Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, таъмини фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, беҳтар намудани зисту зиндагии мардум корҳои амалиро ба анҷом расонидааст. Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми умумии маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия 47 миллиону 765 ҳазору 800 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн 372 ҳазору 500 сомонӣ зиёд, ё ин ки 110,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Шаҳристон яке аз ноҳияҳои басо зебову дилрабои вилояти Суғд буда, он аз маркази вилоят дар масофаи 120 км дур ҷойгир шудааст. Ин ноҳия дар ҷумҳурӣ яке аз мавзеҳои қадима ба шумор меравад. Масоҳати ноҳияи Шаҳристон 114 ҳазору 263 га-ро ташкил медиҳад, ки аз он 6 ҳазору 176 га заминҳои обӣ ва 108 ҳазору 87 га заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳо мебошад. Ноҳия дар заминҳои назди қаторкуҳҳои Зарафшон ҷойгир буда, он бо обҳои зулоли табобатӣ ва чашмаҳои куҳсорони худ дар миқёси мамлакат машҳур мебошад.

Роҳбарии ноҳияи Шаҳристонро шахси фарҳангиву кордон Ашӯралӣ Ҷалилзода бар дӯш доранд.

 

Таърихи ноҳия

Ноҳияи Шаҳристон соли 1932 дар ҳайати вилояти Ӯротеппа, баъдан вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) таъсис дода шуда, ин рисолати хешро то соли 1958 иҷро намудааст. Моҳи октябри соли 1958 ноҳияи Шаҳристон барҳам дода шуда, он ба ҳайати шаҳри Ӯротеппаи вилояти Ленинобод дохил карда шуд. Моҳи августи соли 1990 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳристон аз нав ҳамчун ноҳия дар ҳайати вилояти Суғд ташкил карда шуд.

Таърихи шаҳри қадимаи Бунҷикат, ки дар қаламрави ноҳияи Шаҳристон ҷойгир аст, аз тарафи бостоншиносони Шӯравӣ дар соли 1952 мавриди ҳафриёт қарор дода шуд. Муаррихон дар натиҷаи гузаронидани ҳафриёт маълум карданд, ки таърихи шаҳри Бунҷикат беш аз 5-7-ҳазорсола мебошад. Нигораву ёдгориҳои зиёди таърихии аз қалъаи Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон дарёфт кардашударо дар замони Шӯравӣ ба Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербург бурда, онҳо то ҳол дар он ҷо маҳфуз дошта мешаванд. Гуфтан бамаврид аст, ки соли 1952 аз қалъаи Бунҷикати Шаҳристон ҳайкали модаргург ва ду кӯдаки ширмак, ки ин даррандаро мемакиданд, низ дарёфт карда шуда буд. Ин ҳайкали модаргург низ алҳол дар Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербург нигоҳ дошта мешавад. Бозёфти ин ёдгории таърихӣ аз миллати куҳанбунёд будани тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.

Бино ба нақли корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон Ҳасан Каримов, қалъаи Бунҷикат бо шаш теппаи дидбонгоҳҳояш яке аз қадимтарин шаҳрҳо дар миқёси мамлакат ба шумор рафта, дар гузашта дар рафти гузаронидани ҳафриётҳо аз зери қалъаи Бунҷикат ҳатто лӯлаҳои хати обгузар низ пайдо карда шудааст, ки аз тамаддуни басо бой ва қадима доштани миллати тоҷик далолат медиҳад.

Ин қалъаи бостонӣ аз чандин қисматҳо иборат буда, дар он ҷойи истиқомати ҳоким ва ё давлатдор, ҷойи нигаҳдории артиш, саисхонаҳо, ибодатгоҳҳо ва майдонҳои иқомати ашрофзодагону амалдорони ин макон дар алоҳидагӣ арзи ҳастӣ доштаанд. Шуруъ аз соли 1952 олимони шӯравӣ оид ба таъриху тамаддуни сокинони ин шаҳри бостонӣ маълумотномаи басо саҳеҳро пайдо намуда, онро ба яке аз қадимтарин шаҳрҳои сайёра мансуб дониста буданд. Ба ғайр аз ёдгориҳои таърихии ин қалъаи қадима, дар ҳудудҳои маъмурии ин ноҳия ёдгориҳои таърихии Чилдухтарон, Чилҳуҷра, Тирмизактеппа, Хонҷайло ва 6 теппаи дидбонгоҳӣ, инчунин, масҷидҳои қадимаи Пирмуҳаммад, Нурмуҳаммад, масҷиди Бекҳо ва ғайраҳо боқӣ мондааст, ки бо осор ва ҳусни меъмориаш басо қадима буда, ҳар кадом дили ҳар сайёҳу бинандаро тасхир намуда, фараҳ бахшида, ба худ ҷалб менамояд.

 

Мавзеъҳои сайёҳии Шаҳристон

Инчунин, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон зиёратгоҳҳои Абӯбакри Сиддиқ, Ҳазрати Мулло, Муҷаррад, Чанговул, Оқтош Бобо, Туятош Бобо, Қутур Бобо ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд, ки меҳмонон ва сайёҳони дуру наздик ҳамарӯза аз ин мавзеъҳо дидан намуда, аз тамошои он руҳу илҳоми тоза гирифта, ба гузаштагони ин маконҳо дуоҳои худро арзонӣ медоранд.

Ноҳияи Шаҳристон баъди баромадан аз нақби Шаҳристон то ба шаҳри Истаравшан тӯл мекашад ва метавон гуфт, он яке аз мавзеъҳои беҳтарини сайёҳии вилояти Суғд мебошад, ки аз дараҳову чашмасорону шаршараҳо иборат буда, як худи паҳноҳои арчазорони ин ноҳия, ки дар баландиҳо ҷойгиранд, дар миқёси Тоҷикистон ҳамто надоранд. Дар оянда дар он мешавад, ки беҳтарину олитарин маконҳои истироҳативу фароғатиро бунёд намуд. Дар ин мавзеи сарсабзу хуррам барои сайёҳони дохилу хориҷ пешниҳоди саёҳати экологиву куҳнавардӣ басо мувофиқ мебошад. Ҳамчунин, тавассути куҳҳои барфпӯши ноҳия сайёҳон имкон доранд, ки ба ноҳияҳои ҳамсарҳади Ӯзбекистон ва ноҳияҳои Айниву Масчоҳ ва баландкуҳҳои Деваштич сафар намоянд.

Дар қаламрави ноҳияи Шаҳристон мавзеъҳои истироҳатии Моҳкӯл, Хуррамдара, Сафеддара, Шодмондара мавҷуданд, ки барои истироҳат ва рушду нумуи соҳаи сайёҳӣ басо мусоид буда, дар оянда дар ин мавзеъҳо сохтмони иншооти сайёҳиву табобатӣ ба назар гирифта шудааст.

Айни замон дар ноҳияи Шаҳристон истироҳатгоҳҳои Бодомча, Рӯдоба, Эделвейс, Обшорон, табобатгоҳи «Аҳмаду Каромат» барои истироҳат ва табобати мардум хизмат менамоянд. Барои рушду нумуи соҳаи сайёҳӣ дар ин ноҳия потенсиали калон мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, қад-қади роҳи байналмилалии Душанбе-Чаноқ, ки 60 километраш аз қаламрави ин ноҳия мегузарад, бо ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар миёни табиати сарсабзу хуррам, чашмасорон ва анбуҳи арчазорони ноҳия мешавад беҳтарин силсилаистироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии сайёҳиро бунёд намуда, дар як вақт дар ғанисозии буҷаи ноҳияву ҷумҳурӣ саҳм гирифта, сокинони зиёдро бо ҷои кор ва маоши арзанда таъмин намуд.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст. Раиси ноҳияи Шаҳристон Ашӯралӣ Ҷалилзода ин пешниҳоди роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар қаламрави ноҳия ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шуруъ намуд. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси раиси ноҳияи Шаҳристон дар қаламрави ноҳия аз ҳарвақта дида, бунёди роҳу пулҳо, боғи истироҳативу фароғатӣ дар назди қалъаи Бунҷикат бо майдончаи варзишиаш, қасри фарҳанг, гармхонаву боғҳои интенсивӣ ва ғайра амалӣ шуда истодаанд.

 

Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия тадбирҳо амалӣ гардида, нақшаи чорабиниҳо оид ба бунёди иншооти ҷашнӣ иборат аз 68 банд таҳия гардида, дар соли 2018-ум 19 адад ва дар нимсолаи якуми соли 2019-ум 35 адад иншоот сохта ба истифода дода шудааст.

Имрӯз мардуми ноҳияи Шаҳристон бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ бо азму иродаи мустаҳкам корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагиро бо руҳияи баланди ифтихори миллӣ, бо меҳнати софдилонаю суботкорона вусъат бахшида, дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муттаҳид гардида, сиёсати хирадмандона, дурбинонаю оқилонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуда, баҳри татбиқи нақшаву ниятҳои нек, пешрафту тараққиёт ва рушду нумуи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия садоқатмандона меҳнат менамоянд.

 

Буҷети ноҳия

Дар соли 2019 қисми даромади буҷети ноҳия ба маблағи 25 млн 737 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, аз он ҷумла 18 млн 884 ҳазор сомонӣ (73,4 фоиз) субвенсияи вилоятӣ ва буҷети маҳаллии ноҳия ба маблағи 6 млн 853 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 26,6 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи якуми соли равон нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия бо назардошти субвенсияи вилоятӣ ҳамагӣ 11 млн 839 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 4 млн 48 ҳазор сомонӣ ва субвенсияи вилоятӣ ба маблағи 8 млн 687 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин давра қисми даромади буҷети ноҳия ҳамагӣ ба маблағи 12 млн 220 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 103,2 фоиз, аз он ҷумла буҷети маҳаллӣ ба маблағи 4 млн 376 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 108,1 фоиз иҷро шудааст, ки нисбат ба нақша 328 ҳазор сомонӣ зиёд аст ва субвенсияи вилоятӣ ба маблағи 8 млн 687 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 100,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар ин давра ба маблағи 11 млн 720 ҳазору 400 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, амалан ба маблағи 11 млн 665 ҳазору 900 сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки нисбат ба нақша 99,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар ташкилотҳои буҷетӣ қарзи музди меҳнати кормандон мавҷуд намебошад.

 

Соҳаи кишоварзӣ

Дар шаш моҳи соли равон кишоварзони ноҳия ба маблағи 29 млн 641 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки 110,3 фоизро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кишоварзон ва аҳолии ноҳия барои ҳосили соли 2019 ҳамагӣ дар майдони 16660 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст. Аз он ҷумла 6169 гектар кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ, 7360 гектар кишти ғалладонагиҳои баҳорӣ, 1454,5 гектар кишти картошка, 266 гектар кишти сабзавот, 2,5 гектар кишти сабзавоти тухмӣ ва 1388 гектар кишти зироати хӯроки чорво гузаронида шудааст, ки ҳамагӣ кишти зироатҳои кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,1 фоиз, ё ин ки ба майдони 4 гектар зиёд мебошад.

Кишоварзони ноҳия дар майдони 42 гектар боғи нав бунёд намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 190,9 фоизро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2019 дар ҳамаи категорияҳои корхонаҳои кишоварзӣ якҷоя бо аҳолӣ 18 ҳазору 47 сар моли калон, аз он ҷумла 10 ҳазору 463 сар модагов, 62 ҳазору 989 сар моли майда, 30 ҳазору 171 сар паранда ва 835 сар асп мавҷуд аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи моли калон 32 сар, модагов 2 сар, моли майда 464 сар ва асп 10 сар зиёд мебошад.

Дар ҳамаи категорияи хоҷагиҳои ноҳия якҷоя бо аҳолӣ 3940 тонна шир, 376 тонна гӯшт, 325 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63 тонна шир, 1,0 тонна гӯшт, 21 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.

 

Соҳаи саноат ва энергетика

Дар шаш моҳи соли равон корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 18,1 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 109,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар ноҳия корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 12,4 млн сомонӣ иҷро гардидааст.

 

Соҳаи илм ва маориф

Дар мактабҳои ноҳия 1057 нафар омӯзгорон, аз он ҷумла 560 нафар занон ва 497 нафар мардон ба таълиму тарбияи 9398 нафар хонандагон машғул мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 348 адад компютер, 44 адад принтер, 13 адад тахтаи электронӣ ва 5 адад проектор мавҷуд буда, дар муассисаҳо 40 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ фаъолият намуда истодаанд.

 

Соҳаи тандурустӣ

Дар муассисаҳои тандурустӣ 53 нафар духтурон ва 346 нафар коркунони миёнаи тиб фаъолият бурда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 2257 нафар беморон бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 139 нафар зиёд аст, ё ки иҷрои катҳо 68,0 фоизро ташкил додааст.

 

Кор бо занон ва оила

Шумораи умумии занҳо 21 ҳазору 128 нафарро ташкил намуда, 5 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 8 нафар вакили Маҷлиси ҷамоатҳо ва 8 нафар хизматчии давлатӣ, инчунин 236 нафар занон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

 

Ҳифзи иҷтимоӣ

Дар ноҳия 3 ҳазору 274 нафар нафақахӯрон, аз он ҷумла 2 нафар маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд.

Андозаи миёнаи моҳонаи нафақа дар ноҳия 284,31 сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 115 нафар шаҳрвандон нафақа таъин карда шуда, то 1-уми июли соли 2019 барои пардохти нафақа ва мададпулӣ барои дафн 6,5 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда, нафақаи нафақахӯрон ва мададпулӣ барои дафн бо пуррагӣ пардохт карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 355 нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 243 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 196 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин гаштаанд, ки 49,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1-уми июни соли 2019 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия 2619 нафар корманд кор карда истодаанд. Музди маоши миёнаи 1 нафар корманд 772 сомониро ташкил медиҳад.

Қарзи музди меҳнат дар ташкилотҳои буҷетии ноҳия вуҷуд надорад.

 

Дастгирии иҷтимоӣ

Дастгирии маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони барҷомонда ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мадди назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор гирифтааст.

Бо қарори раиси ноҳия иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нафарони ба онҳо баробар кардашуда барои сарпарастии доимӣ ба корхона ва ташкилоту муассисаҳо вобаста карда шуда, ёрии моддиву маънавӣ расонида шуда истодааст.

Шумораи умумии маъюбон 683 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо маъюбони то синни 18-сола 125 нафар мебошанд.

Аз тарафи корхонаву ташкилотҳо мунтазам дар рӯзҳои идҳо маъюбон аёдат карда мешаванд.

 

Ба ҷои охирсухан

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон тамоми нерӯ ва ғайраташро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати ноҳияи Шаҳристон бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд. Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёди 35 иншооти гуногунро ба нақша гирифта, азм доранд Шаҳристонро ба як гулистони зебову афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.

Гузашта аз ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон бо дастгирии ҳаматарафаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тасмим доранд, ки қад-қади роҳи Душанбе-Чаноқ тамоми инфраструктураи заруриро барои меҳмонону мусофирон бунёд намоянд.

Умед аст, ки бо бунёди беҳтарин меҳмонхонаҳову мавзеҳои истироҳативу фароғатӣ ва иншооти табобативу профилактикӣ ноҳияи Шаҳристон вирди забони хосу ом ва машҳури ҷаҳон мегардад. Аллакай дар қаламрви ноҳия 10 маркази дӯзандагиву кӯлолгарӣ, адрасбофиву атласбофӣ, қолинбофиву шолчабофӣ, чӯбтарошиву зингарӣ ва табақтарошиву гаҳвораву сандуқсозӣ амал менамоянд, ки ҳар кадом аз ин соҳибҳунарон ҳунари волои худро аз насл ба насл мерос гузошта, дар рушди нумуъ ва ободиву шуҳрати ноҳия саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Аз рӯи суханони Ашӯралӣ Ҷалилзода – раиси ноҳияи Шаҳристон, «ноҳияи Шаҳристон дар вилояти Суғд асосан ноҳияи аграрӣ буда, гарчанде замин бисёр бошад ҳам, аз сабаби нарасидани об онҳоро обёрӣ кардан мушкилӣ дорад. Бинобар дастур ва супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои доимии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода танҳо аз ҳисоби кандани чоҳҳои амудӣ ва гузаштан ба усули обёрии қатрагӣ даҳҳо га замин ба гулистони афсонавӣ табдил дода шуда, дар он зироатҳои полезӣ ва боғот бунёд менамоем. Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба ноҳияҳои навбунёд басо калон мебошад. Ин аст, ки имрӯз аз Шаҳристони куҳан, аз як деҳаи бо лойи похсагӣ бунёдёфта нишоне намондааст. Бунёди қасри фарҳанг, биноҳои маркази адлия, маркази ҷарроҳӣ, нозироти андоз, суд ва прокуратураи ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мактаб-интернат, кумитаи замин ва даҳҳо дигар иншоот, ки ҳамагӣ давоми 2-3 сол бунёд гардидаанд, гувоҳ аз гуфтаҳои болоянд. Гарчанде Бунҷикати бостонӣ таърихи беш аз 7-ҳазорсоларо доро бошад ҳам, эҳёкунандаи он маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, ки он кас таърихи куҳани ин миллату давлатро муаррифӣ месозанду зинда мегардонанд».

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь