Ҳисор аз шаҳрҳои бузурги саноативу кишоварзии мамлакат маҳсуб ёфта, бо инфрасохтори рушдёфта ва технологияи пешқадами истеҳсолӣ дар садри навоҳии дорои потенсиали сатҳи тараққиёташон баланд қарор дорад. Бахусус, заминҳои зархез ва низ дар шафати пойтахт ҷойгир шудани он ба сокинони барӯманд ва заҳматкашаш имкон фароҳам меорад, то дар таъминоти аҳолии шаҳри Душанбе ва манотиқи мухталифи кишвар бо маҳсулоти тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ хушсифат саҳмгузор бошанд. Дар ин замина, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба шаҳри Ҳисор сафар намуда, бо вазъ ва сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии ин мулки зарнисор тайи 11 моҳи соли 2021 шиносоӣ пайдо намуд.

Дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ёздаҳ моҳи соли 2021 ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳо, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии шаҳр, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, азхудкунии заминҳои нав, рушди ҳунарҳои дастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст.

Бунёдкорӣ аз баракати Истиқлол

Вобаста ба ин дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо сохта ба истифода додани 866 адад иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда буд,  ки то ин давра 874 адад иншоот расман ба истифода дода шуда 101 фоизро ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии иншоотҳои ба истифода додашуда 3 мактаб, 3 муассисаи томактабӣ, 118 синфхонаи иловагӣ, 36 майдончаи варзишӣ, 34 муассисаи тиббӣ, 25 сехи дӯзандагӣ, 49 сартарошхона, 14 ҳаммом, 29 чоҳи амудӣ, 21 сардхона, 23 пули мошингузар, 34 нонпазхона, 117 мағоза, 80 марказҳои савдою хизматрасонӣ, 10 корхонаи саноатӣ ва 125 намуди дигари иншоотро ташкил медиҳад.

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои раиси шаҳри Ҳисор аз 14 декабри соли 2020, №1566 “Соли 2021- соли роҳҳои обод” ва аз 11 январи соли 2021, №3 “300 рӯзи ободонӣ” эълон гардида, 51 км роҳ асфалт, 266509 метр роҳ таъмиру сангфарш ва 32025 метр ҷӯйборҳо бетонпуш карда шуда, корҳои бунёдкорӣ идома доранд.

Рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ

Таъмини рушди соҳаи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шаҳри Ҳисор ҳамеша ҳадафи асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва фаъолони соҳа ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва минтақаҳои алоҳидаи ҳудудӣ дар асоси барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла дар асоси “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2025” ба роҳ монда шуда, татбиқи самараноки он иҷрои ҳадафҳои афзалиятнокро таъмин хоҳад кард.

Дар умум аз маблағҳои пешбинигардида дар Барнома, ки 1 млрд. 25,5 млн. сомониро ташкил менамояд, ба ҳолати имрӯза маблағи 268,8 млн. сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин нишондиҳанда ба 26,2 фоиз баробар мебошад. Аз 654 лоиҳаи ба инобат гирифташуда, 202 лоиҳа иҷро гардида, 63 лоиҳа дар марҳилаи иҷроиш қарор доранд. Дар 389 лоиҳа айни замон корҳо оғоз нагаштаанд, ки барои иҷрои пурраи он дар 4 соли оянда аз масъулон ва иҷрокунандагон ҷалби беш аз 760 млн. сомониро тақозо дорад.

Зимнан, дар натиҷаи фаъолияти самарабахш дар ҷамъбасти 11 моҳи соли равон ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр 2 млрд. 968,5 млн.сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 109,4 фоиз баробар гардидааст. Дар муқоиса баҳамин давраи соли гузаштаҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 255,1 млн. сомонӣ зиёд буда, ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 111 фоиз, кишоварзӣ 104,2 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 150,3 фоиз, гардиши савдо 110,2 фоиз ва ҳаҷми хизматрасонӣ 104 фоиз афзоиш ёфтааст.

Иҷроиши буҷет

Дар давраи ҳисоботӣ қисми даромади буҷети шаҳр ба 101,2 фоиз баробар гашта,  196 млн. 238 ҳазор сомонӣ ворид гаштааст, ки нисбат ба нақша 2 млн. 309,5 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 млн. 328 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ин дар ҳолест, ки аз 12 манбаи даромад 9 намуди он таъмин гардида, 3 манбаъ, ин ҳам бошад, аксизҳо, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз амволи ғайриманқул иҷро нагардид ва аз ин ҳисоб ба буҷет 1 млн. 84,7 ҳазор сомонӣ ворид нашуд.

Гарчанде, ки иҷроиши андозҳо дар умум пурра таъмин гашта бошад ҳам, вале дар ин раванд бақияи қарзи андозҳо 4 млн. 462,3 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Бақияи қарзи андозҳо нисбат ба аввали соли ҷорӣ 2 млн. 342 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млн. 364,8 ҳазор сомонӣ кам гаштааст.

Вобаста ба таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳои андоз маблағгузорӣ дар соҳаҳо муътадил ба роҳ монда шуда, музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ дар 11 моҳи соли равон ба пуррагӣ пардохт карда шудааст.

Музди миёнаи меҳнат дар сатҳи шаҳр ба ҳолати 1 ноябри соли равон, ки ба кормандон пардохт карда шудааст, ба андозаи 1078 сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 сомонӣ, ё ин ки 8,2 фоиз зиёд мебошад.

Рушди бахши хусусӣ

Дар самти рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ дар кишвар баҳисоб меравад, шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ ба 8702 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ 875 ададро фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ташкил намуда, фаъолият бо патент 2745 адад, фаъолият бо шаҳодатнома 1013 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 4069 ададро ташкил намудааст.

Ташкили ҷойҳои нави корӣ

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуда, шумораи ҷойҳои кории навтаъсис ба ҳолати 1 ноябри соли равон 6339 ададро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 424 ҷойи корӣ зиёд мебошад. Таъсиси ҷойҳои кории нав асосан дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, сохтмон, савдо ва хизматрасонӣ афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, шумораи бекорони расман бақайдгирифташуда дар ин давра 13230 нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 2940 нафар кам гаштааст. Аз шумораи умумии бекорони расман бақайдгирифташуда 7844 нафарро занон ташкил менамояд, ки ин нишондиҳанда ба 59 фоизи шумораи умумӣ баробар аст. Вобаста ба ин масъала ва таъмини саривақтии шахсони корҷӯй ҳар моҳ ярмаркаи ҷойҳои корӣ ташкил карда шуда, дар таъмини ҷойи корӣ ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ саҳми худро гузошта истодаанд. Кам гардидани шумораи бекорони расман бақайдгирифташуда дар ин муддат аз он шаҳодат медиҳад, ки сохта ва ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон мусоидат намудааст.

Фазои сармоягузорӣ

Фазои сармоягузорӣ дар рушди соҳаи иқтисодиёт ва рушди соҳибкорӣ нақши аввалиндараҷа дошта, ба ин васила дар тараққӣ ва густариши соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми беандоза дорад. Дар шаҳр 15 лоиҳа, ки аз он 10 лоиҳа бо сармояи мустақими хориҷӣ бо маблағи 4 млн. 215,8 ҳазор доллари ИМА ва 5 лоиҳа бо сармояи хориҷӣ тариқи қарз ва грант бо маблағи 7 млн. 608,4 ҳазор доллари ИМА ҷалб гардидааст. То ин давра маблағи 4 млн. 216,9 ҳазор доллар аз худ карда шудааст, ки ин нишондиҳанда аз маблағҳои умумии ҷудогардида, ки 11 млн. 824,2 ҳазор доллари ИМА-ро дарбар мегирад, ба 35,7 фоиз баробар аст.

Дар ҳудуди шаҳр 10 бонк ва 8 ташкилоти хурди қарздиҳӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар 11 моҳи соли равон ба 12871 нафар муштариён ба маблағи 128 млн. 490,4 ҳазор сомонӣ қарз додаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 млн. 162,3 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Аз қарзи умумии додашуда қарзҳои тиҷоратӣ 61,7 млн. сомонӣ, истеъмолӣ 39,7 млн. сомонӣ ва қарзҳои кишоварзӣ 26,3 млн. сомониро ташкил менамояд.

Ба воситаи бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар 11 моҳи соли равон 357 млн. 878,7 ҳазор сомонӣ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 22 млн. 841 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ

Саноатикунонии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосси аҳолии кишвар ба шумор рафта, дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии шаҳр 2968,5 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати 111,0 фоиз, кишоварзӣ 104,2 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 150,3 фоиз, хизматрасонии пулаки 104,0 фоиз ва гардиши савдои чакана ба андозаи 110,2 фоиз таъмин гардидааст.

Дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии шаҳр ҳиссаи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 9 фоиз, кишоварзӣ 26,8 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 4,0 фоиз, гардиши савдои чакана 55,1 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 5,8 фоизро ташкил додааст.

Шумораи корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ 80 ададро ташкил намуда, аз ҷониби онҳо дар ин давра ба маблағи 268,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта 26,6 миллион сомонӣ зиёд буда, рушди воқеии соҳа 111,0 фоиз ташкил додааст.

Дар самти саноати истихроҷ 12 корхона фаъолият дошта, аз ҷониби корхонаҳои мазкур истихроҷи ангишт, нафт, қуму шағал ва намак ба роҳ монда шуда, дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 1 миллиону 94,7 ҳазор сомонӣ маводҳои энергетикӣ ва 1,9 миллион сомонӣ маводҳои ғайриэнергетикӣ истихроҷ гардидааст, ки мутаносибан истихроҷи маводҳои энергетикӣ 74 ҳазор сомонӣ ва истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 33,6 ҳазор сомонӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст.

Саноати коркард маҷмӯи корхонаҳои истеҳсолиро муттаҳид намуда, истеҳсоли маҳсулотҳои ғайриспиртӣ, маҳсулотҳои қаннодӣ, ширӣ, машруботӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди чубу тахта, қоғаз, маҳсулотҳои нафт, кимиёвӣ, филизӣ, ғайрифилизӣ, мебел, мошинолот ва дигар самтҳоро дар бар гирифта, бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ ва воридотӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2021 дар самти саноати коркард 64 корхона фаъолият дошта, аз ҷониби онҳо дар ин давра ба маблағи 218,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта маблағи 19,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳадафи чоруми стратегӣ

Ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар то ин давра дар шаҳр бо ҷалби соҳибкорон коргоҳи нави истеҳсоли бомпӯшҳои ранга дар назди ҶДММ «Истеҳсоли турба ва профили тоҷик» бо иқтидори истеҳсоли 500 ҳазор дона бомпӯш дар як сол ва таъсиси 15 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли бомпӯш ҶДММ «Юсуфҷон-2020» бо иқтидори истеҳсоли 500  ҳазор дона бомпӯш дар як сол ва таъсиси 15 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои калонҳаҷми пластикӣ бо таъсиси 8 ҷойи корӣ, корхонаи истихроҷи қуму шағал ҶДММ «Сангрези Султон» бо таъсиси 7 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли орд ва хӯроки чорво ҶДММ “Баракати мубин” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна гандум дар як сол бо таъсиси 25 ҷойи корӣ, корхонаи коркарди пахта ҶДММ “Пахтаи меҳрубон” бо таъсиси 4 ҷойи корӣ, корхонаи коркарди санг ҶДММ “Авесто гуруҳ” бо таъсиси 11 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони навбати дуюми корхонаи коркарди коғаз ва масолеҳи басту банди замонавӣ ҶДММ «Гофро-Агрегат» бо таъсиси беш аз 60 ҷойи корӣ идома дорад. Дар самти ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда корҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, то ин давра корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Нури Ирфон» ва корхонаи истеҳсоли хишти бинокорӣ ҶДММ «Мавҷи Баҳр» ба кор андохта шуд.

Дар ин давра аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои саноатӣ 4000 тонна ангишт, 1255 тонна нафт, 47,2 ҳазор метри муккаб қуму шағал, 22,8 ҳазор метри муккаб гилхок, 164 тонна гӯшти коркардшудаи мурғӣ, 0,6 тонна ҳасиб, 308 тонна маҳсулоти ширӣ, 19 тонна яхмос, 51 тонна ҷуворимаккаи қандак, 579,2 тонна орд, 783 тонна маҳсулотҳои нонӣ, 10,4 тонна маҳсулотҳои қаннодӣ, 49,3 тонна макарон, 101 тонна равғани растанӣ, 21 тонна хӯроки чорво, 20,4 декалитр нӯшокиҳои беспирт, 2,8 миллион дона зарфҳои қоғазин, 695,7 ҳазор дона қуттии картонӣ, 2412,5 тонна нахи пахта, 3887,3 тонна чигити пахта, 229,8 тонна пахтаи курпабоб, 17,9 тонна ришта, 87 ҳазору 790 дона сару либоси мактабӣ, 240 дона гавҳора, 226 дона сандуқ, 73,8 ҳазор метри мукааб маводҳои чубу тахта, 1 миллиону 263,3 ҳазор дона қоғази ташноб, 42,7 тонна асфалт, 119,5 тонна омехтаи хушки сохтмонӣ, 57,4 миллион дона хишти бинокорӣ, 588 ҳазор дона хишти сементӣ, 117,2 ҳазор метри тулонӣ сақфҳои ороишӣ, 396,6 ҳазор дона бомпӯши асбестӣ, 15,5 ҳазор метри тулонӣ бомпӯшҳои оҳанӣ, 5328 тонна қубурҳои металлӣ, 8,7 тонна мех, 1440,5 метри мураббаъ пластикаи филизӣ, 144 адад трактор, 178 адад таҷҳизотҳои кишоварзӣ, 59,4 метри мураббаъ пенопласт, 61,5 тонна маҳсулоти кабелӣ, 813,6 ҳазор сомонӣ мебел, 511,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти заргарӣ, 42,4 ҳазор метри мураббаъ симтур, 8 ҳазор метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ва 7501 адад сутунчаҳои нақшини мармарӣ истеҳсол ва коркард гардидааст.

Бунёдкориҳо дар соҳаи сохтмон ва васлгарӣ

Ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ 42 адад муассисаю корхона дар самти сохтмону васлгарӣ ва 5 ташкилот дар самти лоиҳакашию банақшагирии иншоотҳои ҷамъиятӣ, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон фаъолият дошта, дар ин давра аз ҷониби онҳо як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст.

Сармоягузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ дар ин давра маблағи 117,8 миллион сомониро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 39,4 миллион сомонӣ ё 50,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 3,0 миллион сомонӣ маблағҳои хориҷӣ ва 114,8 миллион сомонӣ маблағҳои аҳолӣ ва соҳибкорон мебошад. Дар ин давра бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар бахши электроэнергетика ба маблағи 3,0 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст.

Дар ин давра дар шаҳр ба маблағи 115,7 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию пудратӣ бо қувваи худ иҷро шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 23,7 миллион сомонӣ ё 25,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии корҳои пудратие, ки сохтмончиёни шаҳр иҷро кардаанд 2,9 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон, 6,0 миллион сомонӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 29,2 миллион сомонӣ дар шаҳри Душанбе, 77,6 миллион сомонӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, 61,8 миллион сомонӣ дар шаҳри Ҳисор иҷро шудааст. Корҳои бинокорию васлгарӣ дар ин давра ба маблағи 111,2 миллион сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 39,1 миллион сомонӣ ё 54,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра аз ҷониби муассисаю корхонаҳои дар самти сохтмону васлгарӣ фаъолият дошта, ба маблағи 144,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, 34 ҳазору 680 метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки мутаносибан нисбати ҳамин давраи соли гузашта фондҳои асосиӣ истифодагардида 98,2 миллион сомонӣ (3,1 баробар) ва ба истифодадиҳии манзил 4745 метри мурабба зиёд гардидааст.

Соли роҳҳои обод  

Бо эълон гардидани “Соли 2021 – соли роҳҳои обод” то ин давра аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳои автомобилгарди шаҳр роҳи кӯчаи М. Сатторов ба масофаи 650 метр ва роҳи кӯчаи Н. Қарабоев ба масофаи 600 метр бо паҳнои 8 метр асфалтпӯш гардида, роҳҳои марказии Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ба масофаи 3 километр ва роҳи Душанбе – Айнӣ – Ҳисор ба масофаи 9 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Ҳамзамон, то ин давра бо ҷалби аҳолӣ 1,5 километр роҳҳои дохилии маҳаллаи Ҳамадонӣ ва 4 километр роҳи маҳаллаи Белайдузи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, 6 километр роҳҳои дохилии деҳаҳои Тӯда, Ноҷӣ, Хоҷачилдиёр  ва роҳи дохилии деҳаи Бағалаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ба масофаи 8 киллометр асфалтпӯш карда шуд. Инчунин, бо ҷалби аҳолӣ ва соҳибкорони ҷамоатҳои деҳоти Алмосӣ ва Хонақоҳи Кӯҳӣ асфалтпӯшкунии зиёда аз 2 километр роҳи Тутака – Хонақоҳ ва аз таъмири ҷорӣ баровардани роҳи Чангоб- Нилу ба масофаи 11 киллометр ба анҷом расид. Дар маҷмуъ дар шаҳр бахшида ба ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60 км роҳҳо мумфарш, беш аз 270 км роҳҳои ҳудуди деҳаҳо таъмиру сангфарш ва 32 ҳазор метр ҷӯйборҳо бетонпӯш, зиёда аз 200 ҳазор метр ҷӯйборҳо тоза карда шуда, зиёда аз 100 ҳазор метр хатҳои нави оби нӯшокӣ васл гардиданд.

Дар ин росто дар доираи таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 153 трансформатор, 4 ҳазор симчӯб ва беш аз 290 ҳазор метр хати барқӣ иваз карда шуда, зиёда аз 4 ҳазор нуқтаҳои рӯшноидиҳанда насб карда шуд.

Беҳ аз саннои олам деҳқон аст

Кишоварзони шаҳри Ҳисор бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии шаҳр ба маҳсулоти хушсифат фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба шаҳри Ҳисор, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, инчунин қарору амрҳои Раиси шаҳри Ҳисор ва дастуру супоришҳои бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор фаъолияти худро ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ як қатор корҳоро ба сомон расонидаанд.

Дар ҷамъбасти ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ фаъолияти истеҳсолии кишоварзони шаҳри Ҳисор давра ба давра рӯ ба афзоиш дошта, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 804 млн. 690,9 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 млн. 686,3 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, 105,2 фоизро ташкил менамояд.

Таносуби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар бахши хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ аз ҳисоби зиёд истеҳсол гардидани картошка, мевагиҳо ва ангур ба шумор рафта, дар бахши аҳолӣ зиёдшавӣ аз ҳисоби сабзавот, шир ва тухм дида мешавад. Мутаассифона, камшавии истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла картошка, зироатҳои техникӣ, полезӣ ва меваҷот дар бахши аҳолӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 593 млн. 712 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 105,3 фоизро ташкил дода, 29 млн. 617 ҳазор сомон зиёд гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ бошад, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 210 млн. 978,8 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 млн. 69 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 105 фоизро ташкил намудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ аз 6 ҳазору 31,3 тонна гӯшт,   26 ҳазору 854 тонна шир, 30 млн. 706 ҳазор дона тухм, 68 тонна пашм, 20,5 тонна пилла, 40,7 тонна асал ва 3,2 тонна моҳӣ иборат мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 29,4 тонна гӯшт,  64,6 тонна шир, 10 млн. 752 ҳазор дона тухм, 0,6 тонна пашм, 16,8 тонна пила, 1 тонна асал   зиёд гардидаааст.

Дар асоси ҳисоботи  Кумитаи идораи замини шаҳр масоҳати умумии шаҳри Ҳисор 97 ҳазору 514 гектарро ташкил намуда, аз он 57 ҳазору 344 гектарро заминҳои кишоварзӣ ташкил менамояд. Аз заминҳои истифодаи кишоварзӣ заминҳои корами обӣ аз 7 ҳазору 488 гектар, заминҳои корами лалмӣ 4 ҳазору 419 гектар, боғҳо 3 ҳазору 923 гектар, токзор 3 ҳазору 566 гектар, тутзор 198 гектар, ниҳолпарваришгоҳ 11 гектар ва чарогоҳҳои тобистона аз 37 ҳазору 739 гектар иборат буда, нисбат ба соли гузашта майдони чарогоҳҳо 182 гектар бинобар бунёд гардидани боғу токзори нав кам гардидааст.

Ҳосилнокии зироатҳо

Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар ҷамъбасти кишти зироатҳо соли ҷорӣ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ҳудуди шаҳр бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони умумии 12324 гектар кишти зироатҳоро гузарониданд, ки аз он 5735 гектарро зироатҳои ғалладона, 1303 гектар пахта, 1020 гектар зироатҳои равғандеҳ, 327 гектар картошка, 954 гектар сабзавотҳо, 76 гектар полезӣ, 38 гектар сабзавоти тухмӣ ва 2871 гектарро зироатҳои хӯроки чорво ташкил менамояд.

Айни замон хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҷамъоварӣ ва захира намудани маҳсулотҳо, кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо ва кишти пиёзи барвақтӣ, шудгори заминҳои холишуда ва ҷамъоварии ҳосили кишти такрории зироатҳо машғул мебошанд. Оид ба иҷрои сифатноки корҳои саҳроӣ ҳамарӯза аз тарафи мутахассисони Раёсати кишоварзӣ назорати қатъӣ бурда мешавад.

То ин давра аз майдони  кишти асосии зироатҳо  ба миқдори 19204,4 тонна ғалла ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нишондод 87,3 фоизи дурнаморо ташкил дода, бинобар кам будани майдони кишт дар соли ҷорӣ  нисба ба соли гузашта 472,3 тонна кам мебошад. Ҳосилнокии миёнаи зироатҳои ғалладонагӣ ба 29,4 сентнер баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 сентнер аз ҳар гектар зиёд мебошад. Ҳосилнокии  зироатҳои ғалладонагӣ  дар заминҳои обӣ ба 44,6 сентнер расонида шудааст, ки баробар ба соли гузашта  мебошад.

Сабаби кам гардидани ҳосилнокии ғалладонагиҳо дар заминҳои обӣ, ин офати табиӣ, номусоид гардидани боду ҳаво, боридани жолаи пуршиддат дар санаи 13 майи соли ҷорӣ гардид, ки дар бисёр хоҷагиҳо ба майдони кишти ғалладонагиҳо, пахта, сабзавот ва зироатҳои полезӣ, мевагиҳои пешпаз аз ҷумла, гелос, олу, зардолу ва бодом зарар расонид.

Бунёди боғҳо

Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ  боғпарварони шаҳр ӯҳдадор гардидаанд, ки дар асоси дурнамо  соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои лалмӣ ва минтақаҳои бо намӣ таъминбуда, 310 гектар боғ бунёд намоянд. Соли ҷорӣ боғпарварони шаҳр дар майдони 182 гектар боғхои нав бунёд намуданд, ки аз он 32 гектар боғҳои навбунёд ва 150 гектар  токзор  мебошад, ки 58,7 фоизи дурнаморо таъмин менамояд.

Бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои Аврупо дар ҳудуди шаҳр то имруз   дар майдони 214,5 гектар боғҳои интенсивӣ бо технологияҳои пешрафтаи замонавӣ бунёд гардидааст.

Соли ҷорӣ  тибқи нақша оид ба маъракаи кабудизоркунӣ ситоди шаҳри таъсис дода шуда, дар ҳудуди шаҳр шинонидани 7666 бех ниҳолҳои дарахтони ҳархела, аз ҷумла мевадиҳанда  3793 бех, ҳамешасабзу  ороишӣ  2338 бех, сояафкан 1535 бех, 440 бех гулу буттаҳо, шинонидани қаламча 1150 бех, бунёди боғҳои нав ва токзорҳо 12 га, барқароркунии токзорҳои куҳна 24 га ва барқароркунии боғхои куҳна 4 гектар  пешбинӣ гардидааст.

Фаъолияти гармхона ва сардхонаҳо

Дар ҳудуди шаҳр 13 гармхона дар самти парвариши сабзавот фаъолият намуда,  дар бахши аҳолӣ 59 адад лимупарваришгоҳ вуҷуд доранд, ки майдони умумии он 3,38 гектарро ташкил намуда, 3 гектари он ҳосилдеҳ мебошад. Ба ҳолати имрӯза аз ин гармхонаҳо ба миқдори 62 тонна лимӯ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 тонна зиёд мебошад.

Дар ҳудуди шаҳр ҷиҳати кам кардани талафот ва нигаҳдории меваю сабзавот 18 сардхонаи замонавӣ бунёд карда шудааст, ки ба ҷойгиркунонии зиёда аз 6485 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имконият дошта, барои дар тамоми фаслҳои сол бо меваю сабзавоти тару тоза таъмин намудани аҳолии кишвар ва хориҷи он мусоидат карда истодааст. Айни замон мувофиқи маълумотҳои фаврӣ дар сардхонаҳои ҳудуди шаҳр ба миқдори 2190 тонна маҳсулотҳо захира карда шудааст, ки аз он 350 тонна мевагиҳо, 20 тонна ҷуворимаккаи қанд ва 1820 тонна ангур мебошад.

Чорводорӣ ва паррандапарварӣ

Дар ҷамбасти ёздаҳ моҳи соли ҳисоботӣ дар шаҳр дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 69 ҳазору 356 сар чорвои калони шохдор, аз он 40 ҳазору 606 сар модагов,  123 ҳазору 4 сар чорвои хурди шохдор, 2 ҳазору 933 сар асп, 252 ҳазору 925 сар парранда ва 4 ҳазору 803 оила занбури асал мавҷуд аст, ки нисбати соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор 587 сар, модагов 101 сар, чорвои хурди шохдор 6 ҳазору 204 сар, асп 109 сар,    ва 16 оилаи занбӯри асал зиёд гардида, мутаасифона саршумори парранда – 6854 сар кам гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар фермаҳои ширию молӣ ва шабакаҳои зотпарвар, ки дар ҳудуди шаҳр фаъолият менамоянд асосан чорвои зоти Сиёҳалои тоҷикӣ, Голштайн ва Сементал нигоҳубин карда мешавад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба 1 декабри соли 2021 дар ҷамбасти ёздаҳ моҳ  дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳр наслгирии чорво ба 20 ҳазору 456 сар гӯсола, 51 ҳазору 828 сар барраю бузғола, 275 сар той ва 14 ҳазору 300 сар чуҷа баробар гардид, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта ба миқдори 51 сар гусола, 3 ҳазору 913 сар барраю бузғола,  17 сар той ва 18 сар чуҷаи парранда зиёд аст.

Истеҳсоли шир дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ дар як руз ба 82,6 тонна баробар буда, дар хоҷагиҳои чорводории шаҳри Ҳисор бошад, ҳамарӯза ба миқдори 17,7 тонна шир истеҳсол намуда истодаанд, ки ин барои таъмин намудани корхонаҳои коркарди ширии ватанӣ аз ҷумла, дар шаҳри Ҳисор ва шаҳри Душанбе бо ашёи хом мусоидат хоҳад кард.

Рушди соҳаи паррандапарварӣ дар шаҳр хуб ба роҳ монда шуда, тибқи маълумотҳои оморӣ ба 1 декабри соли ҷорӣ дар шаҳр 12 адад корхонаҳои паррандапарварӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин миқдор 10 адад корхонаҳои паррандапарварӣ дар самти истеҳсоли гушт ва 2 адади он дар самти истеҳсоли тухм фаъолият менамоянд.

Дар соли ҷорӣ пиллапарварони шаҳри Ҳисор аз иҷрои дурнамои пилласупорӣ бо сарбаланлдӣ баромада, 20,5 тонна пилла истеҳсол намуданд, ки 100 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳӣ

Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор айни замон 87 ёдгории таърихӣ, аз ҷумла, ёдгории монументалӣ 8 адад, меъморӣ 12 адад ва археологӣ 67 адад мавҷуд буда, дар ҳимоя ва нигоҳдории бахши рушди сайёҳӣ қарор дорад.

Айни замон дар хатсайри табобатию солимгардонӣ дар ҳудуди шаҳр 5 осоишгоҳ мутобиқ ба стандартҳои муосир ба меҳмонон дар сатҳи баланд хизматрасонӣ менамояд, ки пайваста бо масъулин ҳамкорӣ баҳри муаррифӣ намудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ  хуб ба роҳ монда шудааст. Боиси ифтихор аст, ки  баъди азнавсозӣ ва сохтмони бинои иловагии Осоишгоҳи Шоҳамабарӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат моҳи июни соли ҷорӣ ифтитоҳ гардид, ки осоишгоҳи мазкур дорои тамоми шароит бо стандартҳои байналмилалӣ сохта шудааст ва дар як вақт то ба 1000 нафар меҳмонон хизматрасонӣ менамояд. Осоишгоҳ дорои амфитеатр, конфронсзал, боғи фароғатӣ ва толори варзишӣ мебошад.

Санаи 7 декабр Пешвои миллат ба фаъолияти мамнӯъгоҳи тозабунёд барои ҳайвонот ва парандаҳои нодир  дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор, ки аз ҷониби ҶДММ “Қуллаҳои тоҷик” бунёд карда шудаст ва дар рушди сайёҳӣ минтақаи фаррох аст, оғоз бахшиданд.

Шумораи меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷие, ки аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиию экологӣ ва табобатии  шаҳри Ҳисор дар соли ҷорӣ дидан намуданд – 84309 нафар, ки аз ин 1812 нафарро хориҷиён ташкил медиҳад. Муқоиса ба ҳамин давраи ҳисоботӣ – 40326  нафар дохилӣ ва 976 нафар хориҷӣ зиёд ташриф оварданд.

Дар маҷмуъ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, минбаъд низ саъю талош хоҳад кард, то дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати боз ҳам боло бурдани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ саҳми муассир гузошта, дар ин самт тамоми нерӯи худро истифода барад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь