранда, 545 нафар бо шаҳодатнома фаъолиятбаранда, 1365 нафар хоҷагиҳои деҳқоние, ки бо шаҳодатнома фаъолиятбаранда, 551 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 958 адад шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда мебошанд.

Бо мақсади афзун гардонидани иқтидори иқтисодии ноҳия ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сармоягузорони дохиливу хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд.

 Рушди соҳаи саноат

Дар рафти суҳбат мавсуф ба мо иттило дод, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш солҳои 2022 – 2026-ро ҳамчун “Солҳои рушди саноат” эълон гардид.

Баҳри рушди ин соҳа ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар давоми нимсолаи якуми соли 2022 рушди соҳаи саноати ноҳия таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ мувофиқи ноҳия ба маблағи 259 млн. 380,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки насбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 100,1 фоиз таъмин гардидааст.

Айни ҳол дар ноҳия 27 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолияти бомаром дорад, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар онҳо таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар самти саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ дар соли 2021 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои ширии “Шири Спитамен” ва корхонаи истеҳсолии матои патдор (сачоқ ва халат) дар ҶДММ «25-солагии Истиқлолият», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоеви ноҳия бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва сехи иловагии истеҳсоли қубурҳои пластикӣ аз ҷониби ҶДММ “Бахт – 2016”, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Навкат мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар рафти ин корҳои ободониву бунёдкорӣ зиёда аз 300 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ

-Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти ноҳия маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.

Кишоварзони ноҳия баҳри расидан ба яке аз ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти бозори дохилӣ ва берунӣ софдилона меҳнат намуда, дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 132 млн. 868,3 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 106,3 фоиз маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд. Аз ҷумла, дар соҳаи чорводорӣ 79 млн. 866,3 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 105,9 фоиз, растанипарварӣ 530 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 107 фоиз, моҳипарварӣ 27,3 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 108,3 фоизро ташкил намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 6355,9 гектар ғаллагӣ ва лӯбиёгӣ, аз ҷумла 2227,6 гектар гандум, 2465,4 гектар ҷав, 1377 гектар шолӣ, 797 гектар ҷуворимакка барои дон, 6280,1 гектар зироатҳои техникӣ, 532 гектар картошка, 499,9 гектар сабзавот, 138,2 гектар полезӣ, 2197,3 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шуд.

Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 866,9 тонна, ё ки 106,1 фоиз, шир 7375,6 тонна – 100,2 фоиз, тухм 15 млн. 715,6 ҳазор дона – 117,4 фоиз, пашм 45,5 тонна – 102,7 фоиз, гӯшти моҳӣ 1,3 тонна – 108,3 фоиз, пилла 22,9 тонна – 71,6 фоиз, асал 0,5 тонна, ё ин ки 125 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ноҳия 47 ҳазору 703 сар чорвои калон, аз ҷумла 26 ҳазору 345 сар модагов, 74 ҳазору 542 сар гӯсфанду буз, 224 ҳазору 531 сар парранда ва 880 сар асп мавҷуд мебошад. Наслгирӣ аз 100 сар модагов дар нимсолаи якуми соли 2022  34 сарро ташкил намуд, ки нишондод 100 фоизро ташкил медиҳад. Наслгирии барраву бузғола аз 100 сар меш ва модабуз дар нимсолаи якуми соли 2022  98 сарро ташкил намуд, ки нишондод 100 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста кӯшиш намуда, дар нимсолаи якуми соли 2022 дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва боир корҳо бомаром идома дорад,- изҳор дошт номбурда.

Маориф

Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо оид ба соҳаи маориф чунин иттило дод, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба ин соҳа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ  дода мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, маводҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҳунаромӯзии хонандагон тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

Айни ҳол дар ноҳия 33 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 2 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат, 10 муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ, 1 муассисаи томактабии хусусӣ, 1 интернати наздимуассисаи таълимӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мебарад.

Теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли таҳсили 2021 – 2022  32 ҳазору 78 нафар, аз ҷумла 15 ҳазору 755  нафар духтаронро ташкил намуд.

Дар соли таҳсили 2021 – 2022 миқдори умумии омӯзгорон 1938 нафарро ташкил намуд, ки аз ин шумора 1608 нафар занон ба ҳисоб мераванд. Ба маълумоти олӣ 1794 нафар (92,7 фоиз), олии нопурра 80 нафар (4,1 фоиз) ва 61 нафар (3,1 фоиз) миёнаи махсус мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри сайқал додани дониши омӯзгорон дар асоси нақшаи алоҳидаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия аз Курси такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Ҳамчунин, дар ин давра дар асоси тақсимоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 нафар хатмкунандагони донишгоҳҳои олии кишвар ва 11 нафар аз коллеҷҳои омӯзгорӣ ба ноҳия роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 51 нафар ба муассисаҳои таълимии ноҳия ба кор қабул карда шуданд.

Бо мақсади дастгирии бештари хонандагони фаъол ва боистеъдод 4512 нафар ба гуруҳи ноҳиявии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҷалб карда шуданд. Ҳамчунин, 752 нафар хонандагони лаёқатманд ба маҳфилҳои гуногуни Маркази таҳсилоти иловагӣ ҷалб карда шуданд.

Иҷрои Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дошта, айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 42 адад синфхонаҳои компютерӣ бо фарогирии 1090 адад компютер, 145 адад принтер, 46 адад проектор, 39 адад тахтаи электронӣ мавҷуд мебошад. Ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия ба шабакаи интернет тариқи 3G пайваст гардида, муассисаҳои таълимии №3,6,7,9,10,11,14,20,21,23,27,28 ва литсейи №1 бо тариқи  шабакаи интернетии Wi-Fi фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6, 10, 22, 27, 28 ва литсейи №1 китобхонаи электронӣ мавҷуд мебошад, ки аз он хонандагони муассисаҳои таълимии зикргардида ва берун аз он мунтазам истифода мебаранд.

Дар давраи ҳисоботӣ 111 нафар хонандагони синфҳои 5 – 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, дар маҷмӯъ 53 нафар, аз ҷумла 9 нафар ҷойи якум, 14 нафар ҷойи дуюм ва 30 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Соҳаи тандурустӣ

-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятнок диққати махсус медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ба густариши минбаъдаи ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои милливу соҳавии қабулгардида ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд.

Хизматрасонии тиббию санитариро ба аҳолии ноҳия беморхонаи марказии ноҳия дорои 380 кат, беморхонаи минтақавии Куруш дорои 35 кат, беморхонаи минтақавии Хуррамзамин дорои 20 кат, Марказҳои саломатии №1 ва 2, ҳамчунин 9 марказҳои саломатии деҳот, 8 хонаҳои саломатӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ хизмат мерасонанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои тиббии бистарикунонӣ дар маҷмӯъ 375 нафар, аз ҷумла 63 нафар духтурон ва 312 нафар кормандони тибби миёна фаъолият менамоянд. Дар байни духтурон 25 нафар, ё ин ки 40 фоиз дорои дараҷаи тахассусӣ аз рӯйи мутахассисӣ буда, 19 нафар бо дараҷаи тахассуси олӣ, 5 нафар бо дараҷаи тахассуси 1 ва 1 нафар бо дараҷаи тахассуси 2 фаъолият менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ 1 нафар табиб ва 13 нафар ҳамшираи тибби миёна ба беморхонаи марказии ноҳия ба кор қабул карда шуданд.

Дар муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббии санитарии ноҳия бошад 284 нафар, аз ҷумла 83 нафар духтурон, аз он 46 нафар духтурони оилавӣ ва 37 нафар духтурони соҳавӣ, ҳамчунин 201 нафар ҳамширагон кору фаъолият доранд. Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббии санитарӣ 8 нафар, аз ҷумла 1 нафар табиби акушер – генеколог, 7 нафар ҳамшираҳои тиб ба кор қабул карда шуданд.

Масъалаи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ афзалияти асосӣ маҳсуб ёфта, дар давоми нимсолаи якуми соли 2022 ба муассисаҳои тиббии ноҳия дар маҷмӯъ 24 нафар кормандон ба кор қабул карда шуданд, ки ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани шумораи кормандони соҳаи тиб аз ҳисоби ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти беморхонаи марказӣ ва ҳам Кӯмаки аввалияи тиббии санитарии ноҳия чораҳои зарурӣ амалӣ мегардад. Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида дар ноҳия норасоии табибони неонатолог ва сироятшинос ба назар мерасад ва баҳри бартараф намудани норасоии кадрӣ бо Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҳамкорӣ зич ба роҳ монда шудааст.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, таҳти №414 “Дар бораи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ идома ёфта, дар ин самт қарори Раиси ноҳия ва фармоишҳои соҳаи тандурустӣ қабул гардидааст.

Корбарӣ дар самти мустаҳкам намудани баъзаи моддӣ – техникии муассисаҳои бистарикунонии ноҳия идома дошта, аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва ҳампардохт ба маблағи 10,8 ҳазор сомонӣ лавозимотҳои харидорӣ карда шуда, аз ҳисоби маблағҳои умумӣ таҷҳизотҳои тиббии муосир ба маблағи зиёда аз 280 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 4 намуд таҷҳизотҳои тиббии муосир ба маблағи 126,7 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 23 намуд таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 419 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуда, 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба маблағи 564 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуда, баҳри идома додани чунин корҳо дар соли 2022 низ корбарӣ шуда истодааст.

Айни ҳол бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Куруш ба охир расонида шуда, бо дастгирӣ ва маблағгузории сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Навандарсойи Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев оғоз гардид, ки дар соли 2022 ба истифода дода мешавад.

Айни ҳол ба аҳолии ноҳия ду бригадаи ёрии таъҷилии тиббии шабонарӯзӣ хизмат мерасонанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯйи даъват ба 3650 нафар беморон аз ҷониби бригадаи ёрии таъҷилӣ хизмат расонида шуд, ки аз ин шумора 243 нафар беморон ба аҳолии деҳот рост меояд.

Кормандони тибби ноҳия бобати пешгирии фавти модару кӯдак, паёмади никоҳи хешутаборӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани навхонадорон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуда истодаанд. Дар ин самт дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №90 қарори Раиси ноҳияи Спитамен ба тасвиб расида, баҳри корбарӣ ба Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва муассисаҳои тиббии ноҳия дастрас гардонида шудааст, ки корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Айни замон дар ноҳия Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и ноҳияи Спитамен фаъолият дорад, ки дар Марказ 5 воҳиди корӣ мавҷуд мебошад. Маркази пешгирӣ ва мубориза пурра бо таҷҳизотҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда, тамоми шароитҳо мавҷуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ баҳри рушди соҳаи тандурустӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати мустаҳкам намудани баъзаи техникии муассисаҳои бистарикунонӣ чораҳои заруриро амалӣ менамояд,- афзуд мавсуф.

Ҷавонон ва варзиш

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд намуд, ки дар самти кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба беҳдошти муҳити ҷавонон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» мавриди амал қарор гирифта, иҷрои саривақтии барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии соҳаро таъмин намуданд.

Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ватанпарастӣ, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушди иҷтимоии ҷавонон, рушди саломатии ҷавонон аз ҳадафҳои асосии мақомот дар соҳаи ҷавонон ва варзиш ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонон дар давраи ҳисоботӣ якчанд ҳамоишҳо ва чорабиниҳои сиёсӣ – фарҳангӣ ва варзишӣ, аз қабили “Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллатем”, “Ба муҳофизати Ватан омодаем!”, “Ватанпарвар”, “Мо ҷавонон бар зидди бемории сироятии каронавирус мубориза мебарем!” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии ҷавонони ноҳия 56 ҳазору 532 нафарро ташкил дода, аз он 23 ҳазору 500 нафар духтарон мебошанд. Дар вазифаи хизмати давлатӣ 66 нафар, ҷавонони соҳибкори то синни 30 сола 27 нафарро ташкил додааст, ки баҳри бештар гардидани шумораи мазкур чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ноҳия 1 Муассисаи давлатии Мактаби варзишӣ аз рӯи 16 намуди варзиш – волейбол, баскетбол, футбол, тенниси рӯи мизӣ, шашка, шоҳмот, футбол, бокс, каратэ-до, гӯштини дзюдо, гӯштини тарзи озод, гӯштини миллӣ, гӯштини камарбандӣ, Ҷиу-ҷитсу кор ва фаъолият мебарад.

Ҳамчунин, дар ноҳия 1 адад варзишгоҳи марказӣ, 94 адад майдончаҳои варзишии одӣ ва замонавӣ, 37 адад толорҳои варзишӣ, 4 адад ҳавзҳои шиноварӣ, 1 адад маҷмааи варзишӣ ва 1 адад иншооти махсуси варзишӣ фаъолият менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол як адад маҷмааи варзишӣ бо фарогирии як бинои дуошёнаи толори варзишӣ барои машқу тамрини ҷавонон, ҳамчунин ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишии футбол, басткетбол, воллейбол ва теннис сохта ба истифода дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, 219 медал, аз ҷумла 60 медали тилло, 62 медали нуқра ва 97 медали биринҷиро ба даст оварданд.

Рушди соҳаи сайёҳӣ

Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати мо афзуд, ки ноҳияи Спитамен аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ дар шимоли вилояти Суғд ҷойгир буда, дар чор фасли сол диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, барои таъмини рушди бемайлони соҳа як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

Дар ноҳия осорхонаи ба номи “Курушкада” фаъолият менамояд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 аз осорхонаи мазкур зиёда аз 610 нафар томошобинон боздида ба амал оварданд.

Дар ноҳия ёдгориҳои таърихии “Лангар Ато”, “Қалъаи Ширин” мавҷуд мебошад. Ба ҳолати 1-уми июли соли 2022 ба ноҳия 3515 нафар сайёҳони ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва сайёҳони дохилӣ ташриф оварда, аз зиёратгоҳи таърихии “Лангар Ота” ва ҷойҳои таърихии ноҳия, аз ҷумла Қалъаи Ширин дидан намуданд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь