Сухане чанд аз фаъолияти собиқ шаҳрдори соҳибарҷу эҳтиром, арбоби шинохтаи сиёсиву давлатӣ, шахсияти соҳибтамаддуни фарҳангӣ, собиқ шаҳрдори шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Ҳамонгуна, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ва ифтихори зиёди ватандорӣ, дар ҳар як вохӯриаш бо зиёиёни кишвар аз арзишҳои миллӣ ва ватандории қаҳрамонҳои халқи тоҷик устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва арбобҳои сиёсиву давлатӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ёдоварӣ менамояд, муҳаббат ва самимияти ватандории мардум ба ин шахсиятҳои шинохтаи сиёсиву фарҳангӣ ва давлатӣ бештар гардида, зиндагиномаи ин родмардони Ватан баландтарин ҳадди ватандориашон қарор мегирад. Воқеият он аст, ки баъд аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо мақдами Ҳукумати нав дар кишвар истиқлолияти анқариб ба нестирафта аз нав эҳё гардида, аъзои нави Ҳукумати вақти кишвар, бо матонату қаҳрамонӣ зери сарварии Роҳбари тозаинтихоби давлат ва Ҳукумат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эъмори як ҷомеаи мардумсолори демократии ҳуқуқбунёд камари ҳиммат бастанд. Дар ҳамон шабу рӯзи тақдирсоз содиқтарин фарзандони фарзонаи миллат бо матонату қаҳрамонӣ ва садоқат бар халқу Ватан атрофи ин абармарди таърихи навини миллат муттаҳид гардида, саҳми арзандаи хешро дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар баҳамоии мардуми саросари кишвар гузоштанд. Дар қатори даҳҳо абармардҳои дунёи сиёсат ва кишварсозӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев паҳлуи Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо савганди садоқат бар халқу Ватан гомҳои пур аз матонату қаҳрамониашро гузошта, дар баҳои ҷони ҷавони хеш раҳсипори ормонҳои миллии мардум ва истиқрори сулҳ дар саросарии кишвар гардид.
Ҳангоми ифои вазифа дар мақоми муовини Раиси Шурои вазирони Тоҷикистон солҳои 1992- 1994 замони муқовиматҳои шадиди мухолифин бар Ҳукумати дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостон рӯи коромада ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маркази баҳсҳои сиёсии бесару нуки мухолифини Ҳукумат қарор гирифта, номи покашро бо ҳар роҳу восита доғдор мекарданд. Воқеият ин аст, ки роҳу равиши кории Маҳмадсаид Убайдуллоев аз рӯи меъёрҳои мардумсолорӣ сурат гирифта, ин равиши кор дар тамоми фаъолияти кориаш риоя гардидааст. Дониш ва маҳорати баланди роҳбарӣ, масъулият ва серталаб буданаш нисбати ҳамкорон дар замони шӯравӣ, таҷрибаи бузурги мақомдорӣ дар Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунист ва дар раёсати ҳисоби мошинии вилоят ҳасудони зиёдеро нороҳат намуда буд. Ҳама рашку ҳасад ва нодида гирифтани донишу маҳорат ва истеъдоди баланди роҳбарӣ доштани М. Убайдуллоев ҳанӯз аз замони мактабхониаш дар деҳаи Шафтолубоғи ноҳияи Фархор оғоз гардида, то дар мақоми раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон фаъолият доштанаш идома ёфтааст. Боре як шарикдарси мактабхонии деҳааш дар мавриди дониш ва истеъдоди фавқулодааш гуфта буд: «Ҳангоми дар синфи шашум хонданашон устодони мактаби деҳа гузаронидани бисёре аз машғулиятҳоро ба хотири дониши баланд ва истеъдоди фавқулодааш ба ӯ вогузор менамуданд. Ӯ бо сарбаландӣ аз иҷрои ин супориши устодон баромада, эътибораш миёни хонандагон ва устодон хеле баланд гардида буд. Ҳамин истеъдоди баланд ва донишу ахлоқи ҳамидааш буд, ки баъди хатми мактаби мутавассита шомили пурэътибортарин донишкадаи кишвар – Институти политехникии Тоҷикистон имрӯз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ гардида, баъди хатми соли дуюми донишҷӯӣ бо роҳхати Вазорати маорифи Иттиҳоди Шуравӣ ба Институти политехникии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина таҳвил гардида, ин даргоҳро бо дипломи аъло ва ахлоқи намунавӣ ба итмом расонида, фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1974 оғоз мегардад. Нахустгомҳои устувори фаъолияти меҳнатиаш аз муҳандиси калони корҳои роҳбарии шуъбаи назорати стансияҳои шаҳрию ноҳиявии иттилоотиву ҳисоббарории идораи омори вилояти Кӯлоб оғоз гардида, истеъдод ва дониши баландаш ҳамон замон ӯро соҳибэътибор намуда буд. Баъди даҳ соли фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо роҳхати Кумитаи Марказии ҲКИШ ба мактаби Олии роҳбарии ҲКИШ ба шаҳри Тошканд фиристода мешавад. Ин даргоҳи пурэътибори роҳбарии Олии Ҳизби коммунистро низ бо дипломи аъло ва эътибори баланд ба итмом расонида, дар мақоми роҳбарии ҳизбиву давлатӣ ба сифати мудири шуъбаи саноат ва молҳои истеъмолии халқӣ Кумитаи Ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб – 1986-1988, сардори идораи Омори вилояти Хатлон 1988-1990, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб – 1990-1992 ва дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостон ба мақоми муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, бо садоқат ба истиқлолияти давлатӣ ва халқу Ватан хидмат менамояд. Ҳамакнун, замони сарнавиштсози кишвар фаро расида, тақдири минбаъдаи давлат ва Ҳукумат ба пуррагӣ ба дасти роҳбарияти Ҳукумати қонунии мардумӣ, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостон рӯи кор омада буд, меуфтад. Райиси тозаинтихоби Шурои Олии кишвар ба хотири баҳамоии ҳама мардуми кишвар ва истиқрори сулҳу якпорчагӣ ба ҳама қишрҳои ҷомеа такя намуда, тақдири минбаъдаи давлат ва Ҳукуматро пурра бар дӯши худ гирифта, бо аъзои нави Ҳукумат пайи эъмори як ҷомеаи мардумсолорӣ оғоз мебахшад. Миёни ҳама аъзои Ҳукумат ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳамон шабу рӯз тавонмардтарин арбоби сиёсиву давлатӣ ба шумор мерафт. Маҳз бо ташаббуси ин хирадманди ватансоз ва дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси тозаинтихоби Шурои Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи дурнамои амнияту осудагии кишвар таҳия гардида, роҳҳои дастёбӣ ба сулҳу якпорчагӣ дар саросари кишвар таҳия гардид. Гомҳои садоқати ватандорӣ ин фаъолияти ҷоннисорона ва садоқати ватандории муовини Сарвазири Ҳукумати ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бисёре аз мавридҳо садди роҳи фаъолияти бархе аз худхоҳон дар дохили Ҳукумат гардида, он нотавонбинон садди роҳи эътибораш мешуданд. Бо ҳар роҳу восита номи покашро доғдор намуда, қудрати Ҳукуматро коста кардан мехостанд. Аз тариқи расонаҳои иғвоангези хориҷӣ бо ахборҳои бардурӯғ фитнаҳо ангехтанд. Аммо хираду заковати азалии Раиси Шурои Олии вақти кишвар нагузошт, ки миёни роҳбарияти Олии Ҳукумат нофаҳмие боиси фаъолияти пурсамари онҳо бигардад.
Ба дасисаи бархе аз қумандонҳои собиқ «Фронти халқӣ» номи поки Маҳмадсаид Убайдуллоев дар он шабу рӯз доғдор гардида, дастгоҳи ҷосусии душманони сохти конститутсионии кишвар иғвоҳои гӯшношунидро миёни мардум паҳн намуда, нобовариро ба фардои дурахшони кишвар зиёд менамуданд. Вале садоқати ватандорӣ ва фарҳанги баланди касбии ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев нагузошт, ки он кӯрдилон бо мақсадҳои сиёҳи худ бирасанд. Борҳо қасди ҷонаш низ намудаанд. Таҳдидҳои гӯшношуниди пур аз иғвоҳои сиёсӣ ҳар рӯз миёни мардум паҳн мегардид. Иддае аз нокомҳои сиёсӣ, ки бо мухолифини сулҳу якпорчагии кишвар робитаҳои ифротгароии қавмиву гурӯҳӣ ки доштанд, ҳар рӯз иғвои навбатиеро муқобили Ҳукумати кишвар миёни мардум паҳн менамуданд. Вале иқтидори ватанхоҳиву ватандории Раиси Шӯрои Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки онҳо бо мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии вақти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин фарзандони фарзонаи миллат шомили Ҳукумат гардида, дар роҳи дастёбии сулҳу якпорчагии саросарии кишвар саҳми арзандаи хешро гузоштанд. Даҳҳо фарзандони фарзонаи миллат ба хотири имрузи пурнишот ҷони худро аз даст доданд. Баъди аввалин интихоботи Президенти мардумӣ моҳи ноябри соли 1994 ҳангоми таъсиси Ҳукумати мардумии кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷониби Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш хоби бисёре аз рақибони ҳасуду нотавонбинашро нороҳат намуда, онҳо паи дасисаҳои навбатӣ бархоста, бо иғвоҳои навбатӣ авзои сиёсии кишварро ноором кардан мехостанд. Президенти тозаинтихоби кишвар ба хотири истиқрори сулҳу якпорчагии саросарии кишвар комиссияи гуфтушуниди Ҳукуматро бо мухолифини Ҳукумат таъсис дода, муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоевро ҳамчун намояндаи ваколатдори Президенти Тоҷикистон шомили ин комиссиюни гуфтушунид ва музокироти тоҷикон намуд. Ҷасорату матонат ва хирадмандиву соҳибмаърифатии муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар се мулоқоти сулҳ, ки соли 1995 баъди вохӯрии Президенти тозаинтихоби мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шимоли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарияти мухолифини тоҷик ба миён омада буд, дар шаҳрҳои Москва, Алмаато ва Ашқобод баргузор гардид, тарҳи сулҳ ва музокироти баҳамоии тоҷиконро ба миён овард. Ҳамин мулоқоти таърихии Ҳукумат бо мухолифин заминаи асосии сулҳу истиқрори миллиро замина гузошта, ҳама гурезаҳоро ба Ватан овард. Барои роҳбарияти Олии кишвар дар он шабу рӯзи тақдирсоз ва пуртаҳлука амнияти осудагии шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистони азиз масъалаи доғи рӯз ба шумор рафта, дар он шабу рӯз Душанбеи азиз ба як иқтидори бузурги роҳбарӣ ниёз дошт. Роҳбарияти олии кишвар дар симои далери пур аз матонату қаҳрамонии муовини аввали Сарвазири вақти ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ин қудратро медиданд. Шояд ин воқеияти таърихие буд, ки бо амри сарнавишт Президенти кишвар соли 1996 ӯро ба мақоми раиси шаҳри Душанбе таъйин намуд. Шаҳрдори нави пойтахт бо нерӯи нави созандагӣ ба кор шурӯъ намуд. Душанбеи азиз, ки дар он шабу рӯз бо душвориҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, шабеҳи як шаҳраки маҳалла буд. Симои пойтахт буданашро дар кашмакашҳои дохилӣ қариб, ки аз даст дода, яъсу навмедӣ домангири мардумонаш буд. Силоҳшӯрҳои мухолифини оғози истиқлолият онро бисёр хаставу нотавон ва дардманд карда буданд. Аз Душанбеи сарсабзу хурамдили замони Шуравӣ қариб, ки осоре намонда буд. Ҳеҷ аз хотири банда он рӯзҳои сахту даҳшатбор фаромӯш намешаванд. Тобистони соли 1996 ба устоди зиндаёд, шоири шаҳири миллат Лоиқ Шералӣ ки солҳои зиёд дар бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ фаъолият доштам, дар назди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ вохӯрдем. Устод, ки аз авзои ноороми кишвар дар ташвиш буданд, бо як ҳассосияти хоси шоирона бо ман гуфтанд: «Ман хеле шодам, ки мисли Шумо ҷавони бедордилу ватанхоҳ атрофи давлатмардони ватанхоҳи кишвар ҷамъ омадаед. Агар аз дастатон ҳар кори неке ки биёяд барои Ватан иҷро намоед. Ҳамин давлатмардони ватанхоҳро ки камари ҳиммати мардӣ баста кишварро аз даҳони аждаҳо раҳониданд ҳамеша паҳлӯяшон бошед. Шаҳрдори пурматонату пурҷасорати Душанберо ҳамеша дастгирӣ намоед. Чунки ягона девор ва сутуни Душанбе, ки ҳамсони Бухорои Сомониён мебошад, ӯ метавонад, ки бошад». Ҳамин дархости устоди зиндаёд кафи пур аз дуое буд барои фардои дурахшони миллат. Шояд сиришт ва сарнавишт миёни садҳо давлатмардони кишвар ӯро интихоб намуда бошад, ки ин масъулияти сангини ватандориро бар дӯш гирифта, тақдири худу кишварро дар ин ҷода пайваст. Панҷ соли аввали шаҳрдори нав аз ошноӣ бо бунёди пойтахт, тоза намудани хиёбону гулгаштҳо аз осори майдоннишинҳо, таъмири роҳҳо, таъмири биноҳои харобгардидаву ғоратгашта, бунёди сохторҳои иҷтимоӣ ва роҳраву кӯчаҳои сарбастаи маҳаллаҳо ва сазовор гаштан ба боварии мардуми бумии Душанбе оғоз гардида, баъди се сол симои воқеии пойтахт будани Душанбе манзури ҷаҳониён гашт.
Нахустин чорабинии байналмилалии ҳазору садсолагии давлати Сомониён меҳмонони зиёдеро аз хориҷи кишвар ба Душанбеи азиз даъват намуда, Анҷумани тоҷикони ҷаҳон низ дар ҳамон шабу рӯз баргузор гардид. Душанбеи азиз, ки симои миллат ва тамаддуни башариат Ориёнои бузург мебошад, мизбони соҳибарҷу соҳибэҳтироми ин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ буд. Шаҳрдори Душанбе бо садоқати зиёди ватандорӣ симои воқеии пойтахтро манзури меҳмонони олиқадр гардонида, онҳоро водор намуд, ки дар бозгашт ба кишварҳояшон муждаи созандагӣ ва ободкориву сулҳофарии тоҷиконро ба гӯши оламиён расонанд. Ва Душанберо ҳамчун шаҳри амнтарини Осиё ба тамоми олам муаррифӣ намоянд. Ҳарчанд, ки рақибони нотавонбини кажназар аз тариқи расонаҳои иғвоангези хориҷӣ номи шаҳрдори хирадмақоми пойтахтро доғдор менамуданду давлатмардони баору номуси ватансозро ба нотавонӣ бадном месохтанд. Интиҳои ҳамаи ин нотавонбиниҳо бадгумонҳоро шармандаи ҳарду олам намуд. Парчами сулҳу якпорчагӣ ва муҳаббату самимияти ватандорӣ аз ҷониби давлатмардони баору номуси кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парафшон гардида, ҳама ранҷидаҳо бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат ба ватан баргаштанд.
Комиссиюни оштии миллӣ бо пайки оштӣ шомили Душанбеи азиз гардид. Шаҳрдори соҳибарҷу эҳтиром ва ифтихори шаҳрнишинони пойтахт коммисиюни оштии миллиро дар дили Душанбеи азиз, меҳмонхонаи овозадори Вахш ҷойгузин намуда, тамоми шароитҳои будубош ва амнияти хусусии онҳоро таъмин намуда комиссиюн ба фаъолияти сулҳофарӣ оғоз намуд. Силаҳшӯрҳои ду ҷониб гоҳо бо иғво ва васвоси душманони амнияту осудагии кишвар бархурдҳо намуда рӯи масоили сиёсӣ баҳсҳои доманадор сурат мегирифт. Иддае аз мухолифини оштинопазир бо ҳар роҳу восита ва иғвоҳои гуруҳҳои этникӣ вазъиятро ноором кардан мехостанд. Зиракии сиёсӣ ва тавонмардии шаҳрдори Душанбе ҳама он гуруҳҳои даргири оштинопазирро муттаҳид сохта, дар баҳои ҷону хону монаш амнияту осудагии пойтахтро таъмин намуд. Ин матонату ҷасорат ва ғаюриву тавонмардии шаҳрдори Душанбе, дар он солҳои воқеан ҳам вазнин куллӣ давлатмардони соҳибқудратро дар ҳайрат оварда буд. Бинобар таъбири бисёре аз таҳлилгарони масоили сиёсии вақт ӯ майдондори майдони номусу шарафи ватандорӣ ва сипаҳсолорӣ Пешвои муазами миллат буд. Силоҳшурҳои мухолифин, ки бо миёнҷигарии давлатҳои кафли сулҳ шомили Душанбе гардида буданд, хеле даҳшатафкан ва муҷаҳҳаз бо силоҳҳои ҷангӣ буданд. Дар андак низоъҳои гурӯҳӣ садои силоҳҳо баланд гардида таҳдидҳо авзои ороми ҷомеаро ноором месохтанд. Бинобар таъбири мардум забон ёфтан бо ин мардуми саҳроӣ коре буд басо сангин. Бархе аз давлатмардони мақомдори ҳукумат аз гумроҳӣ ва нодониву ҷаҳолат бо он гурӯҳҳои даҳшатафкан иртиботҳои пинҳонӣ барқарор намуда, аз он гурӯҳҳо пуштибонӣ низ менамуданд. Ҳамин пуштибонии нотавонбинони сиёсати давлатсозии роҳбарияти кишвар дар бисёре аз мавридҳо ба амнияти кишвар халал ворид намуда дар манотиқи атрофи Душанбе задухӯрдҳои силоҳшӯрҳо ба миён меомад. Вале дар Душанбе сиёсати шаҳрдори пойтахт хеле қавӣ буда, ҳама неруҳои қудратии шаҳри Душанбе фармонбардори шаҳрдори қудратмарди пойтахт буданд. Шаҳрдори азизи Душанбе, ки аз таъбири шайх Саъдии хирадгустар «Мулк бе сиёсат пойдор нест» хеле огоҳӣ дошт ин таъбирро дар фаъолияти шаҳрдориаш хеле хуб истифода мекард. Бархе аз қумандонҳои саҳроӣ ва Фронти халқӣ дар шаҳри Душанбе бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ шомили бозору хиёбон ва мағозаҳо гардида бар амнияту осудагии мардуми шаҳр халал ворид мекарданд. Ин неруҳои даргир ва қумандонҳои бефармон бо амри шаҳрдори Душанбе аз шаҳр берун гардида, бо қудрати сиёсии шаҳрдор ба ҳаёти осуда баргаштанд.
Ана ҳамин хидматҳои бузурги шаҳрдори азизи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муҳаббат ва самимияти аҳли зиёи пойтахт ва мардуми бумии онро ба ӯ зиёд намуда, номи покаш вирди забони зиёиёни пойтахт гардид. Таваҷҷӯҳи хосаи ӯ ба мактабу маориф маърифати мардумро бештар намуда, расму русуми шаҳрнишинӣ дар маркази диққаташ қарор дошт. Ҳамин иқдомҳои фарҳангиву маърифатпарвариаш дар ҳаёти мардуми шаҳрнишин тағйироти ҷиддиеро ба миён овард. Барнома ва оинномаи шаҳрванди шаҳри Душанбе ва расму русуми шаҳрнишинӣ бо ибтикори бевоситаи ӯ таҳия гардида, дар муҳокимаи мардум вогузор гардид. Баъди омӯхтани ҳамаҷониба аз ҷониби мардум Маҷлиси вакилони мардумии шаҳри Душанбе ин барномаҳоро тасдиқ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо супоришҳои қатъии раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид. Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дастгирӣ ёфтани оилаҳои бесаробон маъюбон ва маҷрӯҳҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни фоҷеаи Чернобил, ҷанговарони интернатсионалист ва маъюбони низоъҳои дохили кишвар эътиборашро миёни мардум бештару бештар намуд. Таваҷҷӯҳи хоссаи шаҳрдори Душанбе бо олимон, нависандагон, шоирон, ҳунармандон ин қишри соҳибэҳтироми кишварро атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид сохт. Дар баробари ин ҳама масъулияти ватандорӣ, аз соли 2000-ум то соли 2020 мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишварро бар дӯш дошта, дар қабули бисёре аз санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвар саҳми бузурги хешро гузоштааст. Дар тӯли фаъолияти роҳбарияш дар чаҳор даъвати Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар бо садоқати бузурги ватандорӣ ба халқу Ватан хидмат намуда, дар робитаи корӣ – порлумонӣ бо Порлумонҳои кишварҳои ИДМ, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, ИМА хитмадҳои бузурге намуда, эътибори давлату миллати тоҷикро миёни он кишварҳо хеле баланд бардоштааст. Ҳамзамон, ӯ дар мақоми олии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар чорабиниҳои бузурги сиёсии байналмилалӣ аз қабили Ассамблеяҳои байнипорлумонии кишварҳои ИДМ, АвруОсиё, Ассосиатсияи порлумонҳои Осиё барои сулҳ, дар мулоқоти роҳбарони порлумонҳои кишварҳои узви САҲШ фаъолона ширкат варзида, аз минбарҳои баланди сиёсӣ хидматҳои бузурги ватансозии Пешвои муазами миллатро дар гӯши ҷони оламиён расонида, сулҳи тоҷиконро хидмати бузурги Президенти кишвар ном бурдааст. Аз соли 2000-ум узви Шурои Ассамблеяҳои байнипорлумонии кишварҳои аъзои ИДМ, узви Бюро ва ҳамзамон, муовини Раиси Ассамблеяи байнипорлумонии АвруОсиё буд. Солҳои 2007-2009 Раиси Ассамблеяи байнипарлумонии АвруОсиё интихоб гардидааст. Солҳои 2002-2020 ноиби Президенти Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузургро бар дӯш доштааст. Ҳамин таҷрибаи бузурги порлумонӣ ва роҳбариву кордониашро парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ арҷгузорӣ намуда, ӯро ба мукофоти Олии Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои узви ИДМ ордени «Иттиҳод» сарфароз гардонидаанд. Ҳамзамон, хидматҳои пурарзиши ватанхоҳонааш аз ҷониби Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарами мардумии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо орденҳои Дустӣ соли 1998, Исмоили Сомонӣ дараҷаи -2, соли 1999, Исмоили Сомонӣ дараҷаи -1, соли 2006, «Зарринтоҷ»- дараҷаи 1, соли 2016 «Ситораи Президент»- дараҷаи II, соли 2020 сарфароз гардидааст. Инчунин, ин абармарди дунёи сиёсати давлатмардони дунё бо ордени пурифтихори «Барои манфиатҳои башарият» соли 2008 қадрдонӣ гардида, номи поки пурифтихораш дар китоби муҳташами «500- Роҳбари барӯманд» дар китобхонаи Конгресси ИМА сабт гардидааст. Ногуфта намонад, ки соли 2004 ба истиқболи 80-солагии шаҳри Душанбе шаҳрдори соҳибарҷу эҳтироми Душанбеи азиз Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва таъмини сулҳу осоиштагӣ дар пойтахти Тоҷикистони азиз шаҳри Душанбе, бо нахустҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и ЮНЕСКО, соли 2010 бошад, бо Ҷоизаи маркази фарҳанги исломии ҷаҳони ислом сарфароз гардидааст. Маҳз ҳамин ҷоизаи ҷаҳони ислом эътибори раиятпарварии Роҳбарияти олии кишвар ва Пешвои муаззами миллатро миёни мусалмонони олам зиёд намуда, муште бар даҳони рақибони нотавонбини бо ном исломпаноҳаш гардид. Ин ҳама гувоҳи хидматҳои содиқонаи шаҳрдори азизи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба халқу Ватан ва Пешвои муаззами миллат буда, тӯли беш аз бист соли шаҳриёриаш эътибори давлат ва Роҳбарияти Олии кишварро дар баҳои ҷони азиз ва эътибори баланди мардумиаш дифоъ намудааст. Шояд ҳамин хидмати содиқона ва поктинативу покниҳодиаш бошад, ки рақибони нотавонбинаш аз рашку ҳасад борҳо қасди ҷону хонумонаш намуда, номи покашро, ки вирди ҳама аҳли зиё ва фарзонагони миллат мебошад, хостанд доғдор намоянд. Бехабар аз он таъбири хирадафзуни мардумӣ ки фармуда:
Муддаӣ хост, ки барканад решаи мо,
Ғофил аз он, ки Худо ҳаст дар андешаи мо.
Оре, ҳамин садоқати бепоёни ватандорӣ ӯро шаҳриёри номдорони Ватан намудааст. Ва номи покаш ба кору пайкораш дар равоқи тиллоии эътибори миллату давлат ба абадият ҳаккокӣ гардидааст.
Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА
PS: Ин ҳама воқеияте ҳаст, ки дар ҷаридаи рӯзгори мо бо ҳарфҳои тиллоӣ ба абадият сабт гардида. Ҳамин давлатмардони майдони сиёсат ва фарҳанги миллӣ будаву ҳастанд, ки номи миллати қаҳрамони достонангези тоҷик шуҳраи олам гардида, маҳбубияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумии Тоҷикистони ҳамнишини қалби миллионҳо ватанхоҳону ватандорон будаву ҳаст. Мактаби бузурги роҳбарӣ ва шаҳрдории ин абармарди сиёсат имрӯз бо камоли арҷу эҳтиром ва самимияти ватандорӣ аз ҷониби шаҳрдори ҷавони Душанбе ифтихори пиру барнои кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фаъолият буда, ҳама корномаи ватанхоҳонаи собиқ шаҳрдори Душанбеи азиз арҷёбӣ гардида, суръати ободкорӣ вусъат ёфта, ифтихори сокини пойтахт будан, рӯ дар афзоиш мебошад. Шаҳрдори пурифтихору шарафёри собиқи Душанбеи азиз рӯзҳои наздик мақдами муборакашро ба ҳафтод хоҳад гузошт, ӯро ҳамагон шодбош гуфта, сиҳатмандиву сарбаландии хонадони покмаҳзарашро мехоҳем.