Саъдиё марди накӯном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накӯи набаранд.

Чанд сатр аз фаъолияти ватандории собиқ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби сиёсиву давлатӣ, давлатмарди зиндаёд Асадулло Ғуломов, ки то вопасин нафас ҷоннисори ободии кишвар буданд.

Номи неку пурифтихори ин чеҳраи родмарди ватан ҳанӯз солҳои 1995 ҳангоми муовини аввали раиси Ширкати давлатии сохтмонии “Тоҷиксохтмон” ва солҳои 2000 ва 2003-юм, ки ба сифати раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият дошт, расонаӣ гардида буд. Ҳама сокинони Душанбеи азиз ва расонаҳои ҷумҳурӣ номи некашро ба забон оварда, аз фаъолияти меҳнатиаш муждаҳои созандагиву ватансозиро рӯи саҳфаҳои расонаҳои кишвар манзури мардум мегардониданд. Ӯ шояд ягона раисе буд, ки дар вохӯриҳояш бо аҳли бошандагони шаҳри Душанбе, махсусан ноҳияи Сино, ки яке аз калонтарин ноҳияҳои шаҳри Душанбе буд ва аксари кули донишмандону адибон ва қаламкорону давлатмардони кишвар онҷо зиндагӣ менамуданд, бо боварӣ ва матонату ҷасорат дар он шабу рӯз бо бошандагони он мавзеъ ошкоро барои рафъӣ камбудиҳо суҳбат менамуд. Фаъолияти кориаш аз субҳи содиқ то нимашаб идома ёфта, дар роҳи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта талошҳои зиёд мекард. Махсусан, дар замони пуртазоди он рӯзгор, ки ҳанӯз ҳамдигарфаҳмӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандии кишвар на дар он пояе буд, ки ҷомашиносон ба он баҳои муносиб гузоранд, ӯ тавонист, ки бо муҳаббат ва самимияти баланди ватандорӣ бар қалбҳои ҳазорон бошандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муждаи созандагиву шукуфоиро оварад. Фаъолияти кориаш дар ин ниҳоди роҳбарӣ ӯро дар кураи сӯхтану сохтанҳо обу тоб дода, ӯро бо мардум ва мардумро бо ӯ хеле наздик намуд. Аз хиёбону гулгашт то кӯчаҳову маҳаллаҳои ноҳияи Сино он шабу рӯз дар маърази диданҳои ӯ қарор дошт. Иншооту сохтмонҳои мактабу маориф ва фарҳангиву иҷтимоии ноҳия аз оғоз то лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намуданашон таҳти назорати қатъии ӯ қарор гирифта, бештари вақти кориашро дар он мавзеъҳо пушти сар менамуд. Ӯ ба тарҳи нави ҷавобгӯ ба меъёрҳои шаҳрдории ҷаҳони мутамаддин такя намуда, Душанбеи азизро ҳамсони онҳо дидан мехост. Ҳамин орзуву ормони созандагӣ ӯро пойбанди созандагиҳо намуда, дар користони ватансозиву ватандорӣ заҳмат мекашид. Собиқ раиси шаҳри Душанбе ва собиқ Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки масъулияти тамомии созандагиҳои шаҳри Душанберо бар дӯш дошт, рӯзи видоъи ин давлатмарди ватансози кишвар чунин ҳарфҳоро ба забон оварда буд: “Қувваи мо намерасад, ки ҳамаи он хизматҳоеро, ки Асадулло Ғуломов, бародари мо барои халқу Ватан кардааст, бо тамоми маънӣ ва фарогирии корҳои бунёдкорию созандагиаш баён намоем. Хизматҳои Асадулло Ғуломов дар баромади Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври пурра инъикос ёфтаанд”. Ин баҳои шаҳрдори вақти Душанбе асоси воқеии талошу заҳматҳои ин арбоби сиёсиву ҷамъияти шодравон Асадулло Ғуломов буда номи неку пурифтихораш дар хотири ҳазорон фарзандони ватансози кишвар ба абадият сабт гардидааст. Аз забони садҳо бошандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шунидаем, ки омадани ӯ ба мақоми раиси ноҳияи Сино дар он шабу рӯз бар қалбҳои мардум на танҳо муждаи созандагиву ободкорӣ, балки пайки муҳаббату ватандориро овард. Мулоқотҳояш бо мардум он қадар самимӣ ва пур аз садоқати ватандорӣ буд, ки ҳанӯз бошандагони он мавзеи шаҳри Душанбе бо некӣ аз ӯ ёд намуда, зикри хайраш менамоянд. Боре муаллима Кимё Ҷӯраева, ки собиқаи беш аз чиҳилсолаи омӯзгорӣ дошта, пурэътибортарин муаллимаи шаҳри Душанбе буд, дар мавриди дастгирӣ ва пуштибонии раиси ноҳия Асадулло Ғуломов аз мактабу маориф ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, чунин гуфта буд: “Моҳи сентябри соли 2001 буд. Даҳ рӯзи дарсро пушти сар намуда будем. Ман, ки роҳбарии синфи ҳафтуми “а”-ро бар дӯш доштам, шаш нафар хонандагони он синф ба дарс намеомаданд. Ман барои воқиф шудан аз аҳволашон ба хонаҳояшон рафтам. Ду нафари онҳо, ки падару модарашон дар Русия мардикорӣ мекарданд, бо сабабҳои номаълум аз моҳи июл то рафтани ман 16-сентябр барои фарзандони мактабхонашон мебоист маблағ мефиристоданд, то онҳо сару либос харида ба мактаб мерафтанд. Ҳанӯз маблағ нафиристода буданд. Ва ҳамин тангдастӣ сабаби ба дарс наомадани онҳо буд. Чаҳор хонандаи дигар низ бо ҳамин аҳвол гирифтор буданд. Лекин аз шарм ва хиҷолат ин аҳволро ба касе натавонистанд, ки бигӯянд. Ман бо чанд сарватманди шиносам муроҷиат намудам. Онҳо ваъда доданду… Ниҳоят маҷбур шудам, ки назди раиси ноҳия равам. Ҳамин тавр назди раис рафтам. Ӯ маро хеле хуб қабул намуда, аз аҳвол ва рӯзгори худам пурсид. Гуфтам, ки шукр ҳамааш хуб аст. Бузургтарин неъмат сулҳу осоиштагӣ буда, бо мақдами муборак ва талошу ҷоннисориҳои Президенти маҳбубамон ин неъмати пурбаҳо насибамон гардидааст. Аммо маро вазъи сангини шаш нафар талабагонам ба ташвиш оварда, маҷбур шудам, ки назди Шумо биёям. Бо тафсир вазъи сангини иҷтимоии он хонандагонро ба ӯ гуфтам. Баъди тамом шудани суханам, ӯ лаҳзае ба сукут рафт. Ман медидам, ки ҳолати руҳиву равонаш гувоҳи дард кашиданҳояш буд. Баъди чанде ба ман рӯ оварда, гуфт: Муаллимаи азиз, аз Шумо хоҳиш дорам, ки боз аз хонандагон ва муаллимаҳои дигар бипурсед, ки чанд хонандаи дигар бо чунин аҳвол гирифторанд, баъд назди ман биёед. Баъди пурсуҷӯи ду рӯза маълумам гардид, ки 22 хонанда гирифтори чунин аҳволанд. Баъди ин, боз ба назди раис рафта, ин ҳолатро ба ӯ гуфтам. Раис ба ман гуфт, ки фардо ман ба мактаб меоям. Ҳамин тавр раис ба мактаб омад. Ӯро мо хеле гарму самимӣ истиқбол намудем. Дар саҳни мактаб ӯ бо мо ва хонанадгон он қадар самимӣ ва пур аз садоқати ватандорӣ ва лутфу меҳрубонӣ суҳбат намуд, ки мо дар симои поки ӯ бародари ҷонии хешро медидем. Баъди чанде ҳангоми гуселаш ӯ ба ман рӯ оварда, гуфт, ки муаллимаи азиз, он дархости Шумо роҳи ҳалли хешро ёфт. Ӯ ҳанӯз аз саҳни мактаб дур нарафта буд, ки садои шавқу шӯри он хонандагон баланд шуд. Бинам, ки бо сару либоси шинаму озода ва ҷузвдонҳои хеле зебо вориди мактаб шуданд. Чӣ гуна ман метавонам, ки чунин ғамхорӣ ва ватандориву ватансозии ин гуна роҳбарро фаромӯш намоям”. Чунин қиссаҳо аз фаъолияти роҳбариву заҳматҳои ватанхоҳонаи ин марди користони ватансози кишвар, ки муҳаббат ва самимияти ватандории бошандагони кишварро зиёд намуда, мардумро атрофи сиёсати фарҳангсозиву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуда, эътибори Ватани азиз моро миёни мардум бештару бештар менамояд, хеле зиёд буда, ин танҳо яке аз он садҳост. Ҳамин хислатҳои ҳамида ва донишу малакаи баланди корсозиаш буд, ки соли 2003-юм ӯро аз мақоми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба мақоми муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Ҳамакнун доираи фаъолияти кории ӯ дар саросари кишвар дар маърази диданҳои мардум қарор дошт. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар мавриди доимии машваратҳои кории Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Ҳодисаҳои нохуши табии норасоии масолеҳи сохтмонӣ, бунёди иншоотҳои энергетикӣ, таъмири роҳҳо, бунёди инфраструктураҳои нави ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, самти фаъолияти кории ӯ буду ҳамеша дар он користон заҳмат мекашид. Ҳамин тавонмандии зеҳнии ӯ ба користони кишвар неруву тавоноии нав мебахшид. Масъулияти баланди созандагӣ дар користони Ватан ӯро вазифадор намуда буд, ки ҳамчун як шахси масъул ва мутахассиси дараҷаи олии соҳаҳои барқу гармидиҳӣ, роҳу коммуникатсия барои имрӯзу фардои дурахшони миллат заҳматҳои зиёдеро пушти сар намояд. Фаъолияти пурсамари ӯ дар НБО Роғун, НБО “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, НБО “Помир-1”, “Помир-2”, таҷдиду ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ намудани НБО “Қайроқум”, сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 киловатаи Ҷанубу Шимол, хатти интиқоли барқи баландшиддати 220 килловатаи Лолазор Хатлон, сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Қурғонтеппа, Душанбе -Чаноқ, Душанбе -Ҷиргатол ва садҳо километри дигар роҳҳои байналмилалии автомобилгард дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ гувоҳи баръалои ватансозиҳои ӯ буда, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди заҳматҳои ватансозии ин марди користони кишвар гуфта буданд: “Асадулло Ғуломов неруи созандае буд, ки баробари чанд нафар масъулини мамлакат дар амалӣ гардидани ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Маҳз бо шарофати содиқона ва бо дилу нияти пок хизмат намудани чунин фарзандони фарзонаи миллати тоҷик шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи муайяни начандон тулонии таърих ободу зебо шуда, сатҳи иҷтимоиёти мардум баланд гардид. Номи Асадулло Ғуломовро, ки дар саҳифаи давлатдории навини тоҷикон сабт гардидааст, мардуми ин диёр ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард”.

Ҳамин садоқату ватандории ин марди користони Ватан вирди ҳама ҳамқадамони ватанхоҳаш буда, онҳо ҳамеша он ҳарфҳоеро, ки бо садоқат дар ҳошияи талошҳои ватансозии Пешвои муаззами миллат мегуфт:

-Агар ман гӯям, ки бемораму ба хотири табобат ба рухсатӣ бароям, ҳамон замон каси дигар баҳона пеш оварда, мегӯяд, ки маро ҳам тобам нест, бояд ба рухсатӣ бароям. Пас он садоқати ватандори куҷост? Оне ки ҳангоми таъин ба ин мақомҳои пурмасъул ва пурэътибор ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавл додем, ки содиқона чун Шумо бар халқу Ватан хидмат мекунем, чӣ мешавад?” зинҳор аз хотирашон зудуда нашудааст. Оре, ӯ марди аҳду паймон ва садоқатпешае буд, ки то вопасин нафас гом аз аҳдаш берун нагузошт. Ва бо талошу ҷоннисориҳои ватансозиву ватанхоҳонааш тавонист, ки паҳлуи Президент ҳамчун такягоҳи боэътимоду қавӣ истода, дар корҳои бунёдгузориву созандагӣ ва ободу зебо намудани Тоҷикистони биҳиштмаъво саҳми арзандаашро гузорад. Маҳз бо ҷаҳду талошҳои чунин фарзандони садоқатпешаи миллат дар шаҳру навоҳии Тоҷикистони азиз садҳо километр роҳҳои хуштарҳи замонавӣ бунёд гардида, чандин неругоҳҳои барқӣ обӣ сари вақт ва бо сифати баланд мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо ҳамин васила марҳила ба марҳила кишвари азизамон ба Истиқлолияти энергетикӣ мушараф гардида, аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. Ҳамқадамони ӯ дар ин ҷодаи пурифтихори созандагии ватан ҳамеша аз ӯ бо некӣ ёд намуда, мегӯянд, ки бо ҳамин қадар заҳматҳо дар користони ватан, агар бо ӯ рӯ ба рӯ мешудӣ, бо табъи болида ва лутфи зиёд истиқболат менамуд. Ҳатман аз лутфҳои мардумӣ қиссачаеро манзурат мегардонд, ки тамоми рӯз бо табъи болида онро пеши рӯ меовардиву ҳама ранҷу азобат фаромӯш мешуд. Собиқ директори маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Афғонистон, доктори илми таърих профессор шодравон Шарофиддин Имомов ки бо Асадулло Ғуломов аз замони донишҷӯӣ хеле дӯстии наздик доштанд, дар ҳар суҳбату вохуриҳояш аз лутфу меҳрабонӣ ва мутахассиси варзида ва яке аз содиқтарин ватансозони кишвар будани ӯ чунин ёдоварӣ намуда буд: “Дар яке аз мулоқотҳои хеле судманди давлатмардони кишвар, ки таҳти роҳбарии муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ шодравон Асадулло Ғуломов бо собиқ вазири энержии Давлати исломии Афғонистон Исмоилхон ширкат доштам, мехоҳам манзури шумо гардонам.

Вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми ташрифи Вазири энержии давлати Исломии Афғонистон Исмоилхон ба вуқуъ пайваста буд. Асадулло Ғуломов ки ба сифати муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамуд ва масъулияти иншоотҳои энергетикии кишварро бар душ дошт, дар мавриди дурнамои иншоотҳои энергетикии кишвар суҳбат карда, ҳарчӣ зудтар ба роҳ мондани чархаи аввали Истгоҳи Барқи обии Роғунро ки ӯ худ масъули бевоситаи ин иншооти бузурги кишвар буд, мавриди суҳбати самимӣ қарор дод. Ӯ ҳамон вақт гуфта буд, ки “Охири ҳама ҷангу кашмакашиҳо сулҳ мебошад. Афғонистони ҷангзада муштоқи сулҳу оромӣ ва якпорчагӣ буда, новобаста аз мавқеъи сиёсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ Афғонистон мебояд давлатмардони он дар мавриди тақдири ояндаи кишвар ва зиндагии ояндаи мардум андеша намоянд. Кишвари дӯсту ҳамхуну ҳамрешаву ҳамзабони Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирдмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1996 гуфта буд, ки “Захираҳои энергетикии Тоҷикистон метавонад, ки на танҳо Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки кишвари дӯсту бародари Афғонистонро дар ҳолати ба кор андохтани Неругоҳи Барқи обии Роғун бо барқ таъмин намояд”. Барои ҳамин “Шумо ҷони бародар аз ҷониби худу давлати худ кафолати амнияту осудагии сарҳадро бар души худ бигиред. Кишваратон Афғонистон нею Боғистони сарсабзу хуррам мегардад”. Баъди ин Исмоилхон хеле хандид ва гуфт, ки ин масъала рӯзҳои наздик роҳи ҳалли хешро хоҳад ёфт. Ростӣ, бо чунин ҳозирҷавобӣ, донишмандӣ ва соҳибфарҳангии ӯ қоил гардидам, пас аз ин мулоқоти судманди кории давлатмардони Тоҷикистону Афғонистон бо ибтикори муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов дар истироҳатгоҳи Варзоб сари як пиёлаи чой нишастем. Шодравон Асадулло Ғуломов бо донишу фарҳанги баланд ва завқи баланди шеърдониаш ҳамаро мафтун намуд. Ва Исмоилхон чанд маротиб аз ҷой бархоста, ӯро оғӯш кашид ва гуфт: “Ҳамакнун аз ин ба баъд мову устод Асадулло бародари ҷонӣ хоҳем буд. Тамоми мардуми Афғонистон Тоҷикистонро мисли хонаи худашон дӯст медоранд. Роҳбари муаззами кишвари Шумо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки бо талошҳои содиқонааш ба халқу ватан паи ободии кишвар тавонистааст, ки давлатмардони номвареро атрофи худ ҷамъ оварад. Ҳамин дӯст ва бародари мо Асадулло Ғуломов ифодагари ҳама ормонҳои созандагӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз мебошад”. Ростӣ, баъди ин нишаст боварам намеомад, ки як сохтмончӣ ин қадар дили бузурге дорад, ки тамоми Тоҷикистон дар он ғунҷидааст. Фоҷиаи даргузашти ӯ барои тамоми нафароне, ки ӯро мешинохту бо истеъдоду муҳаббати бузурги ватансозиаш арҷ мегузошт талхтарин фоҷиа буд. Ҳамаи мо фарзандони тақдир ва сарнавишт буда, пеши сарнавишти хеш бечораем. Он ки бузургмарде аз қофилаи Ватансозони кишвар моро тарк гуфт ва бо хулқу атвори нек, бо одамият ва ҷоннисориҳояш барои Ватан дар ёдҳои ҳазорон мову манҳо монда, садояшро бо чунин нармӣ ки муроду ҳама ормонҳои ватандориаш дар ин ҳарфу ҳиҷо оварда шудааст, бар гӯши ҷонҳои хеш мешунавем:

Ман зи гул гулдаҳонӣ мехоҳам,

З-одамӣ хушсуханӣ мехоҳам.

Аз ҳама зодаи ин хоку Ватан,

Якдилӣ ҳамватанӣ мехоҳам.

То гулистон нашавад хористон,

Тешаи хорканӣ мехоҳам.

Дил зи номардии мардон хун аст,

Мардии шерзане мехоҳам.

Н-ояд аз руҳи заиф ҳифзи Ватан,

Рустамӣ, пилтанӣ мехоҳам.

Ва мегӯем: Ай ҳодии користони нангу номуси Ватандорӣ осуда бош, ки ҳама ормонҳои ватанхоҳиат ҷомаи амал пушид.

Оре, ҳамон орзуву ормонҳои созандагии ӯ баъд аз ҳафт соли даргузашташ роҳи ҳалли хешро ёфта, имрӯз Тоҷикистони азиз дар миёни кишварҳои Осиё пешгомтарин минтақаи рушд эътироф гардидааст. Он иншооти бузурги аср чархаи аввали хешро дар рӯзи таърихии Иҷлосияи тақдирсоз 16-ноябри соли 2018 ба кор даровард. Ва ҳамон орзу, ормонҳои ватанхоҳонаи ин марди користони кишвар ҷомаи амал пӯшид. Имрӯз давлатмардони кишвар, ки зери ғамхории ватанхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар користонҳои кишвар заҳмат мекашанд, номи неки пурифтихори ин фарзанди шарафёру номбардори Тоҷикистони азизро ба забон меоранду худро давомдиҳандаи кору пайкори он медонанд. Инҷо хеле бомаврид медонам, ки суханони яке аз собиқ давлатмардони тоҷик Нуралӣ Қурбонов доктори илми иқтисод, профессори Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Россия, директори Институти иқтисоди асосҳои ҳуқуқии истифодаи қаъри замини Донишгоҳи иктишофи геологии Россияро дар мавриди тарбияи мутахассисони варзидаи кишвар, ки Асадулло Ғуломов яке аз онҳо буд биёрам. “Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар давраи гузариш як холигӣ ба миён омад ва ба сари ҳокимият одамоне омаданд, ки барои роҳбарӣ кардан тайёр набуданд. Аз ин рӯ, аз ҷониби роҳбарияти олии Россия, ки соҳиби базаи бузурги модиву техникии кадрҳои роҳбарикунандаи Шӯравӣ буданд, таклифе ба миён омад, ки кадрҳои роҳбарикунандаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ, ки ҳамакнун соҳибистиқлол гардидаанд, метавонанд барои тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда дар кишварҳояшон бо Россия ҳамкорӣ намоянд. Ҳамин тавр Академияи илмҳои ҷамъиятии собиқ КМ Ҳ.К.И.Ш. ки кадрҳои роҳбарикунандаи Шӯравиро тайёр мекард, ба тарбияи кадрҳои роҳбарии кишварҳои собиқ Шӯравӣ табдил дода шуд. Аввалин кадрҳои аз Тоҷикистон фиристода шуда, инҳо Асадулло Ғуломов, Абдуҷаббор Азизов, Алимурод Тағоймуродов, Хайриниссо Мавлонова, Маҳбуба Насриддинова, Неъматҷон Буриев буданд. Ҳамаи онҳо нафарони соҳибэҳтиром ва соҳибэътибори Тоҷикистони азиз буданд, ки бо роҳхати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҷо фиристода шуда буданд. Асадулло шахсияти аҷиб буд. Ман аз тақдир сипосгузорам, ки моро бо ҳам ошно кард. Мо на танҳо дар сатҳи “омӯзгор-донишҷӯ” будем, балки мо ба ҳам дӯст ва рафиқи қарин будем. Пас аз ошноӣ ва муоширати бародарона бо ин шахси хеле наҷиб ва ватандори комил ман ба хулосае омадам, ки боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин одам ва эҳтироми Асадулло Ғуломов нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зиёд мебошад. Ин садоқат ва муҳаббати ватандориаш маро бештар бо ӯ наздик намуд. Ман дар сурати ӯ як давлатмарди пур аз садоқат ва мутахассиси варзидаи соҳаи иқтисод, энергетика, коммуникатсия ва иҷтимоишиносиро дарёфтам. Ҳамин донишмандӣ ва сиёсатшиносоиаш эътибор ва эҳтиромашро миёни муаллимони Академия хеле зиёд намуда буд. Ва ҳамин ирсият ба фарзандони азизи ӯ ба мерос монда, номашро ҷовидонӣ гардонидааст. Фарзандони азизу арҷманд ва номбардори ӯ Акбар ва Акмал, ки худро машъалафрӯзи користони падар медонад, бо талошу ҷоннисорӣ паи ободии кишвар талош доранд. Яъне хонадони номбардори ӯ ҳамқадами созандагони кишвар буда, бо пуштибонӣ аз сиёсати ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар користони номуси ватандорӣ заҳмат мекашанд. Ин хонадони покмаҳзари саропо аз садоқати ватандорӣ саршор, бо модари мушфиқу ғамхор ва духтарони гурдофарид Ҳилолаву Парвина ва писарони накуномаш Акбар ва Акмал бо садоқати ирсиву аҷдодӣ, дар користони кишвар чун падари шодравони бузургворашон меҳнат намуда, пуштибони ҳама ғояҳои Ватансозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Номи пурэътибори Акбар ва Акмал давоми некномии умри падар буда, ҳама садоқати ватандории падари бузургворашон дар ҳар як амали созандагии онҳо манзур мегардад. Ва ҳазорон нафар Ватансозони кишвар аҳсант ба он хонадон гуфта, номи неку пурифтихори падари бузургвори онҳо Асадулло Ғуломовро ба забон оварда, зикри хайраш менамоянд. Номи неку пурифтихори падарро фарзандони азизу арҷманди хонадон Акбар ва Акмал тавассути фаъолияти меҳнатиашон дар користонҳои истеҳсолии “Хукасин Ғаюр Семент”, “Хуаксин Ғаюр (Суғд) семент”, “Худжан Ғаюр Индастриал”, “Ғаюр Саноат”, “Ғаюр-Пекидж”, “Ғаюр-1 ва “Ғаюр Трейдинг”, дар лавҳи пурифтихори ватансозони кишвар ба абадият сабт намудаанд. Ва хонадони покмаҳзараш панди дерини падар: “Бо ватан будану бе ёди ӯ зистан беватанист” модом, ки дар Ватан ҳастед, ҳамеша бо ёди он зиндагӣ намоедро рӯи хотир оварда, аз жарфои ҷони азизи фарзандон ва навагону азизонаш дар ёди поки ба ҳақ пайвастаи ӯ мегӯянд:

Даргоҳи падар, азиз аз ҷони манӣ,

Як гӯшаи мустаҳками имони манӣ.

Бӯи Ватан аз ту рафт дар мағзи вуҷуд,

Сарчашмаи меҳри Тоҷикистони манӣ.

Ҷумъахон Темурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь