Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ошно месозем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод фаъолияташро дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», дигар қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 26-уми январи соли 2021), дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, давраи ҳисоботиро бо як қатор нишондиҳандаҳои қаноатмандкунанда ҷамъбаст намудааст. Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, Стратегияи миллии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон, барномаҳои миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ доштаанд. Бобати ташкили муваффақонаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси асноди мақомоти болоӣ 8 нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ тарҳрезӣ шудаву тасдиқ ёфта, дар доираи имконияти мавҷуда роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамчунин, барои самаранокии фаъолияти мақомот Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои се соли оянда таҳия гардидааст, ки бо дарназардошти муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, инчунин барномаҳои қабулгардидаи давлативу соҳавӣ ва барномаҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корияшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ қабул гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми феврали соли 2021, №39 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, қарори дахлдори раиси ноҳия аз 12.02.2021, №224 ба тасвиб расида, Нақшаи чорабиниҳои умуминоҳиявӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Иҷроиши буҷет

Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Тоҷикобод бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,2 фоиз иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 7 млн 587,0 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 7 млн 620,9 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 5 млн 865,0 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 94,8 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи семоҳаи якуми соли 2021-ум 7 млн 344,2 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 6 млн 962,4 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 94,0 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ 89,8 фоиз, маориф 96,2 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 93,7 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100 фоиз, фарҳанг 88,7 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 70,5 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия 81,7 фоиз, дигар хароҷотҳо 93,4 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 102,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷети ноҳия ба ҷои 1 660 500 сомонии дар нақша пешбинишуда 1 703 439 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст.

Нақшаи воридоти андозҳо дар якҷоягӣ бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,1 фоизро ташкил медиҳад. Ба ҷои 1 960 998 сомонии дар нақша пешбинишуда 2 081 093 сомонӣ таъмин карда шудааст, ки нисбат ба нақша 120095 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2021 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 1 млн 545,6 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 139,2 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Дар давраи семоҳаи аввали соли 2021 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 2 миллиону 654,3 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 736,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи нозироти андоз 157 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 122 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 185376 сомонӣ ба буҷет ворид гардида, 37 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ноҳия 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз якуним миллион сомонӣ омода гардида, барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳод гардидааст. Лоиҳаҳои мазкур ҷонибдорӣ ёфта, рӯзҳои наздик маблағгузорӣ мегарданд.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021-2025 таҳия гардида, бо қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардидааст. Барномаи мазкур 165 лоиҳаро ба маблағи 101 млн 598 ҳазор сомонӣ дар бар гирифта, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои нашр ирсол гардидааст.

Саноат ва энергетика

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиону 596 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбат ба соли 2019-ум 41,3 ҳазор сомонӣ ё 100,9 фоиз зиёд мебошад.

Истеҳсоли хишти сементӣ ба 214,3 ҳазор дона расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 78,7 ҳазор дона ё 58 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти чӯбу тахта 585,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз 12 коргоҳи саноатӣ ба ҳолати имрӯза 6 корхона фаъолият накарда, 2 коргоҳ бо 10 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.

Дар давраи семоҳаи соли 2021 ба ноҳия 6 млн 175 858 кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуда, талафоти нерӯи барқ 1 млн 535 977 кВт/соатро ташкил додааст. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 4 млн 639 881 кВт/соат барқи фоиданок ба маблағи 989 496 сомонӣ интиқол ёфтааст.

Рушди соҳаи нақлиёт

Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 115 километрро ташкил медиҳад, ки аз он роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ 25 километр ва аҳамияти маҳаллӣ 90 километр мебошад.

Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 40000 ҳазор сомонӣ ҷудо ва корҳои таъмирию барқарорсозӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ 25 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои корҳои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳо сарф гардида истодааст.

Аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра 6,5 километр роҳ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сангфарш карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 25,4 ҳазор нафар расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,6 ҳазор нафар зиёд мебошад. Ҳаҷми боркашонӣ ба 53,4 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 51,8 ҳазор тонна зиёд аст, ё 103 фоизро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи кишоварзӣ

Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 14 млн 628,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 338,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст, ё ин ки 102,3 фоизро ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 13 млн 715,8 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 141,9 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардидааст ва афзоиш 101 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади замина гузоштан барои ҳосили соли 2021, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва танзими нарх дар бозорҳо дар майдони 500 га ғаллаи тирамоҳӣ кишт карда шудааст. Дар мавсими кабудизоркунӣ зиёда 7200 бех дарахт шинонида шудааст.

Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 19455 сар, моли майда ба 69024 сар, саршумори паранда ба 46940 сар ва асп ба 508 сар расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта саршумори чорвои калон 177 сар, моли майда 1840 сар ва паранда 1012 сар зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ ӯҳдадории кишти картошка дар ноҳия 2086 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 930 га ба сохтори кишоварзӣ ва 1156 га ба аҳолӣ рост меояд.

Ба ҳолати 20-уми майи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1750,1 га кишт гузаронида шудааст, ки 84 фоизи ӯҳдадориро ташкил медиҳад. Дар заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ бошад, 1093 га кишти картошка гузаронида шуда, 95 фоизи ӯҳдадориро ташкил медиҳад.

Шуғли аҳолӣ

Дар давраи семоҳаи соли 2021-ум 611 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 127 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 334 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд, ки 138 нафари онҳо занонанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 103 нафар таъмин шудаанд.

Дар ин давра 2 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо пешниҳоди 98 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 10 корхона ва 119 корҷӯй иштирок намудаанд. Аз ин 28 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 13 нафар бо кор таъмин шудаанд ва 40 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтаанд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 32 нафар ба маблағи 60800 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.

Маориф ва илм

Дар 43 муассисаи таълимии ноҳия 10 ҳазору 539 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 616 омӯзгор, аз ин 82 нафар зан таълим медиҳанд. Бо маълумоти олӣ 402 нафар, олии нопурра 41 нафар, 115 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 58 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, аз онҳо 20 нафар ғоибона дар муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият доранд.

Дар муассисаи томактабӣ 96 кӯдак дар 6 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 3 муассисаи таълимии ноҳия 75 нафар кӯдакони синни 5-6-сола ба маркази инкишофи кӯдак ҷалб карда шудаанд.

Аз 561 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия зиёда аз 300 нафарашон тибқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супоридаанд.

Иҷрои барномаи компютеркунонӣ 22,3 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 52 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, 2 нафар сазовори ҷойҳои 3 ва 8 нафар сазовори ифтихорнома гардидаанд.

Тандурустӣ, кор бо занон ва оила

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 54 духтур, аз ин шумора 8 нафар бо категорияи олӣ ва 139 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон дар беморхонаи марказӣ 47 нафар, дар беморхонаҳои минтақавӣ 7 нафар, дар диспансери бемориҳои сил 3 нафар фаъолият карда истодаанд.

Беморхонаи марказӣ аз 5 шӯъбаи бистарикунонӣ ва 12 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат буда, дар ин давра 401 бемор бистарӣ карда шудаанд. Ба 269 нафар тариқи ройгон хизмат расонида шудааст, ки ҳақи хизматрасонии тиббӣ 7798 сомониро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2021 дар ноҳия беморон бо нишонаҳои коронавирус ба қайд гирифта нашудаанд. Тибқи супориши Сарвари давлат дар ноҳия сохтмони беморхонаи сироятӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар иншооти мазкур корҳои ҳуҷҷатгузорӣ анҷом дода шуда, бо фарорасии фасли гармо сохтмон оғоз мегардад.

Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 24142 нафарро ташкил дода, 18 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 16 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 32 нафар вакилони ҷамоатҳо, 9 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва 309 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Рушди соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 21 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 2 хонаи фарҳангӣ, 2 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 2 китобхонаи бачагона, 12 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, 1 осорхона ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд. Дар 14 китобхона 36 ҳазору 301 нусха китоб маҳфуз буда, аз ин шумора 26 ҳазору 552 нусха китоб бо забони давлатӣ, 9 ҳазору 627 нусха бо забонҳои русӣ ва 122 нусха бо дигар забонҳо мебошанд.

Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 14 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо 4800 нафар иштирок кардаанд.

Тибқи дастури Сарвари давлат дар назди 3 корхона, муассиса ва ташкилотҳо 3 китобхонаи идоравӣ ташкил ва бо 1800 нусха китоб таъмин карда шудаанд.

Кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Шумораи ҷавонон 13534 нафар мебошанд, ки аз ин 10539 нафарашро хонандагон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 9 чорабинии варзишию фарҳангӣ ва 36 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудааст.

Майдончаҳои варзишӣ 79 ва толорҳои варзишӣ 6 ададро ташкил медиҳанд. Солҳои 2018-2020 дар ноҳия 4 майдончаи варзишӣ ва 2 толори варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Тибқи дастури Сарвари давлат то соли 2030 бунёди 21 майдонча ва 21 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст.

Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 6 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 334 кӯдаку наврас ба тамрин фаро гирифта шудаанд.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 2 медал, аз ҷумла 1 медали биринҷӣ ва 1 медали тилло гардидаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2020 хуб мебошад.

Дар ноҳия як меҳмонхонаи замонавӣ ва 2 тарабхона фаъолият доранд. Шумораи умумии иншооти сайёҳӣ 3 ададро ташкил медиҳад.

Омодагӣ ба ҷашни пуршукӯҳ

Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 77 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 34 иншоот ё 44 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шудаанд. Илова бар нақша 21 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида истодаанд, ки дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни пуршукӯҳ ба истифода дода мешаванд.

Аз иншооти тибқи нақшаи чорабиниҳо пешбинишуда 12 иншоот ба соҳаи маориф, 9 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 8 иншооти варзишӣ, 4 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 9 мағозаи тиҷоратӣ, 5 маркази хизматрасонӣ, 3 ҳаммом, 7 бинои маъмурӣ, 3 хати оби нӯшокӣ, 1 хонаи модару кӯдак, 2 сартарошхона, 1 сехи дӯзандагӣ, 1 коргоҳи истеҳсоли шир, 1 фермаи чорвопарварӣ ва 7 иншооти таъиноти гуногуни дигар рост меоянд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Тоҷикобод мӯҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос, “сокинони ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саросар ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғуланд ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин ҷашни муқаддаси миллӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шавад”.

– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҳама кӯшишу имконияташро баҳри он сафарбар менамояд, ки нақшаву ӯҳдадориҳои қабулкардаро таъмин намуда, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намояд,- афзуд ӯ.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь